Хизматрасонии “Худро бисанҷ”, ки дар ҳолати бархат (онлайн) ба довталабон ва ҳамчунин, ба хоҳишмандони дигар барои истифода пешниҳод карда мешавад, имкон медиҳад, ки онҳо аз тариқи шабакаи Интернет тест супорида, дараҷаи донишу малакаи худро санҷанд; бо намунаи саволу масъалаҳои барои ИМД пешбинишуда, тарзи иҷрои тестҳои имтиҳон шинос шаванд. Хусусияти хоси хидматрасонии номбурда ин аст, ки мазмуну мундариҷаи саволу масъалаҳои тест, шумора ва пайдарпайии ҷойгиршавии онҳо вобаста аз навъ ва шаклашон дар саволномаи тест ва меъёри холгузорӣ ба ҳолати воқеии ИМД монандӣ дорад. Хизматрасонии “Худро бисанҷ” барои истифода дар шабакаи Интернет бо нишонии http://onlinetest.ntc.tj/ дастрас аст.
Шарти асосии корбарӣ аз хизматрасонии “Худро бисанҷ” доштани телефони мобилӣ ё почтаи электронӣ аст, зеро танҳо ба воситаи телефони мобилӣ ё почтаи электронӣ метавон рамзро барои истифодаи ин хидматрасонӣ ба даст овард. Ин хидматрасонӣ (супоридани намунаи имтиҳони тест) барои санҷидани донишу маҳорати худ аз фанҳои имтиҳонӣ дар доираи ИМД воситаи хуб аст.
Равзанаи асосии хизматрасонии “Худро бисанҷ” аз матни иттилоотӣ ва ду тугма – (1) “Дархости рамз” ва (2) “Воридшавӣ” иборат аст (нигаред ба расми 18-ум).
Расми 1. Қисме аз равзанаи асосии хизматрасонии “Худро бисанҷ”
Барои оғози истифода аз ин хизматрасонӣ корбар бояд аввал тугмаи “Дархости рамз”‑ро пахш карда, дар равзанаи пайдошуда якеро аз ду роҳ (пайванд)-и пешниҳодшуда – “Ба воситаи почтаи электронӣ” ва “Ба воситаи телефони мобилӣ” интихоб кунад. Вобаста аз пайванди интихобкардааш корбар дар равзанаи пайдошуда (нигаред ба расмҳои 19-ум ва 20-ум) дар майдони “Почтаи электронӣ”/”Рақами телефон” нишонии почтаи электронӣ/рақами телефони мобилии худ ва дар майдони “Рамзи санҷишӣ” аломатҳоро, ки онро система ба таври тасодуфӣ тавлид ва дар равзана нишон медиҳад, тибқи тасвири дар ин равзана ҷойгиршуда бояд ворид ва сипас тугмаи “Дархости рамз”-ро пахш намояд. Бо пахши ин тугма система ба таври худкор дар сурати истифодаи почтаи электронӣ ба почтаи электронии корбар, ки нишонии онро ворид кардааст ва дар сурати истифодаи телефони мобилӣ ба телефони мобилии корбар, ки рақами онро ворид кардааст, рамзи воридшавӣ ба хизматрасонии “Худро бисанҷ”-ро, ки аз адади ҳафтрақама иборат аст (масалан, 4554264), фиристода, равзанаи ворид намудани рамзро (нигаред ба расмҳои 21 ва 22) мекушояд. Дар ин равзана корбар дар майдони мувофиқ рамзи тавассути почтаи электронӣ ё телефонӣ мобилӣ дарёфткарда ва дар майдони “Рамзи санҷишӣ” аломатҳоро, ки онро система ба таври тасодуфӣ тавлид кардааст, бояд ворид кунад.
Расми 2. Равзанаи “Дархости рамз ба воситаи почтаи электронӣ”
Расми 3. Равзанаи “Дархости рамз ба воситаи телефони мобилӣ”
Сипас корбар бояд тугмаи “Воридшавӣ”-ро пахш кунад ва баъди ин саҳифаи асосии хизматрасонӣ фаъол мегардад. Дар саҳифаи асосӣ пайванди “Имтиҳони нав” ҷойгир карда шудааст, ки бо пахши он равзанаҳои интихоби қисми имтиҳон ва субтестҳо пешниҳод карда мешаванд.
Расми 4. Равзанаи воридшавӣ ба хизматрасонии “Худро бисанҷ”
(агар почтаи электронӣ истифода шавад)
Расми 5. Равзанаи воридшавӣ ба хизматрасонии “Худро бисанҷ”
(агар телефони мобилӣ истифода шавад)
Довталаб ё шахси дигари хоҳишманд ҳамеша аз ин хизматрасонӣ истифода карда метавонад. Ҳар боре, ки корбар ба ин низом барои супоридани тест ворид мегардад, ба ӯ гунаи саволу масъалаҳои дигар, ки ба таври худкор ва тасодуфӣ таҳия мегардад, пешниҳод карда мешавад. Пойгоҳи саволу масъалаҳои тест, ки дар хизматрасонии “Худро бисанҷ” ба кор бурда мешавад, пайваста аз ҳисоби саволномаҳои тести ИМД-и солҳои пеш навсозӣ ва пурра мегардад.
Бо истифода аз хизматрасонии мазкур довталабон ё дигарон имкон доранд, ки худро дар доираи имтиҳони қисми А – имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ (синфи 11‑ум) ё қисми Б – имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9‑ум) бисанҷанд. Пас аз дохил шудан ба низом метавон субтест(ҳо)и алоҳида ё ҳамаи субтестҳоро аз ягон қисми имтиҳон (А ё Б) дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои интихобгардида супорид.
Ҳангоми супоридани тест аз тариқи хизматрасонии “Худро бисанҷ” ба имтиҳонсупоранда – озмоишшаванда имкон дода мешавад, ки дар доираи вақти ба ӯ ҷудогардида ба саволҳои навбатӣ ва ё пешина ба осонӣ баргашта, пеш аз тестро анҷом бахшидан ҷавобҳои пешниҳодкардаи худро бори дигар бисанҷад.
Пас аз ба охир расонидани имтиҳони тест ба имтиҳонсупоранда аз ҳар субтести алоҳида дар бораи натиҷаи кораш, яъне холҳои бадастовардааш маълумот пешниҳод мегардад: дар рӯйхати саволу масъалаҳои дар тест ба озмоишшаванда пешниҳодшуда барои ҳар як саволу масъала ҷавоби интихобкардаи ӯ ва ҷавоби дурусти он ҷой дода хоҳад шуд. Ин имкон фароҳам меоварад, ки шахс ба воситаи худсанҷӣ бо ғалатҳои роҳдодааш шинос гардида, минбаъд аз пайи омӯзиши амиқтари мавзуъҳои дахлдор шавад.
Хусусияти дигари хизматрасонии мазкур дорои бахши “Апеллятсия” буданаш аст, ки онро метавон нисбат ба ҳар як саволу масъалаи алоҳидаи саволномаи тести пешниҳодгардида истифода кард. Яъне, озмоишшаванда дар ҳоли норозӣ буданаш аз арзёбӣ – холгузорӣ ба ҷавобҳои ӯ ба як ё якчанд саволу масъалаи тест тавассути ин низом ё ҷой доштани ғалатҳои техникӣ дар мазмуну мундариҷаи саволу масъалаҳои тест ва ғайра, метавонад назарашро изҳор намояд. Ин гуна матнҳо ба таври худкор ба нишонии почтаи электронии махсуси Марказ ворид мешаванд ва аз ҷониби мутахассисон баррасӣ мегарданд.