Иштирок дар ИМД барои ҳама ихтиёрист. Барои хоҳишмандони ширкат дар ин имтиҳонҳо донистани замону давраҳои бақайдгирӣ зарур аст. Бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД дар чор давра гузаронида мешавад.
Дар бораи макони нуқтаҳои бақайдгирӣ ва муҳлату давраҳои бақайдгирӣ тавассути сомонаи Марказ ва бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, расонаҳои хабарӣ ва ғайра хабар дода мешавад. Довталаб дар давраи якуми бақайдгирӣ, дар ҳар нуқтаи бақайдгирие, ки бихоҳад (дар нуқтаи ба макони зисташ наздик ва ё шаҳру ноҳияи дигар), худро сабти ном карда метавонад. Ин давраи бақайдгирӣ новобаста аз шакли таҳсил (рӯзона, шабона, ғоибона ва фосилавӣ) гузаронда мешавад. Бақайдгирии довталаб бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз ҷониби ӯ дар ҳузураш ба воситаи техника ва технологияи муосир амалӣ мегардад. Ҳамаи маълумоти барои довталаб зарурӣ дар варақаи бақайдгириаш (нигаред ба расмҳои 2.1 ва 2.2) дарҷ гашта, ба ӯ пешниҳод карда мешавад.
Марказ барои онҳое, ки ҳангоми давраи якуми бақайдгирӣ аз қайд гузашта натавонистаанд, аз ҷумла шахсоне, ки дар ин давра дар муҳоҷирати меҳнатӣ берун аз кишвар қарор доштанд ё дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хидмат мекарданд, давраҳои дуюм, сеюм ва ё чоруми бақайдгириро ба роҳ мемонад.
Агар довталаб барои иштирок дар ИМД беш аз як маротиба худро номнавис карда бошад, Марказ тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти охирини ӯро фаъол монда, дигар сабтҳояшро ғайрифаъол мекунад.
Довталаб дар вақти бақайдгирӣ яке аз забонҳоро барои имтиҳонсупорӣ, инчунин макони имтиҳонсупориро ихтиёран муайян мекунад. Довталаб дар интихоби субтест аз забонҳои хориҷии қисмҳои А ва Б низ озод аст. Ӯ метавонад яке аз ин забонҳои муайяншударо барои имтиҳон интихоб кунад: англисӣ, немисӣ, франсавӣ, арабӣ.
Шахсони зерин барои иштирок дар ИМД ҳуқуқи аз қайд гузаштанро доранд:
► шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хатмкарда ё хатмкунандаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум), миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва ё миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастанд;
► шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва ё миёнаи касбии кишварҳои хориҷиро хатм карда, ҳуҷҷати тасдиқкунанда ва шаҳодатномаи баробарарзишии ҳуҷҷатҳоро оид ба таҳсилот доранд;
► шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандии сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хатмкарда ва ё хатмкунандаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастанд (танҳо мувофиқи ихтисосҳои таҳсилашон пулакӣ);
► шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандии сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хатмкарда ё хатмкунандаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва ё миёнаи касбии хориҷӣ буда, ҳуҷҷати тасдиқкунанда ва шаҳодатномаи баробарарзишии ҳуҷҷатҳоро дар бораи таҳсилот доранд (танҳо аз рӯйи ихтисосҳои таҳсилашон пулакӣ).
Шахсоне, ки хатмкунанда ё хатмкардаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ буда, дар бораи гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ – синфи 11‑ум ҳуҷҷати дахлдор надоранд, танҳо аз муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ихтисосҳоеро интихоб карда метавонанд, ки қабули донишҷӯён аз рӯйи онҳо фақат дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ – синфи 9-ум ба роҳ монда мешавад.
Барои номнавис кардани довталаб ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:
Ҷадвали 2.1
Ҳуҷҷатҳои умумӣ
|
Р/т |
Навъи ҳуҷҷат |
Номи ҳуҷҷат |
Гурӯҳи шахсоне, ки ҳуҷҷатро бояд пешниҳод кунанд |
|
1 |
Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият |
Шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нусхаи он ё маълумотнома аз шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр ё ноҳияи дахлдор бо сурат (акс), муҳр ва нусхаи он |
Шахсони ба синни 16 расида |
|
Шиносномаи хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, нусхаи он ва маълумотнома аз ҷойи зист бо акс ва муҳр |
Шахсони шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро надоштае, ки дорои шиносномаи хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастанд |
||
|
Шаҳодатномаи таваллуд, маълумотнома бо муҳру акс аз ҷойи зист ва нусхаи онҳо |
Шахсони ба синни 16 нарасида |
||
|
Шиносномаи шаҳрванди хориҷӣ ё шаҳодатномаи шахси бешаҳрвандӣ ё ҳуҷҷати дигаре, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати тасдиқ-кунандаи шахсият аст ва нусхаи он ва маълумотнома аз ҷойи зист бо акс ва муҳр |
Барои шаҳрвандони хориҷии ба синни 16 расида |
||
|
2 |
Ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот |
Маълумотнома (бо акс ва муҳр) аз муассисаи таълимии таҳсилоти умумии асосӣ ё миёнаи умумӣ дар бораи хатмкунандаи синфи 9-ум будан |
Шахсоне, ки дар синфи 9‑ум мехонанд |
|
Маълумотнома (бо акс ва муҳр) аз муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ дар бораи хатмкунандаи синфи 11‑ум будан |
Шахсоне, ки дар синфи 11‑уми муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ мехонанд |
||
|
Маълумотнома (бо акс ва муҳр) аз муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар бораи хатмкунанда будан |
Шахсони хатмкунандаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ |
||
|
Маълумотнома (бо акс ва муҳр) аз муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар хусуси хатмкунандаи гурӯҳи таҳсилаш пулакӣ (шартномавӣ) будан |
Шахсони хатмкунандаи гурӯҳи таҳсилаш пулакии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ |
||
|
Аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ ва нусхаи он |
Шахсоне, ки синфи 9-умро хатм кардаанд |
||
|
Аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва нусхаи он |
Шахсоне, ки синфи 11-умро хатм кардаанд |
||
|
Диплом дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо замимааш ва нусхаи онҳо |
Шахсоне, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибти-доии касбиро хатм кардаанд |
||
|
Диплом дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо замимааш ва нусхаи онҳо |
Шахсоне, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбиро хатм намудаанд |
||
|
3 |
Баробарарзишии ҳуҷҷати таҳсилоти давлати хориҷӣ |
Шаҳодатнома дар бораи эътироф ва (ё) муайян кардани баробарарзишии ҳуҷҷати зинаи дахлдори таҳсилоти давлати хориҷӣ ва нусхаи он |
Шахсоне, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва ё миёнаи касбиро дар давлатҳои хориҷӣ хатм намудаанд* |
|
4 |
Ҳуҷҷат/ маълумоти тасдиқкунандаи пардохти маблағи хизматрасонӣ |
Рақами расид (квитансия)-и пардохти маблағ аз яке аз бонкҳои дахлдор, аз ҷумла Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк””, ҶСК “Бонки Эсхата”, ё аз барномаҳои мобилии “Амонат Мобайл” ё “Эсхата Онлайн” |
Ҳамаи довталабон, ба истиснои онҳое, ки аз пардохти маблағи хизматрасонӣ дар ИМД озоданд |
|
5 |
Имтиёзҳо |
Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи имтиёзҳо барои гирифтани балҳои иловагӣ ва (ё) имтиёзҳо дар пардохти маблағи хизматрасонӣ (агар дошта бошад) |
Шахсоне, ки барои гириф-тани балҳои иловагӣ ва (ё) имтиёзҳо дар пардохти маблағи хизматрасонӣ ҳуқуқ доранд |
Эзоҳ: * барои довталабоне, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбиро дар давлатҳои хориҷӣ хатм кардаанд; ин талабот ба ҳуҷҷатҳои зинаи дахлдори таҳсилоти давлатҳои хориҷие тааллуқ дорад, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаи дуҷониба ё бисёрҷониба дар бораи эътироф ва муайян намудани баробарарзишии ҳуҷҷатҳои таҳсилотро надоранд.
Ҷадвали 2.2
Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи имтиёз барои шахсони дахлдор дар пардохти маблағи хизматрасонӣ ва гирифтани балҳои иловагӣ
|
Р/т |
Гурӯҳи довталабони имтиёздор |
Ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда |
Асл ва нусха |
|
|
1 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД ба синни 22 нарасида, ки падару модарашон вафот кардаанд |
1) |
шаҳодатномаҳои вафоти падару модари довталаб |
асл ва нусхаи нотариалӣ тасдиқшуда |
|
2) |
шаҳодатномаи таваллуди довталаб |
асл ва нусхаи нотариалӣ тасдиқшуда |
||
|
2 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падар ё модари танҳояшон вафот кардааст |
1) |
шаҳодатномаи вафоти падар ё модари довталаб |
асл ва нусхаи нотариалӣ тасдиқшуда |
|
2) |
шаҳодатномаи таваллуди довталаб |
асл ва нусхаи нотариалӣ тасдиқшуда |
||
|
3) |
ҳуҷҷати тасдиқкунанда дар бораи модари танҳо будани модари довталаб* (аз ҷумла маълумотнома дар бораи бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдак) аз шуъба/бахши сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ ё ҳуҷҷати дигари марбут ба модар** |
асл ва нусха |
||
|
4) |
маълумотнома дар бораи ҳайати оила аз ҷойи истиқомат (агар довталаб дар ҷойи зисти хешованди наздикаш ба қайд гирифта шуда бошад ё дар қайди мактаб-интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастор набошад) |
асл |
||
|
3 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки бо сабабҳои муайян***** бе падару модар ё падар ё модари танҳо мондаанд |
1) |
қарори мақоми васояту парастории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ё ноҳияи дахлдор дар бораи бепарастор будани довталаб |
асл ва нусхаи нотариалӣ тасдиқшуда |
|
2) |
ҳуҷҷате, ки барои қабули қарори мазкур асос шудааст*** |
асл ва нусхаи ин ҳуҷҷат |
||
|
3) |
маълумотнома бо муҳр дар бораи бепарастор будани довталаб аз мақомоти мазкур |
асл |
||
|
4) |
шаҳодатномаи вафоти падар ё модар (агар довталаб падар ё модари танҳо дошта бошад) |
асл ва нусхаи нотариалӣ тасдиқшуда |
||
|
5) |
шаҳодатномаи таваллуди довталаб |
асл ва нусхаи нотариалӣ тасдиқшуда |
||
|
6) |
маълумотнома дар бораи ҳайати оила аз ҷойи истиқомат (агар довталаб дар ҷойи зисти хешованди наздикаш ба қайд гирифта шуда бошад ё дар қайди мактаб-интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастор набошад) |
асл |
||
|
4 |
“Кӯдакони маъюб” ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падар ё модарашон вафот кардааст |
1) |
маълумотнома**** дар бораи “кӯдаки маъюб” ё маъюби гурӯҳи I ё II будани довталаб |
асл ва нусхаи нотариалӣ тасдиқшудаи маълумотнома |
|
2) |
шаҳодатномаи таваллуди довталаб |
асл ва нусха |
||
|
3) |
шаҳодатномаи вафоти падар ё модари довталаб |
асл ва нусха |
||
|
5 |
“Кӯдакони маъюб” ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падар ё модари танҳо доранд |
1) |
маълумотнома**** дар бораи “кӯдаки маъюб” ё маъюби гурӯҳи I ё II будани довталаб |
асл ва нусхаи нотариалӣ тасдиқшудаи маълумотнома |
|
2) |
шаҳодатномаи таваллуди довталаб |
асл ва нусха |
||
|
3) |
маълумотнома аз шуъба/бахши сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ дар бораи муқаррар нашудани падарӣ* ё ҳуҷҷати дигари марбут ба модар** |
асл ва нусха |
||
|
6 |
“Кӯдакони маъюб” ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падару модари маъюби гурӯҳи I ё II доранд
|
1) |
маълумотнома**** дар бораи “кӯдаки маъюб” ё маъюби гурӯҳи I ё II будани довталаб |
асл ва нусхаи нотариалӣ тасдиқшудаи маълумотнома |
|
2) |
маълумотнома**** дар бораи маъюби гурӯҳи I ё II будани падару модари довталаб |
асл ва нусхаи нотариалӣ тасдиқшудаи маълумотнома |
||
|
3) |
шаҳодатномаи таваллуди довталаб |
асл ва нусха |
||
|
7 |
“Кӯдакони маъюб” ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падар ё модари танҳои маъюби гурӯҳи I ё II доранд |
1) |
маълумотнома**** дар бораи “кӯдаки маъюб” ё маъюби гурӯҳи I ё II будани довталаб |
асл ва нусхаи нотариалӣ тасдиқшудаи маълумотнома |
|
2) |
маълумотнома**** дар бораи маъюби гурӯҳи I ё II будани падар ё модари танҳои довталаб |
асл ва нусхаи нотариалӣ тасдиқшудаи маълумотнома |
||
|
3) |
маълумотнома аз шуъба/бахши сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ дар бораи муқаррар нашудани падарӣ* ё ҳуҷҷати дигари марбут ба модар** |
асл ва нусха |
||
|
4) |
шаҳодатномаи таваллуди довталаб |
асл ва нусха |
||
|
8 |
“Кӯдакони маъюб” ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падару модарашон солим ва дар қайди ҳаёт ҳастанд |
1) |
маълумотнома **** дар бораи “кӯдаки маъюб” ё маъюби гурӯҳи I ё II будани довталаб |
асл ва нусхаи нотариалӣ тасдиқшуда |
|
9 |
Фарзандони (ба синни 22 нарасида) хизматчиёни ҳарбие, ки ҳангоми иҷрои уҳдадории хизмати ҳарбӣ ҳалок гардидаанд ё ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ маъюб ё бемор шуда, бар асари он фавтидаанд |
1) |
шаҳодатномаи вафоти падар ё модар |
асл ва нусхаи нотариалӣ тасдиқшуда |
|
2) |
маълумотнома аз мақоми ваколат-дори давлатӣ дар бораи ҳангоми иҷрои уҳдадории хизмати ҳарбӣ ҳалок гардидан ё ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ маъюб ё бемор шуда, бар асари он фавтидани хизматчии ҳарбӣ |
асл |
||
|
3) |
шаҳодатномаи таваллуди довталаб |
асл ва нусхаи нотариалӣ тасдиқшуда |
||
Ҷадвали 2.3
Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи имтиёз барои шахсони дахлдор дар гирифтани балҳои иловагӣ
|
Р/т |
Гурӯҳи довталабони имтиёздор |
Ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда |
Намуди ҳуҷҷат |
|
|
1 |
Шахсоне, ки дар соҳаи санъат ва фарҳанг дастовард доранд |
1) |
тавсияномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пирӯзӣ дар озмун ё фестивалҳои тахассусии ҷумҳуриявӣ ё байнал-милалии соҳаи санъат ва фарҳанг |
асл ва нусха |
|
2 |
Шахсони хизмати ҳарбиро дар Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра адокарда |
1) |
билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи муваққатӣ |
асл ва нусхаи нотариалӣ тасдиқшуда |
|
3 |
Шахсоне, ки дар соҳаи варзиш дастовард доранд |
1) |
шаҳодатнома****** дар бораи дорандаи яке аз унвонҳои “Устоди варзиши дараҷаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” ё дараҷаи “Номзад ба устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” будани довталаб |
асл ва нусха |
Ҷадвали 2.4
Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи имтиёз барои шахсони дахлдор
дар пардохти маблағи хизматрасонӣ
|
Р/т |
Гурӯҳи довталабони имтиёздор |
Ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда |
Асл ва нусха |
|
|
1 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падару модарашон маъюби гурӯҳи I ё II ҳастанд |
1) |
маълумотнома**** дар бораи маъюби гурӯҳи I ё II будани падари довталаб |
асл ва нусхаи нотариалӣ тасдиқшуда |
|
2) |
маълумотнома**** дар бораи маъюби гурӯҳи I ё II будани модари довталаб |
асл ва нусхаи нотариалӣ тасдиқшуда |
||
|
3) |
шаҳодатномаи таваллуди довталаб |
асл ва нусха |
||
|
2 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падар ё модари танҳояшон маъюби гурӯҳи I ё II аст |
1) |
маълумотнома**** дар бораи маъюби гурӯҳи I ё II будани падар ё модари танҳои довталаб |
асл ва нусхаи нотариалӣ тасдиқшуда |
|
2) |
маълумотнома аз шуъба/бахши сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ дар бораи муқаррар нашудани падарӣ* ё ҳуҷҷати дигари марбут ба модар** |
асл ва нусха |
||
|
3) |
шаҳодатномаи таваллуди довталаб |
асл ва нусха |
||
|
3 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падар ё модарашон маъюби гурӯҳи I ё II аст |
1) |
маълумотнома**** дар бораи маъюби гурӯҳи I ё II будани падар ё модари довталаб |
асл ва нусхаи нотариалӣ тасдиқшуда |
|
2) |
шаҳодатномаи таваллуди довталаб |
асл ва нусха |
||
|
4 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падар ё модарашон вафот кардааст |
1) |
шаҳодатномаи вафоти падар ё модар |
асл ва нусха |
|
2) |
шаҳодатномаи таваллуди довталаб |
асл ва нусха |
||
|
5 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падар ё модари танҳо доранд |
1) |
маълумотнома аз шуъба/бахши сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ дар бораи муқаррар нашудани падарӣ* ё ҳуҷҷати дигари марбут ба модар** |
асл ва нусха |
|
2) |
шаҳодатномаи таваллуди довталаб |
асл ва нусха |
||
Эзоҳ:
* маълумотнома аз шуъба/бахши сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ дар бораи муқаррар нашудани ҳуқуқи падарӣ – ҳуҷҷате, ки тибқи замимаи 12-уми қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми феврали соли 2010, № 77 «Дар бораи тасдиқ намудани шакли бланкҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва бланки шаҳодатномаҳое, ки дар асоси сабтҳо дода мешаванд, бланки дигар ҳуҷҷатҳое, ки фактҳои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандиро тасдиқ мекунанд ва шакли варақаҳои ариза дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» дода мешавад (дар гуфтугӯй: "маълумотнома дар бораи модари танҳо”);
** ҳуҷҷати дигари марбут ба модар – ҳуҷҷати тасдиқкунандаи маҳдуд ё маҳрум карда шудани модар аз ҳуқуқи модарӣ, бедарак ғоиб эътироф ё фавтида эълон гардидани модар, ғайри қобили амал дониста шудани модар, барои адои ҷазо дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ қарор доштани модар, саркашӣ кардани модар аз тарбияи кӯдак ё ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ӯ, аз ҷумла ҳангоми рад кардани гирифтани кӯдаки худ аз муассисаҳои таълимӣ-тарбиявӣ ва ё табобатӣ;
*** аз ҷумла ҳуҷҷати тасдиқкунандаи маҳдуд ё маҳрум карда шудани падару модар, падар ё модари танҳои довталаб аз ҳуқуқи падарумодарӣ, бедарак ғоибшуда эътироф ё фавтида эълон гардидани падару модари довталаб, ғайри қобили амал дониста шудани онҳо, барои адои ҷазо дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ қарор доштани падару модари довталаб, саркашӣ кардани падару модари довталаб аз тарбияи кӯдак ё ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ӯ, аз ҷумла ҳангоми рад кардани гирифтани кӯдаки худ аз муассисаҳои таълимӣ-тарбиявӣ;
**** маълумотномаи силсиладор, ки Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон додааст ва нусхаи аз ҷониби ин мақом тасдиқгардидаи он;
***** бо сабабҳои маҳдуд ё маҳрум карда шудани падару модар, падар ё модари танҳо аз ҳуқуқи падарӣ/модарӣ, бедарак ғоиб эътироф ё фавтида эълон гардидани падару модар, ғайри қобили амал дониста шудани онҳо, барои адои ҷазо дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ қарор доштани падару модар, саркашӣ кардани падару модар аз тарбияи кӯдак ё ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ӯ, аз ҷумла ҳангоми рад кардани гирифтани кӯдаки худ аз муассисаҳои таълимӣ-тарбиявӣ ва ё табобатӣ;
****** шаҳодатномае, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ – Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе; раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд; раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон; раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон; бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дода шудааст.
Барои бақайдгирӣ довталаб, дар баробари ҳуҷҷатҳои дахлдори зикршуда, маълумоти дигари зарурӣ, аз ҷумла рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкарда, иттилоотро дар бораи макон ва забони имтиҳонсупорӣ бояд пешниҳод кунад.
Барои давраи дуюми бақайдгирӣ ҳамон ҳуҷҷатҳое, ки дар бахши давраи якуми бақайдгирӣ номбар гардиданд, бояд пешниҳод карда шаванд.
Пас аз сабти ном ба довталаб варақаи бақайдгирӣ дода мешавад, ки довталаб бояд онро бодиққат хонда, дар сурати дуруст ҳисобидани маълумот онро бо имзо тасдиқ намояд (нигаред ба расмҳои 2.1 ва 2.2). Дар варақаи бақайдгирӣ маълумоти инфиродии довталаб, комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкарда, макон ва забони имтиҳонсупорӣ, рақами назоратӣ ва рамзи муваққатӣ барои ворид шудан ба кабинети инфиродӣ ва ғайра дарҷ мегардад. Дар давоми рӯз пас аз сабти ном кабинети инфиродии довталаб фаъол мегардад. Оид ба тарзи истифодаи кабинети инфиродӣ дар бахши “Кабинети инфиродӣ” маълумоти бештар оварда шудааст. Инчунин, пас аз номнависӣ ба довталаб “Ёддошт барои довталаб”, ки иттилооти заруриро дар бораи раванду марҳалаҳои пас аз бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар бар мегирад, дода мешавад. Довталаб онро бо худ гирифта, бояд ҳатман пурра хонад ва мувофиқи дастуроташ амал кунад.
Дар низоми ИМД ба довталаб ҳуқуқ дода мешавад, ки баъди бақайдгирӣ маълумоти инфиродӣ ё интихобҳояшро дар давраҳои асосӣ ва ё иловагии азнавбақайдгирӣ (бозномнависӣ) тағйир диҳад. Вобаста ба ин, ба чунин довталабоне, ки маълумоти инфиродӣ ё интихобҳояшонро тағйир додан мехоҳанд, зарур аст, ки дар давраи азнавбақайдгирӣ худро аз нав сабти ном кунанд.
Азнавбақайдгирии довталабоне, ки дар давраи якуми бақайдгирӣ сабти ном шудаанд, дар ду давра (асосӣ ва иловагӣ) гузаронда мешавад. Довталаб барои аз нав номнавис шудан дар давраи асосии азнавбақайдгирӣ ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва расидро дар бораи пардохти маблағи иловагӣ бояд пешниҳод кунад. Барои ин довталаб бояд ба нуқтаи бақайдгирие ояд, ки дар давраи якуми бақайдгирӣ худро дар он сабти ном кардааст.
Давраи иловагии азнавбақайдгирӣ, ҳамзамон бо давраи дуюми бақайдгирӣ, барои довталабоне, ки хоҳиши иваз кардани гурӯҳи ихтисосҳо ва (ё) комбинатсияҳои ихтисосҳо ё маълумоти дигарро доранд, бо пардохти маблағи пурраи бақайдгирӣ ба роҳ монда мешавад. Ин гурӯҳи довталабон имтиҳонҳоро дар давраи дуюми имтиҳонҳо, ки аз рӯйи қисмҳои А ва Б дар марказҳои имтиҳонии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои дигари интихобшуда, қисми В (дар сурати интихоби ихтисосҳои дахлдор) дар муассисаҳои таълимии дахлдор ва қисми Г (дар ҳолати интихоби ихтисосҳои дахлдор) тибқи ҷадвали тасдиқкардаи муассисаҳои таълимии дахлдор дар худи ҳамин муассисаҳо баргузор мешавад, месупоранд.
Азнавбақайдгирии довталабони дар давраҳои дуюм, сеюм ё чоруми бақайдгирӣ номнависшуда ҳамзамон бо ҳамин давраҳои дахлдори бақайдгирӣ аст.
Барои азнавбақайдгирӣ аз довталаб ин ҳуҷҷатҳо талаб карда мешавад:
Ҷадвали 2.5
|
Р/т |
Навъи ҳуҷҷат |
Номи ҳуҷҷат |
Гурӯҳи шахсоне, ки ҳуҷҷатро бояд пешниҳод кунанд |
|
1 |
Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият |
Шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нусхаи он ё маълумотнома бо акс ва муҳр аз шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нусхаи он |
Шахсони ба синни 16 расида |
|
Шиносномаи хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, нусхаи он ва маълумотнома аз ҷойи зист бо акс ва муҳр |
Шахсони шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро надоштае, ки дорои шиносномаи хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастанд |
||
|
Шаҳодатномаи таваллуд, маълумотнома бо муҳру сурат аз ҷойи зист ва нусхаи онҳо |
Шахсони ба синни 16 нарасида |
||
|
Шиносномаи шаҳрванди хориҷӣ ё шаҳодат-номаи шахси бешаҳрвандӣ, ё ҳуҷҷати дигаре, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият аст (бо нусхааш) ва маълумотнома аз ҷойи зист бо акс ва муҳр |
Шаҳрвандони хориҷии ба синни 16 расида |
||
|
2 |
Варақаи бақайдгирӣ |
Варақаи бақайдгирӣ, ки довталаб дар давраи пешинаи бақайдгирӣ гирифтааст |
Ҳамаи довталабон |
|
3 |
Ҳуҷҷат/маълумоти тасдиқкунандаи пардохти маблағ |
Расид (квитансия) ё рақами он аз яке аз бонкҳои дахлдор, аз ҷумла Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»”, ҶСК «Бонки Эсхата», ё аз барномаҳои мобилии «Амонат Мобайл» ё «Эсхата Онлайн» оид ба пардохти маблағи иловагӣ ва ё маблағи пурра*. |
Ҳамаи довталабон |
* агар довталаб дар давраи бақайдгирии худ аз нав номнавис шудан хоҳад, бояд маблағи иловагиро пардохт кунад ва агар дар давраи дуюми азнавбақайдгирӣ номнавис шудан хоҳад, бояд маблағи хидматрасониро барои ИМД пурра пардохт кунад.
Баъди азнавбақайдгирӣ ба довталаб варақаи бақайдгирии нав дода мешавад, ки довталаб бояд маълумоти дар он дарҷгаштаро низ бодиққат хонда, дар сурати дуруст ҳисобидани маълумот, онро бо имзо тасдиқ намояд.
Барои давраҳои сеюм ва чоруми бақайдгирӣ низ ҳуҷҷатҳои дахлдори дар ҷадвалҳои 2.1-2.5 нишондода бояд аз ҷониби довталаб пешниҳод карда шавад.
Дар бораи муҳлати ҳама даврҳои бақайдгирии довталабон ва макони нуқтаҳои бақайдгирӣ дар сомонаи Марказ маълумот ҷойгир ва довталабон, ҳамчунин бо воситаҳои дигар огоҳ карда мешаванд (нигаред ба “Тақвими ИМД‑2026”, замимаи 1).
Довталабоне, ки ихтисосҳоро аз филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ва ё Донишгоҳи Осиёи Марказӣ интихоб кардан мехоҳанд, бояд дар ин муассисаҳо низ бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурии муайянкардаи муассисаҳои мазкур номнавис карда шаванд. Муҳлати бақайдгириро худи ин муассисаҳо муқаррар мекунанд. Довталабони ихтисосҳоро аз филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе интихобкарда дар худи ин филиал ва ихтисосҳои Донишгоҳи Осиёи Марказиро интихобнамуда дар нуқтаҳои бақайдгирии таъсисдодаи донишгоҳи мазкур (нигаред ба ҷадвали 2.6) ба қайд гирифта мешаванд.
Дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ба гурӯҳи муайяни донишҷӯён – ятимони кул, маъюбони гурӯҳҳои якум ва дуюм, ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ бо қарори Кумитаи молиявии ин Донишгоҳ имкони таҳсили ройгон низ дода мешавад.
Ҷадвали 2.6
Нуқтаҳои бақайдгирии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ барои довталабоне, ки ихтисосҳоро аз ин донишгоҳ интихоб кардан мехоҳанд
|
Р/т |
Макон |
Суроға |
Рақами телефон |
|
1 |
Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдор (маркази таълимӣ) |
шаҳри Душанбе, хиёбони Нисор Муҳаммад, 61/2 |
(44) 601 44 11, (93) 999 99 64 |
|
2 |
Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдор (маркази таълимӣ) |
шаҳри Бохтар, кӯчаи Ваҳдат, 31А |
(3222) 2 39 23, (93) 999 99 64 |
|
3 |
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ |
шаҳри Хоруғ, кӯчаи Қиматшо Имматшоев, 155 |
(93) 999 99 64, (93) 999 99 65 |
|
4 |
Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдор (маркази таълимӣ) |
шаҳри Хоруғ, кӯчаи Ленин, 126 |
(3522) 2 22 77, (93) 999 99 64 |
|
5 |
Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдор (маркази таълимӣ) |
шаҳри Ҳуҷанд, кӯчаи Камоли Хуҷандӣ, 165 |
(93) 999 99 64 |
Расми 2.1. Пеши варақаи бақайдгирӣ
Матнеро, ки дар паси варақаи бақайдгирӣ оварда мешавад, пеш аз имзо кардан бодиққат хонед (нигаред ба расми 2.2).
Расми 2.2. Паси варақаи бақайдгирӣ





