Саволу масъалаҳои тести қисмҳои А ва Б дар ду навъ таҳия шудаанд: саволу масъалаҳои пӯшида ва кушода. Дар ИМД ду шакли саволу масъалаҳои пӯшида – (1) бо интихоби як ҷавоби дуруст ва (2) муайян кардани мувофиқат) ва як шакли саволу масъалаҳои кушода – бо ҷавоби кӯтоҳ истифода мешавад.
|
Саволу масъалаи тест бо интихоби як ҷавоби дуруст. Дар ин шакл барои ҳар савол ё масъала чор гуна (вариант)-и ҷавоб дода мешавад. Аз ин ҷавобҳо танҳо яктояш дуруст аст, ки онро бояд интихоб кард. Бо интихоби ҷавоби дуруст довталаб доирачаи гунаи дахлдорро бояд ишора намояд, яъне пурра ранг кунад ( |
|
Намуна аз субтести забони тоҷикӣ:
|
Феълҳои ишорашудаи байти зерин дар кадом замон ифода ёфтаанд? Дара аз ғурриши обаш садо дод, Насимаш руҳро, ҷонро ғизо дод. М. Турсунзода |
||
|
А) |
замони гузаштаи дур |
|
|
В) |
замони гузаштаи нақлӣ |
|
|
С) |
замони гузаштаи наздик |
Тарзи ишораи ҷавоб: |
|
D) |
замони гузаштаи ҳикоягӣ |
|
Намуна аз субтести адабиёти тоҷик:
|
Дар порчаи зерин аз шеъри Бозор Собир ба кадом масъала ишора шудааст? Қиссаи мурғи самандар пеши ман афсона нест, Саргузашти мардуми печидафарёди ман аст. Он ки месӯзад, вале аз тӯдаи хокистараш Мекунад парвоз чун паррандаи оташпараст. |
||
|
А) |
таърихи муборизаҳои озодихоҳонаи мардуми тоҷик бар зидди истилогарони аҷнабӣ |
|
|
В) |
таърихи фоҷиабор ва аз нав қомат рост кардану аз пайи ободкорӣ шудани тоҷикон |
|
|
С) |
шикастнопазир будани ғурури миллӣ ва ифтихори ватандории мардуми тоҷик |
Тарзи ишораи ҷавоб: |
|
D) |
тоҷу тахту бахтро гум кардан, вале забони модариро гум накардани мардуми тоҷик |
|
Намуна аз субтести ҳуқуқ:
|
Кадом амал зӯроварии равонӣ ба кӯдак дониста мешавад? |
||
|
А) |
мунтазам зери шиддат нигоҳ доштан |
|
|
В) |
ҷалб кардани кӯдак ба амалҳои ношоиста |
|
|
С) |
рад кардани муҳокимаи якҷояи мушкилот |
Тарзи ишораи ҷавоб: |
|
D) |
рафтори ғайричашмдошти волидон нисбат ба кӯдак |
|
Саволу масъалаи тест барои муайян кардани мувофиқат. Дар чунин шакл ба ҳар унсур (калима, ибора, ҷумла, формула, функсия ва ғайра), ки дар сутуни чап дода шудааст, аз сутуни рост унсури мувофиқ бояд интихоб карда шавад.
Намуна аз субтести англисӣ:
|
Match the sentences in Column A with the replies in Column B. |
||||
|
Column A |
Column B |
|
||
|
|
|
|
|
|
|
А) |
Do you like to live here? |
1) |
Yes, I like to live in Pasadena. |
|
|
B) |
Is Pasadena a big city? |
2) |
It has great Universities. |
|
|
C) |
What is the weather like in Pasadena? |
3) |
The weather is fine all year long. |
|
|
D) |
What about the people of Pasadena? |
4) |
It is not too big, and it is not too small. |
|
|
|
|
5) |
The people are very friendly. |
|
|
Агар довталаб, масалан, дар ҷавоб ба унсури А рақами 1, ба унсури В рақами 4, ба унсури С рақами 3 ва ба унсури D рақами 5-ро мувофиқ ҳисобад, бояд онро дар варақаи ҷавобҳо чунин ишора намояд: |
||||
Намуна аз субтести таърих:
|
Роҳбари кадом давлат будани шоҳонро муайян намоед: |
||||
|
А) |
Гуштосп |
1) |
Ашкониён |
|
|
B) |
Куруши Кабир |
2) |
Кушониён |
|
|
C) |
Канишкаи Кабир |
3) |
Сосониён | |
|
D) |
Ардашери Бобакон |
4) |
Ҳахоманишиён |
|
|
|
|
5) |
Каёниён |
|
Саволу масъалаҳои кушода бо ҷавоби кӯтоҳ. Ҷавоби ин шакли саволу масъалаҳо дода намешавад. Ҳар як саволу масъалаи ин шаклро худи довталаб ҳал мекунад ва ҷавоби ҳосилшударо, ки бояд адади бутуни мусбат бошад, дар ҷойи махсуси ҷудошуда дар варақаи ҷавобҳо менависад. Ҷавоб – ҳар рақами адади ҳосилшуда бояд дар катаки алоҳида навишта шавад. Воҳидҳои ченак, ба мисли кг, л, м, км2, °, °С ва ғайра дар варақаи ҷавобҳо навишта намешавад. Ададҳо дар катакҳо аз тарафи чап навишта мешаванд.
Намуна аз субтести забони тоҷикӣ:
Ҷумлаи зеринро таҳлили синтаксисӣ кунед. Рақами аъзои ҷумларо, ки дар болояш навишта шудааст, бо тартиби зерин дар катакчаҳо нависед:
1) мубтадо
2) хабар
3) муайянкунанда
4) пуркунанда
5) ҳол
|
|
||
|
Тарзи навишти ҷавоби ҳосилшуда: |
|
|
Намуна аз субтести математика:
| Дар росткунҷаи MNKP тарафҳои MN= 12/√π см ва NK=4 см аст. Ҳаҷми ҷисмеро ёбед, ки дар натиҷаи чарх задани росткунҷаи MNKP дар атрофи хатти рости NK ҳосил мешавад. |
|
||||
|
Тарзи навишти ҷавоби ҳосилшуда: |
|
|
|||
Намуна аз субтести физика:
|
Заряди лавҳаҳои конденсатор дар контури лаппиш бо мурури вақт мувофиқи муодилаи q = 0,01sin(1000t+p/12) (Кл) тағйир меёбад. Басомади доиравии (сиклӣ) контурро ёбед. Ҷавобро дар СИ ифода намоед. |
||
|
Тарзи навишти ҷавоби ҳосилшуда: |
|
|
Намуна аз субтести химия:
|
Ба 194 г маҳлули 30%-аи кислотаи хлорид 50 г карбонати калсий илова карданд. Ҳиссаи массаи (бо %) намакро дар маҳлули ҳосилшуда муайян кунед. |
||
|
Тарзи навишти ҷавоби ҳосилшуда: |
|
|
Намуна аз субтести биология:
|
Дар пашшаи дрозофил ранги хокистарии бадан нисбат ба ранги сиёҳ пурра доминант аст. Ҳангоми дурагакунии волидайн бо генотипи Аа × аа, чанд фоизи фардҳои дрозофилҳо баданашон ранги сиёҳ мегирад? Ҷавобро бо рақам (фоиз) нависед. |
||
|
Тарзи навишти ҷавоби ҳосилшуда: |
|
|
Расми 10.1. Намунаи пуркардашудаи варақаи ҷавобҳои имтиҳони қисми А (барои гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм)

Расми 10.2. Паси варақаи ҷавобҳои имтиҳони қисми А (барои гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм)
Расми 10.3. Намунаи пуркардашудаи варақаи ҷавобҳои имтиҳони қисми Б
(барои гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум)
Расми 10.4. Паси варақаи ҷавобҳои имтиҳони қисми Б






