Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

НАВЪ ВА ШАКЛҲОИ САВОЛУ МАСЪАЛАҲО ДАР ТЕСТ

Нашр шуд: 31 Январи 2025
Диданд: 6050

 

 Саволу масъалаи тест бо интихоби як ҷавоби дуруст. Дар ин шакл барои ҳар савол ё масъала чор гуна (вариант)-и ҷавоб дода мешавад. Аз ин ҷавобҳо танҳо яктояш дуруст аст, ки онро бояд интихоб кард. Бо интихоби ҷавоби дуруст довталаб доирачаи гунаи дахлдорро бояд ишора намояд, яъне пурра ранг кунад (●). Масалан, агар ҷавоби дурусти савол ё масъала гунаи В бошад, довталаб онро дар варақаи ҷавобҳои тест бояд чунин ишора кунад:

 

 Намуна аз субтести забони тоҷикӣ: 

Кадом ҷумла содаи яктаркиба аст?

А)

Имшаб хола мижа таҳ накард. (Ҳ. Карим)

В)

Оби дарё дар водӣ оҳистатар меравад. (С. Айнӣ)

С)

Деҳқонон ҳам хоҳ-нохоҳ қабул карданд. (С. Айнӣ)

Тарзи ишораи ҷавоб:

D)

Аспамро дар пушти дарвоза баста даромадам. (С. Улуғзода)


 

Намуна аз субтести адабиёти тоҷик:

Кадом сухан аз “Синбоднома”-и Заҳирии Самарқандӣ бо панди Абдуллоҳи Ансорӣ – “Тадбир бо мардуми оқил ҷӯй.” мувофиқ аст?

А)

Сухани ноандешида магӯй, то дар ранҷи нодониста наяфтӣ ва корҳоро оқибат нигар ба аввал.

В)

Ҳар кӣ дар канори модари хираду дониш тарбият ёфта бошад, ба ҳеч ваҷҳ аз макри душман ғофил набошад.

С)

Машварат бо марди доно кун, то аз маслиҳати хом эмин бошӣ ва корҳои ту аз симати ростӣ наяфтад.

Тарзи ишораи ҷавоб:

D)

Агар хирад дорӣ, бар марди ноозмуда эътимод макун, ки зиракон гуфтаанд: ”Деви озмуда беҳтар аст аз марди ноозмуда”.

 

Намуна аз субтести ҳуқуқ:

Шифои 12-сола ва хоҳари 4-солааш Наргис муддати муайяне бе назорати волидон дар кӯча буданд. Оё дар ин ҳолат тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳуқуқвайронкунӣ ҷой дорад?

А)

Не, ин ҳуқуқи шахсии кӯдакон мебошад.

В)

Оре, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дида мешавад.

С)

Оре, ҳуқуқвайронкунии ҷиноятӣ дида мешавад.

Тарзи ишораи ҷавоб:

D)

Оре, ҳуқуқвайронкунии интизомӣ дида мешавад.

 

 Саволу масъалаи тест барои муайян кардани мувофиқат. Дар чунин шакл ба ҳар унсур (калима, ибора, ҷумла, формула, функсия ва ғайра), ки дар сутуни чап дода шудааст, аз сутуни рост унсури мувофиқ бояд интихоб карда шавад. 

Намуна аз субтести англисӣ: 

Match the sentences in Column A with the replies in Column B.

Column A

 

Column B

 

 

 

 

 

 

 

А)

Do you like to live here?

 

1)

Yes, I like to live in Pasadena.

 

B)

Is Pasadena a big city?

 

2)

It has great Universities.

 

C)

What is the weather like in Pasadena?

 

3)

The weather is fine all year long.

 

D)

What about the people of Pasadena?

 

4)

It is not too big, and it is not too small.

 

 

 

 

5)

The people are very friendly.

 

Агар довталаб, масалан, дар ҷавоб ба унсури А рақами 1, ба унсури В рақами 4, ба унсури С рақами 3 ва ба унсури D рақами 5-ро мувофиқ ҳисобад, бояд онро дар варақаи ҷавобҳо чунин ишора намояд:

 

 

Намуна аз субтести таърих: 

Мувофиқатро муайян намоед:

А)

1-уми сентябри соли 1939

 

1)

оғози муҳорибаи назди Маскав

 

 

B)

9-уми майи соли 1945

 

2)

саршавии Ҷанги Бузурги Ватанӣ

 

C)

22-юми июни соли 1941

 

3)

Паради Ғалаба дар Майдони Сурх

 

D)

24-уми июни соли 1945

 

4)

Рӯзи Ғалаба бар Олмони фашистӣ

 

 

 

 

5)

саршавии Ҷанги дуюми ҷаҳон

 

 

Саволу масъалаҳои кушода бо ҷавоби кӯтоҳ. Ин шакли саволу масъалаҳо танҳо дар субтестҳои математика, физика, химия, биология, география ва таърих мавҷуданд, ки дар онҳо ҷавоби саволу масъала дода намешавад. Ҳар як саволу масъалаи ин шаклро худи довталаб ҳал мекунад ва ҷавоби ҳосилшударо, ки адади бутуни мусбат аст, дар ҷойи махсуси ҷудошуда дар варақаи ҷавобҳо менависад. Ҷавоб – ҳар рақами адади ҳосилшуда бояд дар катаки алоҳида навишта шавад. Воҳидҳои ченак, ба мисли кг, л, м, км2, °, °С ва ғайра дар варақаи ҷавобҳо навишта намешавад. Ададҳо дар катакҳо аз тарафи чап навишта мешаванд.

 

Намуна аз субтести математика:

Ададҳои натуралии a ва b чунинанд, ки  -ро ёбед.

Тарзи навишти ҷавоби ҳосилшуда:

 

 

Намуна аз субтести физика:

 

Мошин роҳи S1 = 28 км-ро дар давоми t1 = 0,3 соат ва баъд дар давоми t2 = 1,2 соати оянда роҳи S2 = 80 км-ро тай кард. Суръати миёнаи мошин дар ҳамаи роҳ чӣ қадар буд?  

 

 

Тарзи навишти ҷавоби ҳосилшуда:

 

 

         

 

 

Намуна аз субтести химия:

 

Муодилаи термохимиявии сӯзиши метан СH4 + 2О2 = CО2 + 2H2O + 890 кҶ аст. Ҳангоми сӯхтани 32 г метан чанд кҶ гармӣ хориҷ мешавад?

 

Тарзи навишти ҷавоби ҳосилшуда:

 

Намуна аз субтести биология:

 

Дар занҷирҳои КДН асосҳои нитрогенӣ – аденин (А), гуанин (Г), тимин (Т) ва ситозин (С) мувофиқи принсипи комплементарӣ бо ҳам пайваст мешаванд.

  1. Т–А
  2. Т–С
  3. С–Г
  4. А–Т
  5. А–Г
  6. Г–С

Муайян намоед, ки кадом асосҳои нитрогенӣ нодуруст пайваст шудаанд.

Ҷавобро бо тартиби пайдарҳамии рақамҳо нависед.

Тарзи навишти ҷавоби ҳосилшуда:

 

 

 

Намуна аз субтести география:

 

Миқёси рақамии харита 1:500 000 муайян шудааст. Масофаи як сантиметри харита дар маҳал ба чанд км баробар аст?

 

Тарзи навишти ҷавоби ҳосилшуда:

 

 

 

Расми 34. Намунаи пуркардашудаи варақаи ҷавобҳои имтиҳони қисми А (барои гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм)

Расми 35. Паси варақаи ҷавобҳои имтиҳони қисми А (барои гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм)

Расми 10.3. Намунаи пуркардашудаи варақаи ҷавобҳои имтиҳони қисми Б

(барои гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум)

Расми 10.4. Паси варақаи ҷавобҳои имтиҳони қисми Б

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳои давраи дуюми бақайдгирӣ)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳои давраи дуюми бақайдгирӣ)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон