Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ мувофиқи тартиби муқарраршуда дар чор давр баргузор мегардад.
ДАВРИ ЯКУМ (АСОСӢ)-И ИМТИҲОНҲО |
Даври якум (асосӣ)-и имтиҳонҳо барои довталабоне пешбинӣ гардидааст, ки дар давраи якуми бақайдгирӣ худро сабти ном мекунанд. Довталабони дар давраи асосии азнавбақайдгирӣ интихобҳои худро ивазкарда низ имтиҳонҳоро дар ҳамин давр месупоранд.
Даври якуми қисми А – имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ (синфи 11‑ум) ва қисми Б – имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9‑ум) дар марказҳои имтиҳонии шаҳру ноҳияҳои интихобшудаи ҷумҳурӣ, ки ҳар довталаб яке аз онҳоро ҳангоми бақайдгирӣ интихоб мекунад ва қисмҳои В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус) ва Г.1 (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ барои филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе) дар муассисаҳои таълимии дахлдор баргузор мегардад. Даври асосии Г.2 (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ барои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ) дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Хоруғ дар муҳлати муқарраркардаи ин донишгоҳ баргузор карда мешавад, ки оид ба он дар сомонаи Марказ ва донишгоҳи мазкур (https://ucentralasia.org) маълумоти муфассал гузошта хоҳад шуд.
Даври якуми имтиҳонҳои қисми А вобаста аз ҳар гурӯҳи ихтисосҳо дар рӯзҳои алоҳида ва имтиҳонҳои қисми Б барои ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо дар як рӯз гузаронида мешавад. Дар ҳолати аз шумораи ҷойҳои нишасти пешбинишуда зиёд будани шумораи довталабони ягон гурӯҳи ихтисосҳо имтиҳони қисми А барои он(ҳо) 2-рӯзӣ баргузор хоҳад шуд. Нишонии маркази имтиҳонӣ дар даъватнома нишон дода мешавад.
ДАВРИ ДУЮМИ ИМТИҲОНҲО |
Даври дуюми имтиҳонҳо барои довталабоне пешбинӣ шудааст, ки дар имтиҳонҳои давраи якум иштирок карда натавонистаанд ё интихобҳои худро дар давраи иловагии азнавбақайдгирӣ иваз кардаанд, ё худро дар давраи дуюми бақайдгирӣ сабти ном намудаанд.
Аризаҳои довталабоне, ки дар давраи якуми имтиҳонҳо иштирок карда натавонистаанду дар давраи дуюми имтиҳонҳо ширкат кардан мехоҳанд, бо нишон додан ё замима кардани варақаи дорои рақами расид (квитансия) аз яке аз марказҳои хизматрасонӣ ё филиалҳои Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” ё аз барномаи мобилии “Амонат мобайл” дар бораи пардохти маблағи иловагӣ қабул карда мешавад.
Давраи дуюми имтиҳонҳои қисми А – имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ (синфи 11‑ум) ва қисми Б – имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9‑ум) дар марказҳои имтиҳонии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои дигари интихобшуда баргузор мешавад.
Даври дуюми қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус) ва қисми Г.1 (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ барои филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе) барои довталабоне, ки дар давраи якуми чунин имтиҳонҳо бо сабабҳои гуногун иштирок карда натавонистаанд ё дар давраи дуюми бақайдгирӣ, ё давраи иловагии азнавбақайдгирӣ аз қайд гузаштаанд, дар муассисаҳои таълимии дахлдор доир мегардад. Муҳлат ва макони баргузории даври дуюми қисми Г.2 (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ барои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ)‑ро барои довталабоне, ки дар давраи якуми чунин имтиҳонҳо бо сабабҳои гуногун иштирок карда натавонистаанд ё дар давраи дуюми бақайдгирӣ, ё давраи иловагии азнавбақайдгирӣ аз қайд гузаштаанд, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ муқаррар мекунад.
ДАВРИ СЕЮМИ ИМТИҲОНҲО |
Даври сеюми имтиҳонҳо барои довталабоне пешбинӣ шудааст, ки дар давраи сеюми бақайдгирӣ сабти ном намудаанд. Давраи сеюми имтиҳонҳои қисми А – имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ (синфи 11‑ум) ва қисми Б – имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9‑ум) дар марказҳои имтиҳонии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои дигари интихобшуда ва қисми В – имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус дар муассисаҳои таълимии дахлдор баргузор мешавад.
Даври сеюми имтиҳонҳо барои довталабоне пешбинӣ шудааст, ки бинобар дар даврҳои пешинаи имтиҳонҳо иштирок карда натавонистан ё бо сабабҳои дигар дар давраи сеюми бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД номнавис шудаанд.
Даври сеюми қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ – синфи 11-ум) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ – синфи 9-ум) дар марказҳои имтиҳонии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои интихобшуда) баргузор мегардад.
Даври сеюми қисмҳои В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус) ва Г (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ) дар муассисаҳои таълимии дахлдор мегузарад.
ДАВРИ ЧОРУМИ ИМТИҲОНҲО |
Даври чоруми имтиҳонҳо барои довталабоне пешбинӣ шудааст, ки дар давраи чоруми бақайдгирӣ сабти ном намудаанд. Давраи чоруми имтиҳони қисми А – имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ (синфи 11-ум) дар марказҳои имтиҳонии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои дигари интихобшуда ва қисми В – имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус дар муассисаҳои таълимии дахлдор баргузор мешавад.
Даври чоруми имтиҳонҳо барои хоҳишмандони таҳсил дар гурӯҳҳои ғоибона ва фосилавии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст.
Муҳлати баргузории ҳар яке аз даврҳои имтиҳонҳо дар “Тақвими ИМД-2024” (нигаред ба замимаи 5) оварда шудааст. Инчунин, оид ба замону макони ҳамаи даврҳои имтиҳон ба воситаи сомонаи Марказ ва воситаҳои дигар хабар дода мешавад.
ТАЛАБОТ ДАР РАВАНДИ ИМТИҲОН |
Раванди имтиҳонҳоро дар марказҳои имтиҳонӣ кормандони масъул идора мекунанд.
Риояи шарту талаботи барои имтиҳонҳо муқарраршуда, бахусус инҳо, барои довталаб ҳатмист:
1. Бо худ овардани ҳуҷҷату ашёи зерин:
1) шиноснома ё маълумотнома бо муҳру сурат аз ШВКД – барои шахсоне, ки синнашон ба 16 расидааст (барои шахсони то 16-сола – шаҳодатномаи таваллуд ва маълумотнома бо муҳру сурат аз ҷойи зист);
2) даъватнома;
3) 2 дона ручкаи одии рангаш сиёҳ (рангҳои дигар иҷозат дода намешавад, зеро коркарди варақаи ҷавобҳои бо рангҳои дигар қайдшуда аз ҷиҳати технологӣ нодуруст шуданаш мумкин аст).
Ба довталаб овардани оби нӯшокӣ дар зарфи шаффоф иҷозат дода мешавад.
2. Овардани ашёи зерин қатъиян манъ аст:
1) ҷузвдон, китоб, дафтар, ҳар гуна навиштаҳо ва маводди иттилоотӣ;
2) телефони мобилӣ, соат ва таҷҳизоту воситаҳои дигари алоқа ва ҳисоббарор (калкулятор, ноутбук, планшет ва ғайра).