Довталабон барои осонии раванди бақайдгирӣ ва сарфаи вақти худу кормандон аз хизматрасонии “Пешномнависӣ” (бақайдгирии пешакӣ тавассути шабакаи Интернет) истифода карда метавонанд. Низоми «Пешномнависӣ” ба довталаб имкон медиҳад, ки ӯ дар ҳолати бархат (онлайн) пешакӣ аз қайд гузарад. Барои ин довталаб бояд маълумоти заруриро барои бақайдгирӣ (ному насаб, таърихи таваллуд, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, нишонии ҷойи зист, рақамҳои телефон, нишонии почтаи электронӣ, муассисаи таълимии дар он таҳсилкунанда (таҳсилкарда), ихтисосҳои интихобкарда аз рӯйи бартарияшон, забон ва макони имтиҳонсупорӣ, макони фиристодани даъватнома ва ғайра) омода карда, ба низом ворид намояд. Довталаб баъдан барои расмӣ кардани номнависӣ ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ бояд ҳатман ҳозир шавад. Ин хизматрасонӣ мустақиман тавассути пайванди https://prereg.ntc.tj ё дар бахши “Пешномнависӣ”-и саҳифаи асосии сомонаи Марказ дастрас мегардад. Равзанаи воридшавӣ ба он чунин аст:
Расми 3. Равзанаи воридшавӣ ба хизматрасонии “Пешномнависӣ”
Шарти асосӣ барои дастрасӣ ба хизматрасонии “Пешномнависӣ” дастрасӣ ба телефони мобилӣ ё почтаи электронӣ аст, зеро барои истифода аз ин хизматрасонӣ аз довталаб нишон додани рақами телефони мобилӣ ё нишонии почтаи электронӣ талаб карда мешавад. Довталаб барои ба низом ворид шудан рақами телефони мобилӣ ё нишонии почтаи электрониро дар равзанае, ки баъди пахши пайванди “Дархости рамз” пайдо мегардад, пешниҳод менамояд. Пас аз ворид кардани нишонии рақами телефони мобилӣ ё почтаи электронӣ ва рамзи санҷишӣ (ба таври тасодуфӣ тавлид ва дар равзана нишон дода мешавад) дар майдонҳои дахлдор бо пахши тугмаи “Фиристодан” низом ба телефони мобилӣ ё почтаи электронии довталаб рамзи ба таври худкор сохтаро, ки аз адади шашрақама иборат аст (масалан, 641733 ё 823631), барои истифода аз хизматрасонӣ ва ворид кардани маълумоти зарурӣ мефиристад. Бо истифода аз телефони мобилӣ ё нишонии почтаи электронӣ ва рамзи ба ӯ фиристодашуда довталаб тавассути равзанаи воридшавӣ ба хизматрасонӣ (нигаред ба расми 3-юм) ба низом ворид гардида, маълумоти барои бақайдгирӣ заруриро ба он дохил карда метавонад.
Равзанаи кории хизматрасонии “Пешномнависӣ” се бахшро дар бар мегирад: (1) маълумоти шахсӣ, (2) маълумот дар бораи таҳсилот, (3) интихоби ихтисосҳо.
Дар бахши “Маълумоти шахсӣ” (нигаред ба расми 4-ум) довталаб чунин маълумотро дар бораи худ бояд пешниҳод намояд: насаб, ном ва номи падар (тибқи шиноснома), санаи таваллуд, ҷинс, миллат, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (силсила ва рақам, оғоз ва анҷоми эътибор, мақомоти ҳуҷҷатдода), нишонии ҷойи зист (аз рӯйи шиноснома) бо дарназардошти кишвар ва шаҳру ноҳияи зист, рақами телефонҳои мобилӣ ва хона (ё мобилии дуюм).
Бахши “Маълумот дар бораи таҳсилот” (нигаред ба расми 5-ум) барои ворид кардани чунин маълумот пешбинӣ шудааст: макони ҷойгиршавӣ (шаҳр ё ноҳия)-и муассисаи таълимие, ки довталаб хамткунанда ё хатмкардаи он аст, ному рақами ин муассисаи таълимӣ ва забони таҳсил дар он, намуди ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот (маълумотнома барои хатмкунандагон ё аттестат/диплом барои хатмкардагон) ва силсилаю рақами он, мақомот (муассисаи таълимӣ)-е, ки дар бораи таҳсилот ин ҳуҷҷатро додааст, санаи додани ҳуҷҷат ва соли хатм.
Расми 5. Бахши “Маълумот дар бораи таҳсилот” дар хизматрасонии “Пешномнависӣ”
Бо истифода аз бахши “Интихоби ихтисосҳо” (нигаред ба расми 6-ум) довталаб гурӯҳи ихтисосҳо ва дар доираи он то 12 комбинатсияи ихтисосҳои барояш писандро, ки интихоб кардааст, аз рӯйи бартарияшон дар рӯйхат ба низом ворид мекунад. Дар ин бахш довталаб дар аввал гурӯҳи ихтисосҳоро интихоб мекунад. Дар сурати интихоб шудани гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм – “Иқтисод ва география”, 3-юм – “Филология, педагогика ва санъат” ё 4-ум – “Ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ”, ки супоридани имтиҳонро аз субтести забони хориҷӣ талаб мекунанд, дар майдони “Имтиҳон аз забони хориҷӣ” (ҳангоми интихоби яке аз ин гурӯҳи ихтисосҳо фаъол мегардад) довталаб яке аз забонҳои хориҷии муқарраргардида (англисӣ, немисӣ, франсавӣ, арабӣ)-ро бояд нишон диҳад. Сипас дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои интихобшуда довталаб комбинатсияҳои ихтисосҳои барояш писандро бо нишон додани рамз ва номи ихтисос, муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбӣ, шакл ва намуди таҳсил интихоб мекунад. Таъкид месозем, ки маълумот дар бораи мавҷудияти забони таҳсил дар комбинатсияи ихтисоси интихобгардида ба таври худкор аз ҷониби низом (тибқи нақшаи қабули донишҷӯён, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Марказ пешниҳод менамояд) нишон дода мешавад. Дар ин бахш довталаб вобаста ба комбинатсияҳои ихтисосҳо метавонад амалҳои зеринро иҷро намояд:
• интихоб (илова кардан)-и комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкарда ба рӯйхат тавассути тугмачаи аломати “ҷамъ” (+). Иҷрои ин амал барои ба рӯйхат ворид кардани то 12 комбинатсияи ихтисосҳо имконпазир аст;
• нест (тоза) кардани комбинатсияи ихтисосҳо аз рӯйхат ба воситаи тугмачаи аломати “тарҳ” (–);
• иваз кардани бартарӣ (тартиби ҷойгиршавӣ)-и комбинатсияҳои ихтисосҳо дар рӯйхат тавассути тугмачаҳои тирхати “ба боло” () ё “ба поён” (¯).
Инчунин, дар ин бахш довталаб барои қисми А ё Б забони имтиҳонсупорӣ, макони имтиҳонсупорӣ (барои қисми В низ, агар ихтисосҳои интихобкардааш супоридани ин қисмро талаб кунанд) ва макони фиристодани даъватномаро ба низом пешниҳод менамояд.
Расми 6. Бахши “Интихоби ихтисосҳо” дар хизматрасонии “Пешномнависӣ”
Давоми расми 6. Бахши “Интихоби ихтисосҳо” дар хизматрасонии “Пешномнависӣ”
Баъди бомуваффақият дохил кардани маълумоти пешномнависӣ ва сабти он, ки бо пахш кардани тугмаи “Фиристодан” амалӣ мешавад, хизматрасонии номбурда барои довталаб рақами инфиродӣ (он муваққатӣ аст) сохта (масалан, CBCA-43456), онро ба телефони мобилӣ ё почтаи электронии ӯ мефиристад.
Баъдан довталабро зарур аст, ки барои худро расман номнавис кардан ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирии дилхоҳаш ҳозир шуда, рақами инфиродии дар пешномнависӣ дастраскардаашро ба масъули номнависӣ пешниҳод намояд. Бақайдгиранда дурустии маълумоти тавассути ин хизматрасонӣ воридкардаи довталабро дар муқоиса бо ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаи ӯ санҷида, агар зарур бошад, онро дар мувофиқат бо довталаб тағйир медиҳад. Амалҳои минбаъда (расм ва изи ангушти довталабро гирифтан ва ғайра) тибқи тартиби муқарраргардидаи бақайдгирии довталабон сурат мегирад.