Душанбе, 24-уми июли соли 2022
Тақсимоти довталабон аз рӯйи комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардаашон тавассути алгоритм ва модули барномавии махсуси системаи иттилоотии «Довталаб» дар асоси озмун анҷом дода мешавад. Маълумот дар бораи натиҷаҳои тақсимот – комёб гардидан ё нагардидани довталабон аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон ба ҳар як довталаб дар муҳлати муқаррарнамудаи Марказ дастрас мегардад (тавассути паёмак (SMS) ва кабинети инфиродӣ).
Тибқи тарҳи ҷории маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ қисмҳои имтиҳонҳои мазкур, ки довталаб вобаста аз зинаи таҳсилот ва навъи ихтисосҳои интихобкардааш як ё чанде аз ин қисмҳоро месупорад, инҳоянд:
- қисми А – имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ (синфи 11-ум) барои довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбӣ, ки дар доираи гурӯҳи ихтисосҳо чор субтестро дар бар мегирад: 1) забони тоҷикӣ, математика, химия ва физика; 2) забони тоҷикӣ, математика, география ва забони хориҷӣ; 3) забони тоҷикӣ, таърих, адабиёти тоҷик/забон ва адабиёти рус/забон ва адабиёти ӯзбек ва забони хориҷӣ; 4) забони тоҷикӣ, таърих, ҳуқуқ ва забони хориҷӣ; 5) забони тоҷикӣ, биология, химия ва физика. Интихоби забони хориҷӣ (англисӣ/немисӣ/франсавӣ/арабӣ) дар ихтиёри довталаб аст;
- қисми Б – имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 11-ум) барои довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ, ки дар доираи гурӯҳи ихтисосҳо се субтестро дар бар мегирад: 1) забони тоҷикӣ, математика ва физика; 2) забони тоҷикӣ, математика ва география; 3) забони тоҷикӣ, адабиёти тоҷик/забони русӣ ва забони хориҷӣ; 4) забони тоҷикӣ, таърих ва забони хориҷӣ; 5) забони тоҷикӣ, биология ва химия. Интихоби забони хориҷӣ (англисӣ/немисӣ/франсавӣ/арабӣ) дар ихтиёри довталаб аст;
- қисми В – имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус, ки онҳоро аз рӯйи ихтисосҳои тибқи талабот омодагии эҷодӣ ё махсусро талабкунанда супорида мешавад;
- қисми Г – имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ, ки довталабони ихтисосҳои филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ва (ё) Донишгоҳи Осиёи Марказиро интихобкарда месупоранд.
Вобаста аз намуди ихтисосҳо тақсимоти довталабон аз рӯйи комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардаашон дар асоси балҳои умумии зерин анҷом дода мешавад:
- бали умумие, ки аз ҷамъи бали аз қисми А ва бали аз ҳисоби имтиёз ё коэффитсиент (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст – барои ихтисосҳое, ки супоридани танҳо қисми А-ро талаб мекунанд;
- бали умумие, ки аз ҷамъи бали аз қисми Б ва бали аз ҳисоби имтиёз (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст – барои ихтисосҳое, ки супоридани танҳо қисми Б-ро талаб мекунанд;
- бали умумие, ки аз ҷамъи балҳои аз ду субтести аввали қисми А ва қисми В, инчунин бали аз ҳисоби имтиёз (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст – барои ихтисосҳое, ки супоридани ду субтести аввали қисми А ва қисми В-ро талаб мекунанд;
- бали умумие, ки аз ҷамъи балҳои аз ду субтести аввали қисми Б ва қисми В, инчунин бали аз ҳисоби имтиёз (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст – барои ихтисосҳое, ки супоридани ду субтести аввали қисми Б ва қисми В-ро талаб мекунанд;
- бали умумие, ки аз ҷамъи балҳои аз қисмҳои А ва Г, инчунин бали аз ҳисоби имтиёз (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст – барои ихтисосҳое, ки супоридани қисмҳои А ва Г-ро талаб мекунанд.
Бали аз қисми В бадастовардаи довталаб дар озмуни тақсимот танҳо барои ихтисосҳое ба назар гирифта мешавад, ки супоридани ин имтиҳонҳоро талаб мекунанд. Агар довталаби ихтисосҳои қисми В-доштаро интихобкарда қисми А‑ро пурра супорида бошад, барои ихтисосҳои мазкур бали бадастовардаи довталаб аз қисми В ва танҳо аз ду субтести аввал (1-ум ва 2-юм)-и қисми А ба назар гирифта мешавад. Барои чунин ихтисосҳо бали аз ду субтести охир (3-юм ва 4-ум)-и қисми А бадастовардаи довталаб ба назар гирифта намешавад. Инчунин, агар довталаби ихтисосҳои қисми В-доштаро интихобкарда қисми Б‑ро пурра супорида бошад, барои ин ихтисосҳо бали бадастовардаи довталаб аз қисми В ва танҳо аз ду субтести аввал (1-ум ва 2-юм)-и қисми Б ба назар гирифта мешавад. Барои чунин бали натиҷаҳои аз субтести охир (3-юм)-и қисми Б бадастовардаи довталаб ба назар гирифта намешавад.
Агар довталаб ихтисосҳоро аз филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ва ҳам аз Донишгоҳи Осиёи Марказӣ интихоб карда бошад, бали бадастовардааш аз қисми Г.1 барои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва холҳои бадастовардаи ӯ аз қисми Г.2 барои филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ба назар гирифта намешавад. Инчунин, бали аз қисми Г.1 ва ё қисми Г.2 бадастовардаи довталаб барои ихтисосҳое, ки супоридани ин қисмро талаб намекунанд, ба ҳисоб гирифта намешавад.
Тақсимоти довталаб аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш мувофиқи бартарии интихоб ва ҷойи довталаб дар рӯйхати тибқи балҳои умумии дахлдори бадастовардаи довталабон мураттабшуда, ки барои ҳар яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои мазкур тартиб дода шудааст, анҷом дода мешавад.
Тақсимоти довталаб дар раванди тақсимот дар навбати аввал аз рӯйи комбинатсияи ихтисосе, ки дар рӯйхати ихтисосҳои интихобкардааш дар варақаи бақайдгирӣ ҷойи якумаст (яъне бартарии интихобаш 1-ум), баррасӣ карда мешавад. Агар довталаб дар асоси бали умумии бадастовардааш аз рӯйи комбинатсияи ихтисоси 1-ум нишондодааш муваффақ шавад, тақсимоти ӯ аз рӯйи комбинатсияҳои ихтисосҳои баъдии интихобкардааш ба роҳ монда намешавад.
Агар довталаб дар асоси бали умумии бадастовардааш аз рӯйи комбинатсияи ихтисоси интихобкардааш, ки дар варақаи бақайдгирӣ дар ҷойи 1-ум нишон додааст (яъне бартарии интихобаш якум), нагузарад, он гоҳ тақсимоти ӯ аз рӯйи комбинатсияи ихтисосе, ки дар рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш дар ҷойи 2-юм нишон додааст (яъне бартарии интихобаш 2-юм), ба роҳ монда мешавад. Раванди тақсимот бо ин тартиб то замоне идома меёбад, ки довталаб ё аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш муваффақ мешавад, ё аз рӯйи ҳеҷ яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш муваффақ намешавад.
Агар довталаб дар асоси бали умумии бадастовардааш аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш тақсимот шуда бошад, он гоҳ, новобаста аз он, ки бали умумии бадастовардааш барои тақсимот шуданаш аз рӯйи комбинатсияи (комбинатсияҳои) ихтисоси (ихтисосҳои) баъдии интихобкардааш кофӣ аст, тақсимоти ӯ аз рӯйи комбинатсияи (комбинатсияҳои) ихтисоси (ихтисосҳои) баъдии интихобкардааш баррасӣ намешавад. Довталаби мазкур ҳуқуқи иштирок карданро дар тақсимоти такрорӣ низ надорад.
Довталабе, ки дар тақсимот иштирок карда, дар асоси бали умумии бадастовардааш аз рӯйи ҳеҷ яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш комёб нашуд, дар сурати баргузор шудани тақсимоти такрорӣ ҳуқуқ дорад, ки мувофиқи тартиби муқарраргардида аз нав худро номнавис карда, дар тақсимоти навбатӣ иштирок намояд.
Довталаби аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш тақсимшуда бояд то муҳлати муқаррарнамудаи Марказ ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии дахлдор барои бақайдгирӣ ва қабул ҳозир шавад. Дар ҳолати ҳозир нашудан бо сабаби узрнок, ки бояд бо ҳуҷҷати дахлдор тасдиқ шуда бошад, довталаб уҳдадор аст, ки сари вақт (дар муҳлати муқарраргардида) дар бораи ҳолати зикргардида ба муассисаи таълимии мазкур хабар диҳад, дар ғайри ин сурат, ӯ ҷойи ишғолнамудаи худро дар муассисаи таълимии мазкур аз даст медиҳад. Муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбӣ уҳдадор аст, ки дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пешниҳодшуда сабаби узрнокро ба эътибор гирифта, барои қабули ҳуҷҷатҳои довталаби ба ин муассиса тақсимшуда муҳлати муайянро муқаррар намояд.
Бали гузариш аз рӯйи комбинатсияи ихтисос бали умумие аст, ки ки бо ҷамъ кардани балҳои аз субтестҳо ва (ё) қисми (қисмҳои) дахлдор ва бали аз ҳисоби имтиёз ё коэффитсиент (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаби дар доираи шумораи ҷойҳои нақшаи қабули донишҷӯён ҷудокарда аз рӯйи комбинатсияи ихтисоси муайян аз ҳама охир тақсимотшуда ҳосил гардидааст. Бали гузариш тибқи комбинатсияи ихтисос пешакӣ муқаррар карда намешавад ва он дар ҳар як комбинатсияи ихтисос танҳо пас аз тақсимоти довталабон аз рӯйи комбинатсияи ихтисоси муайян маълум мегардад.
Масалан, барои комбинатсияи ихтисоси 1790101 – “Кори табобатӣ” аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, шакли таҳсил – рӯзона ва намуди таҳсил – ройгон, соли 2021-ум тибқи нақша 285 ҷой ҷудо шуда буд ва шумораи довталабоне, ки ин комбинатсияи ихтисосро интихоб карда, ба озмуни тақсимот роҳ ёфта буданд, 17 158 нафарро ташкил дод. Дар озмуни тақсимот аз ин миқдор довталабон ҳамон 285 нафаре, ки нисбат ба дигарон балҳои баландтар доштанд, аз рӯйи ин комбинатсияи ихтисос гузаронида шуданд ва бали довталаби 285-ум (дар рӯйхат бо тартиби камшавии балҳо), ки ба 469.9541 баробар буд, бали гузариш дар ин комбинатсияи ихтисос эълон карда шуд. Яъне, бали гузариш ин бали умумии аз имтиҳонҳо бадастовардаи ҳамон довталабе аст, ки аз рӯйи комбинатсияи ихтисоси муайян дар ҷойи охирини тибқи нақшаи қабул ҷудогардида гузаронида шудааст.
Ёдрас мекунем, ки бали бадастовардаи довталаб аз рӯйи комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардааш, вобаста аз субтести асосии қисми А ё Б, метавонад гуногун бошад, зеро вазн (шумораи бали имконпазири ҳадди аксар)-и субтестҳо барои ихтисосҳо гуногун аст. Маълумоти муфассалро дар бораи вазн (шумораи имконпазири ҳадди аксари балҳо)-и субтестҳои қисмҳои А ва Б аз сомонаи Марказ (https://ntc.tj/images/Downloads/Fehristi_ikhtisosho_va_SHIHAB_KA_tj.pdf ва https://ntc.tj/images/Downloads/Fehristi_ikhtisosho_va_SHIHAB_KB_tj.pdf) дастрас кардан мумкин аст.
Инчунин, тибқи натиҷаи шкалабандии холҳои бадастовардаи довталабон дар ИМД-2022 дар доираи ҳар гурӯҳи ихтисосҳо ҷадвали мувофиқати холҳо ва балҳо аз рӯйи ҳар субтест (бо дарназардошти ихтисосҳо ва фанҳои асосии имтиҳонии онҳо) тартиб дода, дар сомонаи Марказ (https://ntc.tj/tj/jadvalhoi-muvofikati-kholho-ba-balho.html) ҷойгир карда шудааст.