Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ мувофиқи тартиби муқарраршуда дар чор давр баргузор мегардад.
ДАВРИ ЯКУМ (АСОСӢ)-И ИМТИҲОНҲО |
Даври якум (асосӣ)-и имтиҳонҳо барои довталабоне пешбинӣ гардидааст, ки дар давраи якуми бақайдгирӣ худро сабти ном мекунанд. Довталабони дар давраи асосии азнавбақайдгирӣ интихобҳои худро ивазкарда низ имтиҳонҳоро дар ҳамин давр месупоранд.
Даври якуми қисми А – имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ (синфи 11‑ум) ва қисми Б – имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9‑ум) дар марказҳои имтиҳонии шаҳру ноҳияҳои интихобшудаи ҷумҳурӣ, ки ҳар довталаб яке аз онҳоро ҳангоми бақайдгирӣ интихоб мекунад ва қисмҳои В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус) ва Г.1 (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ барои филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе) дар муассисаҳои таълимии дахлдор баргузор мегардад. Даври асосии Г.2 (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ барои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ) дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Хоруғ дар муҳлати муқарраркардаи ин донишгоҳ баргузор карда мешавад, ки оид ба он дар сомонаи Марказ ва донишгоҳи мазкур (https://ucentralasia.org) маълумоти муфассал гузошта хоҳад шуд.
Даври якуми имтиҳонҳои қисми А вобаста аз ҳар гурӯҳи ихтисосҳо дар рӯзҳои алоҳида ва имтиҳонҳои қисми Б барои ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо дар як рӯз гузаронида мешавад. Дар ҳолати аз шумораи ҷойҳои нишасти пешбинишуда зиёд будани шумораи довталабони ягон гурӯҳи ихтисосҳо имтиҳони қисми А барои он(ҳо) 2-рӯзӣ баргузор хоҳад шуд. Нишонии маркази имтиҳонӣ дар даъватнома нишон дода мешавад.
ДАВРИ ДУЮМИ ИМТИҲОНҲО |
Даври дуюми имтиҳонҳо барои довталабоне пешбинӣ шудааст, ки дар имтиҳонҳои давраи якум иштирок карда натавонистаанд ё интихобҳои худро дар давраи иловагии азнавбақайдгирӣ иваз кардаанд, ё худро дар давраи дуюми бақайдгирӣ сабти ном намудаанд.
Аризаҳои довталабоне, ки дар давраи якуми имтиҳонҳо иштирок карда натавонистаанду дар давраи дуюми имтиҳонҳо ширкат кардан мехоҳанд, бо нишон додан ё замима кардани варақаи дорои рақами расид (квитансия) аз яке аз марказҳои хизматрасонӣ ё филиалҳои Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” ё аз барномаи мобилии “Амонат мобайл” дар бораи пардохти маблағи иловагӣ қабул карда мешавад.
G |
Довталабе, ки бинобар дар давраи якуми имтиҳонҳо иштирок карда натавонистанаш хоҳиши ширкат дар давраи дуюми имтиҳонҳоро дорад, бояд дар муҳлати муқарраршуда ариза ва рақами расидро дар бораи пардохти маблағи иловагӣ ба Марказ пешниҳод намояд. Дар асоси аризаи довталаб ҳолати дар давраи якуми имтиҳонҳо иштирок кардан ё накардани ӯ санҷида шуда, дар сурати тасдиқи ҳолати иштирок накарданаш дар ин имтиҳон ба довталаб иҷозат дода мешавад, ки дар давраи дуюми имтиҳонҳо ширкат намояд (дар акси ҳол иҷозат дода намешавад ва натиҷаи бадастовардааш дар давраи якуми имтиҳонҳо боэътибор дониста мешавад. |
Давраи дуюми имтиҳонҳои қисми А – имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ (синфи 11‑ум) ва қисми Б – имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9‑ум) дар марказҳои имтиҳонии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои дигари интихобшуда баргузор мешавад.
Даври дуюми қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус) ва қисми Г.1 (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ барои филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе) барои довталабоне, ки дар давраи якуми чунин имтиҳонҳо бо сабабҳои гуногун иштирок карда натавонистаанд ё дар давраи дуюми бақайдгирӣ, ё давраи иловагии азнавбақайдгирӣ аз қайд гузаштаанд, дар муассисаҳои таълимии дахлдор доир мегардад. Муҳлат ва макони баргузории даври дуюми қисми Г.2 (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ барои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ)‑ро барои довталабоне, ки дар давраи якуми чунин имтиҳонҳо бо сабабҳои гуногун иштирок карда натавонистаанд ё дар давраи дуюми бақайдгирӣ, ё давраи иловагии азнавбақайдгирӣ аз қайд гузаштаанд, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ муқаррар мекунад.
ДАВРИ СЕЮМИ ИМТИҲОНҲО |
Даври сеюми имтиҳонҳо барои довталабоне пешбинӣ шудааст, ки дар давраи сеюми бақайдгирӣ сабти ном намудаанд. Давраи сеюми имтиҳонҳои қисми А – имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ (синфи 11‑ум) ва қисми Б – имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9‑ум) дар марказҳои имтиҳонии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои дигари интихобшуда ва қисми В – имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус дар муассисаҳои таълимии дахлдор баргузор мешавад.
Даври сеюми имтиҳонҳо барои довталабоне пешбинӣ шудааст, ки бинобар дар даврҳои пешинаи имтиҳонҳо иштирок карда натавонистан ё бо сабабҳои дигар дар давраи сеюми бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД номнавис шудаанд.
Даври сеюми қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ – синфи 11-ум) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ – синфи 9-ум) дар марказҳои имтиҳонии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои интихобшуда) баргузор мегардад.
Даври сеюми қисмҳои В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус) ва Г (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ) дар муассисаҳои таълимии дахлдор мегузарад.
ДАВРИ ЧОРУМИ ИМТИҲОНҲО |
Даври чоруми имтиҳонҳо барои довталабоне пешбинӣ шудааст, ки дар давраи чоруми бақайдгирӣ сабти ном намудаанд. Давраи чоруми имтиҳони қисми А – имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ (синфи 11-ум) дар марказҳои имтиҳонии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои дигари интихобшуда ва қисми В – имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус дар муассисаҳои таълимии дахлдор баргузор мешавад.
Даври чоруми имтиҳонҳо барои хоҳишмандони таҳсил дар гурӯҳҳои ғоибона ва фосилавии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст.
Муҳлати баргузории ҳар яке аз даврҳои имтиҳонҳо дар “Тақвими ИМД-2024” (нигаред ба замимаи 5) оварда шудааст. Инчунин, оид ба замону макони ҳамаи даврҳои имтиҳон ба воситаи сомонаи Марказ ва воситаҳои дигар хабар дода мешавад.
G |
Имтиҳонҳо (қисмҳои А, Б, В ва Г.1) мувофиқи ҷадвали дар даъватнома нишондода баргузор мешавад. Барои фаҳмидани рӯз(ҳо)и мушаххаси баргузории қисмҳои В ва Г.1 довталаб бояд ба муассиса(ҳо)и таълимие, ки тибқи интихобаш ин қисм(ҳо)ро дар он(ҳо) месупорад, пешакӣ муроҷиат кунад. Бо ҷадвали баргузории Г.2 барои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ аз сомонаи донишгоҳи мазкур пас аз ҷойгир карда шудани он шинос шудан мумкин аст. |
ТАЛАБОТ ДАР РАВАНДИ ИМТИҲОН |
Раванди имтиҳонҳоро дар марказҳои имтиҳонӣ кормандони масъул идора мекунанд.
Риояи шарту талаботи барои имтиҳонҳо муқарраршуда, бахусус инҳо, барои довталаб ҳатмист:
1. Бо худ овардани ҳуҷҷату ашёи зерин:
1) шиноснома ё маълумотнома бо муҳру сурат аз ШВКД – барои шахсоне, ки синнашон ба 16 расидааст (барои шахсони то 16-сола – шаҳодатномаи таваллуд ва маълумотнома бо муҳру сурат аз ҷойи зист);
2) даъватнома;
3) 2 дона ручкаи одии рангаш сиёҳ (рангҳои дигар иҷозат дода намешавад, зеро коркарди варақаи ҷавобҳои бо рангҳои дигар қайдшуда аз ҷиҳати технологӣ нодуруст шуданаш мумкин аст).
Ба довталаб овардани оби нӯшокӣ дар зарфи шаффоф иҷозат дода мешавад.
2. Овардани ашёи зерин қатъиян манъ аст:
1) ҷузвдон, китоб, дафтар, ҳар гуна навиштаҳо ва маводди иттилоотӣ;
2) телефони мобилӣ, соат ва таҷҳизоту воситаҳои дигари алоқа ва ҳисоббарор (калкулятор, ноутбук, планшет ва ғайра).
! | Довталаби тестро барвақт иҷрокарда танҳо пас аз гузаштани 60 %-и вақти барои имтиҳон ҷудошуда аз синфхона баромада метавонад. |
! | Телефон ва маводди дигари истифодаашон дар имтиҳон мамнуъро бо худ наоред, чунки ҳангоми даромадан ба маркази имтиҳонӣ онҳоро аз Шумо мегиранд. Дар ҳолати ошкор шудани мавод ё таҷҳизоти истифодаашон дар имтиҳон мамнуъ роҳбари маркази имтиҳонӣ бо маъмури имтиҳон дар шоҳидии намояндаи Марказ санад тартиб дода, довталаби дорандаи ин мавод ё таҷҳизотро аз синфхона хориҷ менамояд ва кори имтиҳонии довталаб аз эътибор соқит дониста мешавад. |
! | Довталаби гиромӣ! 1. Замону макони баргузории имтиҳонҳоро дар ёд гирифта, ба маркази имтиҳонӣ 1 соату 30 дақиқа пеш аз оғози имтиҳон ҳозир шавед! 2. Ба имтиҳон бо либоси тавсиявӣ биёед! 3. Бо худ овардани ду дона ручкаи одии рангаш сиёҳро фаромӯш накунед! |
! |
Довталаби гиромӣ! 1. Дар синфхонаи имтиҳон пеш аз оғози иҷрои тест дар паси варақаи ҷавобҳо ҷумлаи пешниҳодшударо (“Бо тартиби гузаронидани имтиҳон шинос шудам.”) навишта, имзо гузоред (нигаред ба расмҳои 35-ум ва 37-ум). 2. Ба рақами варианти китобчаи тест, рақами тартибии штрихкоди варақаи ҷавобҳо ва рақами ҷойи нишасти худ диққат диҳед (онҳо бояд як хел бошанд). 3. Ҳангоми пур кардани варақаи ҷавобҳо бодиққат бошед, ҷавобҳо ва рақамҳоро, тавре ки намунааш дар варақа (қисми А – дар паси варақа ва қисми Б – дар пеши варақа) нишон дода шудааст, ба тарзи дуруст нависед. Ҷавобҳои субтестро аз китобчаи тест ба қисми барои ин субтест ҷудошудаи варақаи ҷавобҳо кӯчонед. Агар довталаб ҷавобҳои як субтестро ба қисмати барои субтести дигар ҷудошудаи варақаи ҷавобҳо кӯчонад, ҷавобҳои ишорашуда дар қисмати барои субтести муайян ҷудошуда ҳамчун ҷавобҳои ҳамин субтест ҳисобида мешавад. Ҷавоб ва ишораҳоро дар варақаи ҷавобҳо ҳаргиз ислоҳ кардан мумкин нест! Ҷавобҳои ислоҳшуда ба эътибор гирифта намешаванд. 4. Халал расонидан ба рафти имтиҳон: суҳбат кардан ва ёрӣ додан ба якдигар; аз ҷойи нишаст бе иҷозати маъмури имтиҳон хестан; додугирифти ҳар гуна мавод байни довталабон ва монанди инҳо манъ аст. Дар ҳолати чунин амал кардани довталаб ё ошкор шудани маводди истифодааш дар имтиҳон мамнуъ дар дасти довталаб, ӯ аз имтиҳон хориҷ ва кораш аз эътибор соқит дониста мешавад. Ин довталаб аз ҳуқуқи иштирок дар имтиҳонҳо дар соли ҷорӣ маҳрум мегардад. 5. Агар саволу масъалаи тест хира (норавшан) ё ба фикри Шумо, ғалат чоп шуда бошад, дар ин хусус фавран ба маъмури имтиҳон муроҷиат намоед. 6. Дар ҳолатҳои зерин низ фавран ба маъмури имтиҳон муроҷиат кунед: • агар бо сабаби воқеӣ (беморӣ) иҷрои саволу масъалаҳои тестиро ба охир расонида натавонед; • агар имтиҳонро ба забоне, ки бо он китобчаи тест ба Шумо пешниҳод шудааст, супорида натавонед (дар ин сурат бояд пеш аз оғози иҷрои саволу масъалаҳои тест муроҷиат карда шавад). 7. Варақаи ҷавобҳоро холӣ насупоред, зеро натиҷаи имтиҳонҳо танҳо дар асоси ин варақа (на китобчаи тест) арзёбӣ карда мешавад! 8. Ҳангоми супоридани варақаи ҷавобҳо рӯбарӯи ному насаби худ дар протоколи рафти имтиҳон имзо карданро фаромӯш насозед! 9. Пеш аз баромадан аз синфхонаи имтиҳон бо худ гирифтани китобчаи тестатонро аз ёд набароред! 10. Ба кабинети инфиродии худ ворид шуда, барои санҷидан, ки оё, дар ҳақиқат, нусхаи варақа ба Шумо мансуб аст, онро сабт ва чоп кунед. 11. Аз рӯйи нусхаи варақаи ҷавобҳоятон, ки дар кабинети инфиродиатон гузошта мешавад, ҷавобҳои худро бо ҷавобҳои дуруст (калидҳо)-и саволу масъалаҳои тест, ки дар сомонаи Марказ дар охири рӯзи баргузории имтиҳонҳо нашр мешавад, муқоиса ва шумораи холҳои бадастовардаатонро мустақилона ҳисоб намоед. То нашри варақаи ҷавобҳо дар кабинети инфиродиатон ҳамчунин метавонед бо истифода аз китобчаи тест, ки дар дастатон буданаш лозим аст, холҳои бадастовардаатонро мустақилона ҳисоб кунед. 12. Аз ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳои ҳар субтест вобаста ба гурӯҳи ихтисосҳои интихобкардаатон истифода карда, ба чандбалӣ баробар будани холҳои бадастовардаатонро муайян ва натиҷаи ҳосилшударо бо маълумоти дар кабинети инфиродиятон ҷойдошта муқоиса намоед. Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо барои ҳар субтест вобаста аз гурӯҳҳои ихтисосҳо ва қисмҳои имтиҳон дар рӯзи эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо дар сомонаи Марказ нашр карда мешаванд. |