Душанбе, 23-юми июни соли 2018
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳру ноҳияҳо, вобаста аз нишондиҳандаҳои таъминоташон бо табибон ва кормандони миёнаи тиб, коэффитсиентҳо муқаррар кардааст.
Хотиррасон менамоем, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон коэффитсиент ба бали аз қисми Б бадастовардаи довталабе илова карда мешавад, ки хатмкунанда ё хатмкардаи муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбии шаҳр ё ноҳияи ба он коэффитсиент муқарраршуда буда, дар ҳамин шаҳр ё ноҳия истиқомат дорад. Агар довталаб муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбиро дар як шаҳр ё ноҳияи ба он коэффитсиент муқарраршуда хатм карда бошаду сокини шаҳр ё ноҳияи дигари ба он низ коэффитсиент муқарраршуда бошад, ба бали аз қисми Б бадастовардаи ӯ коэффитсиенти муқарраршудаи шаҳр ё ноҳияе, ки ӯ дар он истиқомат мекунад, илова карда мешавад.
Коэффитсиент ба бали аз қисми Б бадастовардаи довталаб тибқи тартиби муқарраргардида баъди имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавиро бомуваффақият супурданаш (танҳо дар сурати аз ҳамаи субтестҳои қисмҳои А ва Б холҳои гузаришро соҳиб шудани довталаб) илова карда мешавад.
Агар довталаб ҳуқуқи соҳиб гаштанро ба коэффитсиенти муқарраргардида ва ҳам бали имтиёзӣ дошта бошад, дар сурати зиёд будани бали имтиёзияш аз бали коэффитсиент ба бали бадастовардааш бали имтиёзӣ ва дар акси ҳол, бали коэффитсиент илова карда мешавад.
Лозим ба қайд аст, ки коэффитсиентҳо ҳангоми қабул ба ҷойҳои буҷетии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» ва ҷойҳои буҷетии ихтисоси «Кори момодоягӣ»-и муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии тиббӣ татбиқ мегардад.
Довталабе, ки ҳуқуқи соҳиб шудан ба коэффитсиентро дорад, дар ҳолати аз як ё якчанд субтест хол(ҳо)-и гузаришро соҳиб нашуданаш, ин ҳуқуқро аз даст дода, дар озмуни тақсимот низ иштирок карда наметавонад.
Барои шиносоӣ ба Шумо ҷадвали коэффитсиентҳои шаҳру ноҳияҳои дахлдор пешниҳод мегардад.
Дар ҷадвали 1 шаҳру ноҳияҳое номбар шудаанд, ки вобаста ба нишондиҳандаи таъминоташон бо табибон ба довталабони ин шаҳру ноҳияҳо ҳангоми дохил шудан ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» барои ҷойҳои буҷетӣ коэффитсиент пешбинӣ шудааст.
Ҷадвали 1.
Р/Т |
Шаҳр/ноҳия |
Коэффитсиенти пешбинишуда |
1. |
н. Ҳамадонӣ |
1,05 |
2. |
н. Шамсиддин Шоҳин |
1,05 |
3. |
н. Хуросон |
1,05 |
4. |
Н. Сарбанд |
1,05 |
5. |
н. Шаҳритус |
1,05 |
6. |
н. Қубодиён |
1,05 |
7. |
н. Ҷайҳун |
1,05 |
8. |
н. Айнӣ |
1,05 |
9. |
н. Деваштич |
1,05 |
10. |
н. Шуғнон |
1,05 |
11. |
н. Мурғоб |
1,05 |
12. |
н. Лахш |
1,05 |
13. |
н. Рашт |
1,05 |
14. |
н. Данғара |
1,05 |
15. |
н. Варзоб |
1,05 |
16. |
н. Файзобод |
1,05 |
17. |
н. Кӯҳистони Мастчоҳ |
1,05 |
18. |
н. Муъминобод |
1,1 |
19. |
н. Ховалинг |
1,1 |
20. |
н. Восеъ |
1,1 |
21. |
н. Вахш |
1,1 |
22. |
н. Ёвон |
1,1 |
23. |
н. Абдураҳмони Ҷомӣ |
1,1 |
24. |
н. Балҷувон |
1,1 |
25. |
н. Носири Хусрав |
1,1 |
26. |
н. Роштқалъа |
1,1 |
27. |
н. Кӯшониён |
1,15 |
28. |
н. Кӯлоб |
1,15 |
29. |
н. Темурмалик |
1,15 |
30. |
н. Нуробод |
1,15 |
Дар ҷадвали 2 шаҳру ноҳияҳое номбар шудаанд, ки вобаста ба нишондиҳандаи таъминоташон бо момодояҳо ба довталабони ин шаҳру ноҳияҳо ҳангоми дохил шудан ба коллеҷҳои тиббӣ аз рӯйи ихтисоси “Кори момодоягӣ” барои ҷойҳои буҷетӣ коэффитсиент пешбинӣ шудааст.
Ҷадвали 2.
Р/Т |
Шаҳр/ноҳия |
Коэффитсиенти пешбинишуда |
1. |
н. Ашт |
1,05 |
2. |
н. Айнӣ |
1,1 |
3. |
н. Спитамен |
1,1 |
4. |
ш. Бӯстон |
1,05 |
5. |
ш. Исфара |
1,05 |
6. |
н. Панҷ |
1,05 |
7. |
н. Дарвоз |
1,05 |
8. |
н. Кӯшониён |
1,05 |
9. |
н. Деваштич |
1,1 |
10. |
н. Зафаробод |
1,05 |
11. |
н. Ҷаббор Расулов |
1,1 |
12. |
ш. Истаравшан |
1,05 |
13. |
н. Ҷалолиддини Балхӣ |
1,1 |
14. |
н. Восеъ |
1,05 |
15. |
н. Фархор |
1,05 |
16. |
н. Шамсиддин Шоҳин |
1,05 |
17. |
н. Носири Хусрав |
1,05 |
18. |
ш. Хоруғ |
1,05 |
19. |
н. Лахш |
1,05 |
20. |
н. Файзобод |
1,1 |
21. |
н. Роштқалъа |
1,1 |
22. |
ш. Роғун |
1,15 |
23. |
н. Балҷувон |
1,15 |
24. |
н. Варзоб |
1,15 |
25. |
н. Рашт |
1,15 |
26. |
н. Нуробод |
1,15 |
27. |
н. Шаҳринав |
1,15 |
28. |
ш. Истиқлол |
1,15 |
29. |
н. Мастчоҳ |
1,15 |
30. |
н. Кӯҳистони Мастчоҳ |
1,15 |
31. |
ш. Норак |
1,15 |
32. |
н. Хуросон |
1,15 |
33. |
н. Абдураҳмони Ҷомӣ |
1,1 |
34. |
н. Ҷайҳун |
1,15 |
35. |
н. Данғара |
1,15 |
36. |
н. Муъминобод |
1,15 |
37. |
н. Темурмалик |
1,15 |
38. |
н. Ховалинг |
1,15 |
39. |
ш. Сарбанд |
1,15 |
40. |
н. Сангвор |
1,15 |
41. |
н. Тоҷикобод |
1,05 |
42. |
н. Дӯстӣ |
1,05 |
43. |
н. Қубодиён |
1,1 |
44. |
н. Ишкошим |
1,1 |
45. |
н. Вахш |
1,1 |
46. |
н. Ёвон |
1,15 |
47. |
ш. Кӯлоб |
1,15 |
48. |
н. Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ |
1,05 |
49. |
ш. Гулистон |
1,05 |
50. |
ш. Конибодом |
1,05 |
51. |
ш. Панҷакент |
1,15 |
52. |
н. Бобоҷон Ғафуров |
1,05 |