Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

МУБОРИЗА БО ЭКСТРЕМИЗМ ВА ГУРӮҲҲОИ ИФРОТӢ ФАҚАТ ВАЗИФАИ ҲУКУМАТ НЕСТ

Нашр шуд: 09 Феврали 2018
Диданд: 991

Душанбе, 9-уми феврали соли 2018

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми мақомоти сиёсӣ ва қудратии кишвар хатару оқибатҳои тафаккури ифротгароии динӣ ва гурӯҳҳои ифротиро дарк намуда, ба муқобили онҳо муборизаи қатъӣ ва фарогирро ба роҳ мондаанд. Дар айни замон аксари ҷавонони пайрави ин ҳарактҳо ба шиору таблиғоти роҳбарони онҳо самимона бовар карда, ба ҳаёҳуйи сиёсию идеологии онҳо дода шуда, умуман дарк карда наметавонанд, ки дар доми фиреб ва хидмати дигарон қарор гирифтаанд. Онҳо дарк намекунанд, ки гирифтори фиреби бузург гашта, дар натиҷа бо дасти худ ватани худро хароб, мардуми худро бадбахт ва фарзандони мардуми худро хору залил менамоянд. Қудрати ин таблиғот то ҷое бузург аст, ки ҷавонони пайрави гурӯҳҳои ифротӣ гоҳо содалавҳона гумон мекунанд, ки машғули ҷиҳод мебошанд ва дар ин роҳ шаҳид мешаванд. Магар ҷанг бар зидди мардуми мусалмон ҷиҳод аст, ё кушта шудан дар роҳи манфиатҳои қудратҳои бегона шаҳид шудан аст? Ҳаргиз не! Ин ҷавонони фиребхӯрда гумроҳону ҷавонмардоне мебошанд, ки мубориза ва марги онҳо назди Худо ва назди башар қадр ва арзише надорад.

Нигоҳ доштани ҷавонони мо аз ин ҳаракатҳои муздуру ғайриисломӣ бисёр муҳим мебошад. Албатта ҳар шаҳрванди ватандор дар муқобили ҳама гуна хатаре, ки ба давлат ва ватани ӯ таҳдид мекунад, мавқеи мухолиф дорад ва ба муқобили он хатар мубориза мебарад. Вале дар масъалаи гурӯҳҳои ифротиву террористӣ бояд гуфт, ки хатари он бевосита ба ҳар як нафари мо равона шудааст, зеро онҳо на танҳо ба давлат ва сохти конститутсионии мо, балки ба рӯзгори ободу осудаи мо, ба тарзи зиндагии шахсии ҳар яки мо, ба хонаву молу мулки мо, ба модару хоҳари ҳар яки мо, ба зану фарзандони мо бевосита таҳдид мекунанд. Мубориза ба ин “вабои аср” натанҳо вазифаи давлат аст, балки вазифаи ҳар як қишри ҷомеа, вазифаи ҳар як шаҳру деҳа, вазифаи ҳар як оила ва вазифаи ҳар шаҳрванд мебошад.

Ин офат мисли оташи фарогир ва ё сели харобиовар аст, ки агар бо талоши ҳамагонӣ пешашро нагирем, ҳамаи мо қурбони он хоҳем шуд. Аз ин рӯ, мубориза бо экстремизму терроризм ба манфиати шахсии ҳар яки мо мебошад. Хуласи калом ин аст, ки тамоми мардум дар ин мубориза муттаҳид шаванд ва наҷоти давлату миллат, балки наҷоти худ ва аҳлу оилаи худро таъмин намояд. Ҳамчуноне, ки дар даврони Ҷанги бузурги ватанӣ тамоми кишвар дар муқобили даҳшати сиёсии фашизм ба муборизаҳои фикрию молию ҷонӣ бархоста буд, имрӯз низ тамоми мардуми кишвари азизамон дар мубориза ба муқобили ин балои азими харобиовар муттаҳид гарданд, зеро мубориза ба ҳамин нерӯи сиёҳи зиддибашарӣ, зиддиисломӣ ва зиддимиллӣ худ ҷиҳоди бузург аст.

 

Абдулвоҳид Ҳомидов

Бознашр аз сомонаи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (http://din.tj/?q=node/603).

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон