Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

МАБЛАҒИ ХИЗМАТРАСОНӢ ДАР ИМД

Нашр шуд: 31 Январи 2025
Диданд: 29811

Барои хизматрасонӣ дар ИМД (минбаъд – хизматрасонӣ) довталабон маблағи муқаррар-гардидаро пардохт мекунанд.

Арзиши хизматрасониро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Марказ ҳар сол то оғози давраи бақайдгирӣ дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад. Тибқи “Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми апрели соли 2023, № 188 тасдиқ шудааст, барои шахсони зерин (баъди пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдорашон ҳангоми бақайдгирӣ) дар пардохти маблағи хизматрасониҳо имтиёзҳо муқаррар карда мешаванд:

Ҷадвали 4.1

Шахсоне, ки аз пардохти маблағи хизматрасониҳо озоданд

Р/т

Гурӯҳи довталабон

1 

Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД ба синни 22 нарасида, ки падару модарашон вафот кардаанд

2 

Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД ба синни 22 нарасида, ки падар ё модари танҳояшон* вафот кардааст

3 

Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД ба синни 22 нарасида, ки бо сабабҳои маҳдуд ё маҳрум карда шудани падару модар, падар ё модари танҳояшон аз ҳуқуқи падарумодарӣ, бедарак ғоиб эътироф ё фавтида эълон гардидани падару модар, ғайри қобили амал дониста шудани онҳо, барои адои ҷазо дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ қарор доштани падару модар, саркашӣ кардани падару модар аз тарбияи кӯдак ё ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ӯ, аз ҷумла ҳангоми рад кардани гирифтани кӯдаки худ аз муассисаҳои таълимӣ-тарбиявӣ ва ё табобатӣ бе падару модар мондаанд

4 

“Кӯдакони маъюб” ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падар ё модарашон вафот кардааст

5 

“Кӯдакони маъюб” ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падар ё модари танҳо* доранд

6 

“Кӯдакони маъюб” ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падару модари маъюби гурӯҳи I ё II доранд

7 

“Кӯдакони маъюб” ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падар ё модари танҳои* маъюби гурӯҳи I ё II доранд

8 

Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падару модарашон маъюби гурӯҳи I ё II мебошанд

9 

Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падар ё модари танҳояшон* маъюби гурӯҳи I ё II мебошад

Ҷадвали 4.2

Шахсоне, ки аз пардохти 50 %-и маблағи хизматрасониҳо озоданд*

Р/т

Гурӯҳи довталабон

1 

“Кӯдакони маъюб” ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падару модарашон дар қайди ҳаёт (солим) мебошанд

2 

Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД ба синни 22 нарасида, ки падар ё модарашон маъюби гурӯҳи I ё II мебошад

3 

Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД ба синни 22 нарасида, ки падар ё модарашон вафот кардааст

4 

Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД ба синни 22 нарасида, ки падар ё модари танҳо* доранд

*Эзоҳ: шахсони мазкур ҳангоми азнавбақайдгирӣ бояд маблағи барои азнавбақайдгирӣ муқарраршударо пурра пардохт кунанд.

Шахсони мазкур ҳангоми бақайдгирӣ бояд ҳуҷҷатҳои дахлдорро, ки дар ҷадвалҳои 2.2‑2.4 нишон дода шудаанд, пешниҳод кунанд.

Баргардонидани маблағи барои хизматрасониҳо ҷиҳати иштирок дар ИМД пардохта ба довталаб аз рӯйи тартиби тасдиқкардаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.

Қабули маблағи хизматрасонӣ дар марказҳои хизматрасонӣ ё филиалҳои Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»” дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ё тавассути барномаи мобилии “Амонат мобайл” ба расмият дароварда мешавад.

Ба чунин шахсон маблағи барои хидматрасонӣ пардохткарда ё барзиёд супоридаашон баргардонида мешавад:

- шахси аз расиди бонкӣ дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ истифоданакарда;

- довталабе, ки маблағи барои азнавбақайдгирӣ муқарраршударо пардохтааст, вале азнавбақайдгириро нагузаштааст;

- довталабе, ки маблағи муқарраршударо барои супоридани имтиҳон дар даври дуюми имтиҳонҳо пардохтааст, вале дар муҳлати муқарраргардида ба Марказ аризаи дахлдорро пешниҳод накардааст;

- довталабе, ки аз иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ даст кашидааст;

- довталабе, ки дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ бо сабаби узрноки аз ӯ вобастанабуда иштирок карда наметавонад;

- довталабе, ки хатмкунандаи муассисаи таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбӣ буда, бинобар аз аттестатсияи хатм ё ҷамъбастӣ нагузаштанаш дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ иштирок карда наметавонад;

- довталабе, ки бинобар ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуданаш дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ иштирок намекунад;

- довталабе, ки тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти маблағ барои хизматрасониҳо дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ озод мебошад, вале маблағро қисман, пурра ё барзиёд пардохтааст;

- довталабе, ки маблағро барои хизматрасониҳо дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ барзиёд пардохтааст;

Вобаста аз ҳолатҳои зикршуда маблағи барои хизматрасонӣ пардохтшуда дар сурате баргардонида мешавад, ки агар довталаб дар муҳлати муқарраргардида ба Марказ ариза пешниҳод карда бошад. Маълумоти муфассал дар ин бора пас аз оғози ҳар давраи бақайдгирӣ дар сомонаи Марказ ҷойгир карда мешавад.

Агар довталаби худро барои иштирок дар ИМД номнавискарда аз ширкат дар ин имтиҳонҳо даст кашида, барои бозпас гирифтани маблағи пардохтааш аризаро аз муҳлати муқарраршуда дертар диҳад, ин маблағ, ба истиснои ҳолатҳои ғайричашмдошт, ки аз довталаб вобаста нест, ба ӯ баргардонида намешавад. Дар ҳолати тартиби муқарраргардидаи имтиҳонҳоро вайрон аз имтиҳон хориҷ кардани довталаб низ маблағи пардохткардааш бозпас дода намешавад.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳои давраи дуюми бақайдгирӣ)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳои давраи дуюми бақайдгирӣ)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон