Бахши “Ихтисосро чӣ гуна бояд интихоб кард?” Шуморо бо шарту талабот ва тарзи дурусти интихоби касбу ихтисос, муассисаҳои таълимӣ ва намунаи интихоби онҳо шинос менамояд.
Дар бахши “Довталаб кай ва чӣ тавр бояд аз қайд гузарад?” талабот, шартҳо, вақту макони давраҳои бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ бо намуна (шакл)-и варақаи бақайдгирӣ оварда шудааст.
Бахши “Пешномнависӣ” Шуморо бо ҳадафи ин хизматрасонӣ ва шарту талаботи истифода аз он шинос месозад.
Дар бахши “Маблағи хизматрасонӣ дар ИМД” аз масъалаҳои марбут ба маблағи хизматрасонӣ дар ИМД, имтиёзҳои муқарраршуда барои шахсони муайян дар пардохти он, муҳлат ва шартҳои пешниҳоди ариза барои баргардонидани ин маблағ хабардор хоҳед шуд.
Бахшҳои “Сомонаи Марказ” ва “Кабинети инфиродӣ” моҳият ва тарзи истифодаи самараноки сомонаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кабинети инфиродии довталабро баён мекунад.
Дар бахши “Хизматрасонии “Худро бисанҷ” Шумо хоҳед донист, ки чӣ гуна бо дастрасӣ ба ин низоми хидматрасонӣ дониши худро санҷида, ҳамчунин бо сохтори субтестҳо ва шаклҳои саволу масъалаҳои тест, ки монанд ба ҳолати воқеӣ дар ИМД аст, шинос мешавед.
Дар бахши “Даъватномаи имтиҳон” роҳҳои дастрас кардани даъватнома ва аксҳои намуна (шакл)-и даъватнома ба Шумо пешниҳод гардидааст.
Бахши “Дар ИМД аз кадом фанҳо имтиҳон месупоранд?” ба Шумо дар бораи қисмҳо (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ (синфи 11‑ум), имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9‑ум), имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус, имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ) ва субтестҳо (фанҳои имтиҳонӣ) маълумот медиҳад.
Бахши “Навъ ва шаклҳои саволу масъалаҳо дар тест” маълумотро доир ба навъ ва шаклҳои саволу масъалаҳои тест, тарзи дурусти қайду ишораҳоро дар варақаи ҷавобҳо фаро мегирад.
Дар бахши “Меъёри холгузорӣ ба саволу масъалаҳои тест” доир ба меъёри холгузорӣ вобаста аз навъу шаклҳои саволу масъалаҳои тест, миқдори саволу масъалаҳо дар ҳар субтест ва шумораи имконпазири бештарини холҳо аз ҳар кадоми онҳо маълумот дода шудааст.
Бахши “Имтиҳонҳо кай ва чӣ тавр баргузор мешаванд?” фарогири маълумот дар бораи замону макони баргузории имтиҳонҳо, фанҳои имтиҳонӣ, даврҳои асосӣ ва иловагии имтиҳонҳо ва шартҳои иштирок дар имтиҳонҳо аст.
Бахши “Аз натиҷаи имтиҳонҳо чӣ тавр хабардор шудан мумкин аст?” ба Шумо роҳу воситаҳои аз натиҷаи имтиҳонҳо огоҳ шуданро мефаҳмонад.
Дар бахши “Миқёсгузорӣ (Шкалабандӣ)” моҳияти миқёсгузорӣ ва раванди он, тарзи ба бал баргардонидани хол шарҳ дода шудааст.
Бахши “Аризаи апеллятсионӣ” баёнгари шарту талаботи навиштани аризаи апеллятсионӣ дар ҳолати норозӣ будани довталаб аз риоя нагардидани тартиби баргузории имтиҳон ва ё аз холҳои дар имтиҳонҳо гузошташуда аст.
Дар бахши “Озмуни тақсимоти довталабон ба муассисаҳои таълимӣ” дар бораи моҳияти озмунҳои тақсимоти асосию иловагӣ, муҳлати эълони натиҷаҳои ин озмунҳо, тартиби озмуни тақсимоти довталабон ба муассисаҳои таълимӣ, роҳҳои хабар ёфтан аз натиҷаҳои озмуни тақсимот ва муҳлати ҳозиршавии довталабони дар озмунҳо комёбшуда ба муассисаҳои таълимии дахлдор метавон маълумот гирифт.
Бахши “Имтиёз ба киҳо дода мешавад?” Шуморо бо гурӯҳҳои шахсони имтиёздор, шарту талабот ва тартиби додани имтиёзҳо ба довталабони дахлдор шинос месозад.





