Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ЭЪЛОМИЯИ МАТБУОТӢ

Нашр шуд: 01 Июли 2018
Диданд: 1190

ЭЪЛОМИЯИ МАТБУОТӢ

Оғози даври асосии имтиҳонҳо – қисми А (имтиҳони умумӣ) ва қисми Б (имтиҳони ихтисос) дар соли 2018

Душанбе, 1-уми июли соли 2018

Имрӯз барои довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) имтиҳони умумӣ – қисми А, ки супоридани он барои ҳамаи довталабон, новобаста аз ихтисосҳои интихобкардаашон, ҳатмӣ аст, оғоз гардид. Ёдрас мекунем, ки қисми А аз се субтест (забони тоҷикӣ; математика; таърихи халқи тоҷик ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ) иборат аст. Дар ин қисми имтиҳон довталаб субтести забони тоҷикиро ҳатман бо забони тоҷикӣ ва субтестҳои дигарро, вобаста аз забони имтиҳонсупорӣ, ки ҳангоми бақайдгирӣ интихоб кардааст, бо забони тоҷикӣ ё русӣ месупорад. Барои ҷавоб додан ба саволҳо ва ҳалли масъалаҳои се субтести қисми А 180 дақиқа муқаррар шудааст.

Имрӯз дар ин имтиҳон иштироки 14331 нафар довталаби дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ номнависшуда, ки гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ)-ро интихоб кардаанд, дар назар аст. Дар соли 2018 шумораи умумии довталабони дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ (аз 1‑уми март то 30‑юми апрел) номнависшуда 94 905 нафарро ташкил дод.

Мувофиқи ҷадвали муқарраршуда даври асосии имтиҳонҳо аз 1-ум то 13‑уми июли соли ҷорӣ дар 47 маркази имтиҳоние, ки тибқи рӯйхати тасдиқкардаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ (Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Рашт, Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Бохтар, Кӯлоб, Восеъ, Данғара, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Шаҳритус ва Хоруғ) ташкил карда шудаанд, баргузор мегардад.

Имтиҳони қисми А барои аз ҳар яке аз гурӯҳҳои ихтисосҳо, тибқи ҷадвалҳои баргузории имтиҳонҳо (даврҳои асосӣ), ки бо дарназардошти ворид гардидани кори хаттӣ (эссе) ба низоми ИМД муқаррар гардидааст, то 7‑уми июл идома меёбад. Хотиррасон мекунем, ки соли ҷорӣ довталабоне, ки гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм (филология, педагогика ва санъат)‑ро интихоб кардаанд, дар баробари қисмҳои А ва Б, кори хаттӣ (эссе) низ бояд нависанд, ки барои он як рӯзи алоҳида (4-уми июл) муайян гардидааст. Вобаста ба ин, довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 3‑юмро интихобкарда рӯзи 3-юми июл қисми А-ро супорида, рӯзи 4‑уми июл кори хаттӣ (эссе) менависанд. Довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ)-ро интихобкарда қисми А-ро рӯзи 5-уми июл месупоранд.

Имтиҳони қисми Б (имтиҳони ихтисос) барои аз ҳар яке аз гурӯҳҳои ихтисосҳо аз 8‑уми июл оғоз гардида, то 13‑уми июл идома меёбад.

Барои довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум (тиб, биология ва варзиш), бинобар аз шумораи ҷойҳои нишасти пешбинишуда зиёд будани шумораи ин довталабон, имтиҳонҳо (ҳам қисми А ва ҳам қисми Б) ба тартиби зерин 2‑рӯзӣ гузаронида мешавад:

- рӯзи аввал – барои довталабоне, ки забони имтиҳонсупориашон тоҷикӣ буда, рақамҳои назоратияшон бо рақами тоқ тамом мешавад ва барои ҳамаи довталабони забони имтиҳонсупориашон русӣ.

- рӯзи дуюм – барои довталабоне, ки забони имтиҳонсупориашон тоҷикӣ буда, рақамҳои назоратияшон бо рақами ҷуфт тамом мешавад.

Раванди имтиҳонҳоро кормандони доимӣ ва муваққатии Марказ, ки шумораи онҳо соли ҷорӣ беш аз 2000 нафарро ташкил медиҳад, идора мекунанд. Имтиҳонҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар бораи он пеш аз оғози имтиҳон дар ҳар як синфхонаи имтиҳонӣ ба довталабон маълумот ва барои риояи талаботу қоидаҳои муқарраршуда дастур дода мешавад, доир карда мешаванд.

Довталаб бояд шарту талаботи барои имтиҳонҳо муқарраршуда, аз ҷумла инҳоро, риоя намояд:

 

1. Бо худ овардани ҳуҷҷату ашёи зерин ҳатмист:

- шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият бо муҳр ва сурат, ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст;

- даъватнома;

- 2 дона ручкаи одии рангаш сиёҳ (рангҳои дигар иҷозат дода намешавад, зеро варақаи ҷавобҳо ва варақаи кори хаттии бо рангҳои дигар қайдшуда аз ҷиҳати технологӣ дуруст коркард намешавад).

Довталаб метавонад дар зарфи шаффоф барои худ оби нӯшокӣ орад.

 

2. Овардани ашёи зерин қатъиян манъ аст:

- ҷузвдон, китоб, ҳар гуна навиштаҳо, дафтар, маводи иттилоотӣ;

- телефони мобилӣ ва дигар таҷҳизоту воситаҳои алоқа ва ҳисоббарор (калкулятор, ноутбук, планшет ва ғайра).

 

3. Дар рафти имтиҳон қатъиян манъ аст:

- суҳбат ва ёрӣ расонидани довталабон ба ҳамдигар;

- бе иҷозати маъмури имтиҳон аз ҷой хестан ва ё дар синфхона рафтуомад кардани довталаб;

- додугирифти довталабон варақаи ҷавобҳо ва (ё) варақаи кори хаттӣ (эссе)-ро байни ҳамдигар;

- ашё ва маводеро, ки истифодаашон дар имтиҳон мамнуъ аст, бо худ доштани довталоб.

Агар довталаб талаботи мазкурро вайрон кунад, маъмури имтиҳон дар ин хусус санад тартиб дода, ӯро аз имтиҳон хориҷ мекунад ва кори имтиҳонии довталаб аз эътибор соқит дониста мешавад.

Тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ҳуқуқҳои шахсӣ ба арзёбии воқеӣ (объективӣ) ва ҳалли масъалаҳои баҳсталаби марбут ба тартиби гузаронидани имтиҳонҳо ба довталаб ҳуқуқи додани аризаи апеллятсионӣ дар шакли хаттӣ дар бораи вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳонҳо дода мешавад.

Аризаи апеллятсионӣ дар бораи вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи баргузории ИМД, ки бояд бо далелҳо асоснок карда шуда бошад, рӯзи имтиҳон, то баромадан аз маркази имтиҳонӣ ба номи роҳбари маркази имтиҳонӣ пешниҳод карда мешавад.

Агар тартиби баргузории имтиҳонҳо вайрон карда шуда, ба натиҷаи имтиҳонсупории довталаб таъсири манфӣ расонда бошад, ӯ дар ин бора аризаи апеллятсиониро дар рӯзи имтиҳон аз маркази имтиҳонӣ набаромада бояд пешниҳод намояд.

Шакли аризаи апеллятсионӣ дар бораи вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи баргузории ИМД-ро ба довталаб тибқи дархосташ роҳбари маркази имтиҳонӣ медиҳад.

Довталаб шакли аризаи апеллятсионӣ дар бораи вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳонҳои ИМД-ро пур карда, ба роҳбари маркази имтиҳонӣ месупорад. Роҳбари маркази имтиҳонӣ уҳдадор аст, ки довталабро аз муҳлати баррасӣ ва пешниҳоди натиҷаи баррасии аризаи апеллятсионӣ огоҳ намояд.

Комиссияи апеллятсионӣ хулосаи комиссияи кории маркази имтиҳонӣ ва маводи дахлдорро баррасӣ намуда, (1) дар сурати қонеъ гардонидани аризаи апеллятсионӣ қарор қабул менамояд, ки натиҷаи имтиҳони довталаб аз эътибор соқит дониста, ба ӯ дар имтиҳонҳои иловагӣ имконияти супоридани имтиҳони дахлдор дода шавад; (2) дар сурати беасос донистани даъвои довталаб қарор қабул менамояд, ки аризаи апеллятсионии довталаб рад карда шуда, натиҷаи имтиҳони ӯ бетағйир мононда шавад.

Натиҷаҳои баррасии аризаҳо ва қарори қабулшуда бо протоколи баррасии аризаи апеллятсионӣ дар бораи вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи баргузории ИМД ба расмият дароварда мешавад.

Комиссияи апеллятсионӣ довталаб ё намояндаи қонунии ӯро аз қарори қабулкардаи комиссияи апеллятсионӣ огоҳ месозад.

Ҷавобҳои дуруст (калидҳо)-и саволу масъалаҳои тест дар давраи баргузории имтиҳонҳо ҳамарӯза пас аз анҷоми имтиҳонҳо дар сомонаи Марказ ба нашр мерасанд. Ин ба довталаб имкон медиҳад, ки ӯ дар асоси нусхаи варақа(ҳо)и ҷавобҳояш, ки дар кабинети инфиродияш гузошта шудаанд ва ҷавобҳои дуруст – калидҳои саволу масъалаҳои тести дар сомонаи Марказ нашршуда холҳояшро аз ҳар субтести имтиҳон мустақилона ҳисоб кунад. Ҳамчунин то нашри варақа(ҳо)и ҷавобҳо дар кабинети инфиродияш довталаб метавонад бо истифода аз китобчаи тест, ки дар дасташ аст, холҳои бадастовардаашро мустақилона ҳисоб кунад. Варақаи кори хаттӣ (эссе)-и довталаб низ пас аз нусхабардорӣ дар шакли аввала, яъне бе тафтиш дар кабинети инфиродии довталаб ҷой дода мешавад. Довталабон имкон доранд, ки варақаҳои кори хаттӣ (эссе)-и худро аз кабинети инфиродияшон чоп ва эссеи навиштаашонро мустақилона ё ҳамроҳи омӯзгорони худ аз рӯйи меъёрҳои муқарраргардида, ки маълумоти муафссал дар бораи он дар сомонаи Марказ ҷойгир карда шудааст, санҷанд.

Бинобар ба низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (ИМД) ворид гардидани кори хаттӣ (эссе) эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо (хол ва балҳои бадастовардаи ҳар яке аз довталабон ва ба озмуни тақсимот роҳ ёфтан ё наёфтани онҳо) соли ҷорӣ 30‑юми июл ба нақша гирифта шудааст.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон