Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ШАРҲИ ШКАЛАБАНДӢ ВА ШУМОРАИ ИМКОНПАЗИРИ ҲАДДИ АКСАРИ БАЛҲОИ СУБТЕСТҲО

Нашр шуд: 23 Июли 2018
Диданд: 1975

Душанбе, 23-юми июли соли 2018

Барои холро ба бал баргардонидан Марказ аз усули муайян истифода мекунад, ки дар он вобаста аз ҳар як субтести қисми А (имтиҳони умумӣ) ва қисми Б (имтиҳони ихтисос) дар доираи ҳар яке аз гурӯҳҳои ихтисосҳо мушаххасоти зерин ба назар гирифта мешавад:

1) шумораи имконпазири ҳадди аксари холҳо аз субтест;

2) шумораи имконпазири ҳадди аксари балҳо аз субтест;

3) шумораи довталабоне, ки дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои муайян субтестро иҷро кардаанд;

4) чандомади холҳои бадастовардаи довталабон аз субтест, яъне шумораи довталабон дар доираи ҳар яке аз ададҳои аз 0 то шумораи имконпазири ҳадди аксари холҳо аз субтест;

5) холи бадастовардаи довталаб аз субтест.

Мушаххасоти 3-юм (шумораи довталабоне, ки дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои муайян субтестро иҷро кардаанд) ва 4-ум (чандомади холҳои бадастовардаи довталабон аз субтест, яъне шумораи довталабон дар доираи ҳар яке аз ададҳои аз 0 то шумораи имконпазири ҳадди аксар холҳо аз субтест)-ро надониста, аз равиши муқарраркардаи Марказ барои холро ба бал баргардонидан имконнопазир аст.

Новобаста аз ин, роҳи дигаре вуҷуд дорад, ки ба ҳар як шахси хоҳишманд имкони тахминан ҳисоб кардани бали аз субтест бадастовардаи довталабро медиҳад. Барои тахминан ҳисоб кардани бали аз субтест бадастовардаи довталаб донистани 3-то аз мушаххасоти зикршуда – 1-ум (шумораи имконпазири ҳадди аксари холҳо аз субтест), 2-юм (шумораи имконпазири ҳадди аксари балҳо аз субтест) ва 5‑ум (холи бадастовардаи довталаб аз субтест) зарур аст.

Лозим ба зикр аст, ки мувофиқи тартиб барои ҳар субтест вобаста аз ҳар қисми имтиҳон (А ва Б) шумораи имконпазири ҳадди аксари балҳо ва ё, ба ибораи дигар, шкалаи мувофиқ муайян шудааст.

Дар қисми А (имтиҳони умумӣ) барои субтестҳои “Забони тоҷикӣ” ва “Таърихи халқи тоҷик ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ” шкалаи 75-балӣ ва барои субтести “Математика” шкалаи 50-балӣ истифода мешавад. Бали умумӣ барои ҳар се субтести ин қисми имтиҳон 200 аст.

Аз 3 субтести қисми Б (имтиҳони ихтисос) довталаб метавонад ҳамагӣ 300 балро ба даст орад. Таносуби шумораи имконпазири ҳадди аксари балҳо аз субтестҳои қисми Б вобаста аз фанни асосии имтиҳони ихтисос дар доираи гурӯҳи ихтисосҳо гуногун буда метавонад. Масалан, барои ихтисоси 1790101 – “Кори табобатӣ”-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино таносуби шумораи имконпазири ҳадди аксари балҳо аз субтестҳо, бо ибораи дигар, вазни субтестҳо чунин аст: субтести “Химия” – 150 бал, субтести “Биология” – 100 бал ва субтести “Физика” – 50 бал.

Ҳамин тавр агар довталаб имтиҳонҳоро бомуваффақият супорад, аз қисми А (имтиҳони умумӣ) то 200 ва аз қисми Б (имтиҳони ихтисос) то 300 бал, ҳамагӣ то 500 балро ба даст оварда метавонад.

Холҳои аз имтиҳони қисми В (имтиҳони эҷодӣ ва (ё) маҳорати махсус) бадастовардаи довталабон ба шкалаи 300-балӣ ва аз қисми Г (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ) бадастоварда ба шкалаи 500-балӣ баргардонида мешавад.

Шумораи имконпазири ҳадди аксари холҳо ва шумораи имконпазири ҳадди аксари балҳо аз субтест вобаста аз қисми имтиҳон ва гурӯҳи ихтисосҳо чунин аст:

 

Қисми А (имтиҳони умумӣ)

Р.т.

Субтест

Миқдор ва навъи саволу масъалаҳо

Шумораи имкон-пазири ҳадди аксари холҳо (ШИҲАХ)

Шумораи имкон-пазири ҳадди аксари балҳо (ШИҲАБ)

1.

А1(забони тоҷикӣ)

30

48

75

2.

А2 (математика)

27

38

50

3.

А3 (таърихи халқи тоҷик ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ)

30

48

75

 

Қисми Б (имтиҳони ихтисос)

1. Гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ)

Р.т.

Субтест

Миқдор ва навъи саволу масъалаҳо

Шумораи имкон-пазири ҳадди аксари холҳо (ШИҲАХ)

Шумораи имконпазири ҳадди аксари балҳо (ШИҲАБ)

ДИ-1

ДИ-2

ДИ-3

ДИ-4

ДИ-5

ДИ-6

1.

Б1 (математика)

27

38

150

150

100

100

50

50

2.

Б2 (физика)

22

42

100

50

150

50

150

100

3.

Б3 (химия)

25

37

50

100

50

150

100

150

 

2. Гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география)

Р.т.

Субтест

Миқдор ва навъи саволу масъалаҳо

Шумораи имкон-пазири ҳадди аксари холҳо (ШИҲАХ)

Шумораи имконпазири ҳадди аксари балҳо (ШИҲАБ)

ДИ-1

ДИ-2

ДИ-3

ДИ-4

ДИ-5

ДИ-6

1.

Б1 (математика)

27

38

150

150

100

100

50

50

2.

Б2 (география)

25

40

100

50

150

50

150

100

3.

Б3 (забони хориҷӣ)

20

32

50

100

50

150

100

150

 

3. Гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм (филология, педагогика ва санъат)

Р.т.

Субтест

Миқдор ва навъи саволу масъалаҳо

Шумораи имкон-пазири ҳадди аксари холҳо (ШИҲАХ)

Шумораи имконпазири ҳадди аксари балҳо (ШИҲАБ)

ДИ-1

ДИ-2

ДИ-3

ДИ-4

ДИ-5

ДИ-6

1.

Б1 (забон ва адабиёт)

20

35

150

150

100

100

50

50

2.

Б2 (таърих)

25

40

100

50

150

50

150

100

3.

Б3 (забони хориҷӣ)

20

32

50

100

50

150

100

150

 

4. Гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ)

Р.т.

Субтест

Миқдор ва навъи саволу масъалаҳо

Шумораи имкон-пазири ҳадди аксари холҳо (ШИҲАХ)

Шумораи имконпазири ҳадди аксари балҳо (ШИҲАБ)

ДИ-1

ДИ-2

ДИ-3

ДИ-4

ДИ-5

ДИ-6

1.

Б2 (таърих)

25

40

150

150

100

100

50

50

2.

Б2 (ҳуқуқи инсон)

25

40

100

50

150

50

150

100

3.

Б3 (забони хориҷӣ)

20

32

50

100

50

150

100

150

 

5. Гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум (тиб, биология ва варзиш)

Р.т.

Субтест

Миқдор ва навъи саволу масъалаҳо

Шумораи имкон-пазири ҳадди аксари холҳо (ШИҲАХ)

Шумораи имконпазири ҳадди аксари балҳо (ШИҲАБ)

ДИ-1

ДИ-2

ДИ-3

ДИ-4

ДИ-5

ДИ-6

1.

Б1 (химия)

25

37

150

150

100

100

50

50

2.

Б2 (биология)

26

44

100

50

150

50

150

100

3.

Б2 (физика)

22

42

50

100

50

150

100

150

 

Эзоҳ: ДИ – доираи ихтисоcҳо. Вобаста аз фанни асосии имтиҳонии ҳар яке аз ихтисосҳо дар доираи як гурӯҳи ихтисосҳо (кластер) ихтисосҳо боз ба зергурӯҳҳо тақсим карда шудаанд, ки онҳо шартан доираи ихтисосҳо номида шудаанд. Аз 3 субтести қисми Б (имтиҳони ихтисос) довталаб метавонад ҳамагӣ 300 балро ба даст орад. Таносуби шумораи имконпазири ҳадди аксари балҳо аз субтестҳои қисми Б вобаста аз фанни асосии имтиҳони ихтисос дар доираи гурӯҳи ихтисосҳо гуногун буда метавонад. Масалан, тавре ки зикр гардид, барои ихтисоси 1790101 – “Кори табобатӣ”-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино таносуби шумораи имконпазири ҳадди аксари балҳо аз субтест, бо ибораи дигар, вазни субтестҳо чунин аст: субтести “Химия” – 150 бал, субтести “Биология” – 100 бал ва субтести “Физика” – 50 бал. Барои аксари ихтисосҳои коллеҷҳои тиббӣ таносуби шумораи имконпазири ҳадди аксари балҳо аз субтестҳо чунин аст: субтести “Химия” – 100 бал, субтести “Биология” – 150 бал ва субтести “Физика” – 50 бал.

Ҷиҳати муайян кардани шумораи имконпазири ҳадди аксар балҳо аз субтестҳо вобаста аз ҳар фанни асосии имтиҳонӣ (субтест)-и қисми Б (имтиҳони ихтисос) барои ҳар як ихтисос аз “Феҳристи ихтисосҳо бо дарназардошти гурӯҳи ихтисосҳо (кластерҳо) ва субтестҳои онҳо, шумораи имконпазири ҳадди аксари бал аз ҳар субтести қисми (компоненти) Б (имтиҳони ихтисос) дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар сомонаи Марказ дар бахши эълонҳо ҷой дода шудааст, истифода кардан зарур аст.

 

Тарзи тахминан ба бал баргардонидани холи аз субтест бадастовардаи довталаб

Барои тахминан ба бал баргардонидани холи бадастовардаи довталаб (ХБД) аз субтест, яъне тахминан ҳисоб кардани бали бадастовардаи довталаб (ББД) аз субтест формулаи зеринро истифода кардан мумкин аст:

ББД = (ШИҲАБ / ШИҲАХ) * ХБД

Масалан, агар довталаб аз субтести забони тоҷикии қисми А (имтиҳони умумӣ) 24 холро соҳиб шуда бошад, бали бадастовардаи ӯро метавон тахминан чунин ҳисоб кард:

(75 / 48) * 24 = 37,5 (бал)

Инҷо 75 шумораи имконпазири ҳадди аксари балҳо (ШИҲАБ), 48 шумораи имконпазири ҳадди аксари холҳо (ШИҲАХ) ва 24 холи бадастовардаи довталаб (ХБД) мебошад, ки дар натиҷа тибқи формулаи мазкур бали бадастовардаи довталаб (ББД) аз субтести забони тоҷикии қисми А (имтиҳони умумӣ) тахминан ба 37,5 баробар аст.

Бояд таъкид кард, ки фарқияти бали бо чунин равиш ҳисобкарда аз бале, ки бо равиши муқарраркардаи Марказ, яъне бо назардошти ҳамаи мушаххасоти зарурӣ ҳисоб карда шудааст, метавонад фарқ кунад.

Ҳамчунин, довталабон барои ба бал баргардонидани холҳои аз ҳар субтест бадастовардаашон метавонанд аз ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ва балҳо, ки тибқи натиҷаҳои ИМД-2017 бо равиши муқарраркардаи Марказ ҳисоб карда, дар сомонаи Марказ ҷой дода шуда буд, истифода кунанд. Бояд зикр кард, ки ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ва балҳо тибқи натиҷаҳои ИМД-2017 , ки дар сомонаи Марказ гузошта шуда буданд, аз ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ва балҳо тибқи натиҷаҳои ИМД-2018, ки баъдан таҳия карда мешаванд, фарқ мекунанд.

Тавре ки зикр гардид, таносуби шумораи имконпазири ҳадди аксари балҳо аз субтестҳои қисми Б (имтиҳони ихтисос) вобаста аз фанни асосии имтиҳони ихтисос дар доираи гурӯҳи ихтисосҳо гуногун буда метавонад. Вобаста ба ин, бали аз субтестҳои ин қисм бадастовардаи довталаб низ метавонад барои ҳар яке аз ихтисосҳои интихобкарааш гуногун бошад.

Масалан, агар як довталаб аз гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум (тиб, биология ва варзиш) ихтисоси “Кори табобатӣ”-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва (ё) Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва ихтисоси “Кори момодоягӣ”-и коллеҷҳои тиббиро интихоб карда, дар имтиҳонҳо аз қисми А (имтиҳони умумӣ) аз субтести забони тоҷикӣ (А1) 22 хол, аз субтести математика (А2) 18 хол, аз субтести таърихи халқи тоҷик ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ (А3) 20 хол ва аз қисми Б (имтиҳони ихтисос) аз субтести химия (Б1) 18 хол, аз субтести билогия (Б2) 25 хол ва аз субтести физика (Б3) 16 холро соҳиб гардида бошад, яъне:

 

Холҳои бадастоварда

аз қисми А

аз қисми Б

А1

А2

А3

Ҳамагӣ

Б1

Б2

Б3

Ҳамагӣ

22

18

20

60

18

25

16

59

 

Он гоҳ бали аз субтестҳои қисми Б (имтиҳони ихтисос) бадастовардаи довталаб барои ду ихтисоси мазкур низ гуогун мешавад. Чунон ки баён карда шуд, дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум (тиб, биология ва варзиш) аз рӯйи қисми Б (имтиҳони ихтисос) барои ихтисоси “Кори табобатӣ”-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, ки фанни асосии имтиҳонӣ химия аст, шумораи ҳадди аксари бали субтести химия 150, биология 100 ва физика 50 мебошад. Барои ихтисоси “Кори момодоягӣ”-и коллеҷҳои тиббӣ фанни асосии имтиҳонӣ биология мебошад ва шумораи ҳадди аксари бали субтести химия 100, биология 150 ва физика 50 аст. Аз ин лиҳоз, ихтисосҳо дар як гурӯҳи ихтисосҳо боз ба зергурӯҳҳо ҷудо гардидаанд, ки онҳоро “доираи ихтисосҳо” меноманд (дар ҷадвали мувофиқати холҳо ва балҳо мухтасар “ДИ” ишора карда шудааст).

Бо дарназардошти холҳои дар боло нишондодашуда бали бадастовардаи довталаб барои ихтисоси “Кори табобатӣ”-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва ва ихтисоси “Кори момодоягӣ”-и коллеҷҳои тиббӣ тибқи ҷадвалҳои мувофиқати хол ва балҳои ИМД-2017 чунин мешавад:

Номи ихтисос

Балҳои бадастоварда

Қисми А

Қисми Б

АБ ҳамагӣ

А1

А2

А3

Ҳамагӣ

Б1

Б2

Б3

Ҳамагӣ

Кори табобатӣ

34,6634

24,1426

31,7948

90,6008

74,3514

57,7524

19,4051

151,5089

242,1097

Кори момодоягӣ

34,6634

24,1426

31,7948

90,6008

49,5676

86,6286

19,4051

155,6013

246,2021

 

Тавре ки аз ҷадвал дидан мумкин аст, бали бадастовардаи довталаб барои ихтисоси “Кори табобатӣ”-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва ихтисоси “Кори момодоягӣ”-и коллеҷҳои тиббӣ тибқи ҷадвалҳои мувофиқати хол ва балҳои ИМД-2017 гуногун аст. Агар ҳолати мазкурро муфассалтар шарҳ диҳем, довталаб аз 37 холи имконпазири ҳадди аксари субтести химия 18 хол (48,65%-аш) ва аз 42 холи имконпазири ҳадди аксари субтести биология 25 хол (56,82%-аш)-ро соҳиб гардидааст. Чунон ки аз ин бармеояд, довталаб тести биологияро нисбат ба химия беҳтар кор кардааст. Вобаста ба ин, барои ихтисосҳое, ки фанни асосии имтиҳонии онҳо химия (150 бал) аст, бинобар тести фанни мазкурро нисбат ба тести фанни биология дар сатҳи пасттар кор карданаш, бали умумии довталаб пасттар аст. Баръакс, барои ихтисосҳое, ки фанни асосии имтиҳонии онҳо биология (150 бал) аст, бинобар тести фанни мазкурро нисбат ба тести фанни химия дар сатҳи баландтар кор карданаш, бали умумии довталаб баландтар аст. Яъне, агар довталаб тести ҳар дуи фанро дар сатҳи баробар кор мекард, чунин фарқият дида намешуд. Масалан, ин довталаб дар имтиҳонҳо аз қисми А (имтиҳони умумӣ) аз субтести забони тоҷикӣ (А1) 22 хол, аз субтести математика (А2) 18 хол, аз субтести таърихи халқи тоҷик ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ (А3) 20 хол ва аз қисми Б (имтиҳони ихтисос) аз субтести химия (Б1) 17 хол, аз субтести билогия (Б2) 20 хол ва аз субтести физика (Б3) 16 холро соҳиб гардидааст, яъне:

Қисми А

Қисми Б

А1

А2

А3

Ҳамагӣ

Б1

Б2

Б3

Ҳамагӣ

22

18

20

60

17

20

16

59

 

Бо дарназардошти холҳои дар боло нишондодашуда бали бадастовардаи довталаб барои ихтисоси “Кори табобатӣ”-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва ихтисоси “Кори момодоягӣ”-и коллеҷҳои тиббӣ тибқи ҷадвалҳои мувофиқати хол ва балҳои ИМД-2017 чунин мешавад:

Номи ихтисос

Қисми А

Қисми Б

АБ ҳамагӣ

А1

А2

А3

Ҳамагӣ

Б1

Б2

Б3

Ҳамагӣ

Кори табобатӣ

34,6634

24,1426

31,7948

90,6008

70,2791

46,2826

19,4051

135,9668

226,5676

Кори момодоягӣ

34,6634

24,1426

31,7948

90,6008

46,8527

69,4239

19,4051

135,6817

226,2825

 

Тавре ки аз ҷадвал дидан мумкин аст, бали бадастовардаи довталаб барои ихтисоси “Кори табобатӣ”-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва ихтисоси “Кори момодоягӣ”-и коллеҷҳои тиббӣ тибқи ҷадвалҳои мувофиқати хол ва балҳои ИМД‑2017 хеле наздик, қариб баробар аст. Агар ҳолати мазкурро муфассалтар шарҳ диҳем, довталаб аз 37 холи имконпазири ҳадди аксари субтести химия 17 хол (45,55%) ва аз 42 холи имконпазири ҳадди аксари субтести биология 20 хол (45,45%)-ро соҳиб гардидааст, яъне ҳар ду тестро дар як сатҳ кор кардааст. Вобаста ба ин, бали бадастовардаи довталаб барои ҳар ду ихтисос қариб баробар аст.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон