Ба ИМД дар доираи қисмҳои А – имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ (синфи 11‑ум) ва Б – имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9‑ум) фанҳои таълимие ворид гардидаанд, ки барои дохил шудан ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон довталаб вобаста аз гурӯҳи ихтисосҳои интихобнамудааш ва қисми имтиҳони дахлдор бояд аз рӯйи 4 ё 3‑тои онҳо имтиҳон супорад.
Дар барномаи имтиҳон тавсифи имтиҳон аз ҳар фанни таълимӣ, талабот ба дониш ва малакаю маҳорати довталаб, шарҳи саволу масъалаҳои тест (навъ, шакл ва миқдори саволу масъалаҳо, меъёри холгузорӣ, вақти иҷрои тест) омадааст. Барномаи имтиҳони ҳар фанни таълимиро метавон аз сомонаи Марказ дастрас кард.
Дар низоми ИМД мувофиқи талаботи таҳсилоти миёнаю олии касбӣ ва навъи ихтисосҳо имтиҳонҳо ба қисмҳо ҷудо шудаанд, ки довталабон вобаста аз хатмкарда ё хатмкунандаи кадом зинаи таҳсилот буданашон барои дохил шудан ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ қисм(ҳо)и дахлдорро бояд супоранд. Қисмҳои имтиҳон, ки пас аз хатми муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11‑ум), муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ барои довталаб, вобаста ба навъҳои ихтисосҳои интихобкарда, супоридани як ё ду, ё ҳар сеи он талаб карда мешавад, чунинанд:
• қисми А – имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ (синфи 11‑ум);
• қисми В – имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус;
• қисми Г – имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ.
Барои дохил шудан ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) довталабони дорои чунин таҳсилот бояд қисми Б – имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосиро супоранд. Агар ихтисосе, ки қабули донишҷӯён аз рӯйи он дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ ба роҳ монда мешавад, супоридани қисми В-ро талаб кунад, довталаби чунин ихтисосро интихобкарда, қисми В-ро низ, бар иловаи субтестҳои 1‑ум ва 2‑юми қисми Б, месупорад.
Навъи ихтисосҳо ва қисмҳои имтиҳон, ки аз зинаи таҳсилоти мувофиқ барои дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва ё олии касбӣ вобастаанд, дар ҷадвали 4‑ум нишон дода шудааст.
Навъи 1-ум ихтисосҳоеро дар бар мегирад, ки онҳо супоридани танҳо имтиҳони қисми А-ро талаб мекунанд.
Навъи 2-юм ихтисосҳо супоридани ду субтести аввали қисми А (субтестҳои 1‑ум ва 2‑юм) ва қисми В-ро талаб мекунад. Ҳангоми интихоби танҳо чунин ихтисос(ҳо) довталаб аз супоридани ду субтести охирини қисми А (субтестҳои 3-юм ва 4‑ум) озод аст, яъне чунин довталаб аз китобчаи тест бояд танҳо ду субтести аввал (субтестҳои 1‑ум ва 2‑юм)-ро иҷро кунад. Азбаски китобчаи тест дар имтиҳон ба чунин довталаб низ бо 4 субтест пешниҳод мегардад, ӯ ихтиёр дорад, ки саволу масъалаҳои ҳар чор субтестро иҷро кунад. Ин ба довталабе, ки холҳои гузаришро аз ҳар чор субтест соҳиб шудааст, имкон медиҳад, ки дар ҳолати аз рӯйи ихтисосҳои супоридани имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсусро талабкунанда дар озмуни тақсимоти асосӣ комёб нашуданаш барои иштирок дар озмун(ҳо)и тақсимоти иловагӣ ихтисосҳои дигарро низ интихоб кунад.
Навъи 3-юм ихтисосҳое аст, ки онҳо супоридани имтиҳонҳои қисмҳои А ва Г-ро талаб мекунанд.
Навъи 4-ум ихтисосҳоеро фаро мегирад, ки онҳо супоридани танҳо имтиҳони қисми Б‑ро талаб мекунанд.
Навъи 5-ум аз ихтисосҳое иборат аст, ки онҳо супоридани ду субтести аввали қисми Б (субтестҳои 1‑ум ва 2‑юм) ва қисми В-ро талаб мекунанд. Ҳангоми интихоби танҳо чунин ихтисос(ҳо) довталаб аз супоридани субтести охирини қисми Б (субтести 3‑юм) озод аст, яъне ӯ аз китобчаи тест бояд танҳо ду субтести аввал (1‑ум ва 2‑юм)-ро иҷро кунад. Аммо, азбаски ба чунин довталаб низ китобчаи тест дар имтиҳон бо 3 субтест пешниҳод мегардад, вай ихтиёри иҷро кардани саволу масъалаҳои ҳар се субтестро дорад. Ин ба довталаби холҳои гузаришро аз ҳар се субтест соҳибшуда имкон медиҳад, ки дар ҳолати комёб нашуданаш дар озмуни тақсимоти асосӣ аз рӯйи ихтисосҳои супоридани имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсусро талабкунанда барои иштирок дар озмун(ҳо)и тақсимоти иловагӣ ихтисосҳои дигарро низ интихоб кунад.
Ҷадвали 4
Навъи ихтисосҳо ва қисмҳои имтиҳон
Навъи ихтисос |
Қисми имтиҳон |
|||
А |
Б |
В |
Г* |
|
1-ум |
þ |
|
|
|
2-юм |
þ |
|
þ |
|
3-юм |
þ |
|
|
þ |
4-ум |
|
þ |
|
|
5-ум |
|
þ |
þ |
|
*ЭЗОҲ: қисми Г (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ)-ро, бар замми қисми А, довталабони ихтисосҳоро аз филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ва ё Донишгоҳи Осиёи Марказӣ интихобкарда месупоранд. Довталаб ихтисосҳоро аз ҳар ду муассисаи таълимӣ интихоб карда метавонад. Имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ шартан барои филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе бо ”Г.1” ва барои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бо “Г.2” ишора карда мешавад.
Довталаб ихтисосҳоеро, ки аз рӯйи онҳо донишҷӯён дар заминаи таҳсилоти умумӣ (синфи 11‑ум), ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ қабул карда мешаванд, вобаста аз навъашон аз рӯйи ҳолатҳои имконпазири зерин, ки супоридани қисмҳои дахлдорро талаб менамояд, интихоб карда метавонад:
• танҳо ихтисосҳои навъи 1-ум (қисми А);
• танҳо ихтисосҳои навъи 2-юм (қисми А (танҳо ду субтести аввал: 1‑ум ва 2‑юми ин қисм) ва қисми В);
• танҳо ихтисосҳои навъи 3-юм (қисмҳои А ва Г);
• ихтисосҳои навъи 1-ум ва 2-юм (қисмҳои А ва В);
• ихтисосҳои навъи 1-ум ва 3-юм (қисмҳои А ва Г);
• ихтисосҳои навъи 2-юм ва 3-юм (қисмҳои А, В ва Г);
• ихтисосҳои навъи 1-ум, 2-юм ва 3-юм (қисмҳои А, В ва Г).
Довталаб ихтисосҳоеро, ки аз рӯйи онҳо донишҷӯён дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9‑ум) қабул карда мешаванд, вобаста аз навъашон аз рӯйи ҳолатҳои имконпазири зерин, ки супоридани қисмҳои дахлдорро талаб менамояд, интихоб карда метавонад:
• танҳо ихтисосҳои навъи 4-ум (қисми Б);
• танҳо ихтисосҳои навъи 5-ум (қисми Б (танҳо ду субтести аввал: 1‑ум ва 2‑юми ин қисм) ва қисми В);
• ихтисосҳои навъи 4-ум ва 5-ум (қисмҳои Б ва В).
Қисми А |
Барои дохил шудан ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ пас аз хатми синфи 11-ум довталабон қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ)-ро месупоранд.
Дар қисми А довталабон аз рӯйи талаботу қоидаҳои муқарраргардида барои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар заминаи таҳсилоти умумӣ (синфи 11-ум) чор субтестро месупоранд. Субтестҳо (фанҳои имтиҳон), ба истиснои субтести якум, ки барои ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо забони тоҷикӣ аст, аз ҳар гурӯҳи ихтисосҳо вобаста аст.
Ҷадвали 5
Фанҳои имтиҳон (субтестҳо)-и қисми А
№ |
Гурӯҳи ихтисосҳо |
Фанҳои имтиҳон (субтестҳо) |
Вақт барои иҷрои субтестҳо |
|||
А1 |
А2 |
А3 |
А4 |
|||
1 |
Табиӣ ва техникӣ |
Забони тоҷикӣ |
Математика |
Химия |
Физика |
220 дақиқа |
2 |
Иқтисод ва география |
Забони тоҷикӣ |
Математика |
География |
Забони хориҷӣ* |
200 дақиқа |
3 |
Филология, педагогика ва санъат |
Забони тоҷикӣ |
Таърих |
Адабиёти тоҷик/ забон ва адабиёти рус/ забон ва адабиёти ӯзбек* * |
Забони хориҷӣ* |
190 дақиқа |
4 |
Ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ |
Забони тоҷикӣ |
Таърих |
Ҳуқуқ |
Забони хориҷӣ* |
190 дақиқа |
5 |
Тиб, биология ва варзиш |
Забони тоҷикӣ |
Биология |
Химия |
Физика |
220 дақиқа |
* |
|
Дар қисми А довталаб субтести забони тоҷикиро, ки дар доираи ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо пешбинӣ шудааст, ҳатман ба забони тоҷикӣ ва субтестҳои дигарро, ба истиснои субтести забон ва адабиёти ӯзбек ва субтести забони хориҷӣ, вобаста аз забони имтиҳонсупорӣ, ки ҳангоми бақайдгирӣ нишон додааст, ба забони тоҷикӣ ё русӣ месупорад. Саволу масъалаҳои тести қисми А дар асоси барномаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ва китобҳои дарсии амалкунанда таҳия мешавад.
Қисми Б |
Барои дохил шудан ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ пас аз хатми синфи 9-ум довталабон қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ)-ро месупоранд.
Саволу масъалаҳои тест барои имтиҳони қисми Б дар асоси барномаҳои таълим ва китобҳои дарсии барои таҳсилоти умумии асосӣ (то синфи 9-ум) таълифшуда таҳия мешаванд.
Дар қисми Б довталабон аз рӯйи талаботу қоидаҳои муқарраргардида барои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) се субтестро месупоранд. Субтестҳо (фанҳои имтиҳон)-и ин қисм низ, ба истиснои субтести якум, ки барои ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо забони тоҷикӣ аст, аз ҳар гурӯҳи ихтисосҳо вобаста аст.
Ҷадвали 6
Фанҳои имтиҳон (субтестҳо)-и қисми Б
№ |
Гурӯҳи ихтисосҳо |
Фанҳои имтиҳон (субтестҳо) |
||
Б1 |
Б2 |
Б3 |
||
1 |
Табиӣ ва техникӣ |
Забони тоҷикӣ |
Математика |
Физика |
2 |
Иқтисод ва география |
Забони тоҷикӣ |
Математика |
География |
3 |
Филология, педагогика ва санъат |
Забони тоҷикӣ |
Адабиёти тоҷик/ забони русӣ* |
Забони хориҷӣ** |
4 |
Ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ |
Забони тоҷикӣ |
Таърих |
Забони хориҷӣ** |
5 |
Тиб, биология ва варзиш |
Забони тоҷикӣ |
Биология |
Химия |
* |
|
Довталаб субтестҳои забони тоҷикӣ ва забони хориҷиро мувофиқан ба забони тоҷикӣ ва яке аз забонҳои хориҷии пешниҳодшаванда месупорад. Субтестҳои дигарро довталаб, вобаста аз интихоби худ дар давраи бақайдгирӣ, ба забони тоҷикӣ ё русӣ месупорад.
Барои ҷавоб додан ба саволҳо ва ҳалли масъалаҳои се субтести ин қисми имтиҳон 150 дақиқа муқаррар шудааст.
Қисми В |
Қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус)-ро, дар баробари субтестҳои дахлдори қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ё қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ), довталабоне месупоранд, ки ҳангоми дохил шудан ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз рӯйи ихтисосҳои интихобкардаашон дар асоси талаботу қоидаҳои муқарраргардида омодагии эҷодӣ ва (ё) маҳорати махсус доштанашон ҳатмист. Мақсад аз имтиҳонҳои қисми В санҷидани қобилияти эҷодӣ ва (ё) малакаи махсуси довталабон аз рӯйи ихтисосҳоест, ки ба самтҳои санъат ва фарҳанг, варзиш, дизайн, меъморӣ, ҳайкалтарошӣ ва динӣ мансубанд.
Имтиҳони қисми В-ро комиссияҳои имтиҳонӣ (фаннӣ)-и муассисаҳои таълимии дахлдор дар ҳамин муассисаҳо баргузор менамоянд.
Дар сурати якхела будани талаботи имтиҳонҳои эҷодӣ ва (ё) маҳорати махсуси як ё якчанд ихтисос дар чанд муассисаи таълимӣ довталаб метавонад як ё зиёда аз як ихтисосро аз якчанд муассисаи таълимӣ интихоб намояд. Дар чунин ҳолат довталаб ин имтиҳонҳоро дар муассисаи таълимии дахлдоре месупорад, ки ҳангоми бақайдгирӣ онро ҳамчун макони супоридани қисми В интихоб кардааст. Агар дар як муассисаи таълимӣ якчанд ихтисосе, ки супоридани қисми В‑ро аз рӯйи шартҳои якхела талаб мекунанд, мавҷуд бошад, довталаб аз ҳамин муассисаи таълимӣ якчанд чунин ихтисосро интихоб карда метавонад (феҳристи ихтисосҳои қисми В‑ро талабкунанда бо санҷишҳо дар замимаи 3-юм оварда шудааст).
! |
Довталаб муассисаи таълимиеро, ки ихтисосҳои супоридани қисми В талабкунандаро аз он интихоб накардааст, ҳамчун макони супоридани қисми мазкур интихоб карда наметавонад. |
Феҳристи ихтисосҳое, ки супоридани қисми В‑ро талаб менамоянд ва мазмуни чунин имтиҳонҳо, аз ҷумла шакли баргузорӣ, миқдори санҷишҳоро Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
Муассисаҳои таълимие, ки дар онҳо аз рӯйи ихтисосҳои супоридани қисми В‑ро талабкунанда донишҷӯён таълим дода мешаванд, қоидаҳои баргузории имтиҳонҳои ин қисм, муҳлати баргузорӣ, вақти оғозу анҷоми онҳо, талабот нисбат ба довталабон дар имтиҳонҳо ва масъалаҳои дигари вобаста ба инро муайян менамоянд.
Агар довталаб аз якчанд муассисаи таълимӣ ихтисосеро интихоб кунад, ки талаботи супоридани қисми В аз рӯйи ин ихтисос дар ин муассисаҳои таълимӣ якхела бошад, холи аз ин қисм бадастовардааш барои ихтисоси мазкур дар ҳамаи муассисаҳои таълимии дахлдори интихобкардааш эътибори баробар дорад (яъне, агар тибқи ихтисос(ҳо)и интихобкарда аз имтиҳонҳои эҷодӣ ва ё маҳорати махсус дар як муассисаи таълимӣ, масалан, соҳиби 80 хол шуда бошад, барои чунин ихтисос(ҳо)и аз муасисаҳои таълимии дигар гирифтааш низ натиҷаи имтиҳон 80-холӣ ҳисоб карда мешавад). Ҳамчунин, агар довталаб аз як муассисаи таълимӣ ихтисосҳоеро интихоб кунад, ки талаботи супоридани қисми В аз рӯйи ин ихтисосҳо як аст, холи аз ин қисм бадастовардааш барои ҳамаи чунин ихтисосҳои интихобкардааш, чун дар мисоли боло, эътибори баробар дорад.
Довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11‑ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки танҳо ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва (ё) маҳорати махсусро интихоб менамоянд, аз супоридани ду субтести охир (сеюм ва чорум)-и қисми А озоданд, яъне онҳо қисми В ва фақат ду субтести аввал (якум ва дуюм)-и қисми А-ро месупоранд. Новобаста аз ин, китобчаи тест дар имтиҳон ба чунин довталабон бо 4 субтест пешниҳод карда мешавад ва онҳо ихтиёр доранд (яъне, агар хоҳанд, метавонанд), ки саволу масъалаҳои ҳар чор субтестро иҷро кунанд. Дар чунин ҳолат довталабони холи гузаришро аз ҳар чор субтест соҳибшуда имкон пайдо мекунанд, ки дар сурати комёб нашуданашон дар озмуни тақсимоти асосӣ аз рӯйи ихтисосҳои супоридани қисми В‑ро талабкунанда барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ ихтисосҳои дигарро низ интихоб кунанд.
Инчунин, довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9‑ум), ки танҳо ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва (ё) маҳорати махсусро интихоб менамоянд, аз супоридани субтести охир (сеюм)-и қисми Б озоданд, яъне онҳо қисми В ва фақат ду субтести аввал (якум ва дуюм)-и қисми Б-ро месупоранд. Аммо, новобаста аз ин, дар имтиҳон ба чунин довталабон китобчаи тест бо 3 субтест пешниҳод мегардад ва онҳо ихтиёр доранд, ки саволу масъалаҳои ҳар се субтестро иҷро кунанд. Дар чунин ҳолат довталабони холи гузаришро аз ҳар се субтест соҳибшуда имкон пайдо мекунанд, ки дар сурати комёб нашуданашон дар озмуни тақсимоти асосӣ аз рӯйи ихтисосҳои супоридани қисми В‑ро талабкунанда барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ ихтисосҳои дигарро низ интихоб кунанд.
! | Ба довталабони танҳо ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва (ё) маҳорати махсусро интихобкарда тавсия дода мешавад, ки барои дар оянда пайдо кардани имкони иштирок дар озмун аз рӯйи ихтисосҳои дигар саволу масъалаҳои ҳамаи субтестҳои имтиҳонро иҷро намоянд. |
Довталаб бояд қаблан, то рӯзи саршавии имтиҳони қисми В, дар назди комиссияи қабули муассисаи таълимии дахлдор ҳозир гардида, аз талаботи имтиҳонҳо ва рӯзи машварат огоҳ шавад. Барои супоридани имтиҳонҳои эҷодӣ ва (ё) маҳорати махсус дар муассисаҳои таълимии дахлдор варақаи бақайдгирӣ ва даъватномаи довталаб ҳуҷҷати расмӣ ба ҳисоб меравад. Дар рӯзи имтиҳон, ба ғайр аз ин ҳуҷҷатҳо, бо худ овардани шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият бо муҳру сурат ҳатмист.
Натиҷаи аз қисми В бадастовардаи довталаб дар озмуни тақсимот танҳо барои ихтисосҳое ба назар гирифта мешавад, ки супоридани ин имтиҳонҳоро талаб мекунанд. Инчунин, агар довталаби ихтисосҳои қисми В‑доштаро интихобкарда қисми А‑ро пурра супорида бошад, барои ихтисосҳое, ки супоридани қисми В‑ро талаб мекунанд, натиҷаҳои бадастовардаи довталаб аз қисми В ва танҳо аз ду субтести аввал (1‑ум ва 2‑юм)-и қисми А ба назар гирифта мешавад (нигаред ба ҷадвали 7-ум). Барои чунин ихтисосҳо натиҷаҳои аз ду субтести охир (3‑юм ва 4‑ум)-и қисми А бадастовардаи довталаб ба назар гирифта намешавад.
Ҷадвали 7
Субтестҳои қисми А, ки вобаста аз гурӯҳи ихтисосҳо довталаби ихтисосҳои дорои қисми В-ро интихобкарда бояд онҳоро ҳатман, бар замми қисми В, иҷро кунад*
Гурӯҳи ихтисосҳо |
Фанҳои имтиҳон (субтестҳо) |
|
1-ум |
2-юм |
|
Табиӣ ва техникӣ |
Забони тоҷикӣ |
Математика |
Филология, педагогика ва санъат |
Забони тоҷикӣ |
Таърих |
Ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ |
Забони тоҷикӣ |
Таърих |
Тиб, биология ва варзиш |
Забони тоҷикӣ |
Биология |
*Эзоҳ: азбаски дар гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география) ихтисосҳои дорои қисми В мавҷуд нест, дар ҷадвали 7-ум ин гурӯҳи ихтисосҳо нишон дода нашудааст.
Ҳамчунин, агар довталаби ихтисосҳои қисми В‑доштаро интихобкарда қисми Б‑ро пурра супорида бошад, барои ин гуна ихтисосҳо натиҷаҳои бадастовардааш аз қисми В ва танҳо аз ду субтести аввал (1‑ум ва 2‑юм)-и қисми Б ба назар гирифта мешавад (нигаред ба ҷадвали 8-ум). Барои чунин ихтисосҳо натиҷаи аз субтести охир (3‑юм)-и қисми Б бадастовардаи довталаб ба назар гирифта намешавад.
Ҷадвали 8
Гурӯҳи ихтисосҳо |
Фанҳои имтиҳон (субтестҳо) |
|
1-ум |
2-юм |
|
Табиӣ ва техникӣ |
Забони тоҷикӣ |
Математика |
Филология, педагогика ва санъат |
Забони тоҷикӣ |
Адабиёти тоҷик/забони русӣ |
Тиб, биология ва варзиш |
Забони тоҷикӣ |
Биология |
*Эзоҳ: азбаски дар гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география) ва 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) ихтисосҳои дорои қисми В мавҷуд нест, дар ҷадвали 8-ум ин гурӯҳҳои ихтисосҳо нишон дода нашудааст.
Қисми Г |
Довталабоне, ки ихтисосҳоро аз филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ва ё Донишгоҳи Осиёи Марказӣ интихоб кардаанд, бар замми қисми А, қисми Г (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ)-ро месупоранд.
Дар қисми Г.1 довталаб аз рӯйи талаботи гурӯҳи ихтисосҳои интихобнамудааш аз 2 фан имтиҳон месупорад.
Ҷадвали 9
Таркиби имтиҳони қисми Г.1 барои филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе
№ |
Гурӯҳи ихтисосҳо |
Фан ва навъҳои имтиҳон |
|
1 |
Табиӣ ва техникӣ |
Математика (имтиҳони хаттӣ) |
Забони русӣ (нақли хаттӣ) |
2 |
Иқтисод ва география |
Математика (имтиҳони хаттӣ) |
Забони русӣ (нақли хаттӣ) |
3 |
Филология, педагогика ва санъат |
Забони хориҷӣ (имтиҳони хаттӣ) |
Забони русӣ (нақли хаттӣ) |
4 |
Ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ |
Таърихи Россия (имтиҳони хаттӣ) |
Забони русӣ (нақли хаттӣ) |
5 |
Тиб, биология ва варзиш |
Химия (имтиҳони хаттӣ) |
Забони русӣ (нақли хаттӣ) |
Забони имтиҳонсупорӣ барои ҳамаи санҷишҳои қисми Г.1 русӣ аст. Довталаби ихтисосҳоро аз филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе интихобкарда қисми Г.1-ро дар ҳамин филиал месупорад.
Дар қисми Г.2 довталаб, новобаста аз гурӯҳи ихтисосҳои интихобкардааш, 3 имтиҳон месупорад:
• математика (тест);
• забони англисӣ (тест);
• суҳбат.
Забони имтиҳонсупорӣ барои ҳамаи санҷишҳои қисми Г.2 англисӣ аст. Имтиҳонҳои ин қисмро Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Хоруғ баргузор мекунад. Маълумоти муфассал дар бораи масъалаҳои марбут ба донишгоҳ дар сомонаҳои Марказ ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (https://ucentralasia.org) ҷой дода мешавад.
Довталабоне, ки тести арзёбии дониш – “SAT”-ро бомуваффақият супоридаанд (холи ҳадди ақал – 1000), аз супоридани қисми Г.2 озоданд. Чунин довталабон бояд ҳуҷҷати заруриро дар бораи натиҷаи аз ин имтиҳон бадастовардаашон ба Донишгоҳи Осиёи Марказӣ то 3-юми апрел пешниҳод кунанд.
Интихоби забони имтиҳонсупорӣ дар қисми А барои довталабоне, ки ихтисосҳоро аз филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ва ё Донишгоҳи Осиёи Марказӣ интихоб кардаанд, дар ихтиёри худи онҳост, ки ҳангоми бақайдгирӣ кадом забонро (тоҷикӣ ё русӣ) барои имтиҳонсупорӣ нишон медиҳанд.
* |
Довталаби ихтисосҳоро аз филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе интихобкарда қисми Г.1-ро дар ҳамин филиал ва довталаби ихтисосҳоро аз Донишгоҳи Осиёи Марказӣ интихобнамуда қисми Г.2-ро дар яке аз марказҳои имтиҳонии дар шаҳру ноҳияҳо таъсисдодаи ин донишгоҳ месупорад. Агар довталаб ихтисосҳоро аз ҳар ду ин муассисаи таълимӣ интихоб карда бошад, натиҷаи бадастовардааш аз қисми Г.1 барои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва баръакс, холҳои бадастовардаи ӯ аз қисми Г.2 барои филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ба назар гирифта намешавад. Инчунин, натиҷаи аз қисми Г.1 ва ё қисми Г.2 бадастовардаи довталаб барои ихтисосҳое, ки супоридани ин қисмро талаб намекунанд, ба ҳисоб гирифта намешавад. |
! |
Даври асосии қисми В бевосита дар муассисаҳои таълимии дахлдор баргузор мешавад. Қисми Г.1 дар филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ва қисми Г.2 дар марказҳои имтиҳонии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ доир мегардад. Замони баргузории онҳоро муассисаҳои таълимии мазкур муайян мекунанд. |
! |
Агар довталаби дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11 ум), ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбӣ ҳам ихтисосҳои навъи 1-ум ва ҳам ихтисосҳои навъи 2 юмро интихоб карда бошад, бар замми пурра супоридани қисми А, қисми В ро низ месупорад. Дар сурати танҳо ихтисосҳои навъи 2 юмро интихоб кардан довталаб бояд ду субтести аввали қисми А (субтестҳои 1 ум ва 2 юм) ва қисми В-ро супорад. Агар довталаби мазкур ҳам ихтисосҳои навъи 2-юм ва ҳам ихтисосҳои навъи 3 юмро интихоб карда бошад, бар замми қисми А, қисмҳои В ва Г-ро низ месупорад. Довталаби ихтисосҳои навъи 1-ум, 2-юм ва 3 юмро интихобкарда низ, бар иловаи қисми А, қисмҳои В ва Г-ро ҳам месупорад. Агар довталаби дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9 ум) танҳо ихтисосҳои навъи 4 умро интихоб карда бошад, қисми Б ро месупорад. Дар ҳолати танҳо ихтисосҳои навъи 5 умро интихоб кардан, довталаб бояд қисми В ва ду субтести аввали қисми Б (субтестҳои 1 ум ва 2 юм)-ро супорад. Агар довталаби мазкур ҳам ихтисосҳои навъи 4 ум ва ҳам ихтисосҳои навъи 5-умро интихоб карда бошад, бар замми пурра супоридани қисми Б, қисми В-ро низ месупорад. |
! |
Ихтисоси “Тарбияи ҷисмонӣ. Омодагии дифои ҳарбӣ”-ро аз Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов танҳо мардоне интихоб карда метавонанд, ки таваллудашон на пештар аз моҳи октябри соли 2002 аст. Ихтисосҳоро аз Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит низ танҳо мардон интихоб карда метавонанд. |