Душанбе, 28-уми марти соли 2018
Мирзошариф Шодиев,
сардори шуъбаи кор бо
МТТМОК-и ММТНПҶТ
Соли 2018 дар Тоҷикистон соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудааст. Яке аз мавзеъҳои машҳур ва зебову хушманзара, ки овозааш тамоми оламро гирифтааст, минтақаи сайёҳии машҳури Искандаркӯл мебошад. Ҳарчанд доир ба ин кӯл маълумоти зиёде ҳам тавассути воситаҳои ахбори умум ва шабакаҳои гуногуни интернетӣ, ҳам ба воситаи асарҳои илмӣ аз забони сайёҳони ба ин мавзеъ сафарнамуда ва муҳаққиқон дар тӯли солҳову асрҳо ба табъ расидааст, лекин на ҳама аз таърихи воқеии пайдоиш ва маънои луғавии номи ин кӯл огаҳӣ дорад. Ин ҳолатро ба назар гирифта, кӯшиш намудем, ки ба ин масъала дар такя ба сарчашмаҳои илмиву таърихӣ рӯшанӣ андозем.
Олимони номшинос ҳамеша таъкид ба он доранд, ки “Замин китобест, ки таърихи инсоният дар он тавассути номҳои ҷуғрофӣ инъикос мегардад”. Номвожаи “Искандаркӯл” низ яке аз ҳамин саҳифаҳои китоби сарзамини Тоҷикистон аст.
Исмҳои хоси гидронимҳо (номвожаҳои мансуб ба об) аз қадим диққати муҳаққиқонро ҷалб кардааст. Ҳангоми шарҳи ин ё он макон (деҳа, шаҳр, ноҳия ва ё давлат) ҳатман дар соҳил ё байни кадом дарё ё баҳр ҷойгир будани он зикр карда мешавад. Дар бисёр мавридҳо ба деҳаву шаҳрҳои соҳили дарёву кӯлҳо номи ҳамон дарё ё кӯл дода шудааст (дарёи Зарафшон – шаҳраки Зарафшон, дарёи Вахш – ноҳияи Вахш, дарёи Москва –шаҳри Москва ва ғ.).
Искандаркӯл, ки ҳоло дар борааш ақида меронем, яке аз гидронимҳои дорои таърихи куҳан буда, то имрӯз пайдоиши он маънои луғавии унвонаш мавзӯи суҳбати олимону сайёҳон ва ҳамаи он шахсонест, ки ақаллан як маротиба ин кӯли зеборо дидаанд ва ё мехоҳанд, бубинанд.
Кӯли номбурдаи зебоманзар дар иҳотаи қаторкӯҳҳои Ҳисору Фон, ки то 5000 метр баландӣ доранд, ҷой гирифтааст ва дар ҳудуди ноҳияи Айнии вилояти Суғди Тоҷикистон воқеъ аст. Искандаркӯл тамошогоҳи мардуми ҷаҳон аст ва бо обу ҳавои дилкушо, паррандаҳои хушилҳону манзараҳои дилфиреби худ дили ҳар бинандаро тасхир менамояд.
Искандаркӯл дар баландии 2195-2200 м (аз сатҳи баҳр) мавқеъ дошта, 86-72 м. умқ, 3,4 - 3,5 км2 масоҳат, 2,8 км дарозӣ, аз 1,5 км то 2, 7 км паҳноӣ, 172 миллион м3 захираи об ва 741 км2 ҳавзаи обғундор дорад. Вобаста ба фаслҳои сол ин ҳаҷм тағйир меёбад. Пажӯҳишгарон бар он ақидаанд, ки дар ибтидо сатҳи оби кӯл баландтар – беш аз 120 метр будааст ва нишонаҳои он то имрӯз дар кӯҳҳои атрофи кӯл нақш бастааст1. (Р. Б. Баратов, В. П. Новиков. Каменное чудо Таджикистана. – Душанбе: Ирфон, 1984. – С. 120).
Искандаркӯл аз панҷ чашма бо номи Панҷчашма ва чаҳор дарёча: Сарима, Ҳазормеш, Саритоғ ва Оби Морон сарчашма мегирад. Аз кўл як рўд, ки бо номи Искандардарё машҳур аст, ҷорӣ мешавад. Ин дарё дар масофаи зиёда аз 1 км дуртар аз кўл аз болои кўҳи лағжида пеши ҷараёни дарёро гирифта ҷорӣ шуда, ба ҷараёни аслии худ меафтад ва яке аз шаршараҳои зебои дунёро ба вуҷуд меовард.
Кӯл ба доираи васеи пажӯҳишгарон, воқеанигорон ва сайёҳон ҳанӯз аз асри IX маълум будааст, ки ба ин сарчашмаҳои таърихии зиёд низ гувоҳанд. Ҷуғрофиядонҳо, таърихшиносон ва воқеанигорони ҳарбии асрҳои мухталиф кӯлро бо номҳои гуногун ёдовар шудаанд. Агар ибни Ҳурдодбеҳ (асри 1X) ин кӯлро Айн ва дарёе, ки аз вай ҷорӣ мешавад, Ҷирк номида бошад (номи деҳаи Диҷик шояд топоомоними дарёи мазкур аст. Ш.М.), дар садаҳои X– XII Ибни Ҳавкал, ал-Истахрӣ ва ал-Муқаддасӣ Маҷмаъ (ҷамъи об), муаллифи “Ҳудуд-ул-олам" (893. Муаллифаш номаълум) кӯлро Дарёжа номидааст. Баъдан дар осори хаттии асрҳои миёна Маштонзардарё номида мешавад.
Дар миёнаҳои асри XVIII дар асари «Нақшаи роҳи обӣ», «Харитаи генералии империяи Русия» (1776) ва «Харитаи Осиё» (1795) К. Ф. Бутёнов муҳандис – афсари рус Искандаркӯлро чун «Таран» (ҳолати муҳосира дар амалиёти ҳарбӣ) ном бурдааст.
Дар сарчашмаҳои нимаи дуюми асри X1X, дар саҳифаҳои адабиёти илмии русӣ ҷойи “Маштонзардарё” “Искандаркўл” пайдо мешавад. Чӣ тавр ва аз тарафи кӣ ин ном бофта бароварда шудааст, ҳоло ба мо маълум нест2 (с. 9) (Ёқубов Ю. Ёдгориҳои болооби Зарафшон. – Душанбе: Ирфон, 1977. – 64 с.).
Искандаркӯлро аксарият бо ному насаби истилогари юнонӣ Искандари Мақдунӣ (356 п. м. – 323-уми п. м.) вобаста мекунанд, ки соли 329-уми п. м. Осиёи Миёнаро забт кардааст.
Оид ба ин масъала ховаршинос В. В. Бартолд ба хулосае омадаст, ки Искандаркӯл дар интиҳои асри XVII номи ҳозираашро гирифтааст3.
Ҳоло низ, мутаассифона, миёни мардуми ин диёр афсонаву ривоятҳои зиёде бо номи Искандар ва ин кўл мавҷуд аст, ки мо қисме аз онро баён менамоем:
1) Гўё ин кўлро Искандари румӣ дар вақти Бутамонро забт карданаш бо қувваи аскарону асиронаш сохтааст;
2) Ривояти дигар дар китоби Абдураҳмони Мустаҷир “Рӯзномаи сафари Искандаркӯл" (охири садаи XIX) аз забони халқи таҳҷоӣ омадааст: “Баъзе мӯйсафедон мегӯянд, ки рӯзе шуд, ки вилояти Самангонро дарёи Зарафшон хароб кард... Баъди забти Шероз Искандар ба даст оинаи дурбини чаҳоннаморо гирифта, ҳар тарафро тамошо карда нишаста буданд, ки баногоҳ назари муборакашон дар вилояти Самангон афтод. Диданд, ки ҳамаи вилоятро об гирифтааст...
Искандар бо ҳамроҳии мирону акобирон кӯси Искандариро зада, ба ҷониби Кӯҳистон равон шуданд. Чанд рӯз роҳ рафта, ба лаби он кӯл расиданд... Устоҳои ҷамеи вилоятро оварданд ва пеши обро сад бастанд... Аз он ҷиҳат кӯли Искандар меноманд, ки баён кардем...
Баъзе кӯли Искандар мегӯянд ва баъзе кӯли Искандар не мегӯянд. Дар вақти даридани кӯҳ ва ҷорӣ шудани об кӯлро Искандар бунёд кардааст..." Дар ин ривоят, ҳамчунин, исмҳои Золи Зард, Сӯҳроби ял, Рустами паҳлавон зикр шудааст4 (с. 130-132).
3) Сайёҳ Ф. Г. Патрунов дар китоби худ “По Таджикистану” ривояти дигареро овардааст, ки ба ривояти якум ҳамранг аст: “Искандари Македонӣ барои ҷазо додани суғдиёни итоатнопазир пеши дарёи Искандарро баст. Оби ҷамъшударо cap дода, деҳаҳои поёнобро ғарқ намуд ва сокинонаш маҷбур шуданд, ки муқобилиятро хатм бахшанд. Ҳамин тавр, Искандаркӯл пайдо шуд”.5 (с. 88-89).
4) Ривояти дигари бадеии фоҷиавӣ дар хусуси аспи Искандар Бутсефал мебошад. Ҳангоми дамгирии лашкар асп аз оби сарди кӯл менӯшад ва шамол мезанад. Баъди чанд рӯз даво меёбад ва ҳангоми чаридан якбора шиҳаи баланд мекашад ва ба қуллаи баландтарин баромада, худро ба кӯл мепартояд. Искандар ғамгин гашта, чанд рӯз мунтазир мешавад ва охиран ноумед шуда, як даста аспбону аскаронашро он ҷо гузошта, худ роҳашро давом медиҳад. Аз он аҳд ҳар моҳ шаби моҳи мунир оби кӯл тақсим мегардад ва аз байни он аспи сафеди барфӣ – Бутсефал дар иҳотаи аспбонону аскарон намудор мегардад...
Бо бовари комил зикр бояд намуд, ки дар пайдоиши Искандаркӯл номи Искандари Румӣ ягон хел рабте надорад ва сарчашмаҳои таърихӣ низ ин афсонаҳоро куллан рад мекунанд. Дар сарчашмаҳои хаттии нигоштаи Арриан, Квант Куртсий, Диодори Ситсилӣ ва дигарон таъкид мешавад, ки Искандар ҳудуди водии Зарафшонро танҳо то Самарқанд омадаасту бас. Ин нуктаро муаррих Ю. Ёкубов, ки роҷеъ ба таърихи Фалғар китобҳо эҷод кардааст, чунин таъкид менамояд: “Искандари Македонӣ ҳеҷ гоҳ аз ҳудуди Самарқанд берун ба сӯйи Панҷакенту Бутамон (Фалғар ё Айнии ҳозира) нарафта буд.” (“Ёдгориҳои болооби Зарафшон”2. (с. 8. Ёқубов Ю. Ёдгориҳои болооби Зарафшон. – Душанбе: Ирфон, 1977.- 64 с.).
Ба андешаи мо, ба Искандар нисбат додани унвони кӯл бо он мақсад аст, ки шукӯҳу шаҳомати кӯл бо ҳамин poҳ барҷастатар ифода ёбад, зеро дар байни мардум Искандар чун шоҳи кишваркушой ва баъдан (шояд бо таъсири “Хирадномаи Искандарӣ”-и Абдураҳмони Ҷомӣ) чун шоҳи одилу адолатпеша машҳур гардидааст.
Сабаби бо номҳои гуногун ёдовар шудани кӯл таърихи куҳан доштани вай мебошад. Маълум аст, ки сарзамине, ки дар он Искандаркӯл ҷойгир аст, маскани аҷдоди номовари мо, суғдиён, аст, ки забонашон суғдӣ буд. Забоне, ки онҳо доро буданд, “... аз садаҳои IX ё X cap карда, дар зери таъсири забони форсӣ ё тоҷикии нав монд ва оҳиста-оҳиста дар асрҳои ХШ ё XIV аз истеъмол баромада, ба қатори забонҳои матрук дохил гардид”6 (Народов Средней Азии и Казахстана. – Том 1, с. 137). Хушбахтона, то имрӯз як шеваи он – забони яғнобӣ боқӣ мондааст, ки дар кушоиши бисёр масъалаҳои душвори марбут ба забони суғдӣ пажӯҳишгарон ба ин забон такя месозанд.
Ана ҳамин табдили забони аҳолии маҳал ва душворфаҳм гардидани ном сабаб гардид, ки халқ оид ба шарҳи Искандаркӯл афсонаҳо офарад ва бо ин роҳ бузургӣ, ҳашамат, машҳур будан ва таърихи куҳан доштани кӯлро маънидод ва таъкид намудан хоҳад.
Чи тавре ки мушоҳида мешавад, номҳои қаҳрамонони афсонавӣ, чун Золи Зард, Суҳроб ва Рустам худ шоҳиди онанд, ки ин ривоятҳо афсонае беш нест. Абдураҳмони Мустаҷир низ дар охири ривояти овардааш қайд мекунад, ки ” ... Баъзе Кӯли Искандар мегӯянд ва баъзе Кӯли Искандар не мегӯянд”.4 (с. 32).
Ҳамзамон бояд таъкид намоем, ки Искандари Македонӣ барои ҷазо додани суғдиёни итоатнопазир пеши дарёи Искандарро баста, оби ҷамъшударо cap дода, деҳаҳои поёнобро ғарқ ва сокинонашро барои қатъ кардани муқобилият маҷбур намуда наметавонист, зеро мавқеи кӯл дар баландӣ ва дорои як роҳ мебошад, ки то аз деҳаҳои поён гузар насозӣ, ба кӯл расида наметавонӣ. Ин ривоят бофтаи бемантиқи хаёл аст.
Таҳқиқи илмии пайдоиши Искандаркӯл аз соли 1841 оғоз ёфта, то ҳол давом дорад.
Татқиқоти геологӣ ва зилзилашионосӣ нишон медиҳанд, ки ин кӯл дар замонҳои хеле қадим дар натиҷаи афтидани кўҳ ва сари роҳи дарёчаҳои Ҳазормеш, Саритоғ, Сарима ва Моронро банд кардан ба вуҷуд омадааст. Кўҳи афтида 1.5 км дарозӣ ва 600 м баландӣ дорад.
Гоҳо мешавад, ки бавосита ё бевосита аз сабаби номафҳум будан ё гардидани исмҳои хоси маҳалҳо аз ҷониби шахсони бесалоҳият ва ноогоҳ таҳриф мегардад.
Агар мо ба топонимҳо (номҳои ҷуғрофӣ, вожаномҳо)-и мавҷудаи маъмули таърихӣ назар андозем, чунин таҳрифҳо, барғалат шарҳ доданҳоро хеле зиёд мушоҳида менамоем.
Бояд фаромӯш насозем, ки тамоми номҳои ҷуғрофӣ ду вазифаи муҳимро ба дӯш доранд: аввал, ва вазифаи асосиашон ишора ба ҷой, ё ба истилоҳи номшиносӣ, вазифаи номинативӣ (номбар намудан), дувум, вазифаи шарҳдиҳӣ (дескриптивӣ) мебошад. Яъне, дар чӣ гуна ҷой мавҷуд будан, аз ҷониби кӣ бино шудан, дар кадом самт будан ва монанди инҳоро ишора месозад.
Бисёриҳо ҳангоми шарҳи гидроними “Искандаркӯл” ба таърихи пайдоиши вожа ва маънии асосии он аҳамият намедиҳанд ва роҳи осони шарҳро пеш гирифтаанд: исми хоси кӯл иборат аз: “Искандар” – исми шахс ва калимаи “Кӯл” – манбаи об.
Чунин тарзи ташреҳ ғайриилмӣ буда, онро маводи хаттии аз кӯҳи Муғ ёфтшуда ва дигар номвожаҳое, ки бо ин калима сохта шудаанд, ба куллӣ рад менамоянд. Бояд тазаккур дод, ки ин исми хос аслан аз ду не, балки аз се ҷузъ иборат буда, аз рӯйи қолаби маъмули калимасозии суғдӣ (аввал муайянкунандаву пас муайяншаванда, чун: Камарсаиг – кӯҳи байнаш сангин, Кимерсанг – санги сурх, Хоҷасангхок – чашмаи аз санг бароянда) сохта шуда, иборат аз: иск – боло; баландӣ; андар – шакли классикии пешоянди дар ва кӯл– манбаи об мебошад.
Вожаи “иск“дар забони суғдӣ серистеъмол будааст ва то имрӯз дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон бо ин асос (калима) исмҳои хос вомехӯрад: деҳаҳои Искодар, Искондарак, Искурӯд, Исковат (ноҳияи Айнӣ), Искич (ноҳияи Ҳисор), Вискроғ, Виҷиск, Искад (н. Ванҷ), Искадар (н. Кӯлоб); Искурӯд (гузар, маҳалла (деҳаи Рарз), Искобод (гузар, деҳаи Сангистон), Исковат (гузар, деҳаи Урметан), Искидарғ (мавзеъ, деҳаи Дарғ), Искулӣ (ағба), Искиш (мавзеъ, ноҳияи Масчоҳ).
Аз номвожаҳои номбурда ойконим (исми хоси деҳаҳо)-и Искодар, ки дар сарчашмаҳои хаттии аз қалъаи Муғ пайдогаргида зикр шудааст, аз ҷониби забоншиносони варзида борҳо шарҳ ёфтааст. Аз ҷумла, О. И. Смирнова, ки бевосита ҳамаи номвожаҳо (топонимҳо)-и дар ҳуҷҷатҳои номбурда зикршударо омӯхта, харитаи болооби Зарафшонро масҳуб ба қарнҳои VII ё VIII мураттаб сохтааст, чунин шарҳ медиҳад: ’sk’trh (əskātar), дар Рўзнома اسکادر (л. 32а), дар харитаҳо Искодар, дар забони тоҷикӣ Искодар (ба маънои ’sk’trh z’y – «замини воқеъ дар баландӣ»7. (“Карта верховьев Зеравшана", с. 8).
Мушоҳидаи номвожаҳои дар боло зикргардида ин фикрро пурра ва амалан исбот менамояд, ки калимаи суғдӣ – ягнобии иск – боло, баландӣ ё баландро ифода менамояд, яъне, хусусияти дескриптивӣ дорад.
Масалан, ҳам деҳаи Искурӯд ва ҳам гузари Искурӯд нисбат ба дигар деҳаҳо ва гузарҳои ҳамсоя дар баландӣ ҷой гирифтаанд.
Ҳамин тавр, маънои азалӣ ва дурусти Искандаркӯл – “кӯл дар баландӣ” мебошад, ки мавқеи ҷугрофии ҷойгиршавии кӯл (дар баландии 2195 метр аз сатҳи баҳр8, “ЭСТ", Ҷ. З.с. 19) инро собит менамояд.
Бо мурури вақт ва таҳаввул ёфтани истилоҳоти қадимаи суғдӣ, топоним шакли содатари ба талаффуз мувофиқи Искандаркӯлро гирифтааст, вале қолаби калимасозии суғдӣ боқӣ мондааст.
Омили дигаре низ вуҷуд дорад, ки ин номвожа – Искандаркӯл ба шахс – Искандар иртиботе надорад ва дошта ҳам наметавонист. Пӯшида нест, ки суғдиён пайрави дини Зартушти Спитамон буданду китоби муқаддаси диниашон “Авесто” барояшон азизу гиромӣ буд. Онро ҳам медонистанд, ки нусхаи аслии ин китоб бо амри Искандар сӯзонда шуда буд. Аз ин рӯ, онҳо ҳеҷ гоҳ номи кӯли диёрашонро ба номи он касе, ки баъди сӯзонидани “Авесто” ӯро “Гуҷастак” (малъун) меномиданд9 (ниг. Ҷалили Дӯстхоҳ, ’’Авесто”, саҳ. 18), номгузорӣ наменамуданд.
Сониян, ба номи одамон номгузорӣ шудани макон пас аз истилои арабҳо ба ҳукми анъана даромада, дар замони Шӯравӣ ба авҷи камолоти худ расид, вале Искандаркӯл хеле пеш аз истилои юнониҳо ва арабҳо мавҷуд будааст.
Аз ин рӯ, месазад, ки гуфтаи А. Л. Хромовро ба ёд орем, ки номшиносонро ҳушдор медод: “Доир ба пайдоиш ва этимологияи номҳои ҷуғрофӣ афкори аҳолии таҳҷоӣ баъзан тадқиқотчиёнро ба роҳи хато мебарад”. 10 (“Топонимика Востока”, с. 91).
Табдили вожаномҳо ба номҳои дигар ба бошандагон, иваз шудани забони аҳолӣ, ақидаҳои сиёсии давр, кӯчиш (мигратсия)-и аҳолӣ ва монанди инҳо вобаста аст.
Пӯшида нест, ки аҷдоди мо ҳанӯз 2500-3000 сол пеш дорои хат, забон ва сарзамини худ буданд, ки, албатта, бе исми хос буда наметавонистанд. Бо мурури замон, дар натиҷаи ҳуҷум ва ғасби аҷнабиён ин сарзаминро ва сарфаҳм нарафтан ба маънои луғавии вожаҳо, ё дар талаффуз душворӣ кашиданашон, онҳо номҳои ҷуғрофиро низ мувофиқи дарки хеш талаффуз мекарданд ва ба савтиёти забони хеш мувофиқ менамуданд, ки дар натиҷа, номҳо гоҳо шаклан ва гоҳо шаклану мазмунан тағйир меёфтанд.
Номҳои ҷуғрофӣ барои илму пажӯҳиш, ҳамчунин, дар худшиносии миллӣ, эҳтироми таърих ва поси хотири ниёгон арзиши беҳамто доранд.
Инак, вазифаи мо, пажӯҳишгарон, забоншиносон ва омӯзгорони фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, аз он иборат аст, ки ба ҳамагон маънии дурусту амиқи вожаномҳои хурду бузург (макро ва микротопонимҳо)‑ро фаҳмонем ва ҳисси соҳибзавқӣ, соҳибзабону соҳибватани азалӣ буданашонро бедор созем, то ки ҳар як фарди тоҷик нисбат ба мероси ниёгони хеш эҳтиёткорона муносибат намояд ва баҳри бегазанд нигоҳдошти ин ганҷинаҳо камари ҳиммат бандад ва ба сайёҳону фарзандони хеш номвожаҳоро дуруст маънидод карда тавонад.
Вожаномҳо ҳамчун ганҷина аз ниёгон ба мо мерос мондаанд ва пеш аз ҳама, моли забонанду забон як рукн, як пояи миллат аст ва ин поя бояд ҷовидона газанде мабинад. Ин нукта дар гуфтаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қотеона таҷассум ёфтааст: “Забон хишти аввалини кохи миллат аст. Ифтихор аз Ватан, ифтихор аз таъриху фарҳанг, ифтихор аз ҳувияти миллӣ ва гузаштагони сарбаланди хеш маҳз аз поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ cap мешавад”.