Озмуни тақсимоти довталабон ба муассисаҳои таълимӣ баъд аз коркарди пурраи варақаҳои ҷавобҳои довталабон ва муайян кардани балҳои бадастовардаашон бо воситаҳои муосири технологияҳои иттилотию коммуникатсионӣ, алгоритм ва барномаи компютерии махсус амалӣ мешавад.
Ба озмуни тақсимот танҳо довталабоне роҳ меёбанд, ки вобаста аз навъи ихтисосҳои интихобкардаашон аз ҳамаи субтестҳои дахлдор ва қисм(ҳо)-и дигари зарурӣ (имтиҳонҳои эҷодӣ ва (ё) маҳорати махсус ва имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ, агар ихтисосҳои интихобшуда супоридани чунин имтиҳонҳоро талаб кунанд) холҳои гузариши фанниро соҳиб шуда бошанд.
Барои ҳар яке аз даврҳои имтиҳонҳо то 3 озмун – тақсимоти асосӣ, тақсимоти иловагии якум ва тақсимоти иловагии дуюм гузаронда мешавад.
ТАРТИБ (РАВАНД)-И ТАҚСИМОТӢ |
Бо тафовут аз холҳои гузариши фаннӣ, ки онҳоро пеш аз эълони натиҷаҳо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад, бали гузариш пешакӣ муайян карда намешавад ва қимати он барои ҳар комбинатсияи ихтисос танҳо пас аз озмуни тақсимоти довталабон ба муассисаҳои таълимӣ маълум мешавад. Масалан, барои комбинатсияи ихтисоси 1790101 – “Кори табобатӣ” аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, шакли таҳсил – рӯзона ва намуди таҳсил – ройгон, соли 2023‑юм тибқи нақша 300 ҷой ҷудо шуда буд ва шумораи довталабоне, ки ин комбинатсияи ихтисосро интихоб карда, ба озмуни тақсимот роҳ ёфта буданд, 12 464 нафарро ташкил дод. Дар озмуни тақсимот аз ин миқдор довталабон ҳамон 300 нафаре, ки нисбат ба дигарон балҳои баландтар доштанд, аз рӯйи ин комбинатсияи ихтисос гузаронида шуданд ва бали довталаби 300-ум (дар рӯйхат бо тартиби камшавии балҳо), ки ба 439,9298баробар буд, бали гузариш дар ин комбинатсияи ихтисос эълон карда шуд. Яъне, бали гузариш ин бали умумии аз имтиҳонҳо бадастовардаи ҳамон довталабе аст, ки аз рӯйи комбинатсияи ихтисоси муайян дар ҷойи охирини тибқи нақшаи қабул ҷудогардида гузаронида шудааст.
Дар раванди тақсимоти довталабон аз рӯйи ихтисосҳо ба муассисаҳои таълимӣ меъёрҳои зерин ба назар гирифта мешаванд: комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкарда ва бартарии онҳо, шумораи ҷойҳо тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимӣ, балҳои умумии бадастовардаи ҳар як довталаб.
Вобаста аз навъи ихтисосҳо тақсимоти довталабон аз рӯйи комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардаашон дар асоси балҳои умумии зерин анҷом дода мешавад:
• бали умумие, ки аз ҷамъи бали аз қисми А, инчунин бали аз ҳисоби имтиёз ё коэффитсиент (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст – барои ихтисосҳое, ки супоридани танҳо қисми А-ро талаб мекунанд;
• бали умумие, ки аз ҷамъи балҳои аз ду субтести аввали қисми А (субтестҳои 1‑ум ва 2‑юм) ва аз қисми В, инчунин бали аз ҳисоби имтиёз (дар ҳолати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст – барои ихтисосҳое, ки супоридани ду субтести аввали қисми А (субтестҳои 1‑ум ва 2‑юм), инчунин қисми В-ро талаб мекунанд;
• бали умумие, ки аз ҷамъи балҳои аз қисми Б, инчунин бали аз ҳисоби имтиёз (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст – барои ихтисосҳое, ки супоридани танҳо қисми Б-ро талаб мекунанд;
• бали умумие, ки аз ҷамъи балҳои аз ду субтести аввали қисми Б (субтестҳои 1‑ум ва 2‑юм) ва қисми В, инчунин бали аз ҳисоби имтиёз (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст – барои ихтисосҳое, ки супоридани ду субтести аввали қисми Б (субтестҳои 1‑ум ва 2‑юм), инчунин қисми В-ро талаб мекунанд;
• бали умумие, ки аз ҷамъи балҳои аз қисмҳои А ва Г, инчунин бали аз ҳисоби имтиёз (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст – барои ихтисосҳое, ки супоридани қисмҳои А ва Г-ро талаб мекунанд.
! |
Бале, ки довталаб аз қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва (ё) маҳорати махсус) ё Г (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ) ба даст овардааст, танҳо барои ихтисосҳое ба назар гирифта мешавад, ки супоридани чунин имтиҳонҳоро талаб мекунанд, яъне чунин бал ба ихтисосҳои дигар дахл надорад. Инчунин, бали аз қисми Г.1 бадастовардаи довталаб, ки имтиҳони онро дар филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе супоридааст, барои ихтисосҳои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва баръакс, бали аз қисми Г.2 соҳибгардидаи довталаб, ки имтиҳони онро дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ супоридааст, барои ихтисосҳои филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ба назар гирифта намешавад. Бали аз ду субтести охир (3 юм ва 4 ум)-и қисми А ё аз як субтести охир (3 юм)-и қисми Б бадастовардаи довталаб барои ихтисосҳое, ки супоридани қисми В ро талаб мекунанд, ба назар гирифта намешавад. |
Раванди тақсимоти довталабон қадамҳои зеринро дар бар мегирад:
Қадами 1-ум. Тартиб додани рӯйхатҳои довталабон. Дар доираи гурӯҳҳои ихтисосҳо барои ҳар яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳо рӯйхати довталабони онҳоро интихобкарда, ки ба озмуни тақсимот роҳ ёфтаанд, тартиб дода мешавад. Дар рӯйхатҳо номи довталабон аз рӯйи камшавии балҳои умумияшон ботартиб оварда мешавад.
Азбаски ҳар довталаби ба озмун роҳёфта дар давраи бақайдгирӣ имкони интихоби то 12 комбинатсияи ихтисосҳоро дорад, дар оғози раванди тақсимот як довталаб метавонад дар рӯйхатҳои довталабони якчанд комбинатсияи ихтисосҳо ҳамчун довталаби шартан ба муассисаҳои таълимӣ тақсимотшуда ҷой гирад.
Қадами 2-юм. Таҳлили рӯйхати довталабон. Номи ҳар як довталаби шартан тақсимотшуда аз рӯйи комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаи ӯ санҷида мешавад. Агар номи довталаб ҳамзамон дар якчанд рӯйхат бошад, номи ӯ танҳо дар комбинатсияи ихтисоси бартарии интихобаш баландтар гузошта шуда, аз рӯйхатҳои дигар муваққатан тоза карда мешавад ва ба чунин рӯйхатҳо номи довталабони навбатӣ ворид мегардад. Ин амалро барномаи компютерӣ тибқи алгоритми муайяншуда то анҷоми коркарди пурраи рӯйхатҳои комбинатсияҳои ихтисосҳо такроран иҷро мекунад. Коркарди рӯйхатҳо то даме давом меёбад, ки барномаи компютерӣ ҳамаи довталабони дар озмуни тақсимот иштироккунандаро ба муассисаҳои таълимӣ пурра тақсимот кунад ё ҷойҳои барои комбинатсияҳои ихтисосҳо ҷудошуда мувофиқи нақшаи қабули муассисаҳо пур шавад. Ҳамин тариқ, агар балҳои соҳибгаштаи довталаб барои якчанд ё ҳадди ақал, як комбинатсияи ихтисоси интихобкардааш дар доираи ҷойҳои нақшавии ҷудошуда кофӣ бошад, баъди анҷоми пурраи раванди тақсимот номи довталаб танҳо дар рӯйхат аз рӯйи як комбинатсияи ихтисос боқӣ мемонад ва агар балҳои бадастовардаи ӯ дар доираи ҷойҳои тибқи нақша ҷудошуда барои ҳеҷ яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш кофӣ набошад, тақсимот намешавад, яъне номи ӯ дар ягон рӯйхат боқӣ намемонад.
Қадами 3-юм. Тартиб додани рӯйхатҳои охирини довталабон. Дар раванди тақсимот барои ҳар яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳо, вобаста аз муассисаҳои таълимӣ, шакл ва намуди таҳсил, рӯйхатҳои охирини довталабони ба ин муассисаҳо тақсимотшуда тартиб дода мешаванд. Баъдан рӯйхатҳоро, ки маълумоти заруриро дарбар мегирад, директори Марказ тасдиқ мекунад ва онҳо ба муассисаҳои таълимӣ расман пешниҳод карда хоҳанд шуд.
Қадами 4-ум. Қабули ҳуҷҷатҳои довталабон дар муассисаҳои таълимӣ. Комиссияҳои қабули муассисаҳои таълимӣ мувофиқи рӯйхатҳои пешниҳоднамудаи Марказ қабули ҳуҷҷатҳои довталабон, аз ҷумла ба расмият даровардани парвандаҳои шахсӣ ва бастани шартномаҳоро дар асоси қоидаҳои қабул ба роҳ мемонанд. Роҳбарони муассисаҳои таълимӣ оид ба қабули ин довталабон ба курси якум фармоиш ба имзо мерасонанд.
ОЗМУНИ ТАҚСИМОТИ АСОСӢ |
Натиҷаҳои ниҳоие, ки довталаб онро дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ соҳиб мегардад, барои тақсимот ва қабули довталаб ба ҳайати донишҷӯёни муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо тавассути Марказ тибқи озмун асос ҳисобида мешаванд. Ин натиҷаҳо танҳо дар соли имтиҳонсупорӣ эътибор дошта, солҳои минбаъда ба назар гирифта намешаванд. Пас аз ҷамъбасти натиҷаҳои ниҳоии имтиҳонҳо озмуни тақсимоти асосии (якуми) довталабон баргузор мегардад.
Тақсимоти асосӣ тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
ОЗМУНИ ТАҚСИМОТИ ИЛОВАГӢ |
Барои довталабоне, ки ба озмуни тақсимоти асосӣ роҳ ёфта, комёб нагардидаанд, яъне, донишҷӯ нашудаанд, аз рӯйи ихтисосҳое, ки тибқи онҳо дар муассисаҳои таълимӣ баъди озмуни тақсимот ҷойҳои холӣ боқӣ мемонанд, озмунҳои тақсимоти иловагӣ баргузор мешавад. Азнавбақайдгирии довталабон барои иштирок дар озмунҳои тақсимоти иловагӣ, инчунин баргузории озмунҳои тақсимоти иловагӣ тибқи тартиби муқарраркардаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
Феҳристи ихтисосҳои тибқи онҳо дар муассисаҳои таълимӣ баъди озмуни тақсимоти асосӣ ҷойҳои холӣ боқимонда, ки барои озмуни тақсимоти такрорӣ пешниҳод мегарданд, дар шакли электронӣ дар сомонаи Марказ нашр ва дар шакли чопӣ дар нуқтаҳои бақайдгирӣ дастрас карда мешавад.
Ба довталабоне, ки ҳуқуқи иштирокро дар озмун(ҳо)и тақсимоти иловагӣ доранд, дар бораи замони дар кадом нуқтаи бақайдгирӣ барои азнавбақайдгирӣ ҳозир шуданашон паёмак (SMS)-и ройгон фиристода мешавад. Ин паёмак ба рақами телефони мобилие, ки он дар варақаи бақайдгирии довталаб нишон дода шудааст, фиристода мешавад.
Барои иштирок дар чунин озмун(ҳо) довталаб бояд дар нуқтаи бақайдгирие, ки нишониаш дар паёмаки ба ӯ фиристодаи Марказ нишон дода шудааст, дар рӯзи дахлдор ҳозир гардида, аз нав сабти ном карда шавад. Рӯйхати нуқтаҳои бақайдгирӣ, инчунин маълумоти муфассал дар бораи тартиби азнавбақайдгирӣ ва озмун(ҳо)и тақсимоти иловагӣ дар сомонаи Марказ ба нашр мерасад. Ҳангоми азнавбақайдгирӣ низ довталабон имкон доранд, ки аз рӯйи ихтисосҳое, ки дорои ҷойҳои холианд, то 12 комбинатсияи ихтисосҳоро дар доираи танҳо як гурӯҳи ихтисосҳо интихоб намоянд.
Довталаби ба озмуни тақсимоти асосӣ роҳнаёфта ё дар асоси натиҷаи ин озмун аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш ба ягон муассисаи таълимӣ тақсимотшуда ҳуқуқи иштирок карданро дар озмун(ҳо)и тақсимоти иловагӣ надорад.
Натиҷаҳои озмун(ҳо)и тақсимоти иловагӣ аз рӯйи натиҷаҳои ҳар яке аз даврҳои иловагии имтиҳонҳо (тавассути кабинетҳои инфиродӣ, паёмакҳо (SMS), дафтари асосии Марказ ва нуқтаҳои иттилоърасонӣ дар шаҳру ноҳияҳо) эълон мешавад (нигаред ба “Тақвими ИМД-2024”, замимаи 5).
Барои иштирок дар озмун(ҳо)и тақсимоти иловагӣ довталаб бояд дар азнавбақайдгирӣ бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зерин аз нав сабти ном кунад:
1) шиносномаи миллӣ ё маълумотнома бо муҳру сурат аз ШВКД ва нусхаи он – барои шахсоне, ки синнашон ба 16 расидааст (барои шахсони то 16-сола – шаҳодатномаи таваллуд, маълумотнома бо муҳру сурат аз ҷойи зист ва нусхаи онҳо);
2) варақаи бақайдгирии давраи асосӣ ё давраи дигари бақайдгирӣ;
3) рақами расид аз яке аз марказҳои хизматрасонӣ ё филиалҳои Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк””, ё аз барномаи мобилии “Амонат мобайл” дар бораи пардохти маблағи иловагӣ.
Дар бораи натиҷаи озмуни тақсимот ба рақами телефони мобилие, ки онро довталаб дар вақти бақайдгирӣ нишон медиҳад, паёмак (SMS) фиристода мешавад ва довталаб аз он дар бораи комёб шудан ё нашуданаш аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш огоҳ мегардад. Ин паёмаки телефонӣ (SMS) ба довталабон ройгон фиристода мешавад, аммо довталабон метавонанд, ки инчунин аз кабинети инфиродӣ ё бо муроҷиат (аз ҷумла тавассути телефон) ба Марказ ва нуқтаҳои иттилоърасонии дар шаҳру ноҳияҳо таъсисдодаи он аз натиҷаи тақсимот ба муассисаҳои таълимӣ огаҳӣ ёбанд. Рӯйхати нуқтаҳои иттилоърасонӣ Марказ дар сомонааш эълон мекунад. Дар бораи натиҷаи озмуни тақсимот, аз ҷумла бали умумии бадастовардаи довталаб дар доираи ҳар як комбинатсияи ихтисоси интихобкардааш; бали гузариш дар доираи ҳар яке аз комбинатсияҳо (агар довталаб дар озмун аз рӯйи онҳо комёб нагардида бошад); матни огоҳидиҳанда дар бораи сари вақт ҳозир шудани довталаб ба муассисаи таълимии дахлдор (агар довталаб дар озмун аз рӯйи яке аз интихобҳояш комёб шуда бошад) дар кабинети инфиродиаш маълумоти муфассал дода мешавад (Муҳлати эълони натиҷаҳои озмунҳои тақсимот вобаста ба ҳар даври имтиҳонҳо – нигаред ба “Тақвими ИМД‑2024”, замимаи 5).