РАЁСАТИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТИЮ КОММУНИКАТСИОНӢ
Раёсати технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ (ТИК) воҳиди сохтории Марказ буда, дар фаъолияти худ ба директори Марказ итоат менамояд. Роҳбарии бевоситаи раёсат ба зиммаи сардори он аст, ки бо фармоиши директори Марказ ба вазифа таъйин мегардад.
ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ РАЁСАТИ ТИК:
– ташкил ва рушди сиёсати техникии ягона дар самти истифодабарии ТИК;
– коркарди додаҳо ва таъмини амнияти иттилоотӣ;
– корбурди воситаҳои муосири ТИК дар раванди фаъолияти Марказ;
– мукаммалсозии системаи иттилоотии Марказ тибқи талаботи замон ва эҳтиёҷоти Марказ, роҳандозии воситаҳои технологии наслҳои нав;
– ҳамраҳии техникию барномавии шабакаҳои компютерӣ, системаҳои иттилоотӣ ва нуқтаҳои кории алоҳидаи Марказ;
– таъмини нигоҳдошти маълумоти электронӣ дар пойгоҳҳои додаҳо ва нуқтаҳои кории Марказ;
– таъмини кори муназзами воситаҳои техникаи компютерӣ ва барномавии Марказ;
– роҳбаладии маҷмӯи корҳои вобаста ба таҳия ва таҷдид (азнавсозӣ)-и системаи иттилоотии – “Довталаб”;
– таҳияи дастур ва маводҳои дигари иттилоотию методӣ оид ба дуруст истифода бурдани таҷҳизоти компютерӣ ва таъминоти барномавӣ;
– ҳамдастӣ дар таҳияи дастури иттилоотиву методии “Роҳнамои довталаб”.
ҲАЙАТИ КОРМАНДОНИ РАЁСАТИ ТИК:
– сардори раёсат;
– муовини сардори раёсат;
– сармутахассис – барномасоз;
– сармутахассиси шабакаҳои компютерӣ;
– сармутахассис оид ба коркарди маводди имтиҳон;
– сармутахассиси хизматрасонии техникӣ;
– мутахассиси дастгирии иттилоотӣ-техникӣ.