Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ЭЪЛОН ДАР БОРАИ ҶОЙҲОИ КОРИИ ХОЛӢ

Нашр шуд: 03 Апрели 2019
Диданд: 2160

Душанбе, 3-юми апрели соли 2019

МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ

НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Эълони озмун дар бораи ҷойи корӣ

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои мутахассиси раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот, хазинадори шуъбаи молия, мутахассиси раёсати ташкил ва идораи имтиҳон ва сармутахассиси веб-технологияҳои раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ озмун эълон менамояд.

 

Талаботи тахассусӣ барои вазифаи мутахассиси раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот

Мутахассиси раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот барои анҷоми корҳои марбут ба кадрҳо ва коргузорӣ вазифадор буда, бояд ба талаботи тахассусии зерин ҷавобгӯй бошад:

- таҳсилоти олии касбӣ дар соҳаи ҳуқуқ, ҳуҷҷатнигорӣ ва ё соҳаи ба ҳаминҳо монанд (омӯзиш дар курсҳои махсус бо пешниҳоди сертификат бартарӣ дониста мешавад);

- таҷрибаи кории на кам аз 3 сол дар вазифаҳои марбут ба кадрҳо ва коргузорӣ (таҷрибаи корӣ дар вазорату кумитаҳо бартарӣ дорад);

- малакаи муошират ва саводнокӣ (хаттӣ) дар сатҳи баланд ва гуфтушунид бо гурӯҳҳои гуногуни касбӣ, техникӣ ва умумӣ;

- қобилияти кор кардан бо риояи пурраи талаботи бехатарии иттилоот ва махфӣ нигоҳ доштани маълумот;

- қобилияти фаврӣ амал кардан ҳангоми ба миён омадани масъалаҳои таъхирнопазир;

- малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);

- малакаи кор бо компютер, аз ҷумла донистан ва истифода карда тавонистани барномаҳои корбурдии MS Office (Word, Excel, PowerPoint, Outlook). Маҳорати кор бо шабакаи Интернет ва истифода аз имкониятҳои он (малакаи худкорсозӣ (автоматизатсия)-и корҳои марбут ба кадрҳо ва коргузорӣ афзалият дорад).

 

Талаботи тахассусӣ барои вазифаи хазинадори шуъбаи молия

Хазинадори шуъбаи молия барои анҷоми корҳои марбут бо баҳисобгирии муҳосибӣ (хазинадорӣ) вазифадор буда, бояд ба талаботи тахассусии зерин ҷавобгӯй бошад:

- таҳсилоти  олӣ ё миёнаи касбӣ дар соҳаи муҳосибот ё иқтисод;

- таҷрибаи кории на кам аз 3 сол дар вазифаи муҳосиб-хазинадор;

- донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои методию меъёрии алоқаманд ба самти хазинадорӣ;

- малакаи муошират (шифоҳӣ ва хаттӣ) дар сатҳи баланд ва гуфтушунид бо гурӯҳҳои гуногуни касбӣ, техникӣ ва умумӣ;

- қобилияти кор кардан бо риояи пурраи талаботи бехатарии иттилоот ва махфӣ нигоҳ доштани маълумот;

- қобилияти фаврӣ амал кардан ҳангоми ба миён омадани масъалаҳои таъхирнопазир;

- малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ бартарӣ дорад).

- малакаи кор бо компютер, аз ҷумла донистан ва истифода карда тавонистани барномаҳои муҳосиботии 1С, барномаҳои корбурдии  Ms Word, Ms Excel, Ms Outlook ва шабакаи Интернет.

 

Талаботи тахассусӣ барои вазифаи мутахассиси раёсати ташкил ва идораи имтиҳон

Мутахассиси раёсати ташкил ва идораи Марказ барои расонидани ёрии техникӣ ҷиҳати сохтани пойгоҳи додаҳо бо мақсади ташкилу идораи давраҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД); омодасозӣ ва паҳн намудани маводи зарурии ба низоми ИМД алоқаманд; ҳамоҳангсозии кори Марказ бо бахши минтақавии мушаххаси Марказ дар ҳолати набудани сардори бахш ва ташкилу баргузории олимпиадаҳои ҷумҳуриявии фаннии хонандагон вазифадор буда, бояд ба талаботи тахассусии зерин ҷавобгӯй бошад:

- таҳсилоти олии касбӣ (омӯзиш дар курсҳои кӯтоҳмуддат бо пешниҳоди сертификат бартарӣ дониста мешавад);

- собиқаи кории на камтар аз 3-сола;

- дақиқкорӣ ва тезкорӣ;

- малакаҳои хуби муошират бо қишрҳои гуногуни ҷомеа (бо забонҳои русӣ ва хориҷӣ бартарӣ дониста мешавад);

- донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ бартарӣ дониста мешавад);

- малакаи хуби кор бо компютер ва қобилияти омода кардани маводи зарурӣ дар шакли электронӣ тавассути барномаҳои гуногуни компютерӣ;

- малакаи кофӣ барои коркард ва таҳияи санадҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ барои кори иҷрошаванда (бо забонҳои русӣ ва хориҷӣ бартарӣ дониста мешавад);

- малакаи хуби анҷом додани мукотиботи расмию корӣ, таҳлилу хулосабарорӣ ва омода намудани ҳисоботу гузоришҳо.

 

Талаботи тахассусӣ барои вазифаи сармутахассиси веб-технологияҳои раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ

Сармутахассиси веб-технологияҳои раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои таҳия, такмил ва дастгирии хизматрасониҳои Марказ, ки дар заминаи веб-технологияҳо амал мекунанд, аз ҷумла сари вақт ҷойгир кардани маълумот дар сомонаи расмии Марказ, машварат додан ба муаллифони мавод барои сомона, ҳамкорӣ бо кормандони Марказ ҷиҳати навсозии сохтор ва ё таҳияи версияи нави сомона, санҷиши пайвастаи фаъолияти бахшҳои алоҳидаи сомона ва таъмини кори муттасили он масъул буда, бояд ба талаботи тахассусии зерин ҷавобгӯй бошад:

- таҳсилоти олии касбӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ;

- омӯзиш дар курсҳои тахассусии ба соҳаи ТИК, аз ҷумла ба самти веб-технологияҳо алоқаманд (дараҷаи байналмилалӣ) бартарӣ ҳисобида мешавад;

- собиқаи кории на камтар аз 3-сола дар самти лоиҳакашӣ ва таҳияи сомона ва веб-барномаҳо;

- малакаю маҳорати хуби истифода аз системаҳои оператсионии оилаи Ms Windows, таъминоти барномавии идоравӣ (Ms Office), графикию аниматсионӣ (Adobe PhotoShop, CorelDraw, Flash), амнияти иттилоотӣ ва кор дар шабакаи Интернет (браузерҳо, почтаи электронӣ), таҷҳизоти компютерӣ ва идоравӣ;

- малакаи насб ва танзими таҷҳизоти компютерӣ ва таъминоти барномавӣ (бо дарназардошти шабакаҳои компютерӣ);

- донишҳои амалӣ ва малакаи истифодаи воситаҳои таҳияи сомона ва веб-барномаҳо, аз қабили ASP.NET MVC, Razor, HTML, CSS, JavaScript, AJAX, jQuery, Bootstrap, CMS;

- донишҳои назариявӣ ва амалӣ дар самти кор ва истифодаи системаҳои идоракунии пойгоҳҳои додаҳо, аз ҷумла MySQL, Ms SQL;

- қобилияти таҳия кардани сохтори сомонаҳои сатҳашон гуногун ва сохтани онҳо бо дарназардошти истифодаи унсурҳои динамикии навигатсионӣ;

- маҳорати таъмини дастгирии техникӣ ва машваратҳои фосилавӣ ба кормандони раёсату шуъбаҳо ва бахшҳои минтақавии Марказ дар масъалаҳои вобаста ба истифодаи сомона ва хизматрасониҳои дигари Марказ, ки бар технологияҳои веб асос ёфтаанд;

- малакаи таҳияи ҳуҷҷатҳои техникӣ;

- дақиқкорӣ ва масъулиятшиносӣ дар иҷрои корҳои базиммагузошташуда;

- қобилияти зуд мутобиқгардӣ дар шароити нави корӣ ва кори гурӯҳӣ (ҳамкорӣ бо кормандони Марказ ва бахшҳои минтақавии он) ва доштани малакаи хуби муошират;

- донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони англисӣ, ҳадди ақал дар сатҳи техникӣ бартарӣ дониста мешавад).

Барои иштирок дар озмун хоҳишмандон бояд ариза ва мухтасари шарҳи ҳол (резюме)-и худро бо забонҳои тоҷикию русӣ, нусхаи шиноснома, диплому сертификатҳо ва дафтарчаи меҳнатӣ, инчунин маълумотномаро дар бораи доштан ё надоштани доғи судӣ ба Марказ пешниҳод намоянд. Муҳлати ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо: 17-уми апрели соли 2019, то соати 17:00.

Нишонӣ:

734003, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 192.

Тел.: (+992 37) 224 53 67, 224 53 68.

Факс: (+992 37) 224 53 66.

Нишонии электронӣ: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Шахси мутасаддӣ: Г. Давлатова

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон