Душанбе, 26-уми июни соли 2018
Дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои намояндагони ваколатдори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марказҳои имтиҳонӣ семинари омӯзишӣ гузаронида шуд. Баъди арзёбии донишу маҳораташон шахсони дар семинар ширкатварзида ба марказҳои имтиҳонӣ барои назорати ташкилу гузаронидани имтиҳонҳо, дар баробари кормандони Марказ, аз 1-уми июл то 13-уми июл сафарбар карда хоҳанд шуд. Намояндагони ваколатдори Марказ барои назорати рафти имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ ва тибқи тартиботи муқарраршуда доир намудани он уҳдадоранд.