Душанбе, 6-уми июни соли 2018
Ба таваҷҷуҳи шахсоне, ки дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (ИМД) дар соли 2018 иштирок кардан мехоҳанду лекин худро дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ (аз 1-уми март то 30-юми апрел) номнавис карда натавонистаанд, расонида мешавад, ки марҳалаи иловагии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ин имтиҳонҳо аз 12-уми июн оғоз мегардад. Марҳалаи иловагии бақайдгирии довталабон дар нуқтаҳои бақайдгирии танҳо шаҳри Душанбе, ки нишонии онҳо дар зер оварда шудааст, то 30‑юми июн ба роҳ монда мешавад.
Шахсони хоҳишманди бақайдгирӣ бояд бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ки рӯйхати онҳо дар зер оварда шудааст, ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ муроҷиат кунанд. Лозим ба қайд аст, ки довталабоне, ки дар марҳалаи иловагии бақайдгирӣ (аз 12-ум то 30-юми июн) худро номнавис мекунанду боз интихобҳои аввалияи худро иваз кардан мехоҳанд, имкон доранд, ки барои ин кор аз нав аз қайд гузаранд. Азнавбақайдгирии чунин довталабон ҳамзамон бо марҳалаи иловагии бақайдгирӣ ба роҳ монда мешавад ва чунин довталабон ба нуқтаи бақайдгирие бояд муроҷиат кунанд, ки худро қаблан дар он номнавис кардаанд.
Инчунин, барои довталабоне, ки дар марҳалаи асосӣ (аз 1-уми март то 30-юми апрел) худро номнавис кардаанду интихобҳои аввалияи худро иваз кардан мехоҳанд, марҳалаи иловагии азнавбақайдгирӣ аз 12-уми июн оғоз ва то 20-уми июн давом меёбад. Марҳалаи иловагии азнавбақайдгирӣ низ дар нуқтаҳои бақайдгирии танҳо шаҳри Душанбе сурaт мегирад. Довталабоне, ки интихобҳои аввалияи худро иваз кардан мехоҳанд, бояд бо (1) шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият бо сурат, ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст; (2) варақаи бақайдгирии даври бақайдгирии асосӣ ва (3) расид аз филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” оид ба пардохти маблағи пурра (250 сомонӣ) ба нуқтаи бақайдгирии барояшон наздик ё мувофиқ муроҷиат кунанд.
Довталабоне, ки худро дар марҳалаи иловагии бақайдгирӣ (аз 12-ум то 30-юми июн) номнавис мекунанд ё дар марҳалаи иловагии азнавбақайдгирӣ (аз 12-ум то 20‑уми июн) интихобҳои аввалияи худро иваз мекунанд, имтиҳонҳоро дар даври иловагӣ – аз 18-ум то 20-уми июл дар марказҳои имтиҳонии танҳо шаҳри Душанбе месупоранд.
Хотиррасон мекунем, ки маблағи хизматрасонӣ барои иштирок дар ИМД чунин муқаррар гардидааст:
1) барои шахсоне, ки дар марҳалаи иловагии бақайдгирӣ (аз 12-ум то 30-юми июн) худро номнавис кардан мехоҳанд – 250 сомонӣ;
2) барои довталабоне, ки аз 1-уми март то 30-юми апрел номнавис шудаанду дар марҳалаи иловагии азнавбақайдгирӣ (аз 12-ум то 20-уми июн) интихобҳои худро иваз кардан мехоҳанд – 250 сомонӣ;
3) барои довталабоне, ки дар марҳалаи иловагии бақайдгирӣ (аз 12-ум то 30-юми июн) худро номнавис мекунанду боз интихобҳои аввалияи худро иваз кардан мехоҳанд – 25 сомонӣ.
Тибқи тартиби муқарраршуда шахсони зерин аз пардохти маблағи хизматрасонӣ дар ИМД озоданд:
- ятимони кул ва бепарасторони то 21-сола;
- маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва “кӯдакони маъюб”-е, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд.
Тибқи тартиби мазкур, шахсони зерин барои иштирок дар ИМД‑2018 аз маблағи муайяншуда танҳо 50 %-ро, яъне – 125 (яксаду бисту панҷ) сомонӣ пардохт мекунанд:
- шахсони то 21-солае, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд;
- маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва “кӯдакони маъюб”.
Маблағи хизматрасонӣ дар ИМД бояд пеш аз бақайдгирӣ дар яке аз филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе пардохт карда шавад.
1. Рӯйхати нуқтаҳои бақайдгирӣ барои марҳалаи иловагии бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ
Р.т. |
Муассисаи таълимие, ки нуқтаи бақайдгирӣ дар он ҷойгир аст |
||
ном |
нишонӣ |
нуқтаи роҳнамо |
|
1. |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 70-и ба номи 15-солагии Конститутсияи Тоҷикистон |
шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ, 15 |
хонаҳои Қайроққум дар роҳи бетонӣ (дар муқобили шаҳраки донишҷӯёни ДМТ) |
2. |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 100 |
шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Назаршоев, 17 |
сариистгоҳи роҳи оҳан, рӯбарӯи маркази савдои “Ёқут-2000” |
2. Рӯйхати ҳуҷҷатҳое, ки довталаб дар марҳалаи иловагии бақайдгирӣ бояд пешниҳод намояд:
1) асл ва нусхаи шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият бо сурат, ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст;
2) ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот:
- маълумотнома (бо муҳр ва сурат) аз муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ дар бораи хатмкунандаи синфи 11-ум (барои хатмкунандаҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ);
- маълумотнома (бо муҳр ва сурат) аз муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ (барои хатмкунандаҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар бораи хатмкунанда будан);
- маълумотнома (бо муҳр ва сурат) аз муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар хусуси хатмкунанда будан (барои хатмкунандаҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ);
- асл ва нусхаи аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ (барои онҳое, ки синфи 11-умро хатм намудаанд);
- асл ва нусхаи диплом дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ (барои онҳое, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбиро хатм кардаанд);
- асл ва нусхаи диплом дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ (барои онҳое, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбиро хатм намудаанд);
3) расид (квитансия)-и пардохти маблағ аз яке аз филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” (ҳаҷми маблағро ҳар сол Марказ муайян менамояд);
4) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи имтиёзҳо (агар дошта бошад), аз ҷумла:
- хулосаи Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (маълумотномаи силсиладор) дар бораи маъюби гурӯҳи 1-ум ё 2-юм ё кӯдаки маъюб будани довталаб, агар тибқи хулосаи хадамоти мазкур барои онҳо аз рӯйи ихтисосҳои интихобкардаашон таҳсил манъ карда нашуда бошад (асл ва нусхаи тасдиқкардаи ин мақомот);
- хатти вафоти падар ва модар, шаҳодатнома дар бораи таваллуди довталаб – барои ятимони кулли то 21-сола (асл ва нусхаи нотариалӣ тасдиқшуда);
- қарори мақоми васояту парастории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ё ноҳияи дахлдор дар бораи бепарастор будани довталаб – барои бепарасторони то 21-сола (асл ва нусхаи тасдиқкардаи ин мақомот);
- хатти вафоти падар ё модар, шаҳодатнома дар бораи таваллуди довталаби то 21‑сола – барои фарзанди хизматчии ҳарбие, ки ҳангоми иҷрои уҳдадории хизмати ҳарбӣ ҳалок гардидааст ё ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ маъюб ё бемор шуда, бар асари он фавтидааст (асл ва нусхаи нотариалӣ тасдиқшуда);
- тавсияномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибият дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ё байналмилалӣ (барои онҳое, ки ҷойи 1‑ум, 2‑юм ё 3‑юмро ишғол намудаанд);
- тавсияномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибият дар озмун ё фестивалҳои тахассусии ҷумҳуриявӣ ё байналмилалии соҳаи санъат ва фарҳанг;
- шаҳодатнома дар бораи дорандаи унвони “Устоди варзиши дараҷаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” ё дараҷаи “Номзад ба устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” будани довталаб (асл ва нусхаи нотариалӣ тасдиқшуда);
- билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи муваққатӣ, ки ба ивази билети ҳарбӣ барои шахсони хизмати ҳарбиро дар Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра адокарда дода шудааст (асл ва нусха).