Душанбе, 25-уми майи соли 2018
Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шарифи Тоҷикистон дар шароити муташанниҷ гардидани вазъи ҷаҳони муосир ва зуҳуроти бемайлони терроризм ва экстремизм пешниҳод гардид. Дар воқеъ, рўйдодҳои охири ҷаҳон аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар Ховари Миёна, Африқои Шимолӣ ва чандин кишварҳои Аврупо терроризм ва экстремизм ба хатари аввалиндараҷа табдил ёфта, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш андохтааст.
Доманаи фаъолияти созмонҳои террористӣ торафт васеъ шуда, аз ҷумла дар ҳамсоякишвари мо – Афғонистон вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст. Ин ҷо беихтиёр саволе ба миён меояд, ки чаро Пешвои миллати тоҷикон оид ба вазъи геополитикии ҷаҳони муосир бо таваҷуҳу нигаронӣ сухан гуфта, ҳушдор дод, ки вазъияти баамаломада дар минтақаҳои гуногуни олам метавонад ба оромию осоиштагии рўзгори мардуми мо ҳам таъсири манфӣ расонад.
Яке аз падидаҳое, ки ба ҷомеаҳои пасошўравӣ, аз ҷумла ҷомеаи Тоҷикистон таҳдид мекунад, ин рушди радикализм дар миёни ҷавонон мебошад. Мафҳуми радикализм ҳамчун истилоҳ дар адабиёти илмӣ ва матбуоти даврӣ дар асоси фаҳмишу ҷаҳонбиниҳои гуногун арзёбӣ мегардад. Зери ин истилоҳ таҳаммулнопазирӣ, эътироф накардани ҳақиқат ва қонуниятҳои иҷтимоӣ ва таассубгароӣ фаҳмида мешавад. Албатта, падидаи радикализм дар ҷомеаи мо падидаи навзуҳур аст, ба қавли ҷомеашиносон он дар кишварҳое реша мегирад, ки давраи гузаришро аз сар мегузаронанд.
Вожаи радикализм аз калимаи лотинии «radix» гирифта шуда, ба маънои «реша», «бех» далолат мекунад. Радикализм ҳамчун истилоҳ маҷмўи андешаҳои ҳаракатҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ аст, ки мақсади дигаргун кардан, аз беху бун сарнагун сохтани институтҳои сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеаро дорад. Радикалҳо дигаргуниҳои фаврӣ ва қатъӣ ворид намуданро ҳатто бо роҳи зўрӣ дуруст мешуморанд. Ин мафҳум ҳамчун истилоҳи илмию сиёсӣ ҳанўз дар асри 18 аввалин бор дар Англия вобаста ба Ислоҳоти интихоботӣ дар соли 1832 истифода гардидааст. Ба таври оммафаҳм калимаи радикализм маънои изҳори амали қатъӣ ва канорагирӣ карданро дорад.
Дар асри 20 радикализм ҳамчун пояи асосии идеологияи як қатор қувваҳои сиёсии чап ва рост гардид. Бо пешниҳоди ақидаҳои худ пайравони ин ҷараён муносибати номатлуб доштани худро бо низомҳои сиёсии мавҷуда баён намуда, ҳалли масъаларо дар барҳам додани онҳо диданд. Аз ин рў, радикализм бо сохти сиёсии мавҷуда ҳама вақт дар мубориза аст ва сайъ мекунад, ки авзоъро дар дохили ҷомеа ноором созад. Ин мақсадҳо бо роҳи расонидани иттилоот, ташкили бесарусо¬мониҳо, тақвият додани бўҳронҳои иҷтимоӣ бо роҳи норозигии мардум, фишор овардан ба ҳокимияти сиёсӣ ва пешниҳоди ақидаҳои навоварона амалӣ мегардад.
Ҳамин тариқ, радикализм падидаи иҷтимоӣ ва сиёсие ба шумор меравад, ки вазифаи он дигаргуниҳои қатъӣ ворид кардан мебошад. Дар ҷомеаҳое, ки вазъашон ором аст, ҳукумат метавонад қувваҳои гуногуни иҷтимоиро ба низом дароварад. Аммо дар ҷомеаҳое, ки ба истилоҳ «давраи гузариш»-ро аз сар мегузаронанд, зуҳуроти радикализм меафзояд. Ба қидаи ҷомеашиносон, радикализм зинаи аввали инкишофи экстремизм, яъне ифротгароӣ мебошад.
Экстремизм аз вожаи франсузии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus» гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳаду андоза гузаштан аст. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин зуҳурот метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто соҳаи варзиш инъикос ёбад.
Ифротгароӣ аз рўи мазмун динӣ ва дунявӣ ва аз рўи зуҳурот ҳудудӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ шуда метавонад. Ифодаи ифротгароӣ хеле решадор аст, он ҳеҷ гоҳ ҳудуд ё дину миллат надорад ва ҳудуди ягон мамлакатро эътироф намекунад. Ҳамин ҷанбаи ифротгароӣ дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин баён гардидааст:
“Ман чандин маротиба аз минбарҳои Созмони милали муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид карда будам, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад.
Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиё¬нагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд”.
Ифротгароии ё экстремизми дунявӣ намудҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва мафкуравӣ дорад ва ифротгароии динӣ дар доираи ҳамаи динҳо (ислом, насронӣ, масеҳӣ, буддоӣ ва ғ.) мавҷуд аст. Қайд намудан ба маврид аст, ки экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоеанд, ки дар дунёи имрўза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Равнақу ривоҷи экстремизм дар ниҳояти кор ба терроризм меорад. Исти¬ло¬ҳи «терроризм» аз калимаи лотинии «tеrrоr» маншаъ гирифта, маъно¬яш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зўроварӣ, куштор ва тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедию даҳшат афкандан аст. Дар тафсири Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳи мақсадҳои он чунин омадааст: “Мақсади ибтидоии терроризм халалдор сохтани амния¬ти ҷамъиятӣ, тарсонидани одамон, ба воҳима ва таҳлука овардани аҳолӣ буда, тавассути он фишор овардан ба мақомоти давлатист. Чунин ҳаракатҳо мақсади ниҳоии ҷинояткорон дар маҷбур сохтани мақомоти давлатӣ барои қабули қарори ғайриҳуқуқӣ мебошад, ки ба манфиати онҳост ва ё бо мақсади резонидаи обрў ва манзалати мақомоти давлатист”.
Бо назардошти вазъи ҷаҳони ҳозира ва шаклҳои зуҳури ин падидаҳои номатлуб терроризм аз рўи хусусияташ гуногунҷабҳа буда, дар давраи ҳозира дар чунин шаклҳо зуҳур мекунад:
– инфиҷор намудани фурудгоҳо, ҷойҳои серодам;
– барҳам додан ва валангор намудани объектҳои махсусан муҳими стратегӣ;
– ба роҳи зўрӣ гаравгонон гирифтани одамон;
– дар зеҳни мардум ворид намудани тарсу ваҳм ва нобоварӣ ба фардои ҳаёти осоишта ва ғайра.
Ҳангоми ба амал баровардани ин амалиётҳо шумораи зиёди одамон ҳалоку захмӣ гардида, бе хонаю ҷой ва бе саробон мемонанд. Албатта, чунин амал дар байни мардум таҳлука андохта, дар натиҷа одамонро воҳима зер мекунад ва бевосита ҳукуматдоронро ба он водор месозад, ки ба хотири амнияти шаҳрвандон ва озод намудани гаравгонон ба таклифҳои террористон ва экстремистон қисман розӣ шаванд. Намунаи он фоҷиаи 11 сентябри соли 2001 аст, ки аз тарафи террористон ҳавопаймоҳои рабудашуда ба биноҳои Созмони ҷаҳонии тиҷорат дар Ню-Йорк, бинои Пентагон дар Вашингтон ва ҳамчунин инфиҷори ҳаво¬пай¬мои сеюм дар Иёлоти Пенсилванияи Амрико равона гардид. Бар асари ин амали фоҷиабор тақрибан 3000 нафар ба ҳалокат расиданд. Шаклҳои муосири чунин инфиҷорҳо чанде пеш дар Шоҳигарии Белгия ва Туркия ба амал омаданд, ки боиси талафоти ҷонии зиёд гардиданд.
Асосан рабудан ва ба гаравгон гирифтани одамон аз ҷониби ҷараёнҳои террористӣ ба он равона карда мешавад, ки агар ҳукуматдорон ба ақида ва пешниҳодҳои онҳо розӣ нашаванд, хатари ба қатл расонидани гаравгон воқеият пайдо мекунад. Хатари ин намуди амали террористӣ аз он иборат аст, ки дар рафти безараргардонии террористон эҳтимолияти талафёбии шумораи зиёди одамон мавҷуд мебошад. Намунаи чунин амали террористӣ воқеаи 23 октябри соли 2002 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия рухдода мебошад, ки гурўҳи террористон аз шумораи сепаратистҳои чечен, ки 53 нафари мусаллаҳро ташкил медод, ба маркази театрии Норд-Ости шаҳри Москва бо мақсади амалӣ намудани нақшаҳои ҷиноятии худ ҳуҷум намуданд ва тақрибан 700 нафарро гаравгон гирифтанд. Дар байни террористон 18 нафар занҳои худкуш мавҷуд буданд, ки дар бадани худ маводи тарканда доштанд. Талаботи асосии террористон хотима додани ҷанг ва баровар¬дани қўшунҳои Россия аз Чеченистон буд. Бояд тазаккур дод, ки дар натиҷаи гузаронидани амалиётҳои фаврӣ аз ҷониби сохторҳои дахлдори Россия гурўҳи террористон несту нобуд гардиданд, вале мутаассифона, дар рафти ин амалиёт 129 гаравгон, ки одамони бегуноҳ буданд, ба ҳалокат расиданд.
Намуди дигари амали террористӣ таҳдиди куштан ва нобуд кардани ходимони давлатӣ ва сиёсӣ мебошад.
Дар ин амалиёти террористӣ аз мансабдорон ва ё ҳукумат талаб карда мешавад, ки ин ё он шахсро аз мансабаш дур кунанд ва қабули ин ё он қонунро ба таъхир гузоранд. Дар сурати иҷро нагардидани хоҳиши худ онҳо ба ҳар роҳу восита таҳдиди куштану несту нобуд кардани ходимони сиёсӣ ва давлатиро идома медиҳанд. Ин намуди амали терро¬рис¬тиро барои тағйир додани сохти давлатдорӣ низ истифода мебаранд.
Намуди дигари фаъолияти экстремистӣ ташвиқоти амалиёти террористӣ мебошад. Ин амал бевосита дар он ифода мегардад, ки баъзе давлатҳо дар таъсис додани ташкилотҳои террористӣ мусоидат мекунанд, дигар давлатҳо бошанд чунин ташкилотҳоро дар қаламрави худ ҷойгир карда, бо маблағҳои калони пулӣ сарпарастӣ мекунанд. Инчунин ташкилотҳои мазкур аз ҷониби созмонҳои ғайридавлатии байналмиллалӣ ҳамчун нерўи пуштибони озодиҳои шаҳрвандон ва равандҳои демократӣ эътироф мешаванд ва ҳатто баъзе давлатҳо онҳоро ба расмият мешиносанд. Дар асл онҳо дар ҳудуди давлатҳои бегона бо роҳи амалҳои террористию экстремистӣ ба сохти давлатдории миллату Ватани худ таъсири манфӣ мерасонанд.
Барои пурзўр намудани фаъолиятҳои худ экстремистон зери ливои якчанд созмон муттаҳид мешаванд. Ба ҷумлаи ташкилотҳои террористии ба ном исломӣ, ки ба дини мубини ислом ҳеҷ иртиботе надоранд, созмонҳои ДИИШ, Ҳаракати исломии Ўзбекистон, ал-Қоида ва ғайраҳо шомил мебошанд, ки рўйхаташон ба садҳо адад расидааст. Ба ҳайати ин созмонҳо шахсоне дохил мешаванд, ки дар ҳудуди давлати хеш ҳамчун ҷинояткор дар ҷустуҷў қарор доранд; ва ё ҷавононе, ки ҷаҳонбинии маҳдуд доранд ва аз дину оини аслии хеш дур гашта, ба дигар равияҳо дода шудаанд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки имрўз кадом қудратҳо ба ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ кумак мерасонанд. Назари таҳлилгарон, олимон ва сиёсатмадорон дар ин хусус ҳаминро нишон медиҳад, ки пуштибонии қудратҳоро ба эътибор гирифта, террористон ва экстремистон барои ба ҳадафҳояшон расидан даст ба таркишу куштор мезананд.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳанўз солҳои навадуми асри гузашта ба рўйдодҳои фоҷиабори муқовимат ба экстремизм ва терроризм рў ба рў шуда, талафоти зиёди ҷонӣ дода буд.
Раванди муосири ҷаҳонишавӣ ҷомеаи Тоҷикистонро низ фаро гирифтааст. Имрўз Тоҷикистон аъзои як қатор созмонҳои зиддитер¬рористӣ ҳам мебошад. Тоҷикистон аз рўзҳои аввалини давлатдории навини худ ин қабил ҷиноятҳоро маҳкум карда, ба қонунҳои амалкунандаи дахлдор тағйироту иловаҳо ворид кард ва ба ташкилотҳои байналмилалии давлатию ғайридавлатӣ дар ин раванд ҳамроҳ шуда, ҳама гуна зуҳуроти террористӣ ва экстремистиро қотеъона маҳкум менамуд.
Пешвои миллат дар баромадҳои худ чандин маротиба аз минбари баланди СММ ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид мекард, ки Тоҷикистон ва тоҷикистониён дар ҳама давру замони давлатдориашон зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм буданд ва ҳастанд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ дар самти мубориза бар зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм чун як иштирокчии фаъол мешиносанд ва пешниҳодҳояшро арзёбӣ мекунанд. Дар таърихи на он қадар тўлонии давлатдории худ дар шароити соҳибистиқлолӣ мақомоти қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб дастболо гашта, имрўзҳо низ муборизаро давом дода истодаанд.
Имрўз воқеан терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.
Ногуфта намонад, ки 21-22 июли соли 2015 дар Душанбе Конференсияи байналмилалӣ зери унвони «Ислом зидди экстремизм ва терроризми динӣ» баргузор гардид, ки дар он намояндагони беш аз 15 кишвари ҷаҳон, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ ширкат варзиданд. Баргузории чунин як ҳамоиши бонуфуз дар Душанбе бо иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷумҳурии мо дар самти мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм дар минтақа ва арсаи ҷаҳон бетафовут набуда, мавқеи ҷиддию устувор дорад ва хостори ҳамкории қавӣ бо кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои муътабари байналмилалист.
Ҳарчанд мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ зарур аст. Барои он ки гароиш аз тарафи ҷавонон ба ин гуна равияҳои ифротгаро аз байн бардошта шавад, бояд эҳсоси ватандўстӣ, донишандўзӣ ва муҳаббати касбу ҳунар дар байни насли ҷавони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ васеъ ба роҳ монда шавад.
Ҳамин тариқ, барои мубориза бурдан бо радикализм, экстримзм ва терроризим бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа масъулиятшинос бошанд, бо сохторҳои қудратӣ ҳамкорӣ намоянд ва мардумро аз таъсири ин вабои аср эмин нигоҳ доранд.
Абдулло ШАРИПОВ
Бознашр аз сомонаи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (http://din.tj/?q=node/864).