Дар низоми ИМД холҳои бадастовардаи довталабон аз ҳар субтест тавассути миқёсгузорӣ (шкалабандӣ) ба балҳо баргардонида мешавад. Шкалабандии холҳо барои ҳар субтести алоҳида дар доираи ҳар яке аз гурӯҳҳои ихтисосҳо ва қисмҳо ба роҳ монда мешавад. Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо дар сомонаи Марказ ба нашр мерасад.
Масалан, дар ИМД-2023 ҷадвали мувофиқати холҳо ба балҳо аз субтести “Забони тоҷикӣ” дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 1‑ум – “Табиӣ ва техникӣ” чунин буд:
Ҷадвали 13
Мувофиқати холҳо ба балҳо дар ИМД-2023 дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои
1‑ум – “Табиӣ ва техникӣ” барои субтести “Забони тоҷикӣ”
Мувофиқи тартиб барои ҳар субтест шумораи ҳадди аксари балҳо муайян шудааст. Барои миқёсгузории холҳои ҳар субтест миқёс (шкала, ҷадвал)-ҳои мувофиқ истифода мешаванд.
Агар довталаб имтиҳони қисми А – имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ (синфи 11‑ум)-ро бомуваффақият супорад, аз 4 субтести ин қисм ӯ метавонад ҳамагӣ то 500 балро ба даст орад. Таносуби шумораи имконпазири бештарини балҳо барои субтестҳои қисми А вобаста аз фанни асосии имтиҳонии ихтисосҳое, ки супоридани ҳар 4 субтести қисми мазкурро талаб мекунанд, дар доираи гурӯҳи ихтисосҳо гуногун буда метавонад. Масалан, барои ихтисоси 1020505 – “Информатика” аз гурӯҳи ихтисосҳои 1‑ум (табиӣ ва техникӣ) шумораи имконпазири бештарини балҳо, бо ибораи дигар, вазни субтестҳо, чунин аст: субтести “Забони тоҷикӣ” – 75 бал, субтести “Математика” – 175 бал, субтести “Химия” – 100 бал ва субтести “Физика” – 150 бал. Дар қисми А шумораи имконпазири бештарини балҳои субтести “Забони тоҷикӣ”, новобаста аз гурӯҳҳои ихтисосҳо ва ихтисосҳо, 75 аст.
Барои ихтисосҳое, ки супоридани ду субтести аввали қисми А (субтестҳои 1‑ум ва 2‑юм) ва қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус)-ро талаб мекунанд, масалан, ихтисоси 1030201 – “Тарбияи ҷисмонӣ” аз гурӯҳи ихтисосҳои 5‑ум (тиб, биология ва варзиш) шумораи имконпазири бештарини балҳои субтести 1‑ум (“Забони тоҷикӣ”) 75 ва субтести 2‑юм (“Биология”) 175 аст. Яъне, барои чунин ихтисосҳо шумораи имконпазири бештарини балҳои субтести 1‑ум (“Забони тоҷикӣ”) 75 ва субтести 2‑юм (тибқи гурӯҳи ихтисосҳо) 175 аст. Ҳамин тавр, агар довталаби дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11‑ум), ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ ин ду субтестро бомуваффақият супорад, барои ихтисосҳои супоридани қисми В‑ро талабкунанда аз онҳо ҳамагӣ то 250 балро ба даст оварда метавонад.
Аз 3 субтести қисми Б – имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9‑ум) довталаб метавонад ҳамагӣ то 300 балро ба даст орад. Таносуби бали имконпазири ҳадди аксар барои субтестҳои қисми Б, вобаста аз фанни асосии имтиҳонии ихтисосҳо дар доираи гурӯҳи ихтисосҳо, гуногун буда метавонад. Масалан, барои ихтисоси 2020301 – “Забон ва адабиёти тоҷик” аз гурӯҳи ихтисосҳои 3‑юм (филология, педагогика ва санъат) шумораи имконпазири бештарини балҳои субтести “Забони тоҷикӣ” 75, субтести “Адабиёти тоҷик/забони русӣ” 125 ва субтести “Забони хориҷӣ” 100 аст. Дар қисми Б шумораи имконпазири бештарини балҳои субтести “Забони тоҷикӣ”, новобаста аз ихтисосҳо, ба истиснои баъзе аз ихтисосҳои гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм, 75 аст.
Барои ихтисосҳое, ки супоридани ду субтести аввали қисми Б (субтестҳои 1‑ум ва 2‑юм) ва қисми В-ро талаб мекунанд, масалан, ихтисоси 201020131 – “Тарбияи ҷисмонӣ” аз гурӯҳи ихтисосҳои 5‑ум (тиб, биология ва варзиш) низ шумораи имконпазири бештарини балҳои субтести 1‑ум (“Забони тоҷикӣ”) 75 ва субтести 2‑юм (“Биология”) 175 аст. Ҳамин тавр, агар довталаби дорои таҳсилоти умумии асосӣ ин ду субтестро бомуваффақият супорад, барои ихтисосҳое, ки супоридани қисми В‑ро талаб мекунанд, аз онҳо ҳамагӣ то 250 балро ба даст оварда метавонад.
Холҳои аз имтиҳони қисми В бадастовардаи довталабон, ки шумораи имконпазири бештарини онҳо барои ин қисм 100 аст, ба миқёси 250-балӣ баргардонида мешавад. Ҳамин тавр, бали умумие, ки барои ихтисосҳои супоридани қисми В-ро талабкунанда аз ҷамъи балҳои аз ду субтести аввали қисми А ё Б (субтестҳои 1‑ум ва 2‑юм) ва аз қисми В бадастовардаи довталаби ин имтиҳонҳоро бомуваффақият супорида ҳосил мешавад, метавонад то 500 бошад, яъне 250 бал барои ду субтести аввали қисми А ё Б ва 250 бали дигар барои қисми В.
Холҳои аз имтиҳони қисми Г (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ) бадастоварда ба миқёси 500-балӣ баргардонида мешавад. Бали умумие, ки барои ихтисосҳои супоридани қисми Г-ро талабкунанда аз ҷамъи балҳои аз қисмҳои А ва Г бадастовардаи довталаби ин имтиҳонҳоро бомуваффақият супорида ҳосил мешавад, метавонад то 1000 бошад, яъне 500 бал барои қисми А ва 500 бали дигар барои қисми Г.
Ҷадвали 14
Намунаи ихтисосҳо ва шумораи имконпазири бештарини балҳо
аз ҳар як субтести қисми А вобаста аз гурӯҳҳои ихтисосҳо
Рамзи ихтисос |
Номи ихтисос |
Вазни субтестҳои имтиҳони қисми А |
|||||
А1 |
А2 |
А3 |
А4 |
||||
Гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) |
|||||||
|
Забони тоҷикӣ |
Математика |
Химия |
Физика |
|||
1020505 |
Информатика |
75 |
175 |
100 |
150 |
||
1740206 |
Истеҳсол, нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти растанипарварӣ |
75 |
150 |
175 |
100 |
||
1540103 |
Усулҳои физикию химиявӣ ва асбобҳои назорати сифати маҳсулот |
75 |
100 |
150 |
175 |
||
1690101 |
Меъморӣ* |
75 |
175 |
- |
- |
||
Гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география) |
|||||||
|
Забони тоҷикӣ |
Математика |
География |
Забони хориҷӣ** |
|||
125010403 |
Андоз ва андозбандӣ |
75 |
175 |
100 |
150 |
||
125010304 |
Идораи инвеститсияҳои хориҷӣ |
75 |
150 |
100 |
175 |
||
1020402 |
География |
75 |
100 |
175 |
150 |
||
Гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм (филология, педагогика ва санъат) |
|||||||
|
Забони тоҷикӣ |
Таърих |
Адабиёти тоҷик*** |
Забони хориҷӣ** |
|||
123010903 |
Журналист-тарҷумон |
75 |
100 |
175 |
150 |
||
1020301 |
Забон ва адабиёти тоҷик |
75 |
150 |
175 |
100 |
||
1020306 |
Забони англисӣ |
75 |
100 |
150 |
175 |
||
1020307 |
Забони олмонӣ. Минтақашиносӣ |
75 |
150 |
100 |
175 |
||
1030304 |
Олигофренопедагогика. Таърих |
75 |
175 |
150 |
100 |
||
101020203 |
Таҳсилоти ибтидоӣ. Санъати мусиқӣ* |
75 |
175 |
- |
- |
||
Гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) |
|||||||
|
Забони тоҷикӣ |
Таърих |
Ҳуқуқ |
Забони хориҷӣ** |
|||
123011301 |
Бойгонишиносӣ |
75 |
175 |
150 |
100 |
||
1260102 |
Идораи давлатӣ ва ҳуқуқ |
75 |
150 |
175 |
100 |
||
1230101 |
Муносибатҳои байналмилалӣ |
75 |
150 |
100 |
175 |
||
102010204 |
Таърих. Забони англисӣ |
75 |
175 |
100 |
150 |
||
1240101 |
Ҳуқуқи байналмилалӣ |
75 |
100 |
175 |
150 |
||
121010104 |
Улуми Қуръон. Мероси хаттӣ* |
75 |
175 |
- |
- |
||
Гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум (тиб, биология ва варзиш) |
|||||||
|
Забони тоҷикӣ |
Биология |
Химия |
Физика |
|||
1740201 |
Агрономӣ |
75 |
175 |
150 |
100 |
||
1790101 |
Кори табобатӣ |
75 |
150 |
175 |
100 |
||
2800151 |
Истифодабарии техника ва таҷҳизоти тиббӣ |
75 |
100 |
150 |
175 |
||
1030201 |
Тарбияи ҷисмонӣ* |
75 |
175 |
- |
- |
*ихтисос супоридани қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус)-ро талаб мекунад;
**забони хориҷӣ аз рӯйи интихоби довталаб (яке аз ин чор забон): англисӣ, немисӣ, франсавӣ, арабӣ;
***барои довталабоне, ки забони имтиҳонсупориашон русӣ аст, ин субтест аз забон ва адабиёти рус ва барои довталабоне, ки
ихтисоси забон ва адабиёти ӯзбекро интихоб мекунанд, ин субтест аз забон ва адабиёти ӯзбек аст.
Ҷадвали 15
Намунаи ихтисосҳо ва шумораи имконпазири бештарини балҳо
аз ҳар як субтести қисми Б вобаста аз гурӯҳҳои ихтисосҳо
Рамзи ихтисос |
Номи ихтисос |
Вазни субтестҳои имтиҳони қисми Б |
|||||
Б1 |
Б2 |
Б3 |
|||||
Гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) |
|||||||
|
Забони тоҷикӣ |
Математика |
Физика |
||||
225013201 |
Автоматикунонии кори бонк |
75 |
125 |
100 |
|||
243010301 |
Таъминоти барқ дар корхонаҳои саноатӣ |
75 |
100 |
125 |
|||
2690101 |
Меъморӣ* |
75 |
175 |
- |
|||
Гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география) |
|||||||
|
Забони тоҷикӣ |
Математика |
География |
||||
225013102 |
Андоз ва андозбандӣ |
75 |
125 |
100 |
|||
2020402 |
География |
75 |
100 |
125 |
|||
Гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм (филология, педагогика ва санъат) |
|||||||
|
Забони тоҷикӣ |
Адабиёти тоҷик/ забони русӣ** |
Забони хориҷӣ*** |
||||
2020301 |
Забон ва адабиёти тоҷик |
75 |
125 |
100 |
|||
2020302 |
Забон ва адабиёти рус |
75 |
125 |
100 |
|||
2020301 |
Забон ва адабиёти тоҷик |
75 |
125 |
100 |
|||
2020302 |
Забон ва адабиёти рус |
75 |
125 |
100 |
|||
2020306 |
Забони хориҷӣ (забони англисӣ) |
75 |
100 |
125 |
|||
2030131 |
Таълими мусиқӣ* |
75 |
175 |
- |
|||
Гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) |
|||||||
|
Забони тоҷикӣ |
Таърих |
Забони хориҷӣ*** |
||||
2020101 |
Таърих |
75 |
125 |
100 |
|||
Гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум (тиб, биология ва варзиш) |
|||||||
|
Забони тоҷикӣ |
Биология |
Химия |
||||
2790131 |
Кори ҳамширагӣ |
75 |
125 |
100 |
|||
251010101 |
Экологияи саноатӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ |
75 |
100 |
125 |
|||
2030201 |
Тарбияи ҷисмонӣ* |
75 |
175 |
- |
*ихтисос супоридани қисми В-ро талаб мекунад;
**барои ихтисоси забон ва адабиёти рус ин субтест аз забон русӣ аст;
***забони хориҷӣ аз рӯйи интихоби довталаб (яке аз ин чор забон): англисӣ, немисӣ, франсавӣ, арабӣ.