Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ЭЪЛОН

Нашр шуд: 18 Июни 2015
Диданд: 907

ЭЪЛОН

БАҚАЙДГИРИИ ИЛОВАГИИ ДОВТАЛАБОН БАРОИ ИШТИРОК ДАР ИМД-2015

Душанбе, 18-уми июни соли 2015

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки барои шахсоне, ки бо сабаби узрноки бо ҳуҷҷат тасдиқшуда дар давраи бақайдгирии асосӣ (аз 2‑юми март то 30‑юми апрел) аз қайд гузашта натавонистаанд, аз ҷумла шахсоне, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ, таҳсил ё табобат берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар хизмати ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштанд ва мақсади иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавиро доранд, бақайдгирии иловагӣ баргузор мегардад.

Бақайдгирии иловагӣ аз 20‑ум то 30‑юми июни соли 2015 дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 192) доир карда мешавад.

Барои гузаштан аз бақайдгирии иловагӣ бояд ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда шавад:

1) ариза барои иҷозати гузаштан аз бақайдгирии иловагӣ ҷиҳати иштирок дар ИМД-2015 (шакли аризаро бояд аз Марказ дастрас кард);

2) асл ва нусхаи шиноснома ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият бо сурат, ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст;

3) асл ва нусхаи шиносномаи хориҷӣ бо муҳри убури марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои шахсоне, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанд);

4) асл ва нусхаи билет (шаҳодатнома)‑и ҳарбӣ (барои шахсоне, ки муҳлати хизматашон дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз давраи бақайдгирӣ ба анҷом расидааст);

5) асл ва нусхаи аттестати хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ё дипломи хатми муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ;

6) расиди пардохти маблағ дар яке аз филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” барои иштирок дар ИМД-2015.

Арзиши хизматрасонӣ дар ИМД 170 (яксаду ҳафтод) сомонӣ буда, ятимони кулл ва бепарасторон, ки хоҳиши иштирок дар имтиҳонҳои мазкурро доранд, аз пардохти маблағ пурра озоданд. Довталабоне, ки падар ё модарашон вафот кардаанд, барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ танҳо 50 дарсади маблағи муайяншударо – 85 сомонӣ пардохт мекунанд.

Довталабони имтиёздор бояд ҳангоми бақайдгирӣ ҳуҷҷатҳои дахлдори зеринро пешниҳод кунанд:

- хатти вафоти падару модар (асл ва нусха) ва шаҳодатнома дар бораи таваллуд (асл ва нусха) – барои ятимони кулл;

- хатти вафоти падар ё модар (асл ва нусха) ва шаҳодатнома дар бораи таваллуди довталаб (асл ва нусха) – барои ятимон;

- ҳуҷҷати тасдиқкунанда дар бораи бепарастор будан, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ додааст (асл ва нусха) – барои шахсоне, ки бепарастор ҳастанд.

Маблағ бояд пеш аз бақайдгирӣ дар яке аз филиалҳои зерини Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе пардохт карда шавад:

1) филиали № 04 н. Сино (кӯчаи Саъдии Шерозӣ, 45 (собиқ мағозаи “Моҳи нав”), тел. 600-90-47);

2) филиали № 05 н. Исмоили Сомонӣ (кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ, 14/1 (назди МТМУ № 70, хонаҳои Қайроққум), тел. 600-90-51);

3) филиали № 06 н. Фирдавсӣ (кӯчаи Борбад, 94/1 (назди маркази савдои “Мардон”), тел. 600-90-46);

4) филиали № 07 н. Шоҳмансур (хиёбони Рӯдакӣ, 2а (Саристгоҳи роҳи оҳан), тел. 600-90-36).

Хотиррасон мекунем, довталабоне, ки ҳангоми бақайдгирии асосӣ аз қайд нагузаштаанд, дар ин давра ба қайд гирифта намешаванд.

Дар зарурат метавонед бо телефонҳои хатти мустақим (24 53 66, 224 53 67, 224 53 68) маълумоти иловагӣ гиред.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон