Душанбе, 19-уми июни соли 2018
Мутобиқи банди 46-уми “Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми марти соли 2018, № 81 тасдиқ шудааст ва тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба ташкил ва гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2018 – 2019 бо мақсади омода намудани омӯзгорон – тафтишгарони кори хаттӣ (эссе) дар 3 минтақаи ҷумҳурӣ – Душанбе, Бохтар, Хуҷанд семинар – машварати омӯзишӣ барои омода кардани кормандони муваққатӣ ҷиҳати тафтиши корҳои хаттӣ (эссе) дар ИМД – 2018 баргузор мегардад. Шумораи иштирокдорони семинар 200 нафар аст, ки мувофиқи нақша ба 20 гурӯҳ ҷудо карда шуда, ба ҳар як гурӯҳ роҳбар таъйин гаштааст. Ба ҷуз ин, аз ҷумлаи кормандони Марказ низ 6 нафар дар ин семинар иштирок хоҳанд кард.
Семинар-машварат аз 19-ум то 20-уми июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе барои намояндагони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар мактаби № 34-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, аз 22-юм то 23-юми июн дар мактаби №5-и шаҳри Хуҷанд барои намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, аз 22-юм то 23-юми июн дар дар шаҳри Бохтар барои намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузор мегардад.
Ҳайати гурӯҳи корӣ барои ташкил ва баргузории семинар-машваратҳои омӯзишӣ барнома, модули омӯзишӣ ва маводи иловагии ёрирасонро омода намудааст.