Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ИМТИЁЗ БА КИҲО ДОДА МЕШАВАД?

Нашр шуд: 31 Январи 2025
Диданд: 52584

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста барои шаҳрвандони ниёзманди ҷумҳурӣ ғамхорӣ ва ҷавонони соҳибистеъдоду болаёқатро дастгирию қадршиносӣ мекунад. Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМД барои гурӯҳҳои муайяни довталабон имтиёзҳо муқаррар шудаанд (нигаред ба ҷадвали 17.1). Ба довталабоне имтиёз дода мешавад, ки онҳо дар бораи соҳибҳуқуқ буданашон барои гирифтани имтиёз ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаро пешниҳод кардаанду холҳои гузариши фанниро аз ҳамаи субтестҳои дахлдор (бо дарназардошти имтиҳонҳои қисмҳои В ва Г барои довталабони дахлдор) ба даст овардаанд. Тартиби додани имтиёзро Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст.

1) Ба довталабон барои гирифтани имтиёзҳо чунин шарту талабот пешбинӣ шудааст: пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ (нигаред ба ҷадвалҳои 2.2-2.4) дар вақти бақайдгирӣ;

2) мувофиқати дастоварди довталаб ба ихтисос(ҳо)и интихобкарда, яъне дастоварди довталаб дар сурате ба ҳисоб гирифта мешавад, ки агар:

- фанне, ки довталаб дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ё байналмилалӣ аз он ғолиб шудааст, барои ихтисос(ҳо)и интихобкардааш субтести асосӣ ё фанни ба он(ҳо) мувофиқаткунанда бошад* (нигаред ба эзоҳ дар саҳифаи 85);

- дастовардҳое, ки довталаб дар соҳаи санъат ё фарҳанг дорад, ба ихтисос(ҳо)и аз соҳаи санъат ё фарҳанг интихобкардааш мувофиқат кунад;

- дастовардҳое, ки довталаб дар соҳаи варзиш дорад, ба ихтисос(ҳо)и аз соҳаи варзиш интихобкардааш мувофиқат кунад;

3) мувофиқати соли дастовардҳои довталабон ба соли баргузории ИМД:

- олимпиада(ҳо)и фаннии ҷумҳуриявие, ки довталаб аз он(ҳо) дастовард дорад, дар ҳамон соле, ки довталаб имтиҳон месупорад, баргузор шуда бошад;

- аз баргузории олимпиада(ҳо)и фаннии байналмилалӣ*, ки довталаб дар он(ҳо) пирӯз шудааст, то соли баргузории ИМД набояд аз 2 сол бештар гузашта бошад;

- аз баргузории озмуну фестивал(ҳо)и тахассусии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии соҳаи санъат ва фарҳанг, ки довталаб дар он(ҳо) пирӯз гардидааст, то соли ИМД набояд аз 2 сол бештар гузашта бошад;

4) дуруст ва дақиқ пешниҳод кардани маълумот дар бораи ҷойи зист ва муассисаи таълимие, ки довталаб дар он таҳсил мекунад ё онро хатм кардааст (барои довталабони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон (танҳо барои гурӯҳҳои ройгон) ва коллеҷҳои тиббӣ (танҳо барои гурӯҳҳои ройгони ихтисоси “Кори момодоягӣ”), ки барои илова кардани коэффитсиент ба натиҷаҳои имтиҳонашон (ҷамъи балҳои умумии қисми А) ҳуқуқ доранд);

5) гирифтани холҳои гузариши фаннӣ аз ҳамаи субтестҳои дахлдор.

Феҳристи ихтисосҳо ва фанҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии ба ин ихтисосҳо мувофиқаткунандаи олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалиро, ки аз рӯйи онҳо ба довталабон дар ИМД имтиёз дода мешавад, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст. Вазорати номбурда феҳристи ихтисосҳоеро, ки дастовардҳои довталабон дар соҳаи фарҳангу санъат ва варзиш ба онҳо мувофиқат карда, дар асоси ин дастовардҳо ба довталабон дар ИМД имтиёз дода мешавад, низ тасдиқ кардааст. Ин феҳристҳо дар сомонаи Марказ гузошта шудаанд.

Дорандагони аттестат (шаҳодатнома)-и универсалӣ бо медали тилло ё нуқра ва дорандагони аттестат (шаҳодатнома)-и аълои равиявӣ бо медали тилло ё нуқра (дар сурати мувофиқат кардани равия ба ихтисоси интихобкардаашон) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ тибқи тартиби муқарраркардаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суҳбат қабул карда мешаванд (бе иштирок дар ИМД). Агар ин гуна шахсон аз имтиёзи пешбиникардаи Вазорат даст кашида, дар ИМД иштирок кардан хоҳанд, дар ИМД мувофиқи тартиби умумӣ, яъне бе гирифтани имтиёз ширкат менамоянд.

Aгар довталаб ба якчанд гурӯҳи довталабони имтиёздор дохил бошад, аз балҳои имтиёзии барои ин гурӯҳҳо муқарраршуда ба ӯ бали имтиёзии баландтарин, ки ба гирифтанаш ҳақ дорад, дода мешавад.

Ба довталабони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва коллеҷҳои тиббӣ, ки хатмкардаи муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ба онҳо коэффитсиент ҷудошуда ва ҳам сокини яке аз ҳамин шаҳру ноҳияҳоянд, бали коэффитсиент пешбинӣ шудааст. Агар довталаб муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум) ё таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ё таҳсилоти миёнаи касбиро дар шаҳр ё ноҳияи ба он коэффитсиент муқарраршуда хатм карда бошаду дар шаҳр ё ноҳияи дигар, ки ба он низ коэффитсиент муқаррар шудааст, мезиста бошад, аз рӯйи бали коэффитсиенти муқарраршуда ба шаҳр ё ноҳияе мегирад, ки дар он зиндагӣ мекунад.

Агар довталаб ҳуқуқи соҳиб шуданро ба коэффитсиенти муқарраргардида ва ҳам бали имтиёзӣ дошта бошад, дар сурати зиёд будани бали имтиёзияш аз бали коэффитсиент ба бали бадастовардааш бали имтиёзӣ ва дар акси ҳол, бали коэффитсиент илова карда мешавад.

Бали коэффитсиент барои довталабони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, инчунин довталабони ихтисоси “Кори момодоягӣ”‑и коллеҷҳои тиббиро интихобкарда, ки тибқи тартиб ҳуқуқи гирифтани бали коэффитсиентро доранд, аз рӯйи бали умумии қисми А – имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ (синфи 11‑ум) бадастовардаашон ҳисоб карда шуда, танҳо барои гурӯҳҳои ройгон, дар сурати соҳиб гаштани ин довталабон ба холҳои гузариши фаннӣ аз ҳамаи субтестҳои қисми мазкур, илова мешавад.

Қимати коэффитсиентҳоро вобаста аз таъминоти шаҳру ноҳияҳо бо табибон ва кормандони миёнаи тиб ҳар сол Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Ҷадвали 17.1

Гурӯҳҳои имтиёздор дар ИМД ва балҳои имтиёзӣ

№

Имтиёздорон

1.

Шахсоне, ки ба натиҷаи имтиҳонҳояшон 150 бал илова мешавад:

1.1.

Ятимон (бе падару модар) ва бепарасторони то 22-сола (яъне, ба синни 22 нарасида) бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ.

1.2.

Маъюбони гурӯҳҳои 1-уму 2-юм ва “кӯдакони маъюб”.

2.

Шахсоне, ки ба натиҷаи имтиҳонҳояшон 100 бал илова мешавад:

2.1.

Фарзандони ба синни 22 нарасидаи хизматчиё­ни ҳарбие, ки дар иҷрои уҳдадории хизмати ҳарбӣ ҳалок гардидаанд, ё ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои хиз­мати ҳарбӣ маъю­б ё бемор шуда, бар асари он фавтидаанд.

2.2.

Ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ (ба ғайр аз озмунҳои фосилавӣ), ки  соҳиби медал барои ҷойи 1‑ум шудаанд*.

2.3.

Ғолибони озмуну фестивалҳои бадеӣ ва эҷодии байналмилалии соҳаи фарҳанг ва санъат бо тавсияномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2.4.

Дорандагони унвони “Устоди варзиши дараҷаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон”.

3.

Шахсоне, ки ба натиҷаи имтиҳонҳояшон 75 бал илова мешавад:

3.1.

Ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ (ба ғайр аз озмунҳои фосилавӣ), ки  соҳиби медал барои ҷойи 2‑юм гаштаанд*.

3.2.

Ғолибони озмуну фестивалҳои бадеӣ ва эҷодии ҷумҳуриявии соҳаи фарҳанг ва санъат бо тавсияномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3.3.

Дорандагони унвони “Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон”.

3.4.

Довталабоне, ки 2 соли пурра хизмати ҳарбиро дар Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адо кардаанд.

4.

Шахсоне, ки ба натиҷаи имтиҳонҳояшон 50 бал илова мешавад:

4.1.

Ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ (ба ғайр аз озмунҳои фосилавӣ), ки  соҳиби медал барои ҷойи 3‑юм шудаанд*.

4.2.

Дорандагони дараҷаи “Номзад ба устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон”.

 

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон