Азнавбақайдгирӣ (бозномнависӣ) – такроран сабти ном кардани довталаб дар нуқтаи бақайдгирии қаблан ӯро номнавискарда бо мақсади ворид намудани тағйирот ба интихобҳои аввал ва (ё) маълумоти шахсияш, ки бо ихтиёри довталаб анҷом дода мешавад. Азнавбақайдгирӣ дар сурати баргузории озмуни тақсимоти иловагӣ низ ба роҳ монда мешавад.
Бақайдгирӣ (номнависӣ) – қайди расмии довталаб дар нуқтаи бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД. Бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД дар чор давра – якум (асосӣ), дуюм, сеюм ва чорум ба роҳ монда мешавад.
Бал – нишондиҳандаи натиҷаи ИМД, ки барои ҳар субтест дар натиҷаи миқёсгузории холҳо ҳисоб карда мешавад. Озмуни тақсимоти довталабон аз рӯйи балҳои бадастовардаи онҳо ба роҳ монда мешавад.
Бали гузариш – бали умумии барои комбинатсияи ихтисос бадастовардаи довталабе, ки аз рӯйи он дар озмуни тақсимот дар доираи нақшаи қабули донишҷӯён аз ҳама охир тақсимот шудааст. Бали гузариш пешакӣ муайян карда намешавад ва қимати он барои ҳар комбинатсияи ихтисос танҳо пас аз озмуни тақсимоти довталабон ба муассисаҳои таълимӣ маълум мегардад.
Бартарии интихоб – тартиби интихоби комбинатсияи ихтисосҳо мувофиқи хоҳиши довталаб тибқи афзалияташон ҳангоми бақайдгирӣ.
Варақаи бақайдгирӣ – ҳуҷҷати расмӣ, ки довталаб ва Марказ ҳангоми бақайдгирӣ бо ҳам ба имзо мерасонанд ва ба довталаб ҳуқуқи иштирокро дар ИМД медиҳад.
Варақаи ҷавобҳо – варақаи махсус, ки довталаб дар он ҷавоби саволу масъалаҳои тестро қайд мекунад. Варақаи ҷавобҳо ҳуҷҷати ягонаи тасдиқкунандаи натиҷаҳои аз имтиҳонҳо (қисми А ё Б) бадастовардаи довталаб ба ҳисоб меравад.
Гурӯҳи ихтисосҳо – ихтисосҳои аз рӯйи фанҳои имтиҳон ба ҳам наздик ё монанд, ки дар як гурӯҳ муттаҳид карда шудаанд.
Даври дуюми имтиҳонҳо – муҳлати муқарраргардидаи имтиҳонҳо барои довталабоне, ки дар давраи иловагии азнавбақайдгирӣ ё давраи дуюми бақайдгирӣ аз қайд гузаштаанд ва ё дар даври якум (асосӣ)-и имтиҳонҳо иштирок карда натавонистаанд.
Довталаб – шахсе, ки барои супоридани ИМД бо мақсади дохилшавӣ ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида ба қайд гирифта шудааст.
ИМД – имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ; низоми марказонидаи ташкилу баргузории имтиҳонҳо барои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тақсимот ба ин муассисаҳо.
Интихоб – ихтисос(ҳо), гурӯҳи ихтисосҳо, муассиса(ҳо)и таълимии таҳсилоти миёна ва ё олии касбӣ, шакл(ҳо) ва намуд(ҳо)и таҳсил, забон ва макони имтиҳонсупорӣ ва ғайраро ихтиёран интихоб кардани довталаб ҳангоми бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД.
Кабинети инфиродӣ – фазои шахсии барои довталаб дар заминаи сомонаи Марказ ҷудошуда, ки дар он марҳала ба марҳала ҳамаи маълумоти барои ӯ зарурӣ гузошта, то замони муайян нигоҳ дошта мешавад.
Комбинатсияи ихтисос – ихтисоси интихобшуда бо дарназардошти яке аз: 1) муассисаҳои таълимие, ки дар он аз рӯйи ихтисоси мазкур таълим дода мешавад, 2) шаклҳои таҳсил (рӯзона, шабона, ғоибона, фосилавӣ) ва 3) намудҳои таҳсил (ройгон, пулакӣ), ки тибқи нақшаи қабули донишҷӯён пешбинӣ гардидааст.
Қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ (шакли кӯтоҳ: имтиҳон дар заминаи синфи 11-ум)) – имтиҳон бо мақсади санҷидани дониш ва малакаю маҳорати довталаби дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ барои дохил шудан ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар доираи ҳар гурӯҳи ихтисос чор субтестро дар бар мегирад.
Қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (шакли кӯтоҳ: имтиҳон дар заминаи синфи 9-ум)) – имтиҳон бо мақсади санҷидани дониш ва малакаю маҳорати довталаби дорои таҳсилоти умумии асосӣ барои дохил шудан ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар доираи ҳар гурӯҳи ихтисос се субтестро дар бар мегирад.
Қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус) – имтиҳон барои санҷидани қобилияти эҷодӣ ва (ё) малакаю маҳорати махсуси довталаб аз ихтисосҳои самтҳои санъат ва фарҳанг, варзиш, дизайн, меъморӣ, ҳайкалтарошӣ ва дин, ки онро дар баробари ду субтести аввал (1-ум ва 2-юм)-и қисми А ё қисми Б, довталабони ин гуна ихтисосҳоро интихобкарда бояд супоранд.
Қисми Г (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ) – имтиҳонҳое, ки онҳоро довталабони ихтисосҳоро аз филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ва ё Донишгоҳи Осиёи Марказӣ интихобкарда дар баробари қисми А месупоранд. Довталаб ихтисосҳоро аз ҳар дуи ин муассисаи таълимӣ интихоб карда метавонад ва чунин имтиҳонҳо аз ҷониби худи ин муассисаҳо баргузор мегардад ва имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ барои филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе шартан бо ”Г.1” ва барои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бо “Г.2” ифода карда мешавад.
Қисми имтиҳон – ҷузъи таркибии ИМД, ки маҷмуи муттаҳидгардидаи субтестҳо, фанҳо ё санҷишҳоро аз рӯйи хусусиятҳояшон (А – дар заминаи синфи 11-ум, Б – дар заминаи синфи 9-ум, В – эҷодӣ ва (ё) маҳорати махсус, Г – иловагии тахассусӣ) дар бар мегирад.
Марказ – Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Маркази имтиҳонӣ – макони баргузории имтиҳонҳо (қисмҳои А ва Б) дар биноҳои муассисаҳои таълимии дар шаҳр ё ноҳия интихобгардида.
Маъмури имтиҳон – шахси масъул дар ҷараёни имтиҳон (қисмҳои А ва Б).
Миқёсгузорӣ (шкалабандӣ ) – раванди ба балҳо баргардонидани холҳо баъди коркарди пурраи варақаҳои ҷавобҳои довталабон ва ҳисоби холҳои бадастовардаи онҳо. Аз рӯйи натиҷаи миқёсгузорӣ дар доираи ҳар гурӯҳи ихтисосҳо барои ҳар субтест ҷадвали мувофиқати холҳо ба балҳо тартиб дода мешавад.
Нақшаи қабули донишҷӯён – шумораи тасдиқшудаи ҷойҳо дар муассисаи таълимӣ барои қабули донишҷӯён. Дар доираи ин нақша ҷойҳои ройгон (буҷетӣ) ва пулакӣ (шартномавӣ) аз рӯйи ҳар яке аз ихтисосҳо барои шаклҳои гуногуни таҳсил (рӯзона, шабона, фосилавӣ ва ғоибона) дар ҳар яке аз муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ алоҳида ҷудо карда мешаванд. Нақшаи қабули донишҷӯёнро Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар соли таҳсил таҳия менамояд.
Намуди таҳсил – роҳандозии раванди таълим дар муассисаи таълимӣ вобаста аз маблағгузорӣ, ки ду навъ дорад:
- ройгон (дар ин намуд барои тайёр кардани мутахассис маблағ аз буҷаи давлат харҷ мешавад ва аз ин сабаб онро намуди буҷавӣ ҳам мегӯянд);
- пулакӣ (пулӣ, ғайриройгон – дар ин намуд барои тайёр кардани мутахассис маблағ бо бастани шартномаи дутарафа (байни шахсони воқеӣ ва муассисаи таълимӣ) аз ҳисоби сарпарастон – падару модар ё дигарон, ё шартномаи сетарафа (байни шахсони ҳуқуқӣ, донишҷӯй ва муассисаи таълимӣ) аз ҳисоби ташкилоту корхонаҳо пардохт мегардад ва аз ин рӯ онро намуди шартномавӣ низ меноманд).
Нуқтаи бақайдгирӣ – макони номнависии довталабон дар биноҳои муассисаҳои таълимии дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ интихобгардида барои иштирок дар ИМД.
Озмуни тақсимот – тақсимоти довталабони холҳои гузариши фанниро аз ҳамаи субтестҳо ва қисмҳои имтиҳонҳои дахлдор соҳибшуда ба муассисаҳои таълимӣ аз рӯйи ихтисосҳои интихобкарда, балҳои бадастовардаи онҳо ва ҷойҳои тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ҷудогардида.
Озмуни тақсимоти иловагӣ – тақсимоти довталабони дар озмуни тақсимоти асосӣ комёбнашуда ба муассисаҳои таълимӣ аз рӯйи ихтисосҳои дар натиҷаи озмуни ин тақсимот тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ҷойҳои холӣ боқимонда ва интихобҳои ҳар яке аз довталабон. Барои иштирок дар озмуни мазкур ин гуна довталабон баъди аз нав сабти ном кардан интихобҳои худро дар доираи ихтисосҳои ҷойҳои холидошта муайян месозанд.
Пешномнависӣ – хизматрасоние, ки тавассути он довталаб худро дар ҳолати бархат (ба воситаи шабакаи Интернет) пеш аз бақайдгирии расмӣ барои иштирок дар ИМД номнавис мекунад.
Роҳбари маркази имтиҳонӣ – шахси масъул барои назорати ташкилу баргузории имтиҳон дар маркази имтиҳонии ба ӯ вобаста.
Роҳ ёфтан ба озмуни тақсимот – ҳуқуқи довталаб барои иштирок дар озмуни тақсимот баъди ба даст овардани холҳои гузариши фаннӣ аз ҳамаи субтестҳо ва қисмҳои имтиҳони дахлдор.
Субтест – ҷузъи таркибии имтиҳони қисмҳои А ё Б барои муайян кардани дараҷаи дониш ва малакаю маҳорати довталабон аз фанн(ҳо)и таълимӣ.
Тест – абзори бамеъёрдаровардаи арзёбии воқеии дониш ва малакаю маҳорати довталаб, ки маҷмуи саволу масъалаҳоро дар бар мегирад.
Хол – нишондиҳандаи аввали натиҷаи ИМД. Холҳои умумӣ барои ҳар субтест бо ҷамъ кардани холҳои алоҳида барои ҳар ҷавоби дурусти довталаб ба саволу масъалаҳои ин субтест ҳисоб карда мешавад.
Холи гузариш – шумораи ҳадди ақал (минималӣ)-и ҳар сол аз ҳар субтест вобаста аз гурӯҳи ихтисосҳо, имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсус ва имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ муайяншавандаи холҳо, ки барои роҳ ёфтан ба озмуни тақсимот онҳоро ба даст овардани довталаб зарур аст.
Шакли таҳсил – муомилаи ба низом даровардаи байни таълимдиҳанда (омӯзгор) ва таълимгиранда (донишҷӯй). Шакли таҳсил асосан рӯзона, шабона, ғоибона ва фосилавӣ мешавад:
- рӯзона – шакли маъмултарини таҳсилот, ки донишҷӯй дар он ҳар рӯз (ба ғайри рӯзҳои истироҳат) дар давоми нимсола (семестр)-ҳо дар лексияву семинарҳо иштирок карда, сипас имтиҳонҳои дахлдорро месупорад;
- шабона – таҳсил дар нимаи дуюми рӯз. Ин шакли таҳсил ба таҳсили рӯзона хеле наздик буда, асосан хоси коллеҷҳои тиббӣ аст;
- ғоибона – шакли нисбатан мустақилонаи таҳсил, ки дар он донишҷӯй дар муҳлати муайян барои таҳсил дар муассисаи таълимӣ ҳозир шуда, бо рӯйхати адабиёт ва маводди дарсӣ шинос мешавад, вазифаҳояшро гирифта, онҳоро мустақилона анҷом медиҳад ва сипас санҷишу имтиҳонҳоро месупорад;
- фосилавӣ – яке аз шаклҳои таҳсил, ки дар он донишҷӯй бо омӯзгор дар фосилаи аз ҳамдигар дур ба воситаи шабакаи Интернет: низомҳои махсуси таҳсил, почтаи электронӣ, гуфтугӯйҳо (чатҳо), видео-конфронсҳо ва ғайра муомила мекунад.
- шумораи имконпазири бештарини (максималӣ)-и холҳо/балҳо – шумораи баландтарини холҳо/балҳо, ки бо дуруст иҷро кардани ҳамаи саволу масъалаҳо аз ягон субтест ба даст овардан мумкин аст.