Душанбе, 28-уми ноябри соли 2019
МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ
НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Эълони озмун дар бораи ҷойи корӣ
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли вазифаи сармутахассиси веб-технологияҳои раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ озмун эълон менамояд.
Талаботи тахассусӣ барои вазифаи сармутахассиси веб-технологияҳои раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
Сармутахассиси веб-технологияҳои раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои таҳия, такмил ва дастгирии хизматрасониҳои Марказ, ки дар заминаи веб-технологияҳо амал мекунанд, аз ҷумла сари вақт ҷойгир кардани маълумот дар сомонаи расмии Марказ, машварат додан ба муаллифони мавод барои сомона, ҳамкорӣ бо кормандони Марказ ҷиҳати навсозии сохтор ва ё таҳияи версияи нави сомона, санҷиши пайвастаи фаъолияти бахшҳои алоҳидаи сомона ва таъмини кори муттасили он масъул буда, бояд ба талаботи тахассусии зерин ҷавобгӯй бошад:
- таҳсилоти олии касбӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ;
- омӯзиш дар курсҳои тахассусии ба соҳаи ТИК, аз ҷумла ба самти веб-технологияҳо алоқаманд (дараҷаи байналмилалӣ) бартарӣ ҳисобида мешавад;
- собиқаи кории на камтар аз 3-сола дар самти лоиҳакашӣ ва таҳияи сомона ва веб-барномаҳо;
- малакаю маҳорати хуби истифода аз системаҳои оператсионии оилаи MS Windows, таъминоти барномавии идоравӣ (MS Office), графикию аниматсионӣ (AdobePhotoShop, CorelDraw, Flash), амнияти иттилоотӣ ва кор дар шабакаи Интернет (браузерҳо, почтаи электронӣ), таҷҳизоти компютерӣ ва идоравӣ;
- малакаи насб ва танзими таҷҳизоти компютерӣ ва таъминоти барномавӣ (бо дарназардошти шабакаҳои компютерӣ);
- донишҳои амалӣ ва малакаи истифодаи воситаҳои таҳияи сомона ва веб-барномаҳо, аз қабили ASP.NET MVC, Razor, HTML, CSS, JavaScript, jQuery, Bootstrap, CMS;
- малакаи хуби кор ва донистани як ё якчанд забони барномасозӣ (C#, Java, C++)
- донишҳои назариявӣ ва амалӣ дар самти кор ва истифодаи системаҳои идоракунии пойгоҳҳои додаҳо, аз ҷумла MySQL, Ms SQL;
- қобилияти таҳия кардани сохтори сомонаҳои сатҳашон гуногун ва сохтани онҳо бо дарназардошти истифодаи унсурҳои динамикии навигатсионӣ;
- маҳорати таъмини дастгирии техникӣ ва машваратҳои фосилавӣ ба кормандони раёсату шуъбаҳо ва бахшҳои минтақавии Марказ дар масъалаҳои вобаста ба истифодаи сомона ва хизматрасониҳои дигари Марказ, ки бар технологияҳои веб асос ёфтаанд;
- малакаи таҳияи ҳуҷҷатҳои техникӣ;
- дақиқкорӣ ва масъулиятшиносӣ дар иҷрои корҳои базиммагузошташуда;
- қобилияти зуд мутобиқгардӣ дар шароити нави корӣ ва кори гурӯҳӣ (ҳамкорӣ бо кормандони Марказ ва бахшҳои минтақавии он) ва доштани малакаи хуби муошират;
- қобилияти зуд мутобиқгардӣ дар шароити нави корӣ ва кори гурӯҳӣ (ҳамкорӣ бо кормандони Марказ ва бахшҳои минтақавии он) ва доштани малакаи хуби муошират;
- донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони англисӣ, ҳадди ақал дар сатҳи техникӣ бартарӣ дониста мешавад).
Барои иштирок дар озмун хоҳишмандон бояд ариза ва мухтасари шарҳи ҳол (резюме)-и худро бо забони тоҷикӣ, нусхаи шиноснома, диплому сертификатҳо ва дафтарчаи меҳнатӣ, инчунин маълумотномаро дар бораи доштан ё надоштани доғи судӣ ба Марказ пешниҳод намоянд. Муҳлати ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо: 12-уми декабри соли 2019, то соати 17:00.
Нишонӣ:
734003, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 192.
Тел.: (+992 37) 224 53 67, 224 53 68.
Факс: (+992 37) 224 53 66.
Нишонии электронӣ: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Шахси мутасаддӣ: Г. Давлатова