Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ
      • Ҳуҷҷатҳои ММТ
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2023
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2023
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2023-2024 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
  • Саволу ҷавоб

Нақшаи бақайдгирӣ 90% иҷро шуд

Нашр шуд: 25 Апрели 2013
Диданд: 1294

25 апрели соли 2013. Дар давоми 10 рӯзи бақайдгирӣ дар 7 нуқтаи бақайдгирӣ, ки аз тарафи Муассисаи давлатии “Маркази миллии тестӣ” дар чор минтақаи ҷумҳурӣ: шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Хуҷанд ва Хоруғ таъсис дода шудааст, зиёда аз 5404 нафар хоҳишмандон барои иштирок дар Озмоиши калони низоми имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайд гузаштанд. Шумораи хоҳишмандоне, ки аз қайд гузаштаанд, 90 фоизи иҷрои бақайдгирии банақшагирифташударо дар доираи озмоиши мазкур ташкил медиҳад. Лозим ба тазаккур аст, ки таваҷҷуҳи зиёди хоҳишмандон ба тахассусҳои кластери 5 (тиббӣ, биологӣ ва варзиш) равона карда шудааст.

Бояд қайд намуд, ки озмоиши мазкур бо иштироки зиёда аз 6000 нафар хонандагони синфҳои 10-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ новобаста аз ҷойи истиқомат гузаронида мешавад. Давраи бақайдгирӣ то 30 апрели соли ҷорӣ давом меёбад ва дар сурати шумораи иштирокчиён ба 6000 нафар расидан бақайдгирӣ метавонад пеш аз муҳлат ба анҷом расад.

Маълумотнома: Ҷиҳати амалӣ намудани банди 12 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19.01. с.2013 №23 дар бораи аз соли 2014 сар карда, мутамарказ ба роҳ мондани қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва иҷрои фармоиши вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24.01. с. 2013 № 161 оид ба Озмоиши низоми ИМД ба МТОК Муассисаи давлатии “Маркази миллии тестӣ” Низоми нави имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуд.

Бо мақсади санҷиши тартиб, расмиёт ва ҷузъиёти низоми ИМД ба МТОК Маркази миллии тестӣ дар давоми моҳҳои март-июни соли 2013 дар ҷумҳурӣ ОЗМОИШ-и низоми навро мегузаронад.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Марказҳои имтиҳонӣ барои баргузории ИМД-2023Марказҳои имтиҳонӣ барои баргузории ИМД-2023
  • Нақшаи қабули с.т. 2023-2024 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2023-2024 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Роҳнамои довталаб – 2023Роҳнамои довталаб – 2023
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2023Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2023
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2023ТАҚВИМИ ИМД – 2023
  • Тарзи истифодаи кабинети инфиродӣТарзи истифодаи кабинети инфиродӣ

Мақолаҳо

 Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2023 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон