Саволҳо... посухҳо: аз интихоби ихтисос то курсии донишгоҳ
Ҳаёти мустақилона маъмулан аз чӣ оғоз мешавад? Аз донишҷӯй шудан.
Донишҷӯйӣ аз чӣ оғоз мегирад? Аз имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД).
ИМД аз чӣ ибтидо мегирад? Аз интихоби касбу ихтисосҳо.
Барои ҳаёти хубу бароҳати инсон кадом омилҳо заруранд? Омилҳо зиёданд, аммо яке аз муҳимтаринашон соҳиби касбу ихтисоси хуб будан аст.
Касбу ихтисос чӣ зарурат дорад?
Касбу ихтисос яке аз омилҳои ҳаёти бароҳати инсон аст.
Барои соҳибкасби хуб будан чӣ бояд кард? Барои ин, пеш аз ҳама, дониши хуб бояд дошт. Инро чӣ гуна ҳосил метавон кард? Бо роҳи омӯзиш ва тайёрӣ ба ИМД.
Дар ин роҳ боз чӣ муҳим аст? Донистани тартибу шарту қоидаҳои ИМД ва тайёрӣ ба он.
Инро чӣ гуна (аз чӣ? аз куҷо? бо кадом восита?) донистану фаҳмидан мумкин аст? Аз “Роҳнамои довталаб”...
“Роҳнамои довталаб” чист? Он дастурест фарогири ҳамаи маълумоти зарурӣ барои омодагӣ ба ИМД ва супоридани он.
Довталабони гиромӣ! Ин чанд нукоту суоли муқаддамотиро, агар шумо қобили тааммулу андеша ҳисобеду бо тамаркуз ба он ҳадафҳоятонро тарҳрезӣ кунед, дар тасмимоту нақшаҳоятон барои сазовор шудан ба номи донишҷӯйӣ пирӯзӣ бо шумо хоҳад буд.
Интихоби касб: санъати пайдо кардани худ
Интихоби дурусти касбу ихтисос (таваҷҷуҳ: интихоби дуруст!) – шарт ва зарурат барои ҳар довталаб! Шумо дар остонаи як марҳалаи муҳимми зиндагӣ – роҳ ба сӯйи таҳсил дар мактабҳои олӣ қарор доред. Дар як чорроҳае ҳастед, ки аз он роҳҳои гуногун ба сӯи ояндаҳои гуногун мераванд – чорроҳаи интихоби касбу ихтисосҳо ва таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ. Инсон дар тули ҳаёт чанд маротиба дар сари дуроҳаву чорроҳаи сарнавиштсоз қарор мегирад. Пуле, ки имрӯз шумо дар он истодаед, на танҳо гузариш аз мактаби миёна ба мактаби олӣ, ба коллеҷу донишгоҳҳо, балки гузариш аз кӯдакии беғам ба ҷаҳони масъулияти фардӣ аст. Интихоби дуруст аз шумо дониш, оқилӣ ва ҳушёрӣ талаб мекунад. Интихобе, ки метавонад самти тамоми ҳаёти минбаъдаи шуморо муайян созад.
Интихоби касб на танҳо интихоби як навъи фаъолият, на фақат интихоби ҷойи кор, балки интихоби тарзи зиндагӣ, интихоби тарзи тафаккур, муҳити иҷтимоӣ ва ҳатто ҷаҳонбинӣ ва рисолати инсонӣ дар рӯи Замин аст. Ин як навъ санъат аст, санъати шинохти худ, дарки истеъдоду лаёқату маҳорат ва майлу рағбати худ ва мувофиқ сохтани онҳо бо талаботи ҷомеа ва бозори меҳнат. Дар асри 21, масалан, ки қарни ҳуши сунъӣ ва технологияҳои рақамист, шумо бояд касбҳоеро интихоб кунед, ки дар бозори муосири меҳнат арзишманд бошанду ба талаботашон созгор. Интихоби касбу ихтисос, ки дар он дониш ва малакаҳои касбӣ муттаҳид мешаванд, яке аз муҳимтарин қарорҳои ҳаётӣ ба шумор меравад: интихобе, ки на танҳо ба ояндаи касбӣ, балки ба ташаккули шахсияти инсон низ муассир аст.
Зарурати омӯзиши илму дониш: силоҳи тавонманди асри XXI
Дар ҷаҳони муосир илму дониш ба силоҳи муқтадир табдил ёфтааст. Касе, ки соҳиби илму дониш аст, зӯру тавонаш бештар аст. Омӯзиш на танҳо роҳи ба даст овардани маълумот, балки роҳи рушди шахсӣ, ташаккули ҷаҳонбинӣ ва тарбияи ақлу тақвияти зеҳн аст. Дониш танҳо ҷамъоварии маълумот нест, балки равиши фикр кардан, таҳлил кардан ва эҷод кардан аст, шахсияти худро такмил додан, зеҳнияти хешро тақвият бахшидан, роҳи осони ба ҳадаф расиданро ёфтан аст. Омӯзишу дониш воситаи аз ҳама муҳимтарини зиндагисоз аст. Ҳар қадар ки дониш бештар бошад, зиндагонӣ ба ҳамон андоза осонтар мешавад. Илм баҳрест, ки ҳар қадар дар он шино кунед, аз он ҳамон қадар бештар дурру гавҳари арзишманду дар ҳаётатон коромад ба даст меоред.
Манфиати умдаи дониш дар он аст, ки ба инсон озодӣ медиҳад. Инсони босаводу бомаърифатро наметавон фиреб дод, наметавон ба гумроҳӣ бурд. Талош барои дониш бояд аз доираи “гирифтани диплом” берун барояд. Диплом танҳо як коғаз аст, аммо дониш қудратест, ки ҷаҳонро тағйир медиҳад. Омӯзиши илм ва дониш ҳамчун калиди асосии кушодани дарҳои имконот ва фаҳмиши амиқи ҷаҳон хидмат мекунад. Дониш ба инсон нирӯи тавоное медиҳад, ки бо он метавонад мушкилотро паси сар кунад, қарорҳои дуруст қабул намояд ва дар ҷомеа мақоми арзанда пайдо кунад.
Омӯзишу дониш + кӯшишу талош = комёбӣ
Барои дарёфти дониш ва муваффақ шудан дар ин роҳ чӣ мебояд? Кӯшишу талош! Дониш, агарчи фароху том бошад, ба танҳоӣ наметавонад чун василае ба ҳамаи хостагиҳои инсон расидагӣ кунад, ҳамаи ҳоҷоти шахсро бароварда гардонад. Инсон бо кӯшишу талоши пайваста ва иродаи қавӣ метавонад ба ҳадафҳои худ бирасад. Хоҳиш, хониш, озмоиш бо кӯшиш барои дарёфти дониш – ин ҷавҳари ҳамаи муваффақиятҳост. Кӯшишу талош ва иродаи қавӣ ҳамчун нерӯи пешбаранда дар ин роҳ хидмат мекунанд. Ҳар як муваффақият натиҷаи заҳматҳои пайваста ва талошҳои беист аст. Муваффақиятро касе ба осонӣ ба даст намеорад. Барои касби пирӯзиву муваффақият зарур аст, ки доимо кӯшед, талош варзед ва ҳеҷ гоҳ аз мушкилот натарсед. Кӯшиш сутуни асосии бинои муваффақият аст.
ИМД: санҷиши дониш ва ирода дар ҷодаи донишҷӯйӣ
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавиро ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2014 ҳамасола ба роҳ мондааст. Акнун на фақат довталабон, балки тамоми ҷомеа медонад, ки он ҳамчун майдони санҷиши донишу қобилияти хоҳишмандони таҳсилоти миёнаю олии касбӣ дар кишвар аст. ИМД майдонест, ки ҳар касе вориди он шаваду зӯрозмойӣ кунад, натиҷаи омӯзиш, дониш, кӯшиш ва маҳорату лаёқаташ одилона, шаффофона ва воқеона арзёбӣ мегардад. Дар ин сабқатгоҳи дониш ба ҳеҷ касе бо тақаллуб ё фиреб, ноодилона ва ноҳаққона баҳо гузошта намешавад.
ИМД санҷишгоҳи ҷиддӣ аст: санҷиши дониш, санҷиши кӯшиш, санҷиши ақл, санҷиши ирода. Барои муваффақ шудан дар ИМД ҳеҷ касеро ёриву мададгорӣ лозим нест, ба ҷуз омодагӣ, омодагии хуб.
ИМД на танҳо санҷиши дониш, балки санҷиши қобилияти истифодаи онҳо дар амал аст. Барои муваффақ шудан дар имтиҳон довталабро зарур аст, ки на фақат илму дониш дошта бошад, балки онро дуруст истифода бурда тавонад. Барои имтиҳон зеҳнан ва ҷисман тайёр бояд шуд, дастуру тартиботу талаботи имтиҳонро риоя ва бехато иҷро кард: тақсими дурусти вақт, иҷрои дурусти шарту қоидаҳо ва ғайра. Омодагӣ на танҳо донистани иттилоот, азёд кардани маълумот, балки фаҳмидани он ва сипас амалан ва бамаврид ба кор бурда тавонистани он низ аст. Пас, ҳушёрию оқилӣ низ қисми дугонаи ҷудонашаванда дар роҳест, ки шумо ба нияти донишҷӯй шудан раҳсипори он шуданиед.
Ҳушёрию оқилӣ (бедорӣ, зиракӣ, хирадмандӣ, дурандешӣ), ҳамзамон бо соҳибдониш будан, барои шумо зарур аст: ҳам дар марҳалаи аввал – давраи номнависию интихоби ихтисосҳо ва ҳам дар давраи имтиҳонсупорӣ. Ин сифатҳо на танҳо барои супоридани имтиҳонҳо, балки барои ҳаёти мустақилона ва шоиста низ заруранд, зеро зиндагӣ дар ҷаҳони муосир талаб мекунад, ки ҳар шахс тавонад бо масъулият ва донишҳои кофӣ қарорҳои дуруст қабул кунад, то ки бо мушкилот камтар рӯ ба рӯ шавад, ғалатҳои тақдирсӯз накунад, кораш барои худ шарафманд ва барои ҷомеа судманд бошад.
Тайёрии хуб ба имтиҳонҳо ва ҳаёти мустақилона, ки баъд аз сазовор шудан ба номи донишҷӯйӣ оғоз меёбад, боварӣ (бовар ба худ), масъулиятшиносӣ, эҷоду талошкорӣ, ҳушёрӣ, бурдбориро тақозо мекунад. Бовар ба қобилиятҳои худ ва эътимод ба роҳи интихобкарда, ҳамчун омили муҳимми комёбӣ, ба ҳар як довталаб нирӯи тоза мебахшад ва ӯро дар рӯбарӯи мушкилот устувор месозад. Ҳар довталаб бояд бидонад, ки:
• ин озмун (ИМД) як имконият аст, на монеа;
• ҳар як қадам ба сӯи дониш қадаме ба сӯи ояндаи равшан аст;
• бо заҳмат ва устуворӣ метавон ба орзуҳо расид.
Ва муҳимтар аз ҳама, ҳеҷ гоҳ аз орзу кардан даст набояд кашид. Орзуҳо нирӯи пешбарандаи мо дар зиндагиянд. Бигзор, орзуҳои шумо роҳи шуморо равшан кунанд ва ба сӯи муваффақият ҳидоят намоянд!
“Роҳнамои довталаб”: роҳнамои маънавӣ дар роҳи донишҷӯйӣ
Ин дастур – “Роҳнамои довталаб”, ҳамчун ёвар ва маслиҳатгари муътамад, маҳз барои он таҳия шудааст, ки дар ин лаҳзаи ҳассос ва муҳимми ҳаёт, ки дар он бояд қарори дуруст қабул кард, ба шумо ёрӣ расонад, ба шумо хидмат кунад. Мо бо таҳияву пешниҳоди ин дастури аз тавсияву маслиҳат пур мехоҳем, ки шумо дар интихоби касбу ихтисосу мактаб роҳгум назанед, балки бо дили пур ва бовари комил ба сӯйи ҳадафи худ қадам гузоред, қадами устувор ба сӯйи зиндагии сазовор.
Ин дастурамалест, ки роҳи шуморо ба ҷониби илму касбу ҳунар равшан мекунад. Ин солнома роҳнамоест, ки ба шумо самтро нишон медиҳад, аммо қадамҳоро шумо худ бояд гузоред. Он шуморо ҳамчун роҳнамо аз қоидаҳои роҳ огоҳ месозад, аммо қадам ниҳодан, ҳаракат кардан, сафар аз худи шумост. Ин роҳнамо ба шумо кумак мекунад, ки роҳу равандро дуруст барои худ муайян ва дурию наздикӣ, осонию душвории роҳи пешгирифтаатонро дарк намоед, қуввату имкониятҳои худро барои тай кардани ин ҷода дуруст арзёбӣ кунед ва баъдан раҳсипор шавед ва бо итминон ба оянда қадам гузоред. Бо кӯшиш, дониш ва бовар шумо метавонед ба манзили муроди худ бирасед.
“Роҳнамои довталаб” на танҳо маҷмуи қоидаҳо ва рақамҳо, на танҳо як дастури методӣ, балки харитаи маънавии шумо дар роҳи ҳаёт аз довталабӣ то донишҷӯйӣ, ҳамчун як пули устувор байни орзуҳои бузурги шумо ва дари муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбии кишвар аст. Он ба шумо имкон медиҳад, ки бо итминон ва огоҳӣ ба марҳалаҳои ИМД ворид шавед, имкониятҳои худро дуруст арзёбӣ намоед ва роҳи дурусти касби илму ҳунарро интихоб кунед. Истифодаи дурусти ин роҳнамо ба ҳар як довталаб кумак мекунад, ки на танҳо ба имтиҳонҳо ба таври шоиста омода шавад, балки дар интихоби ояндаи рӯшани худ низ хато накунад.
Дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб” маҳз барои ҳамин таҳия шудааст, ки қадамҳои шумо на таваккалию номуайян, балки устувору дурусту огоҳонаю боварибахш бошад. Ин роҳнамо ба довталабон ёрӣ медиҳад, то тартиби интихоби ихтисосҳо ва муассисаҳои таълимӣ, раванду қоидаҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, озмуни тақсимот ва ғайраро ба таври равшан ва муфассал донанду дарк созанд. Ҳадафи ин дастур роҳнамоии дурусти довталабон дар марҳалаю давраҳои ИМД ва ҳадафи асосии Маркази миллии тестӣ таъмини шаффофият, адолат ва дастрасии баробари ҳамаи хоҳишмандон дар ин имтиҳонҳост.
“Роҳнамои довталаб” роҳнамоест барои шуморо бо тамоми ҷанбаҳои раванди имтиҳонҳои марказонидашуда ва қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимӣ шинос кардан, ба саволҳои шумо посух гуфтан ва роҳи дурусти омодагӣ ва иштирокро дар озмунҳои тақсимот нишон додан.
Бо умеде, ки ин дастур барои шумо ҳамчун як ҳамроҳу роҳнамои муътамад хидмат хоҳад кард, дар оғози ин сафаре, ки охираш манзили мурод аст, ба шумо комёбӣ мехоҳем.
Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ,
директори Маркази миллии тестии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон





