Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • Пажӯҳишу арзёбӣ
    • Арзёбии миллӣ
    • PISA
    • PIRLS
    • Маҷаллаи "Довталаб"
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2026
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2026-2027 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳои таҳлилию иттилоотӣ
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб
  • Муроҷиат

КОРРУПСИЯ: МОҲИЯТ, ЗАРАР БА ДАВЛАТУ ҶОМЕА ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОН

Нашр шуд: 23 Декабри 2025
Диданд: 52

 “Коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, ба рушди иқтисодиву иҷтимоии давлат, эътимоди мардум ба ҳокимияти давлатӣ ва нуфузи давлат дар арсаи байналмилалӣ зарари ҷиддӣ мерасонад.”

Эмомалӣ Раҳмон

Коррупсия воқеан яке аз мушкилоти ҷиддии ҷомеаи муосир на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар саросари ҷаҳон аст. Он ба рушди иқтисодӣ, адолати иҷтимоӣ ва эътимоди мардум ба давлат таъсири манфӣ мерасонад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рақобати давлатҳо, мубориза бо коррупсия на танҳо масъалаи дохилии кишвар, балки омили муҳимми амнияти миллӣ ва рушди устувор ба шумор меравад.

Таърифи коррупсия аз нуқтаи назари илмӣ, суистифода аз мақоми хизматӣ, вазифа ё ваколати давлатӣ барои ба даст овардани манфиати шахсӣ, гурӯҳӣ ё молиявӣ мебошад. Ин зуҳурот дар тамоми шаклҳои он ҳамчун таҳдид ба амлияти миллӣ маҳкум гардида, мавқеи расмии давлату ҳукумати Тоҷикистон дар ин самт равшан баён гардидааст. Чунончӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ моҳияти ин падидаро чунин шарҳ додаанд: “Коррупсия зуҳуроти хатарнокест, ки пояҳои давлатдориро суст намуда, адолати иҷтимоиро халалдор ва боварии мардумро ба ҳокимияти давлатӣ коҳиш медиҳад”.

Шаклҳои коррупсия

Дар амал коррупсия дар шаклҳои гуногун зоҳир мешавад. Яке аз шаклҳои маъмулии коррупсия, ки шаҳрвандон дар муносибатҳои ҳаррӯза метавонанд ба он дучор шаванд, ин пора додан бо мақсади “тез иҷро кардани кор”, гирифтани шиноснома, шаҳодатнома ва иҷозатнома, инчунин барои канорагирӣ аз ҷарима мебошад.

Шакли дигари зоҳиршавии коррупсия ришваситонӣ аст, ки бо роҳи пешниҳод кардан, додан ё гирифтани маблағ, мол ё имтиёз ҷиҳати иҷро кардан ё иҷро накардани амалҳои хизматӣ анҷом дода мешавад. Он дар шакли додани ришва бо пул, туҳфа, хизмат, ҳамчунин бо ваъдаи мансаб ё имтиёз зоҳир мешавад. Ҳолати дигари ришва додан ё гирифтани пора барои истифодаи ваколати мансабӣ ба манфиати ашхоси муайян бо роҳҳои халалдор кардани парванда ё санадҳои тафтишотӣ, қабули қарор ба фоидаи худ ё наздикон, фишор овардан ба шаҳрвандон ё соҳибкорон ба амал бароварда мешавад.

Қаллобӣ ва тасарруфи маблағҳои буҷетӣ, грантҳо тавассути сохтакорӣ аз шаклҳои дигари коррупсия мебошанд. Дар қоғаз нишон додани иҷро гардидани амале, ки барои иҷрои он маблағ ҷудо гардидааст, аммо дар амал иҷро нашудааст, қисман иҷро кардани сохтмонҳое, ки маблағи он пурра пардохт гардида, кори он иҷро нашудааст, ҳамчунин зиёд нишон додани хароҷоти кор, аз ҷумлаи ҳамин шакли коррупсия ба ҳисоб меравад.

Дар ин замина Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: “Ҳар як шахсе, ки ба коррупсия даст мезанад, на танҳо қонунро поймол мекунад, балки ба давлат ва миллат хиёнат мекунад”.

Зарари коррупсия ба ҷомеа

Коррупсия ба сохтори иҷтимоии ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад. Он нобаробарии иҷтимоиро зиёд карда, эҳсоси беалолатиро дар байни шаҳрвандон тақвият медиҳад. Дар натиҷа, эътимод ба қонун ва давлат коҳиш меёбад. Президенти мамлакат дар ин бора чунин ибрози назар намудаанд: “Коррупсия маърифати ҳуқуқии ҷомеаро коҳиш дода, боиси шаклгирии тафаккури хатарнок мегардад, ки дар он қонун беқадр мешавад”.

Бояд зикр намоем, ки дар баробари коҳиш ёфтани эътимод ба давлат, коррупсия ҳамчунин ба рушди иқтисодии кишвар таъсири манфии амиқ мерасонад. Ҳамин тавр, аз ҷиҳати иқтисодӣ корупсия монеаи ҷиддии рушди устувор мебошад. Он истифодаи ғайримақсадноки захираҳои давлатӣ, кам гардидани сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ, инчунин коҳиши сифати хизматрасониҳои давлатиро ба бор меорад. Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳои худ қайд кардаанд: “Коррупсия боиси истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои буҷетӣ гардида, ба рушди иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум монеа эҷод мекунад”.

Роҳҳои асосии пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия дар ҷомеа.

Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо коррупсия аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ оғоз гардида, самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Ҳанӯз соли 1996 Президенти кишвар дар бораи интизоми молиявӣ ва порахурию ришваситонӣ дар суханронии худ бо роҳбарони мақомоти маҳаллӣ чунин ибрози андеша карда буданд: “Беандешагӣ дар муносибат бо маблағҳои давлатӣ, порахурӣ ва бемасъулиятӣ роҳро ба бесарусомонӣ ва нобоварии мардум боз мекунад”. Ё ин ки дар суханрониашон ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1997 таъкид доштанд: “Давлате, ки мехоҳад устувор бошад, бояд ба поквиҷдонӣ, қонуният ва масъулияти хизматчиёни худ такя кунад”. Ин суханҳо мисоли равшанест, ки маҳз фасоди молиявӣ сабаби асосии нобоварии мардум ба ҳокимият буда, ахлоқ ва поквиҷдонии хизматчиёни давлатӣ ҳамчун поя дар эъмори давлати мутамаддин хизмат менамояд. 

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии амалҳои коррупсионӣ дар сатҳи давлатӣ ва байналмилалӣ як қатор чораҳои амалӣ андешида шудааст. Аз ҷумла, бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи мубориза бо коррупсия дар кишвар ниҳодҳои махсуси давлатӣ таъсис дода шуда, конунгузорӣ дар ин самт такмил ёфта, стратегияҳои зиддикоррупсионӣ қабул гардидаанд. Яъне он ба сатҳи сиёсати давлатӣ бардошта шуда, ба маҷмуи чораҳои институтсионалӣ, ҳуқуқӣ ва стратегӣ такя мекунад.

Ҳамин тавр, бо мақсади мутамарказ намудани фаъолияти пешгириӣ, ошкор ва мубориза бо коррупсия бо ташаббуси Президенти кишвар соли 2007 Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ин ниҳод ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар ошкор намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ, назорати истифодаи мақсадноки маблағҳои давлатӣ, пешгирии сабабу шароити коррупсия буда, сиёсати ягонаи зиддикорупсиониро амалӣ менамояд. Ҳангоми таъсиси ин ниҳод Пешвои миллат таъкид доштанд: “Таъсиси ниҳоди махсуси назоратӣ ва мубориза бо коррупсия иқдоми муҳим дар роҳи таҳкими қонунигардонӣ ва шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ мебошад”. Гарчанде Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2007 таъсис ёфтааст, андешаҳои баёнкардаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими таъсиси он идомаи мантиқии сиёсати давлатсозии давраи аввали истиқлолият мебошад.

Бори аввал Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008‑2012 қабул гардида буд. Сипас барои солҳои 2013‑2020 ва дар солҳои баъдӣ ба хотири идомаи мубориза ва мутобиқшавӣ бо шароитҳои нав  санад такмил дода шуд. Айни замон Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 3 августи 2021) барои давраи то соли 2030 қабул шуда, ҳоло татбиқи он  дар доираи нақша-чорабиниҳои марҳилавӣ (масалан, 2021-2025) идома дорад.

Ҳамчунин, Тоҷикистон ҷиҳати самаранокии мубориза бо коррупсия дар сатҳи байналмилалӣ низ ҳамкорӣ намуда, Тоҷикистон бо ин мақсад соли 2006 ба Конвенсияи зидди коррупсияи Созмони Миллали Муттаҳид (UNCAC) ҳамроҳ гардид ва ҷиҳати татбиқи уҳдадориҳои байналмилалии худ (моддаи 10-и Конститутсия) як қатор чораҳо андешид, ки таъсиси Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабули қонун “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” (соли 2012) ва Стратегияи мубориза бо коррупсия  дар марҳилаҳои гуногун аз ҷумлаи онҳост. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо коррупсия” як қадами муҳим дар роҳи муборизаи пайваста ҷиҳати паст кардани сатҳи коррупсия дар кишвар буда, он қонуният, адолат, ошкорбаёнӣ ва шаффофият, афзалияти чораҳои пешгирикунанда ва ногузир будани ҷавобгариро аз ҷумлаи принсипҳои асосии худ қарор додааст.

Ҳамчунин бояд тазуккур дод, ки ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худ як қисми бандҳои қонуни мазкур бо Конвенсияи зидди коррупсияи Созмони Миллали Муттаҳид (UNCAC) ҳамранг буда, ҷузъе аз муқаррароти он бо ммуқаррароти ҳамин Конвенсия мувофиқат мекунад ё онро такмил медиҳад.

Ба андешаи олимони соҳа ва таҷрибаи байналмилалӣ, пешгирии коррупсия танҳо бо ҷазо маҳдуд намешавад, балки барои решакан кардани он бояд пайваста тадбирҳо ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон андешида шавад. Барои пешгирии амалҳои коррупсионӣ инчунин, таъмини шаффофияти идоракунии давлатӣ, рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, содда кардани расмиёти маъмурӣ, дастрасии мардум ба иттилоот ниҳоят муҳим аст. Бинобар ин дар Тоҷикистон ба як қатор масъалаҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Ҳамин тавр, Президенти кишвар борҳо таъкид дошданд, ки яке аз роҳҳои таъмини шаффофияти пардохтҳо кам кардани сатҳи коррупсия – ин гузариш ба пардохтҳои ғайринақдӣ ва рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ мебошад. Аз ҷумла Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид доштанд, ки “Мубориза бо коррупсия бе баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, натиҷаи дилхоҳ нахоҳад дод”.

Воситаҳои ахбори омма низ дар раванди мубориза бо коррупсия мавқеи баланд дорад. ВАО метавонад ҳолатҳои коррупсиониро сари вақт фош намоянд, фарҳанги зиддикоррупсиониро тарғиб кунанд, назорати ҷамъиятиро тақвият бахшанд. Сарвари давлат борҳо таъкид намудаанд, ки “мубориза бо коррупсия вазифаи танҳо мақомоти давлатӣ нест, балки ҳар як шаҳрванди худогоҳ бояд дар ин раванд саҳмгузор бошад”.

Тарбияи ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ дар мубориза бо коррупсия бисёр муҳим аст. Парвариши эҳтиром ба қонун, виҷдон ва масъулият арзишҳои калидӣ мебошанд, ки он бояд аз мактаб оғоз гардад.

Ҳамин тавр, коррупсия на танҳо масъалаи ҳуқуқӣ, балки мушкили иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва сиёсӣ мебошад. Мубориза бо он танҳо бо ҷазо маҳдуд нашуда, тағйир долани фарҳанги ҷомеаро талаб менамояд. Таҷрибаи Тоҷикистон нишон медиҳад, ки бо иродаи сиёсӣ, қонунгузории устувор ва иштироки фаъолонаи ҷомеаи шаҳрвандӣ метавон сатҳи коррупсияро коҳиш дод. Танҳо ҷомеае, ки адолатро арзиши олӣ мешуморад, метавонад давлати қавӣ ва устувор бунёд намояд.

ШАМСУЛЛО Аминзода,
сармутахассиси фанни таърихи
Раёсати таҳияи маводи имтиҳони ММТНПҶТ

 

 

 

 

 

Паёми Президент

Паёмҳо ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Роҳнамои довталаб – 2026Роҳнамои довталаб – 2026
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026
  • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус – 2026Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус – 2026
  • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2026ТАҚВИМИ ИМД – 2026

СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2026-2030

СТРАТЕГИЯИ ДАВЛАТИИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2026 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон