Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ
      • Ҳуҷҷатҳои ММТ
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД-2021
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2021
    • Ҳисоботи даврӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2021
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2021-2022 (руйхати ихтисосҳо)
    • Ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷоди ва маҳорати махсус
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
  • Саволу ҷавоб

ЭЪЛОН ДАР БОРАИ ҶОЙҲОИ КОРИИ ХОЛӢ

Нашр шуд: 20 Январи 2021
Диданд: 941

 

МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ

НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои сардори бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳон дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияи Данғара ва мутахассиси бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳон дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва ноҳияи Данғара озмун эълон менамояд.

 

Вазифаи сардори бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳон:

- дар шаҳри Хуҷанд (1 ҷой);

- дар шаҳри Бохтар (1 ҷой);

- дар шаҳри Кӯлоб (1 ҷой);

- дар ноҳияи Данғара (1 ҷой).

 

Талаботи тахассусӣ ба вазифаи сардори бахши минтақавии раёсати ташкил  ва идораи имтиҳон:

 

  • таҳсилоти олии касбӣ (омӯзиш дар соҳаҳои омӯзгорӣ ё информатика ва ё менеҷмент, аз ҷумла дар курсҳои кӯтоҳмуддат бо пешниҳоди сертификат, бартарӣ дониста мешавад);
  • собиқаи кории на камтар аз 5-сола дар соҳаи дахлдор;
  • доштани таҷрибаи идоракунии чорабиниҳои калонмиқёс дар сатҳи баланд;
  • қобилияти идораи кормандони касбию маъмурӣ ва таъмини роҳбаладии устувор ва босамари онҳо;
  • малакаи хуби бурдани гуфтушунидҳо ва муошират дар аудитория ва сатҳи гуногун;
  • қобилияти кор бо шарикони дигари Марказ дар сатҳҳои гуногуни минтақаи фаъолияти ба ӯ вобастакардашуда;
  • қобилияти ҳамкории доимӣ доштан бо кормандони Марказ ҷиҳати баррасию ҳалли мушкилоти мавҷуда ва пешниҳоди машваратҳои стратегӣ ва тавсияҳо ба роҳбарияти Марказ;
  • донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ бартарӣ дониста мешавад);
  • малакаи кор бо компютер, аз ҷумла донистан ва истифода карда тавонистани барномаҳои Ms Word, Ms Excel, Ms Outlook, Ms PowerPoint ва қобилияти омода кардани маводди зарурӣ дар шакли электронӣ тавассути барномаҳои гуногуни компютерӣ ва аз интернет истифода карда тавонистан;
  • малакаи хуби анҷом додани мукотиботи расмию корӣ, таҳлилу хулосабарорӣ ва омода намудани ҳисоботу гузоришҳо. 

 

Вазифаи мутахассиси бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳон:

- дар шаҳри Хуҷанд (1 ҷой);

- дар шаҳри Бохтар (1 ҷой);

- дар ноҳияи Данғара (1 ҷой).

 

Талаботи тахассусӣ ба вазифаи мутахассиси бахши минтақавии раёсати ташкил  ва идораи имтиҳон:

  • таҳсилоти олии касбӣ;
  • собиқаи кории на камтар аз 3-сола дар соҳаи дахлдор;
  • қобилияти кори даставӣ (ҳамкорӣ бо кормандони дигари Марказ);
  • донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ бартарӣ дониста мешавад);
  • малакаи кор бо компютер, аз ҷумла донистан ва истифода карда тавонистани барномаҳои Ms Word, Ms Excel, Ms Outlook, Ms PowerPoint, қобилияти омода кардани маводди зарурӣ дар шакли электронӣ тавассути барномаҳои гуногуни компютерӣ ва аз интернет истифода карда тавонистан;
  • малакаи хуби анҷом додани мукотиботи расмию корӣ, таҳлилу хулосабарорӣ ва омода намудани ҳисоботу гузоришҳо.

Озмун тибқи тартиби муқарраргардида гузаронида мешавад. Барои иштирок дар озмун довталабон бояд ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз ҷумла: ариза ва маълумотномаи худро ба забони тоҷикӣ, нусхаи шиноснома, диплому сертификатҳо ва дафтарчаи меҳнатӣ, инчунин маълумотномаро дар бораи доштан ё надоштани доғи судӣ ба Марказ пешниҳод намоянд. Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 31 январи соли 2021, соати 17:00.

 

Нишонӣ:

734003, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 192.

Тел.: (+992 37) 224 53 67, 224 53 68.

Нишонии электронӣ: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.,

Шахси масъул: Давлатова Г.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
  • Роҳнамои довталаб - 2021Роҳнамои довталаб - 2021
  • Намунаи саволу масъалаҳои тестНамунаи саволу масъалаҳои тест

Мақолаҳо

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2021 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон