Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ТОҶИКИСТОН ДАР САФИ АВВАЛИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ АСР

Нашр шуд: 11 Майи 2018
Диданд: 1368

Душанбе, 11-уми майи соли 2018

Зиндагӣ бо ҳама шебу фароз, пасту баланд ва ғаму шодиҳояш ширинтарин неъмати илоҳист. Он чизе, ки зиндагиро зинат медиҳад, албатта кору пайкори одамони некандеш, файзу баракати фаъолияти инсонҳои бунёдкору созанда аст. Аммо зиндагии башарӣ танҳо бо ин амалҳои инсонӣ маҳдуд нест. мутаассифона, дар рӯзгори имрӯзӣ ҳодисоте рух медиҳанд, ки хоси табиати инсонӣ нестанд. бо зуҳури ин воқеаҳо бевосита андешае дар сар мезанад, ки чаро як қисми ҷомеаи башарӣ танҳо дар фикри манфиатҳои хеш қисми дигари ҷомеаро ба фоҷиаҳо мекашанд?…

Мо зуҳуроти басо номатлуб, хеле пурфоҷиа ва даҳшатбори терроризму тундгароиро дар назар дорем. Гарчи оғози ин зуҳуротро ба асрҳои миёна нисбат диҳанд ҳам, аммо дар садаи нави 21 он ба авҷи аълои хеш расидааст.

Андешае қисмати фаъоли ҳамаи ҷомеаҳоро ба ташвиш овардааст, ки чаро кулли сарони давлатҳо оид ба зарару зиён ва бадии ин зуҳурот доиман сухан мегӯянд, аммо кори якҷои онҳо бар муқобили терроризм ва хушунату тундгароӣ натиҷадор нест? Ба ин суол посух ёфтан чандон душворӣ надорад. Ҳоло ҷаҳонро манфиати абарқудратҳо ва кишварҳое аз ҳам ҷудо кардааст, ки мехоҳанд дар минтақаҳои алоҳида ҳукмрон бошанд. Агар чунин набошад, пас, дар ҳамкориҳои якҷоя ва муборизаҳои муташаккилона дар як муддати кӯтоҳе метавон бар ин ваҳшониятҳо пирӯз шуд.

Хушбахтона, Тоҷикистони мо дар мубориза бо ин вабои аср дар сафи аввал қарор дорад. Мубориза бо терроризму экстремизм дар сиёсати давлати Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду даҳсола аст, ки дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумат қарор гирифтааст. Аз ин рӯ, Тоҷикистон дар радифи дигар ташаббусҳои ҷаҳонӣ, аз қабили танзими захираҳои об дар ҷаҳон, инчунин дар масъалаи мубориза бар зидди терроризму тундгароӣ низ ибтикороти наҷибе нишон медиҳад. Намунаи бисёр ҷиддии ин ибтикорот – Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» буд, ки чанде қабл дар Душанбе доир гардид.

Сарвари давлати Тоҷикистон дар ин конфронси пураҳаммият суханронӣ карда, он нуқтаи назареро иброз карданд, ки онро метавон ҳамчун барномаи амал бар зидди ин зуҳуроти номатлуб пазируфт. Ҳушдори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи хатари терроризм ба ҳама кишварҳо тааллуқ дошт, зеро дар замони имрӯза ягон кишваре наметавонад аз ин балоҳо дар амон бошад, то вақте ки мубориза шакли дастаҷамъонаро нагирад.

«Имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷеабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад. Дар зарфи солҳои охир зиёда аз 100 мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расидаанд ва миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд. Зарари ба иқтисодиёти кишварҳо расонидашуда садҳо миллиард долларро ташкил медиҳад.  Танҳо дар қаламрави Афғонистон соли гузашта бар асари ҷангу амалҳои террористӣ беш аз 10 ҳазор нафар аҳолии осоишта зарар дида, тақрибан 4 ҳазор нафар қурбон шудаанд. Сию ду фоизи қурбониён ва 53 фоизи маҷрӯҳонро занону кӯдакон ташкил додаанд. Пӯшида нест, ки дар чунин вазъият кишварҳои дунё дар танҳоӣ наметавонанд дар муқовимат бо хавфу таҳдидҳои афзояндаи амнияту осоиш комёб гарданд ва сулҳу суботро таъмин намоянд. Аз ин лиҳоз, бо дарназардошти воқеияти мавҷуда, мо дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон пурзӯр кардани ҳамкориву шарикиро барои таъмини суботу амнияти фарогир тавассути андешидани иқдомҳои муштарак дар ҷодаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва аз байн бурдани омилҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва молиявии онҳо ҳамчун самти амалии раҳоӣ аз ин вартаи хатарнок муҳим арзёбӣ мекунем. Дар ин раванд, ба андешаи мо, вокуниш ба таҳдидҳои рӯзафзуни терроризм ва ифротгароӣ бояд бо нақши калидӣ ва ҳамоҳангсози Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои дахлдори он фарогир ва амиқ гардонида шавад. Стратегияи глобалии Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза алайҳи терроризм ва конвенсияҳои зиддитеррористии он, қатъномаҳои Шӯрои Амният ва Маҷмаи Умумӣ бояд асоси муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароиро ташкил намоянд».

Мутаассифона, гарчи дар сухан бошад ҳам, аммо дар амал на ҳама кишварҳои олам барномаҳои мушаххаси муборизаро бар зидди ифроту террор доранд. Дар ин самт таҷрибаи Тоҷикистон бояд намунаи ибрат бошад, зеро дар Тоҷикистон бо ташаббуси бевоситаи Президенти мамлакат Стратегияи миллӣ оид ба муқовимат бо терроризм ва ифротгароӣ барои солҳои 2016-2020 ва нақшаи амали он бо 12 ҷанбаи мавзӯӣ қабул ва мавриди амал қарор дорад. Сарвари давлати тоҷикон бо қатъият зидди онҳое баромад кард, ки дар мавриди террор ва ифрот назари мутафовит доранд, яъне ҳар нафаре онро аз дидгоҳи манофеи геополитикии худ баҳо доданӣ мешавад.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин хусус чунин сухан карданд: «Ба ақидаи мо, муборизаи самарабахш алайҳи терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатангез ба ҳеҷ ваҷҳ сиёсати “меъёрҳои дугона”-ро намепазирад. Баръакс, чунин мавқеъгирӣ боиси тавсеаи ҷуғрофияи хатару таҳдидҳои хатарбори мазкур дар шаклу усулҳои пешгӯинашаванда ва боз ҳам даҳшатнок мегардад. Зеро терроризму ифротгароӣ на сарҳадро эътироф мекунаду на давлатро. Ҳамин аст, ки имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву ифротӣ бо созмонҳои диниву миллатгарои тундрав ва дигар ниҳодҳои ҷиноятӣ ба ҳам омада, дар манотиқи гуногуни ҷаҳон хушунату зӯроварӣ, хунрезиву низоъҳои диниву мазҳабӣ, нажодӣ ва ҳатто бархӯрди тамаддунҳоро барангехтаанд. Дар ин замина он ҳам боиси нигаронии амиқ аст, ки террористон ва ифротгароён бо сӯиистифода аз номи поки дини ислом ба паҳншавии афкори исломситезӣ ва бадбинии мусулмонон мусоидат менамоянд. Ба ин тариқ бадном кардани дини мубини ислом, ки имрӯз пайравонаш зиёда аз якуним миллиард аҳолии кураи заминро ташкил медиҳанду дар рушди ҷаҳони мутамаддин саҳми арзанда доранд, метавонад оқибатҳои хатарзоро ба бор орад. Зимнан, барои гирифтани пеши роҳи исломситезӣ моро зарур аст, ки фазои эътимод, таҳаммулгароӣ ва ҳамдигарфаҳмиро миёни ҷомеа ва тамаддунҳо тавсеа бахшем, ки ин, дар навбати худ, имкониятҳои моро дар муқовимат бар зидди хатару таҳдидҳои муосир бештар месозад. Дар ин робита, ман борҳо таъкид намудаам ва ҳоло бори дигар иброз менамоям, ки террористу ифротгаро ватану миллат ва дину мазҳаб надорад. Террорист - террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ “худӣ” ё “бегона” ва ё “таҳаммулгарову” “тундгаро” буда наметавонад. Хусусияти глобалии хатари терроризм ва ифротгароӣ ҷиддан тақозо менамояд, ки нисбат ба ин ду мафҳум мавқеъ ва меъёрҳои ягонаву умумӣ таҳия ва қабул карда шаванд».

Ин гуна мавқеъгирии Президенти Тоҷикистон айни адолат ва инсофу башардӯстист. Дар масъалаи террору ифрот ягон омил – на дин, на ақида ва на ҳуқуқи башар наметавонад омили суст кардани мубориза бошад. Ҳаёт исбот мекунад, ки ба ҳама зуҳурот бо андешаи солим ва диди инсонпарварона бояд нигарист, то ки неку бад аз ҳам ҷудо карда, решаҳои зуҳури ҳар бадӣ амиқназарона ба таҳлил гирифта шавад.

Фикр мекунем, ки суханронии Пешвои муаззами миллат дар ин анҷумани сатҳи баланд бенатиҷа нахоҳад монд, зеро таҷрибаи Тоҷикистон дар ин арсаи мубориза барои дигарон бояд намунаи ибрат бошад.

 

Саидмукаррам Абдуқодирзода

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон

 

Бознашр аз сомонаи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (http://din.tj/?q=node/831).

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон