Ҷавоби дурусти ҳар саволу масъалаи тест (қисмҳои А ва Б) арзиш дорад, ки онро бо хол ҳисоб мекунанд. Дар низоми ИМД ба саволу масъалаи тест (вобаста аз шакли он) меъёри холгузорӣ муайян карда шудааст (нигаред ба ҷадвали 11.1).
Ҷадвали 11.1
Меъёри холгузорӣ вобаста аз шакли саволу масъалаи тест
Р.т. |
Шакли саволу масъалаи тест |
Хол |
|
1 |
Бо интихоби як ҷавоби дуруст |
1 |
|
2 |
Муайян кардани мувофиқат |
4 |
|
3 |
Бо ҷавоби кӯтоҳ |
2 |
Чи тавре ки мебинед, барои ҷавоби дуруст ба саволу масъалаи шакли якум (бо интихоби як ҷавоби дуруст) як хол дода мешавад.
Барои ҳар ҷавоби дуруст ба савол ё масъалаи тести шакли дуюм, ки дар он муайян кардани мувофиқати чор унсур (калима, ибора, формула ва ғайра) аз панҷ гунаи ҷавобҳои пешниҳодшуда талаб карда мешавад, якхолӣ дода мешавад. Агар довталаб мувофиқати ҳамаи унсурҳоро (4-унсурӣ аз ду сутун) дуруст муайян кунад, соҳиби чор хол мешавад.
Дар саволу масъалаи навъи кушода гунаи ҷавоб пешниҳод карда намешавад ва онро худи довталаб ҳал карда, ҷавоби дурустро меёбад ва барои ҷавоби дуруст ба он ду хол дода мешавад.
Аз ҷадвалҳои 11.2 ва 11.3 дар бораи шаклу миқдори саволу масъалаҳо ва шумораи имконпазири бештарини холҳо аз ҳар субтест дар доираи қисмҳои имтиҳон маълумот гирифтан мумкин аст.
Ҷадвали 11.2
Миқдор, шакли саволу масъалаҳо ва шумораи имконпазири
бештарини холҳо (ШИБХ)-и ҳар субтести қисми А
Р.т. |
Субтест |
Миқдор ва шакли саволу масъалаҳо |
ШИБХ |
|||
Ҳамагӣ |
аз ҷумла |
|||||
бо интихоби як ҷавоби дуруст |
муайян кардани мувофиқат |
бо ҷавоби кӯтоҳ |
||||
1 |
Забони тоҷикӣ |
25 |
20 |
5 |
- |
40 |
2 |
Адабиёти тоҷик |
25 |
20 |
5 |
- |
40 |
3 |
Забон ва адабиёти рус |
25 |
20 |
5 |
- |
40 |
4 |
Забон ва адабиёти ӯзбек |
25 |
20 |
5 |
- |
40 |
5 |
Забони англисӣ |
25 |
20 |
5 |
- |
40 |
6 |
Забони немисӣ |
25 |
20 |
5 |
- |
40 |
7 |
Забони франсавӣ |
25 |
20 |
5 |
- |
40 |
8 |
Забони арабӣ |
25 |
20 |
5 |
- |
40 |
9 |
Таърих |
26 |
20 |
4 |
2 |
40 |
10 |
Ҳуқуқ |
25 |
20 |
5 |
- |
40 |
11 |
Математика |
27 |
18 |
2 |
7 |
40 |
12 |
Физика |
27 |
18 |
2 |
7 |
40 |
13 |
Химия |
27 |
18 |
2 |
7 |
40 |
14 |
Биология |
26 |
20 |
4 |
2 |
40 |
15 |
География |
25 |
20 |
5 |
- |
40 |
Ҷадвали 11.3
Миқдор, шакли саволу масъалаҳо ва шумораи имконпазири
бештарини холҳо (ШИБХ)-и ҳар субтести имтиҳони қисми Б
Р.т. |
Субтест |
Миқдор ва шакли саволу масъалаҳо |
ШИБХ |
|||
Ҳамагӣ |
аз ҷумла |
|||||
бо интихоби як ҷавоби дуруст |
муайян кардани мувофиқат |
бо ҷавоби кӯтоҳ |
||||
1 |
Забони тоҷикӣ |
20 |
15 |
5 |
- |
35 |
2 |
Адабиёти тоҷик |
20 |
15 |
5 |
- |
35 |
3 |
Забони русӣ |
20 |
15 |
5 |
- |
35 |
4 |
Забони англисӣ |
23 |
19 |
4 |
- |
35 |
5 |
Забони немисӣ |
23 |
19 |
4 |
- |
35 |
6 |
Забони франсавӣ |
23 |
19 |
4 |
- |
35 |
7 |
Забони арабӣ |
23 |
19 |
4 |
- |
35 |
8 |
Таърих |
21 |
15 |
4 |
2 |
35 |
9 |
Математика |
23 |
17 |
3 |
3 |
35 |
10 |
Физика |
23 |
17 |
3 |
3 |
35 |
11 |
Химия |
23 |
17 |
3 |
3 |
35 |
12 |
Биология |
21 |
15 |
4 |
2 |
35 |
13 |
География |
20 |
15 |
5 |
- |
35 |