Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

САЙЁҲӢ

Нашр шуд: 09 Марти 2018
Диданд: 2634

Соҳаи туризм ҳамчун яке аз самтҳои сердаромади иқтисодиёти ҷаҳон ва феномени иқтисодии асри ХХ эътироф гаштааст.

Дар бештар кишварҳо туризм дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, фаъолнокии тавозуни савдои беруна, таъмини шуғли аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои кории иловагӣ нақши муҳим бозида, ба инкишофи соҳаҳои мухталиф, аз қабили нақлиёт ва коммуникатсия, сохтмон, фарҳанг, санъат, истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум ва дигар бахшҳои иқтисодиёт таъсири мусбат мерасонад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дорои мероси ғании таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ буда, барои ҷалби теъдоди зиёди туристони хориҷӣ ба кишвар иқтидори воқеӣ дорад. Бо дарназардошти омилҳои зикршуда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи туризмро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар эълон намудааст.

Бо мақсади ба ҷараёни ҷаҳонии туризми байналмилалӣ шомил намудани Тоҷикистон, аз соли 2008 масъулини соҳаи туризм дар намоишгоҳҳои калонтарини сатҳи ҷаҳонӣ, ки дар шаҳрҳои Берлин (Олмон), Токио (Япония) ва Лондон (Британияи Кабир) ва Москваи (Федератсияи Россия) баргузор мегарданд, иштирок ва муаррифӣ менамоянд. Дар натиҷа имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонии туристӣ ҳамчун кишвари дорои 4 пайраҳаи Шоҳроҳи абрешим эътироф гардидаст.

Дар ин давра бо мақсади тарғибу ташвиқи сиёсати Ҳукумати кишвар оид ба истифодаи самараноки захираҳои об аз соли 2009 дар доираи Барномаи «Об барои ҳаёт» ҳамасола экспедитсияи байналмилалӣ барои фатҳи қуллаҳои «Исмоили Сомонӣ» ва «Озодӣ» ташкил ва баргузор мегардад.

Дар экспедитсия кӯҳнавардон аз давлатҳои мухталифи ҷаҳон, аз қабили Франсия, Испания, Шветсия, Венгрия, Булғористон, Литва, Украина, Россия ва дигар кишварҳо фаъолона ширкат меварзанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи сайёҳӣ диққати ҳамаҷониба дода, барои рушди минбаъдаи он заминаҳои заруриро фароҳам меорад.

Дар доираи барномаҳои қабулшудаи давлатӣ рушди соҳа бо ҷорӣ намудани низоми раводиди электронӣ барои сайёҳони хориҷӣ, таъсис додани минтақаҳои сайёҳӣ ва муҳайё намудани инфрасохтори зарурӣ таъмин гардида истодааст.

Ҳоло дар Тоҷикистон барои шаҳрвандони зиёда аз 78 кишвар низоми соддакардашудаи раводиди электронӣ ҷорӣ карда шудааст.

Дар натиҷа, шумораи сайёҳон дар се соли охир мунтазам афзоиш ёфта, ду баробар (аз 207 то 414 ҳазор нафар) зиёд гардидааст.

Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад.

Бо мақсади боз ҳам тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар ин самт, инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя дар ин самт ва омода кардани кадрҳои болаёқат соли 2017 Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Ҳамчунин, Ҳукумати мамлакат якҷо бо вазорату идораҳои марбута ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади боз ҳам рушд додани соҳа ва истифодаи васеи имкониятҳои мавҷуда, рушди инфрасохтори сайёҳӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя, ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамаи сохтору мақомоти дахлдор ва омода намудани кадрҳои болаёқатро дар ин самт таъмин карда истодаанд.

Ҷиҳати босуръат тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ дар кишвар воридоти таҷҳизоту маводи сохтмонии иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозию гумрукӣ, инчунин, ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод карда шудаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осиёи Миёна беҳтарин ва бештарин имкониятро барои рушди сайёҳӣ соҳиб гардида, мувофиқи рейтинги ҷаҳонии мамлакатҳо оид ба хулосаҳои сомонаву шабакаҳои ҷаҳонӣ, махсусан «ВВС» (Британияи Кабир соли 2012) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори 10 кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон, сомонаи интернетии “Globe Spots”, дар сархати даҳгонаи кишварҳои ҷолиб барои туристони саргузаштӣ (дар соли 2014), нашри русии маҷаллаи маъруфи “National Geographic”, (рӯзи 28 феврали соли 2016) дар соли 2016 шоҳроҳи Помири Тоҷикистонро дар байни 10 роҳи зеботарини дунё, маҷаллаи ТОП – 100 дар соли 2015, 3 минтақаи Тоҷикистон ва дар соли 2016 куҳҳои Помири Тоҷикистон, соли 2015 пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе ба даҳгонаи мавзеҳои бехатар аз рӯи таъмини амнияти шабона ва соли 2016 аз рӯи таҳлилҳои Созмони умумиҷаҳонии сайёҳии Созмони Миллати Муттаҳид дуюмин кишваре, ки туризмаш дар ҳоли рушд қарор дорад, ворид гардидааст.

Ҳамзамон, дар рӯйхати ҷаҳонии рақобатпазирӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ки аз ҷониби Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ (ФҶИ) дар соли 2017 муаррифӣ гардид, Тоҷикистон аз 136 ҷойи имконпазир мақоми 107-умро касб кард.

Бино ба маълумоти Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 холи имконпазир 3,2 хол гирифта, дар давоми ду сол аз 119-ум ба 107-ум ҷой боло рафт. Беҳтарин нишондодро (5,7 хол) Тоҷикистон дар категорияҳои «амният», «тандурустӣ ва беҳдошт» ба даст овард.

Ҷолиби диққат аст, ки Тоҷикистон дар рӯйхати кишварҳое, ки дар давоми як сол ҷаҳиши беҳтарини сайёҳӣ нишон доданд, алоҳида қайд шудааст. Дар ин рӯйхат Тоҷикистон дар зинаи сеюм қарор гирифт. Дар ҷойи аввал Ҷопон ва дар ҷойи дуюм Озарбойҷон мебошанд.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹Май 2025›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк
1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон