Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ҶАДВАЛИ БАРГУЗОРИИ ИМТИҲОНҲО – ҚИСМҲОИ А, Б, В ВА Г

Нашр шуд: 05 Июни 2018
Диданд: 1048

Душанбе, 5-уми июни соли 2018

Ба таваҷҷуҳи довталабон мерасонем, ки баъд аз ҷамъбасти марҳалаи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соли 2018 ҷадвалҳои баргузории имтиҳонҳо (даврҳои асосӣ ва иловагӣ) – қисмҳои А (имтиҳони умумӣ), Б (имтиҳони ихтисос), В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус) ва Г (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ) дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2018 тасдиқ гардид.

Хотиррасон менамоем, ки маълумоти мушаххас дар бораи макон ва замони имтиҳонсупории ҳар як довталаб дар даъватномааш қайд гардидааст. Инчунин, маълумоти мазкур барои ҳар як довталаб дар кабинети инфиродияш дастрас аст. Раванди фиристодани даъватномаҳо ба довталабон тибқи макони нишондодаашон дар вақти бақайдгирӣ ва ҷойгир кардани нусхаи электронии онҳо дар кабинетҳои инфиродии довталабон аллакай оғоз гардид.

Довталаб бояд даъватномаашро аз ҷойе, ки онро дар вақти бақайдгирӣ нишон додааст, дастрас кунад. Дар ҳолати дастрас нагардидани даъватнома ва ё гум шудани он довталаб нусхаи электронии даъватномаашро аз кабинети инфиродиаш сабт ва чоп карда метавонад.

Лозим ба зикр аст, ки ҷадвалҳои баргузории имтиҳонҳо (даврҳои асосӣ ва иловагӣ) – қисмҳои А (имтиҳони умумӣ) ва Б (имтиҳони ихтисос) бо назардошти ворид гардидани кори хаттӣ (эссе) ба низоми ИМД муқаррар гардидааст. Хотиррасон мекунем, ки соли ҷорӣ довталабоне, ки гурӯҳи ихтисосҳои 3‑юм (филология, педагогика ва санъат)‑ро интихоб кардаанд, дар баробари қисмҳои А ва Б, кори хаттӣ (эссе) бояд нависанд, ки барои он як рӯзи алоҳида (4-уми июл) ҷудо гардидааст. Вобаста ба ин, довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 3‑юмро интихобкарда рӯзи 3-юми июл қисми А-ро супорида, рӯзи 4‑уми июл кори хаттӣ (эссе) менависанд. Довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ)-ро интихобкарда қисми А-ро рӯзи 5-уми июл месупоранд.

Ёдрас мекунем, ки қисми Г (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ)-ро, дар баробари қисмҳои А ва Б, довталабоне месупоранд, ки комбинатсияҳои ихтисосҳои пешниҳодкардаи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанберо интихоб кардаанд. Қисми Г дар филиали мазкур доир карда мешавад.

 

I. Ҷадвали баргузории имтиҳонҳо (даври асосӣ) – қисмҳои А (имтиҳони умумӣ), Б (имтиҳони ихтисос) ва В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус) дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018

 

1. Қисми А (имтиҳони умумӣ)

Гурӯҳи ихтисосҳо

Рӯзи баргузории имтиҳон

1-ум (табиӣ ва техникӣ)

1‑уми июл

Якшанбе

2-юм (география ва иқтисод)

2‑юми июл

Душанбе

3-юм (филология, педагогика ва санъат)

3‑юми июл

Сешанбе

4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ)

5‑уми июл

Панҷшанбе

5-ум (тиб, биология ва варзиш)*

6‑уми июл

Ҷумъа

5-ум (тиб, биология ва варзиш)**

7‑уми июл

Шанбе

 

2. Кори хаттӣ (эссе) барои довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм (филология, педагогика ва санъат) – 4‑уми июл (чоршанбе).

3. Қисми Б (имтиҳони ихтисос)

Гурӯҳи ихтисосҳо

Рӯзи баргузории имтиҳон

1-ум (табиӣ ва техникӣ)

8‑уми июл

Якшанбе

2-юм (география ва иқтисод)

9‑уми июл

Душанбе

3-юм (филология, педагогика ва санъат)

10‑уми июл

Сешанбе

4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ)

11‑уми июл

Чоршанбе

5-ум (тиб, биология ва варзиш)*

12‑уми июл

Панҷшанбе

5-ум (тиб, биология ва варзиш)**

13‑уми июл

Ҷумъа

 

Эзоҳ:

Мутобиқи банди 128-уми «Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми марти соли 2018, № 81 тасдиқ шудааст, барои довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум (тиб, биология ва варзиш) бинобар аз шумораи ҷойҳои нишасти пешбинишуда зиёд будани шумораи ин довталабон имтиҳонҳо (ҳам қисми А ва ҳам қисми Б) ба тартиби зерин 2-рӯзӣ гузаронида мешавад:

*рӯзи аввал – барои довталабоне, ки забони имтиҳонсупориашон тоҷикӣ буда, рақамҳои назоратияшон бо рақами тоқ тамом мешавад ва ҳамаи довталабони забони имтиҳонсупориашон русӣ.

**рӯзи дуюм – барои довталабоне, ки забони имтиҳонсупориашон тоҷикӣ буда, рақамҳои назоратияшон бо рақами ҷуфт тамом мешавад.

 

4. Қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус) – аз 28‑уми июн то 14‑уми июл дар муассисаҳои таълимии дахлдор.

 

II. Ҷадвали баргузории имтиҳонҳо (даври иловагӣ) – қисмҳои А (имтиҳони умумӣ), Б (имтиҳони ихтисос) ва В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус) дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018

 

1. Қисми А (имтиҳони умумӣ)

Гурӯҳи ихтисосҳо

Рӯзи баргузории имтиҳон

Барои ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо (1-ум – 5‑ум)

18‑уми июл

Чоршанбе

 

2. Қисми Б (имтиҳони ихтисос)

Гурӯҳи ихтисосҳо

Рӯзи баргузории имтиҳон

Барои ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо (1-ум – 5‑ум)

19‑уми июл

Панҷшанбе

 

3. Кори хаттӣ (эссе) барои довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм (филология, педагогика ва санъат) – 20‑уми июл (ҷумъа).

 

4. Қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус) – рӯзҳои 13‑ум ва 14‑уми июл дар муассисаҳои таълимии дахлдор.

 

III. Ҷадвали баргузории имтиҳонҳо (даври асосӣ) – қисми Г (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ) дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018

 

Гурӯҳи ихтисосҳо

Имтиҳон

Нақли хаттӣ

фан

рӯз

забон

рӯз

1-ум (табиӣ ва техникӣ)

Математика (хаттӣ)

28.06.2018

(соати 8:00)

Забони русӣ

04.07.2018

(соати 8:00)

2-юм (география ва иқтисод)

Математика (хаттӣ)

28.06.2018

(соати 8:00)

Забони русӣ

04.07.2018

(соати 8:00)

3-юм (филология, педагогика ва санъат)

Забони англисӣ (хаттӣ)

26.06.2018

(соати 14:00)

Забони русӣ

01.07.2018

(соати 8:00)

4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ)

Таърих (хаттӣ)

26.06.2018

(соати 8:00)

Забони русӣ

01.07.2018

(соати 8:00)

5-ум (тиб, биология ва варзиш)

Химия (хаттӣ)

26.06.2018

(соати 14:00)

Забони русӣ

01.07.2018

(соати 8:00)

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон