Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ
      • Ҳуҷҷатҳои ММТ
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2022
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2023
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2023-2024 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
  • Саволу ҷавоб

МАБЛАҒИ ХИЗМАТРАСОНӢ ДАР ИМД

Нашр шуд: 28 Феврали 2022
Диданд: 13685

Барои хизматрасонӣ дар ИМД (минбаъд – хизматрасонӣ) довталабон маблағи муқарраргардидаро пардохт мекунанд.

Арзиши хизматрасониро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол то оғози давраи бақайдгирӣ Марказ дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад. Тибқи “Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1‑уми марти соли 2018, № 81 тасдиқ шудааст, шахсони то 21-солаи ятим ё бепарастор аз пардохти маблағи хизматрасонӣ дар ИМД озоданд. Инчунин, тибқи тартиби мазкур “кӯдакони маъюб” ва маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва шахсони то 21-сола, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд, барои иштирок дар ИМД 50 дарсади маблағи муайяншударо пардохт мекунанд. Агар довталаб ҳам нимятим ва ҳам “кӯдаки маъюб” ё маъюби гурӯҳи 1-ум ё 2-юм бошад, аз пардохти маблағи хизматрасонӣ дар ИМД озод аст. Шахсони мазкур ҳангоми бақайдгирӣ бояд ҳуҷҷатҳои дахлдорро пешниҳод кунанд.

Қабули маблағ барои хизматрасониҳо аз довталаб ва баргардонидани он ҷиҳати иштирок дар ИМД аз рӯйи Тартиби мазкур ба роҳ монда мешавад.

Қабули маблағи хизматрасонӣ дар марказҳои хизматрасонӣ ё филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ё тавассути барномаи мобилии “Амонат мобайл” ба расмият дароварда мешавад.

Ба чунин шахсон маблағи барои хизматрасонӣ пардохткардаашон ё барзиёд супоридаашон баргардонида мешавад:

1) соҳиби расиди бонкӣ, ки аз номнависӣ барои иштирок дар ИМД даст кашидааст. Шахсе соҳиби расиди бонкӣ номида мешавад, ки расиди бонкӣ ба номи ӯ ба расмият дароварда шудаасту аммо ин шахс барои иштирок дар ИМД худро номнавис накардааст (ба шарти пешниҳоди расиди бонкӣ);

2) довталабе, ки:

► аз иштирок дар имтиҳонҳо даст кашидааст;

► аз миқдори маблағи муқарраршуда барзиёд пардохт кардааст;

► маблағи барои азнавбақайдгирӣ муқарраршударо пардохтаасту аммо дар ин марҳала худро сабти ном накардааст ((азнавбақайдгириро нагузаштааст), ба шарти пешниҳоди расиди бонкӣ));

► бо сабаби узрноки аз ӯ вобастанабуда дар имтиҳонҳо иштирок карда наметавонад;

► хатмкунандаи муассисаи таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбӣ буда, бинобар аз аттестатсияи хатм ё ҷамъбастӣ нагузаштанаш дар имтиҳонҳо иштирок карда наметавонад;

► бинобар ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуданаш дар имтиҳонҳо иштирок намекунад;

► тибқи тартиби муқарраршуда ҳуқуқи аз пардохти тамоми маблағи хизматрасонӣ ё қисме аз он озод буданро дорад, вале ин маблағро қисман, пурра ё барзиёд пардохтааст;

► маблағи муқарраршударо барои супоридани имтиҳон дар даври иловагӣ пардохтаасту аммо дар муҳлати муқарраргардида ба Марказ аризаро барои иштирок дар ин давр пешниҳод накардааст.

Вобаста аз ҳолатҳои зикршуда маблағи барои хизматрасонӣ пардохтшуда дар сурате баргардонида мешавад, ки агар довталаб дар муҳлати муқарраргардида ба Марказ ариза пешниҳод карда бошад. Маълумоти муфассал дар ин бора пас аз оғози марҳалаи асосии бақайдгирӣ дар сомонаи Марказ ҷойгир карда мешавад.

Агар довталаби худро барои иштирок дар ИМД номнавискарда аз ширкат дар ин имтиҳонҳо даст кашида, барои бозпас гирифтани маблағи пардохтааш аз муҳлати муқарраршуда дертар ариза диҳад, ин маблағ, ба истиснои ҳолатҳои ғайричашмдошт, ки аз довталаб вобаста нест, ба ӯ баргардонида намешавад. Дар ҳолати тартиби муқарраргардидаи имтиҳонҳоро вайрон карда, аз имтиҳон хориҷ шудани довталаб низ маблағи пардохткардааш бозпас дода намешавад.

 

!

Агар довталаб аз иштирок дар имтиҳонҳо даст кашад, барои бозпас гирифтани маблағи пардохтааш бояд дар муҳлати муқарраршуда ба Марказ ариза пешниҳод намояд, вагарна ин маблағ, ба истиснои ҳолатҳои ғайричашмдошт, ки аз довталаб вобаста нест, баргардонида намешавад.

Муҳлати охирини пешниҳоди ариза барои баргардонидани маблағи пардохткарда чунин муқаррар гардидааст:

‒  дар давоми 14 рӯзи баъд аз анҷоми марҳалаи асосии азнавбақайдгирӣ – барои шахсоне, ки дар бақайдгирӣ (марҳалаи асосӣ) сабти ном карда, аз иштирок дар ИМД даст мекашанд;

‒ дар давоми 7 рӯзи баъд аз анҷоми марҳалаи иловагии бақайдгирӣ – барои шахсоне, ки дар марҳалаи иловагии бақайдгирӣ ё азнавбақайдгирӣ сабти ном карда, аз иштирок дар ИМД даст кашидаанд;

‒ дар давоми 60 рӯзи баъди ба охир расидани марҳалаи иловагии бақайдгирӣ – барои довталабоне, ки бо сабаби узрноки аз онҳо вобастанабуда дар ИМД иштирок карда натавонистаанд;

‒ то оғози даври асосии имтиҳонҳо – барои довталабоне, ки хатмкунандаи муассисаи таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбӣ буда, бинобар аз аттестатсияи хатм ё ҷамъбастӣ нагузаштанашон дар имтиҳонҳо иштирок карда наметавонанд;

‒ то оғози даври асосии имтиҳонҳо – барои довталабоне, ки бо сабаби ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуданашон дар имтиҳонҳо иштирок намекунанд;

‒  дар давоми 60 рӯзи баъди ба охир расидани марҳалаи иловагии бақайдгирӣ – барои довталабоне, ки ҳуқуқи аз пардохти пурраи маблағ ё қисме аз он озод буданро доранду лекин ин маблағро қисман, пурра ё барзиёд пардохтаанд.

 

!

Муҳлати пешниҳоди ариза дар бораи баргардонидани маблағи пардохтшуда барои шахсони зерин маҳдуд карда намешавад:

ü  соҳибони расиди бонкӣ, яъне шахсоне, ки расиди бонкӣ дар дасташон аст (аз қайд нагузаштаанд);

ü       довталабони маблағи барои хизматрасонӣ муқарраршударо барзиёд пардохта;

ü    довталабони маблағи барои азнавбақайдгирӣ муқарраршударо пардохтае, ки аз нав аз қайд нагузаштаанд;

ü  довталабони маблағи муқарраршударо барои супоридани имтиҳон дар даври иловагӣ пардохтае, ки дар муҳлати муқарраргардида ба Марказ аризаро барои иштирок дар ин давр пешниҳод накардаанд.

Агар соҳиби расиди бонкӣ ё довталаби маблағи азнавбақайдгириро пардохтае, ки азнавбақайдгириро нагузаштааст, дар рӯзи амалиёти бонкӣ (рӯзи пардохти маблағ) пеш аз анҷоми вақти кории бонк барои баргардонидани маблағи дар расид нишондодашуда ба нуқтаи бақайдгирӣ, Марказ ё бахши минтақавии он муроҷиат кунад, маблағаш ҳамон рӯз тавассути филиале, ки маблағро дар он додааст, баргардонида мешавад. Дар ҳолатҳои дигар маблағи пардохтгардида дар давоми 45 рӯз баргардонида мешавад.

Ҳангоми баргардонидани маблағи пардохташуда аз он ҳаққи хизматрасонии бонк ва дар сурати номнавис шудан, хароҷот барои ҷараёни бақайдгирӣ гирифта мешавад.

 

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2023-2024 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2023-2024 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Роҳнамои довталаб – 2023Роҳнамои довталаб – 2023
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест - 2023Намунаи саволу масъалаҳои тест - 2023
  • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус - 2023Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус - 2023
  • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2023ТАҚВИМИ ИМД – 2023
  • Озмун барои интихоби роҳбари нуқтаи бақайдгирӣОзмун барои интихоби роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ
  • Озмун барои интихоби ёвари роҳбари нуқтаи бақайдгирӣОзмун барои интихоби ёвари роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ
  • Озмун барои интихоби бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣОзмун барои интихоби бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣ

Мақолаҳо

Ғуруби ахтари пурфурӯғ

Муддате буд, ки чунин тӯлонӣ ва бетаваққуф борон наборида буд. Гӯӣ, осмонро низ фарзанди азизаш фавтида буду бар марги ҷигаргӯшаю парвардаи хеш талху боалам мегиряд...

 

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2023 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон