Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

АРИЗАИ АПЕЛЛЯТСИОНӢ

Нашр шуд: 31 Январи 2025
Диданд: 5634

Довталаб ҳуқуқ дорад ба Марказ аризаи апеллятсионӣ диҳад, агар:

► тартиби баргузории имтиҳон (қисми А ё Б) дар маркази имтиҳонӣ риоя нашавад;

► аз холҳои барои субтестҳои қисми А ё Б ба ӯ гузошташуда норозӣ бошад.

Довталаб аризаи апеллятсиониро оид ба риоя нагардидани тартиби баргузории имтиҳонҳо рӯзи имтиҳон, аз маркази имтиҳонӣ берун набаромада, ба роҳбари маркази имтиҳонӣ бояд пешниҳод намояд. Аризаи апеллятсионии довталаб дар ҳолатҳое баррасӣ карда мешавад, ки агар ба як ё якчанд масъалаи зерин дахл кунад:

• нодуруст (хилофи тартиби протоколи рафти имтиҳон) шинонидани довталабон, нодуруст тақсим кардани китобчаҳои тест, штрихкодҳоро дар варақаҳои ҷавобҳо дуруст начаспонидани маъмури имтиҳон;

• варианти китобчаи тестро дар варақаи ҷавобҳо ғалат қайд кардани довталаб (оид ба ин ва масъалаи боло довталаб метавонад баъд аз имтиҳонҳо, на дертар аз муҳлати муқарраргардида, пас аз эълони натиҷаҳо ба комиссияи апеллятсионии Марказ низ муроҷиат намояд);

• риоя нагардидани тартиби баргузории имтиҳонҳо, ки ба натиҷаи кори довталаб таъсири манфӣ расонидааст;

• ёрӣ расонидани маъмури имтиҳон ба довталаб(он) ҳангоми иҷрои тест;

• додугирифти маводди ёрирасон (шпаргалка) байни довталабон ё бо ҳам суҳбат кардани онҳоро дар синфхонаи имтиҳон дидани маъмури имтиҳон ва эътибор надодан ба он;

• ошкор шудани маводди истифодааш мамнуъ дар имтиҳон ва чорае надидани маъмури имтиҳон дар ин маврид.

Намояндаи ваколатдори Марказ маводди дахлдорро, ки дар рафти санҷиши ҳолат(ҳо)и дар аризаи апеллятсионии довталабон баёншуда таҳия ва ба даст оварда шудааст ва хулосаи комиссияро низ рӯзи анҷоми санҷиш ба комиссияи апеллятсионии Марказ барои қабули қарори дахлдор мефиристад. Комиссияи апеллятсионӣ аризаҳои довталабонро оид ба риоя нагардидани тартиби баргузории имтиҳон (қисми А ё Б) дар маркази имтиҳонӣ баррасӣ карда, дар асоси хулосаи комиссияи кории ҳар маркази имтиҳонӣ дар бораи натиҷаи санҷиши ҳолат(ҳо)и дар аризаи апеллятсионии довталабон баёншуда ва баррасии маводди дахлдор қарор мебарорад ва онҳоро аз ин огоҳ менамояд.

Аризаи апеллятсионии довталаб дар бораи норозӣ буданаш аз натиҷаи имтиҳон – қисми А ё Б бояд дар давоми то 3 рӯзи пас аз эълони натиҷаи имтиҳонҳо ба Марказ ё бахшҳои минтақавии он дар шакли чопӣ ё бо почтаи электронии Марказ пешниҳод карда шавад. Аризаи апеллятсионии довталаб дар бораи норозӣ буданаш аз холҳои барои субтестҳои қисми А ё Б ба ӯ гузошташуда дар ҳолатҳое баррасӣ карда мешавад, ки агар ба як ё якчанд масъалаи зерин алоқа дошта бошад:

• ғалат будани саволу масъалаҳои тест;

• арзёбии нодурусти натиҷаи имтиҳони довталаб;

• ба довталаб мансуб набудани варақаи ҷавобҳо, ки дар кабинети инфиродии ӯ гузошта шудааст.

Комиссияи апеллятсионӣ аризаҳои довталабонро дар бораи норозӣ будан аз натиҷаи имтиҳонҳо (холҳои дар имтиҳонҳо (қисми А ё Б) ба онҳо гузошташуда) баррасӣ карда, қарори дахлдор мебарорад ва онҳоро аз ин огоҳ менамояд.

Довталаби аз натиҷаи имтиҳонҳои эҷодӣ ва (ё) маҳорати махсус норозиро зарур аст, аризаашро бо далелҳои мушаххас асоснок карда, ба комиссияи апеллятсионии муассисаи таълимие, ки дар он чунин имтиҳонҳоро супоридааст, дар рӯзи эълони натиҷаҳои ин имтиҳонҳо пешниҳод намояд. Инчунин, агар довталаб аз натиҷаи имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ норозӣ бошад, бояд аризаашро вобаста аз қисми Г.1 ё Г.2 бо далелҳои мушаххас асоснок карда, мувофиқан ба комиссияи апеллятсионии филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ё Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар рӯзи эълони натиҷаҳои ин имтиҳон пешниҳод намояд. Ин аризаҳоро комиссияи апеллятсионии муассисаи таълимии дахлдор тибқи тартиби муқарраркарда баррасӣ карда, қарор мебарорад (Муҳлати қабули аризаҳо вобаста ба ҳар даври имтиҳонҳо – нигаред ба “Тақвими ИМД‑2025”, замимаи 1).

 

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳои давраи дуюми бақайдгирӣ)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳои давраи дуюми бақайдгирӣ)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон