Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ПЕШГУФТОР

Нашр шуд: 31 Январи 2025
Диданд: 12328

 

Довталабони гиромӣ! Шумо дар остонаи як марҳалаи муҳимми ҳаёти худ – омодагӣ ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишҷӯй шудан ҳастед. Бо роҳандозии ИМД дастрасӣ ба таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон комилан беҳбуд ёфта, сифати қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии ин зинаҳои таҳсилот баланд шуд. Таъсиси Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷорӣ гардидани низоми ИМД ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва як нишони сиёсати маорифпарваронаи Роҳбари давлат аст.

Дарк кардан зарур аст, ки дониш ва омӯзиши бештар дар ин марҳала барои шумо, довталабони азиз, нақши махсус ва намоён дорад. Он дарҳои навро ба сӯи имкониятҳои нав мекушояд ва уфуқҳои рушди шахсӣ ва касбии шуморо васеъ мекунад. Аҳаммияти донишро, хусусан дар ҷаҳони муосир, хеле зиёд арзёбӣ кардан мумкин аст. Дониш  ва малакаю маҳорат на танҳо гарави соҳиб шудан ба касби муносибу мақбул ва кори хубу пурсамар дар ҳаёти оянда, балки омили иштироки бошууронаи шахс дар ҷамъият ва зиндагии бароҳати ӯст. Дар шароити тағйирёбии босуръат ва ҷаҳонишавӣ таълиму таҳсилоти касбӣ ба як раванди муттасил ва ногузир табдил ёфта, аз ҳар як шахс ҷаҳду талоши комил, омодагӣ ба дигаргуниҳои ҳаррӯзаи ҳаёт ва афтухезҳо дар ин роҳ, омӯзиши пайваста ва такмилу худсозии доимиро тақозо мекунад. Бо омӯхтани фанҳои таълимӣ ва ҳосил кардани малакаю маҳоратҳо дар таҳсил ба таври шоиста шумо на танҳо ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ тайёрӣ мебинед, балки ба ҳаёти ояндаи худ асос мегузоред. Шахси соҳибдонишу соҳибҳунар на фақат барои худ ояндаи хуб месозад, балки дар ободонии ватанаш, барои пешрафти иқтисодиёт, илм ва фарҳанги он ва рушди тамоми ҷамъият саҳмгузор мешавад. Донишу  малакаҳо ба шумо на танҳо дар фаъолияти касбӣ, балки, маҷмуан, дар ҳаёт кумак хоҳанд кард, мушкилотатонро осон, рӯзгоратонро зебо, орзую омолатонро амалишаванда хоҳанд кард.

Дар ёд доред, ки муваффақият тасодуфан ба даст намеояд. Комёбӣ натиҷаи омӯзишу кору талоши собитқадамона ва фидокориҳост. Ҳар лаҳзаи вақтро, ки арзиши гарон дорад, барои омӯзиш ва рушди шахсии худ пурсамарона ва ҳадафмандона истифода баред.

Донишу донишомӯзӣ барои бунёди ҷомеаи устуворе, ки дар таҳдидҳои терроризм, ифротгароӣ, коррупсия ва хурофоту таассуб тоб оварда метавонад, нақши калидӣ дорад. Дар ҷаҳони муосир, вақте ки иттилоот дар ҳама ҷо ва ҳар вақте дастрас аст, ба интихоби донишу маълумоте, ки тафаккури созанда ва ҳисси масъулияти шаҳрвандиро ташаккул медиҳад, огоҳона муносибат кардан муҳим аст. Ҷаҳони муосир аз мо на танҳо фаҳмиши назариявӣ, балки татбиқи амалии донишро барои пешгирӣ аз терроризму экстремизм ва амалу ҳолатҳои коррупсионӣ ва ҷаҳолату зиёдаравӣ дар ҳама самтҳо тақозо мекунад.

Донишандӯзӣ муҳимтарин омили  ташаккули таҳаммулпазирӣ, пешгирӣ аз ҷаҳлу хурофот, эҳтиром ба инсон, донистани ҳуқуқи худ ва  мавқеи фаъол доштан дар ҷомеа мебошад. Шахси дорои илму  донишҳои замонавӣ дар ҳеҷ мавриде фирефтаю гумроҳ намешавад. Аз ин рӯ, ҳар қадаре ки насли наврас ва ҷавон  ба таълиму омӯзиш, ба илму маориф бештар рӯ ораду машғул бошад, ҳамон қадар имконоту ҳолатҳои зуҳури ифротгароиву тундгароӣ ва омилҳои фасоду коррупсионӣ камтар мешавад.

Дар интихоби касбу тахассус ва муассисаи таълимӣ бо масъулияти зиёд ва ҷиддӣ муносибат кунед. Бикӯшед, он ихтисосеро интихоб кунед, ки воқеан, мақбулатон ва ба лаёқату истеъдодатон мувофиқ бошад. Агар интихоби касбу ихтисосро ба таври дигар – интихоби ояндаи худ гӯем, ғалат нахоҳад шуд, зеро чигунагии ҳаёт, самту ҷодаҳои зиндагӣ, ки шумо дар он фаъолияту рушд мекунед, ба касбу пеша, ба ихтисоси интихобкардаатон алоқаю вобастагии зиёд дорад. Касбу ихтисос дар давоми тамоми ҳаётатон коромад шуда, рақобатпазирии шуморо дар бозори меҳнат афзоиш медиҳад ва ҳамчунин, ҷаҳони ботиниатонро ғанӣ мегардонад.

Бо истифода аз ҳамаи шароиту имконоти мусоиди омодакардаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва азхуд кардани барномаҳои таълимӣ ба имтиҳонҳои дохилшавӣ хуб омода шуда, аз рӯйи ихтисоси дилхоҳатон ба номи донишҷӯй сазовор гардед.

Хонед, донед, дуруст амал кунед ва ҳамин басанда аст, ки шумо ба матлуби дил бирасед – донишҷӯй шавед. Такягоҳу дастгиру ёвари шумо танҳо донишу малакаю маҳорати арзандаи шумост ва аз ин рӯ, фирефтаву умедвори касеву чизи дигаре нашавед. Омӯзед, ба имтиҳонҳо омода шавед ва бовар дошта бошед, ки Маркази миллии тестӣ таъмини шаффофияту адолатро дар ҳамаи марҳалаҳои ИМД кафолат медиҳад. Тавре кӯшеду хонеду омӯзеду донед, ки дар оянда аз донишу касбу кори шумо, аз дастовардҳои илмию ҳунарии шумо на танҳо худатон, балки атрофиёнатон, волидон, дӯстон ва ҳамватанонатон ифтихор кунанд.

Дар баробари таҳсили хуб донистану риоя кардани шарту қоидаву талабот барои номнависӣ ва имтиҳонот низ муҳим аст. Бо ин мақсад дар дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб” ҳамаи маълумоти муфид ба шумо пешниҳод шудааст. Маълумоти дахлдорро аз он хонеду амал кунед.

Ба шумо дар амалишавии мақсадҳоятон барои донишҷӯйӣ комёбӣ таманно дорам ва итминон дорам, ки дониши имрӯз андӯхтаатон фардо такягоҳи шумо мегардад.

 


Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ,

директори Маркази миллии тестии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹Май 2025›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк
1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон