Иштирок дар ИМД барои ҳама ихтиёрист. Барои хоҳишмандони ширкат дар ин имтиҳонҳо донистани замону давраҳои бақайдгирӣ зарур аст. Бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД дар чор давра гузаронида мешавад.
Дар бораи макони нуқтаҳои бақайдгирӣ ва муҳлату давраҳои бақайдгирӣ тавассути сомонаи Марказ ва бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, расонаҳои хабарӣ ва ғайра хабар дода мешавад. Довталаб дар давраи якуми бақайдгирӣ, дар ҳар нуқтаи бақайдгирие, ки бихоҳад (дар нуқтаи ба макони зисташ наздик ва ё шаҳру ноҳияи дигар), худро сабти ном карда метавонад. Бақайдгирии довталаб бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз ҷониби ӯ дар ҳузураш ба воситаи техника ва технологияи муосир амалӣ мегардад. Ҳамаи маълумоти барои довталаб зарурӣ дар варақаи бақайдгириаш (нигаред ба расмҳои 1-ум ва 2-юм) дарҷ гашта, ба ӯ пешниҳод карда мешавад.
Марказ барои онҳое, ки ҳангоми давраи якуми бақайдгирӣ аз қайд гузашта натавонистаанд, аз ҷумла шахсоне, ки дар ин давра дар муҳоҷирати меҳнатӣ берун аз кишвар қарор доштанд ё дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хидмат мекарданд, давраҳои дуюм, сеюм ва ё чоруми бақайдгириро ба роҳ мемонад.
Агар довталаб барои иштирок дар ИМД беш аз як маротиба худро номнавис карда бошад, Марказ тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти охирини ӯро фаъол монда, дигар сабтҳояшро ғайрифаъол мекунад.
Довталаб дар вақти бақайдгирӣ яке аз забонҳоро барои имтиҳонсупорӣ, инчунин макони имтиҳонсупориро ихтиёран муайян мекунад. Довталаб дар интихоби субтест аз забонҳои хориҷии қисмҳои А ва Б низ озод аст. Ӯ метавонад яке аз ин забонҳои муайяншударо барои имтиҳон интихоб кунад: англисӣ, немисӣ, франсавӣ, арабӣ.
Шахсони зерин барои иштирок дар ИМД ҳуқуқи аз қайд гузаштанро доранд:
• шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хатмкарда ё хатмкунандаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум), миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва ё миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастанд;
• шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва ё миёнаи касбии кишварҳои хориҷиро хатм карда, ҳуҷҷати тасдиқкунанда ва шаҳодатномаи баробарарзишии ҳуҷҷатҳоро оид ба таҳсилот доранд;
• шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандии сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хатмкарда ва ё хатмкунандаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастанд (танҳо мувофиқи ихтисосҳои таҳсилашон пулакӣ);
• шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандии сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хатмкарда ё хатмкунандаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва ё миёнаи касбии хориҷа буда, ҳуҷҷати тасдиқкунанда ва шаҳодатномаи баробарарзишии ҳуҷҷатҳоро дар бораи таҳсилот доранд (танҳо аз рӯйи ихтисосҳои таҳсилашон пулакӣ).
! |
|
Шахсоне, ки хатмкунанда ё хатмкардаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ буда, дар бораи гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ – синфи 11‑ум ҳуҷҷати дахлдор надоранд, танҳо аз муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ихтисосҳоеро интихоб карда метавонанд, ки қабули донишҷӯён аз рӯйи онҳо фақат дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ – синфи 9-ум ба роҳ монда мешавад.
Барои номнавис кардани довталаб ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:
1) шиносномаи миллӣ ё маълумотнома бо муҳру сурат аз ШВКД ва нусхаи он – барои шахсоне, ки синнашон ба 16 расидааст (барои шахсони то 16-сола – шаҳодатномаи таваллуд, маълумотнома бо муҳру сурат аз ҷойи зист ва нусхаи онҳо);
2) ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот:
- маълумотнома (бо муҳр ва сурат) аз муассисаи таълимӣ дар бораи хатмкунандаи синфи 9-ум будан (барои шахсоне, ки дар синфи 9-ум мехонанд);
- маълумотнома (бо муҳр ва сурат) аз муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ дар бораи хатмкунандаи синфи 11-ум будан (барои шахсоне, ки дар синфи 11-ум мехонанд);
- маълумотнома (бо муҳр ва сурат) аз муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар бораи хатмкунанда будан (барои хатмкунандаҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ);
- маълумотнома (бо муҳр ва сурат) аз муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар хусуси хатмкунандаи гурӯҳи таҳсилаш пулакӣ будан (барои хатмкунандаҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ);
- аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ ва нусхаи он (барои онҳое, ки синфи 9-умро хатм намудаанд);
- аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва нусхаи он (барои онҳое, ки синфи 11-умро хатм кардаанд);
- диплом ва замимааш дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва нусхаи онҳо (барои онҳое, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбиро хатм кардаанд);
- диплом ва замимааш дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва нусхаи онҳо (барои онҳое, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбиро хатм намудаанд);
3) рақами расид (квитансия)-и пардохти маблағ аз яке аз марказҳои хизматрасонӣ ё филиалҳои Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк””, ё аз барномаи мобилии “Амонат мобайл”;
4) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи имтиёзҳо (агар дошта бошад):
- маълумотномаи силсиладор дар бораи маъюби гурӯҳи 1-ум ё 2-юм ё “кӯдаки маъюб” будани довталаб, ки Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон додааст ва нусхаи аз ҷониби ин мақомот тасдиқшудаи ҳуҷҷати мазкур (агар тибқи хулосаи хадамоти мазкур барои онҳо аз рӯйи ихтисосҳои интихобкардаашон таҳсил манъ карда нашуда бошад);
- хатти вафоти падар ва модар, шаҳодатнома дар бораи таваллуди довталаб ва нусхаҳои нотариалӣ тасдиқшудаи ин ҳуҷҷатҳо – барои ятимони кулли то 22-сола (яъне, ба синни 22 нарасида);
- қарори мақоми васояту парастории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ё ноҳияи дахлдор дар бораи бепарастор будани довталаб ва нусхаи ин қарор, инчунин ҳуҷҷате, ки барои қабули қарори мазкур асос шудааст ва маълумотнома бо муҳр дар ин бора аз мақомоти мазкур – барои бепарасторони ба синни 22 нарасида;
- хатти вафоти падар ё модар, шаҳодатнома дар бораи таваллуди довталаби то 22‑сола (яъне, ба синни 22 нарасида) ва нусхаи нотариалӣ тасдиқшудаи ҳуҷҷатҳои мазкур – барои фарзандони хизматчиёни ҳарбие, ки ҳангоми иҷрои уҳдадории хизмати ҳарбӣ ҳалок гардидаанд ё ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ маъюб ё бемор шуда, бар асари он фавтидаанд. Дар хатти вафот бояд сабаби вафот мушаххас нишон дода шуда бошад;
- тавсияномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибият дар озмун ё фестивалҳои тахассусии ҷумҳуриявӣ ё байналмилалии соҳаи санъат ва фарҳанг;
- билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи муваққатӣ ва нусхаи он (барои шахсони хизмати ҳарбиро дар Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра адокарда);
- шаҳодатнома дар бораи дорандаи яке аз унвонҳои “Устоди варзиши дараҷаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” ё дараҷаи “Номзад ба устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” будани довталаб ва нусхаи он, ба шарте ки шаҳодатномаро яке аз мақомоти зерин дода бошад:
— Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (собиқ Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон);
— Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе;
— Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд;
— Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон;
— Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ВМКБ;
— Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон.
Барои бақайдгирӣ довталаб, дар баробари ҳуҷҷатҳои дахлдори зикршуда, маълумоти дигари зарурӣ, аз ҷумла рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкарда, иттилоотро дар бораи макон ва забони имтиҳонсупорӣ бояд пешниҳод кунад.
Барои давраи дуюми бақайдгирӣ ҳамон ҳуҷҷатҳое, ки дар бахши давраи якуми бақайдгирӣ номбар гардиданд, бояд пешниҳод карда шаванд.
Пас аз сабти ном ба довталаб варақаи бақайдгирӣ дода мешавад, ки довталаб бояд онро бодиққат хонда, дар сурати дуруст ҳисобидани маълумот онро бо имзо тасдиқ намояд (нигаред ба расмҳои 1-ум ва 2-юм). Дар варақаи бақайдгирӣ маълумоти инфиродии довталаб, комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкарда, макон ва забони имтиҳонсупорӣ, рақами назоратӣ ва рамзи муваққатӣ барои ворид шудан ба кабинети инфиродӣ ва ғайра дарҷ мегардад. Дар давоми рӯз пас аз сабти ном кабинети инфиродии довталаб фаъол мегардад. Оид ба тарзи истифодаи кабинети инфиродӣ дар бахши “Кабинети инфиродӣ” маълумоти бештар оварда шудааст. Инчунин, пас аз номнависӣ ба довталаб “Ёддошт барои довталаб”, ки иттилооти заруриро дар бораи раванду марҳалаҳои пас аз бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар бар мегирад, дода мешавад. Довталаб онро бо худ гирифта, бояд ҳатман пурра хонад ва мувофиқи дастуроташ амал кунад.
Дар низоми ИМД ба довталаб ҳуқуқ дода мешавад, ки баъди бақайдгирӣ маълумоти инфиродӣ ё интихобҳояшро дар давраҳои асосӣ ва ё иловагии азнавбақайдгирӣ (бозномнависӣ) тағйир диҳад. Вобаста ба ин, ба чунин довталабоне, ки маълумоти инфиродӣ ё интихобҳояшонро тағйир додан мехоҳанд, зарур аст, ки дар давраи азнавбақайдгирӣ худро аз нав сабти ном кунанд.
Азнавбақайдгирии довталабони дар давраи якуми бақайдгирӣ номнависшуда дар ду давра (асосӣ ва иловагӣ) гузаронда мешавад. Довталаб барои аз нав номнавис шудан дар давраи асосии азнавбақайдгирӣ ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва расидро дар бораи пардохти маблағи иловагӣ бояд пешниҳод кунад. Барои ин довталаб бояд ба нуқтаи бақайдгирие ояд, ки дар давраи якуми бақайдгирӣ худро дар он сабти ном кардааст.
Давраи иловагии азнавбақайдгирӣ, ҳамзамон бо давраи дуюми бақайдгирӣ, барои довталабоне, ки хоҳиши иваз кардани гурӯҳи ихтисосҳо ва (ё) комбинатсияҳои ихтисосҳо ё маълумоти дигарро доранд, бо пардохти маблағи пурраи бақайдгирӣ ба роҳ монда мешавад. Ин гурӯҳи довталабон имтиҳонҳоро дар давраи дуюми имтиҳонҳо, ки аз рӯйи қисмҳои А ва Б дар марказҳои имтиҳонии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои дигари интихобшуда, қисми В (дар сурати интихоби ихтисосҳои дахлдор) дар муассисаҳои таълимии дахлдор ва қисми Г (дар ҳолати интихоби ихтисосҳои дахлдор) тибқи ҷадвали тасдиқкардаи муассисаҳои таълимии дахлдор дар худи ҳамин муассисаҳо баргузор мешавад, месупоранд.
Азнавбақайдгирии довталабони дар давраи дуюм, сеюм ё чоруми бақайдгирӣ номнависшуда ҳамзамон бо ҳамин давраҳои дахлдори бақайдгирӣ аст.
Барои азнавбақайдгирӣ аз довталаб ин ҳуҷҷатҳо талаб карда мешавад:
1) шиносномаи миллӣ ё маълумотнома бо муҳру сурат аз ШВКД – барои шахсоне, ки синнашон ба 16 расидааст (барои шахсони то 16-сола – шаҳодатномаи таваллуд, маълумотнома бо муҳру сурат аз ҷойи зист);
2) варақаи бақайдгирии давраи пешинаи бақайдгирӣ;
3) рақами расид (квитансия) аз яке аз марказҳои хизматрасонӣ ё филиалҳои Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк””, ё аз барномаи мобилии “Амонат мобайл” оид ба пардохти:
- маблағи иловагӣ;
- маблағи пурра (барои довталабоне дар давраи номнависшудаашон, ки интихобҳои худро дар давраи иловагии азнавбақайдгирӣ иваз кардан мехоҳанд).
Баъди азнавбақайдгирӣ ба довталаб варақаи бақайдгирии нав дода мешавад, ки довталаб бояд маълумоти дар он дарҷгаштаро низ бодиққат хонда, дар сурати дуруст ҳисобидани маълумот, онро бо имзо тасдиқ намояд.
! |
|
Довталабоне, ки ихтисосҳоро аз филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ва ё Донишгоҳи Осиёи Марказӣ интихоб кардан мехоҳанд, бояд дар ин муассисаҳо низ бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурии муайянкардаи муассисаҳои мазкур номнавис карда шаванд. Муҳлати бақайдгириро худи ин муассисаҳо муқаррар мекунанд. Довталабони ихтисосҳоро аз филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе интихобкарда дар худи ин филиал ва ихтисосҳои Донишгоҳи Осиёи Марказиро интихобнамуда дар нуқтаҳои бақайдгирие, ки донишгоҳи мазкур ташкил менамояд (нигаред ба ҷадвали 5-ум), ба қайд гирифта мешаванд.
Дар давраҳои сеюм ва чоруми бақайдгирӣ шахсони зерин худро номнавис карда метавонанд:
- шахсоне, ки дар давраҳои якум ва дуюми бақайдгирӣ худро номнавис накардаанд;
- довталабони дар давраҳои якум ва дуюми бақайдгирӣ номнависшудае, ки дар имтиҳонҳо (даврҳои якум ва дуюм) иштирок накардаанд;
- довталабони дар даврҳои якум ва дуюми имтиҳонҳо иштироккардае, ки ба озмун роҳ наёфтаанд, яъне аз як ё якчанд субтест ба холи гузариш соҳиб нашудаанд;
- довталабони дар асоси яке аз озмунҳо – тақсимоти асосӣ ва ё иловагии даврҳои якум ва дуюми имтиҳонҳо комёбшудае, ки барои қабул дар муассисаҳои таълимии дахлдор ҳозир нашудаанд;
- довталабоне, ки дар асоси яке аз озмунҳо – тақсимоти асосӣ ва иловагии даврҳои якум ва дуюми имтиҳонҳо аз рӯйи ихтисосҳои самти тиб гузаштаанду вале бинобар гирифториашон ба бемориҳое, ки шахсони ба онҳо мубталогашта ҳуқуқи таҳсил карданро дар муассисаҳои таълимии тиббӣ надоранд, дар ин муассисаҳои таълимӣ қабул нашудаанд.
Барои давраҳои сеюм ва чоруми бақайдгирӣ ҳуҷҷатҳои зерин бояд аз ҷониби довталаб пешниҳод карда шавад:
1. Шиносномаи миллӣ ё маълумотнома бо муҳру сурат аз ШВКД ва нусхаи он – барои шахсоне, ки синнашон ба 16 расидааст (барои шахсони то 16-сола – шаҳодатномаи таваллуд, маълумотнома бо муҳру сурат аз ҷойи зист ва нусхаи онҳо).
2. Ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот:
- аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ ва нусхаи он (барои онҳое, ки синфи 9-умро хатм намудаанд);
- аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва нусхаи он (барои онҳое, ки синфи 11-умро хатм кардаанд);
- диплом ва замимааш дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва нусхаи онҳо (барои онҳое, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбиро хатм кардаанд);
- диплом ва замимааш дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва нусхаи онҳо (барои онҳое, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбиро хатм намудаанд).
3. Рақами расид (квитансия)-и пардохти маблағ аз яке аз марказҳои хидматрасонӣ ё филиалҳои Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк””, ё аз барномаи мобилии “Амонат мобайл”.
4. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи имтиёзҳо (агар дошта бошад).
Дар бораи муҳлати ҳама даврҳои бақайдгирии довталабон ва макони нуқтаҳои бақайдгирӣ дар сомонаи Марказ маълумот ҷойгир ва ҳамчунин бо дигар воситаҳо довталабон огоҳ карда мешаванд (нигаред ба “Тақвими ИМД‑2024”, замимаи 5).
! |
Агар довталаб пас аз бақайдгирӣ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ё рақами телефони мобилиашро иваз кунад ё дар қайди ному насабаш, ё маълумоти дигари ӯ ғалат роҳ ёфта бошад, дар ин хусус сари вақт (то эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо) ба Марказ бояд ариза пешниҳод намояд. |
! |
Агар довталаб забони имтиҳонсупориро русӣ интихоб карда бошад, дар варақаи бақайдгириаш маълумоти бахши “Имтиҳонҳо” ба забони русӣ дода мешавад. |
Ҷадвали 1
Нуқтаҳои бақайдгирии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ барои довталабоне, ки ихтисосҳои ин донишгоҳро интихоб кардан мехоҳанд
Р.т. |
Макон |
Нишонӣ |
Рақами телефон |
1 |
Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдор (маркази таълимӣ) |
шаҳри Душанбе, хиёбони Нисор Муҳаммад, 61/2 |
(44) 601 44 11, (93) 999-99-64 |
2 |
Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдор (маркази таълимӣ) |
шаҳри Бохтар, кӯчаи Ваҳдат, 31А |
(3222) 2-39-23, (93) 999-99-64 |
3 |
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ |
шаҳри Хоруғ, кӯчаи Қиматшо Имматшоев, 155 |
(93) 999-99-64, (93) 999-99-65 |
4 |
Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдор (маркази таълимӣ) |
шаҳри Хоруғ, кӯчаи Ленин, 126 |
(3522) 2-22-77, (93) 999-99-64 |
5 |
Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдор (маркази таълимӣ) |
шаҳри Ҳуҷанд, кӯчаи Камоли Хуҷандӣ, 165 |
(93) 999-99-64 |
Расми 1. Пеши варақаи бақайдгирӣ
Матнеро, ки дар паси варақаи бақайдгирӣ оварда мешавад, пеш аз имзо кардан бодиққат хонед (нигаред ба расми 2-юм).
ДОВТАЛАБ: Бо гузоштани имзо тасдиқ мекунам, ки маълумоти дар варақаи бақайдгирӣ дарҷгардида оид ба иштироки ман дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД)-2023 дақиқ ва дуруст аст. Аз моҳият ва хусусияти асосии низоми ИМД ва маълумоти зерин огоҳам: ü дар ҳолати интихоби ихтисосҳои таҳсилашон пулакӣ (маблағи солонаи таҳсил дар ин варақа нишон дода шудааст) имкони пардохти маблағи таҳсилро дорам; ü раванди тақсимот аз рӯйи комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаам ва бартарии онҳо (аз интихоби 1-ум то 12-ум бо навбат) тибқи озмун амалӣ мегардад; ü маълумоти муфассал оид ба иштироки ман дар ИМД (нусхаи варақаи бақайдгирӣ, даъватнома, варақаи ҷавобҳо; хол ва балҳои бадастовардаам, натиҷаи озмуни тақсимот ва ғайра) дар кабинети инфиродиям дастрас мегардад. Огоҳона арз мекунам, ки: ü маълумоти шахсӣ, маълумот дар бораи имтиҳонҳо ва ихтисосҳои интихобкардаам вобаста аз муассисаҳои таълимӣ ва макони ҷойгиршавии онҳо, шаклу намуд ва забони таҳсил аз рӯйи бартарияшон, забон ва макони имтиҳонсупорӣ дар варақаи бақайдгирӣ дуруст интихоб ва қайд шудааст. Интихоби ихтисосҳо ва бартарии онҳо, пешниҳоди маълумоти шахсӣ, гузоштани изи ангуштон аз ҷониби ман ихтиёран ба амал омадааст. Барои коркарди ҳамаи ин маълумот дар доираи ИМД розиям; ü барои пешниҳоди маълумоти шахсии ман ба муассиса(ҳо)и таълимӣ аз ҷониби Марказ бо мақсади ташкилу баргузории имтиҳон(ҳо)и дахлдор ё барои ҳуҷҷатгузорӣ ҳангоми қабул розиям; ü «Ёддошт барои довталаб»-ро гирифтам. Онро ҳатман хонда, аз рӯйи он амал мекунам; ü падару модар (парасторон)-амро бо варақаи бақайдгириям ҳатман шинос мекунам; ü бо номгӯйи бемориҳое, ки шахсони ба онҳо гирифтор ҳуқуқи дар муассисаҳои таълимии тиббӣ таҳсил карданро надоранд, шинос шудам ва медонам, ки дар ҳолати номувофиқ будани интихобҳои довталаби гирифтори яке аз ин бемориҳо ба вазъи саломатиаш муассисаи таълимӣ ҳуқуқи қабули ӯро надорад; ü варақаи бақайдгирӣ дар асоси маълумоти пешниҳодкардаам дуруст пур карда шудааст. Онро ман ихтиёран ва бақайдгиранда ҳамчун ҳуҷҷати расмӣ ба имзо расонидаем. Маълумот дар варақа дуруст аст. Нисбат ба амалҳои тибқи тартиби ИМД иҷрошаванда даъво нахоҳам дошт. |
|
|
Имзои довталаб |
БАҚАЙДГИРАНДА |
Имзои бақайдгиранда |
Нуқтаи бақайдгирӣ |
Санаи бақайдгирӣ |
Расми 2. Паси варақаи бақайдгирӣ
G |
|
! |
Шумо бояд: |
1) аз рӯйи имкон то замони бақайдгирӣ дар вохӯриҳо бо намояндагони Марказ, мутахассисони соҳаҳои дахлдор ва “Рӯзи дарҳои кушод”-и муассисаҳои таълимӣ вобаста ба ИМД иштирок намоед; 2) ҳуҷҷатҳои заруриро, аз ҷумла барои гирифтани имтиёзҳо (агар дошта бошед), сари вақт омода созед; 3) аз сомонаи Марказ (ntc.tj) ҳамеша истифода кунед; 4) барои осонии кори худ ҳатман почтаи электронӣ кушоед; 5) барои тайёрӣ ба имтиҳонҳо аз маҷмуаҳои саволу масъалаҳои тест, ки Марказ омода кардааст, истифода баред. Қариб 40 %-и саволу масъалаҳои ҳар субтест дар ИМД-2024 аз ҳамин маҷмуаҳо истифода мешавад. Ин маҷмуаҳо ба муасиссаҳои таълимии дахлдор ройгон тақсим ва гунаи электрониашон низ дар сомонаи Марказ гузошта шудааст; 6) ихтисосҳо, муассисаҳои таълимӣ ва бартарии интихоби онҳоро (бо тартиби интихоб аз 1‑ум то 12-ум) то замони бақайдгирӣ барои худ муайян кунед; 7) ҳангоми бақайдгирӣ дар интихоби ихтисосу муассисаҳои таълимӣ ва макони онҳо, шакли таҳсил (барои довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11‑ум), ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбӣ – рӯзона, шабона, ғоибона, фосилавӣ ва барои довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9‑ум) – танҳо рӯзона) ва намуди таҳсил (ройгон, пулакӣ), макон ва забони имтиҳонсупорӣ бодиққат бошед, то ки ғалат накунед; 8) маълумоти дар варақаи бақайдгирӣ дарҷшударо бодиққат хонда, дар сурати дуруст ҳисобидани маълумот онро бо имзо тасдиқ намоед; 9) пас аз номнавис шуданатон дар нуқтаи бақайдгирӣ “Ёддошт барои довталаб”‑ро гирифта, ҳатман онро бодиққат хонед ва аз рӯйи он амал кунед; 10) рақами телефони мобилиеро, ки ҳангоми бақайдгирӣ дар варақаи бақайдгирӣ сабт мегардад, то анҷоми раванди ИМД фаъол нигоҳ доред, зеро дар ҳолати кор накардани он Марказ барои расонидани маълумоти зарурӣ бо Шумо алоқа карда наметавонад. Дар ҳолати бо ягон сабабе иваз шудани рақами телефон ё маълумоти дигари шахсӣ ба Марказ барои сабти маълумоти тағйирёфта дар системаи иттилоотӣ хабар диҳед; 11) пас аз номнависӣ иваз кардани рамзи муваққатии воридшавиро ба кабинети инфиродиатон бо мақсади истифодаи минбаъдаи он фаромӯш накунед. Аз кабинети инфиродиатон самаранок истифода баред. Рақами назоратӣ ва рамзи воридшавиро ба кабинети инфиродии худ дар хотир нигоҳ доред; 12) эҳтиёт кунед, ки варақаи бақайдгириатон то эълони натиҷаи имтиҳонҳо ва тақсимот ба муассисаҳои таълимӣ гум нашавад! Онро то ин давра бо худ нигоҳ доштанатон зарур аст; 13) талаботи амнияти иттилоотиро риоя намоед ва хусусан рақами назоратӣ ва рамзро барои воридшавӣ ба кабинети инфиродӣ аз ёд карда, онро махфӣ нигоҳ доред. |