Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ЭЪЛОН

Нашр шуд: 04 Июли 2018
Диданд: 1356

ЭЪЛОН

Тартиби пешниҳоди ариза барои довталабоне, ки дар имтиҳон (имтиҳонҳо) (даври асосӣ) иштирок карда натавониста, хоҳиши иштирок дар даври иловагии имтиҳонҳоро доранд

Душанбе, 4-уми июли соли 2018

Ба таваҷҷуҳи довталабоне, ки дар давр(ҳо)-и асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ – қисми А (имтиҳони умумӣ) ва (ё) қисми Б (имтиҳони ихтисос) ва (ё) қисми Е (кори хаттӣ (эссе)) иштирок карда натавонистаанд, расонида мешавад, ки даври иловагии имтиҳонҳо барои чунин довталабон аз 18-ум то 20-уми июл ба роҳ монда мешавад.

Тибқи тартиби муқарраргардида, довталабе, ки дар имтиҳон (имтиҳонҳо) (даври асосӣ) иштирок карда натавониста, хоҳиши иштирок дар даври иловагии имтиҳонҳоро дорад, бояд маблағи иловагии мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраркардаи Марказро пардохт карда, ба Марказ ариза пешниҳод намояд.

Дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасонӣ барои як довталаби дар имтиҳон (имтиҳонҳо) (даври асосӣ) иштирокнакарда, ки хоҳиши иштирок дар даври иловагии имтиҳонҳоро дорад, чунин муқаррар карда шудааст:

1) барои иштирок дар ҳамаи қисмҳо А (имтиҳони умумӣ) ва Б (имтиҳони ихтисос) ва Е (кори хаттӣ (эссе)) – 120 сомонӣ;

2) барои иштирок танҳо дар яке аз қисмҳо – А (имтиҳони умумӣ) ё Б (имтиҳони ихтисос) ё Е (кори хаттӣ (эссе)) – 60 сомонӣ.

Хотиррасон мекунем, ки тибқи банди 124-уми Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми марти соли 2018, № 81 тасдиқ гардидааст:

1) шахсони зерин аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) озоданд:

- ятимони кул ва бепарасторони то 21-сола;

- маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва кӯдакони маъюбе, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд.

2) шахсони зерин аз пардохти 50 %-и маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД озоданд:

- шахсони то 21-солае, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд;

- маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва кӯдакони маъюб.

Вобаста ба ин, шахсони аз пардохти 50 %-и маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД озодбуда ҷиҳати иштирок дар ҳамаи қисмҳо – А ва Б ва Е – 60 сомонӣ ва ҷиҳати иштирок танҳо дар яке аз қисмҳо – А ё Б ё Е 30 сомонӣ пардохт мекунанд.

Варақаи аризаро довталаб метавонад аз Маркази миллии тестӣ ё бахши минтақавӣ ё сомонаи он дастрас намояд. Дар ариза бояд маълумоти зарурӣ дар бораи довталаб дода шуда, ба он нусхаи варақаи бақайдгирии довталаб ва расиди бонкӣ дар бораи пардохти маблағи иловагии муқарраргардида илова карда шавад. Пас аз пур кардани варақаи ариза довталаб онро бо замима кардани варақаи бақайдгирӣ ва расиди бонкӣ бояд ба Маркази миллии тестӣ (аз соати 08:00 то соати 17:00) ё маркази имтиҳонӣ (аз соати 09:00 то соати 13:00) пешниҳод намояд. Лозим ба зикр аст, ки бинобар ба раванди имтиҳонҳо ҷалб гардидани кормандони бахшҳои минтақавии шуъбаи ташкил ва идораи имтиҳон дар шаҳру ноҳияҳо қабули аризаҳо дар бахшҳои мазкур ба роҳ монда намешавад. Инчунин, азбаски тибқи талабот ба ариза асли расиди бонкӣ бояд замима карда шавад, аризаҳо бо нусхаи (сканершудаи) расиди бонкӣ тавассути почтаи электронӣ қабул карда намешавад.

Даври иловагии имтиҳонҳо – қисми А (имтиҳони умумӣ) рӯзи 18‑уми июл, қисми Б (имтиҳони ихтисос) рӯзи 19‑уми июл ва қисми Е (кори хаттӣ (эссе)) рӯзи 20‑уми июл танҳо дар марказҳои имтиҳонии шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Муҳлати қабули аризаҳо оид ба масъалаи мазкур аз 5‑ум то 15‑уми июл муқаррар гардидааст. Ба довталабоне, ки барои иҷозат гирифтан ҷиҳати иштирок дар имтиҳонҳои иловагӣ ариза пешниҳод кардаанд, тавсия медиҳем, ки шумораи телефони худро, ки ҳангоми бақайдгирӣ ва ё пешниҳоди ариза қайд кардаанд, фаъол нигоҳ дошта, худ бо телефонҳои дар зер нишондодашуда барои гирифтани маълумоти зарурӣ бо Маркази миллии тестӣ дар тамос шаванд.

Ёдрас менамоем, ки онҳое, ки дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ ё марҳалаи иловагии бақайдгирӣ сабти ном накардаанд, ҳуқуқи иштирок карданро дар даври иловагии имтиҳонҳои надоранд.

 

Нишонӣ ва рақамҳои телефони Маркази миллии тестии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 192 (истгоҳи охири троллейбусҳои рақами 1, рӯбарӯи Боғи фарҳангию фароғатии Айнӣ);

-  телефонҳо: 224 53 68, 224 53 73, 224 53 67, 224 53 66.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон