Саволҳои маъмул

Саволҳои маъмул

Дар соли 2016 ба низоми ИМД кадом муассисаҳои таълимӣ шомиланд?

Соли 2016‑ум ба 33 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва 26 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ба воситаи низоми ИМД донишҷӯён қабул карда мешаванд. Ҳамчунин ба низом гурӯҳҳои мақсадноки як қатор коллеҷҳои тиббӣ дохил карда шуданд. Дар ҷадвали зерин (“Ба довталаб”, “Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”) номи пурра, рамз, номи кӯтоҳ, нишонӣ ва рақами телефонҳои муассисаҳои таълимии ба низоми ИМД дохилбуда оварда шудааст, ки донистани он барои ҳар як довталаб, падару модар ва омӯзгор ҳангоми интихоб зарур аст.

Бақайдгирӣ кай ва чӣ тавр сурат мегирад?

Бақайдгирии довталабон аз 1-уми март то 15-уми апрел дар нуқтаҳои бақайдгирии шаҳру ноҳияҳои интихобии ҷумҳурӣ (ба макони зисти довталабон наздик) сурат мегирад. Маълумот дар бораи нишонии нуқтаҳои бақайдгирӣ тавассути сомонаи Марказ ва воситаҳои ахбори омма пешниҳод мегардад. Бақайдгирӣ дар ҳузури довталаб бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба воситаи техника ва технологияи муосир ба роҳ монда мешавад. Ба довталаб варақаи бақайдгирӣ, ки дар он ҳамаи маълумоти зарурӣ дарҷ мегардад дода мешавад. Дар вақти бақайдгирӣ бо хоҳиши довталаб забон ва макони имтиҳонсупорӣ муайян мегардад.

Довталаб метавонад ихтисосҳои ба ӯ писандро бо назардошти муассисаҳои таълимӣ, шакли таҳсил (рӯзона, ғоибона, шабона, фосилавӣ) ва намуди таҳсил (ройгон ё пулакӣ) интихоб намояд. Аммо довталаб наметавонад забони таҳсилро дар вақти бақайдгирӣ мушаххас нишон диҳад, зеро тақсимоти донишҷӯёнро ба гурӯҳҳои академӣ аз рӯйи забони таҳсил баъди гузаштан аз озмуни тақсимот муассисаҳои таълимӣ мувофиқи балҳои бадастовардаи донишҷӯён ва хоҳиши онҳо анҷом медиҳанд.

Бақайдгирии довталабон, новобаста аз муассисаи таълимӣ, шакл ва намуди таҳсили интихобкарда, дар як вақт мегузарад.

Довталабон ихтисосҳоеро, ки супоридани имтиҳонҳои эҷодӣ ва (ё) маҳорати махсусро талаб менамоянд, танҳо аз як муассисаи таълимӣ интихоб карда метавонанд. Дар сурати дар як муассисаи таълимӣ мавҷуд будани якчанд ихтисосе, ки имтиҳонҳои эҷодӣ ва (ё) маҳорати махсуси якхела доранд, довталаб метавонад аз ҳамин муассисаи таълимӣ якчанд ихтисосро интихоб намояд.

Кӣ барои иштирок дар ИМД ҳуқуқи аз қайд гузаштанро дорад?

Шахсони зерин барои иштирок дар ИМД ҳуқуқи аз қайд гузаштанро доранд:

Ø шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – хатмкардагони солҳои пеш ва хатмкунандаҳои соли 2016‑уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Ø шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбии кишварҳои хориҷиро хатм намуда, ҳуҷҷати тасдиқкунанда ва шаҳодатномаи баробарарзишии ҳуҷҷатҳо оид ба таҳсилотро доранд;

Ø шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабааи муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм намудаанд ё хатм менамоянд (танҳо мувофиқи ихтисосҳои таҳсилашон пулакӣ).

Маҳдудияти синну сол барои дохилшавӣ ба довталаб вуҷуд дорад?

Ба шуъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таълимӣ довталабони синнашон то 35-сола метавонанд ҳуҷҷат супоранд. Дар шуъбаҳои ғоибона ва шабонаи муассисаҳои таълимӣ бошад, чунин маҳдудият ҷой надорад.

Довталаб метавонад дар вақти бақайдгирӣ иштирок накунад?

Не, наметавонад. Иштироки довталаб дар вақти бақайдгирӣ ҳастмист. Зеро баъд аз сабти маълумоти зарурӣ, акси довталаб гирифта ва дар варақаи бақайдгириаш ҷойгир карда мешавад. Дар он варақа (дар ду нусха) ҳам имзои бақайдгиранда ва ҳам имзои довталаб бо мақсади тасдиқи дуруст будани маълумоти сабтшуда, гузошта мешавад.

Ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои бақайдгирӣ кадомҳоянд?

Барои бақайдгирӣ бояд ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда шавад:

1) асл ва нусхаи шиноснома ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият бо сурат, ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст;

2) маълумотнома (бо сурат) аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ё муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар хусуси хатмкунанда будан ё:

- асл ва нусхаи аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ (барои онҳое, ки синфи 11-умро хатм намудаанд);

- асл ва нусхаи диплом дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ (барои онҳое, ки муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбиро хатм кардаанд);

- асл ва нусхаи диплом дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ (барои онҳое, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро хатм намудаанд);

- маълумотнома (бо сурат) аз муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ дар хусуси хатмкунандаи гурӯҳи пулакӣ будан (Хатмкунандагони гурӯҳҳои ройгони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ баъди хатми муассисаи таълимӣ бояд 3 сол мувофиқи роҳхати мақомоти дахлдор кор кунанд);

3) расид (квитансия)-и пардохти маблағ аз филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” барои иштирок дар ИМД (ҳаҷми маблағро ҳар сол Марказ муайян менамояд);

4) хулосаи Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи манъ карда нашудани таҳсил барои довталабони маъюби гурӯҳҳои 1‑ум ва 2‑юм дар ихтисос(ҳо)-и интихобкарда;

5) асл ва нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи имтиёзҳо (агар дошта бошад), аз ҷумла:

- хулосаи Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (маълумотномаи силсиладор) дар бораи маъюби гурӯҳи 1-ум ё 2-юм будани довталаб;

- хатти вафоти падар ва модар, шаҳодатнома дар бораи таваллуди довталаб (барои ятимони кулли то 21-сола);

- ҳуҷҷати тасдиқкунанда дар бораи бепарастор будан, ки бахши оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ё ноҳияи дахлдор додааст (барои бепарасторони то 21-сола);

- тавсияномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибият дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ё байналмилалӣ (барои онҳое, ки ҷойи 1‑ум, 2‑юм ё 3‑юмро ишғол намудаанд);

- тавсияномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибият дар озмун ё фестивалҳои тахассусии ҷумҳуриявӣ ё байналмилалии соҳаи санъат;

- шаҳодатнома дар бораи узви дастаи яккачини варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дорандаи дараҷаи “Номзади устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” ё унвони “Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Устоди варзиши дараҷаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ё “Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” будан;

- билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи муваққатӣ, ки ба ивази билети ҳарбӣ дода шудааст (барои онҳое, ки хизмати ҳарбиро дар Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонидаанд).

Варақаи бақайдгирӣ чист?

“Варақаи бақайдгирии довталаб” ҳуҷҷати расмӣ буда, дар рӯзи аз қайд гузаштани довталаб байни Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Довталаб ба имзо расонида мешавад. Варақаи бақайдгирӣ ба довталаб ҳуқуқи иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавиро медиҳад.

Дар варақаи бақайдгирӣ маълумоти инфиродии довталаб, ихтисосҳои интихобкардаи ӯ бо назардошти бартарии интихоби онҳо вобаста ба муассисаҳои таълимӣ, шаклу намуди таҳсил ва мавҷудияти забони таҳсил дар онҳо, инчунин макон ва забони имтиҳонсупорӣ, рақами назоратӣ ва рамзи муваққатӣ барои ворид шудан ба кабинети инфиродӣ ва маълумоти дигар ҷой дода мешавад.

Азнавбақайдгирӣ чист ва он кай сурат мегирад?

Дар низоми ИМД довталаб ҳуқуқ дорад, ки баъд аз бақайдгирии даври асосӣ маълумоти инфиродӣ ё интихобҳояшро тағйир диҳад. Барои ин ӯро зарур аст, ки аз нав ба қайд гирифта шавад.

Довталаб барои аз қайд гузаштан дар даври якуми азнавбақайдгирӣ аз 16‑ум то 30-юми апрел ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва расиди пардохти маблағи иловагиро бояд пешниҳод кунад. Довталаб ба нуқтаи бақайдгирие, ки дар бақайдгирии даври асосӣ аз қайд гузаштааст, бояд ҳозир шавад. Онҳое, ки ҳангоми бақайдгирии асосӣ аз қайд нагузаштаанд, дар ин давра ба қайд гирифта намешаванд.

Барои довталабоне, ки хоҳиши иваз кардани гурӯҳи ихтисосҳо ва (ё) комбинатсияи ихтисосҳоро доранд, даври дуюми азнавбақайдгирӣ аз 10-ум то 19‑уми июн танҳо дар шаҳри Душанбе бо пардохти маблағи пурраи бақайдгирӣ ба роҳ монда мешавад. Имтиҳонҳо барои ин гурӯҳи довталабон дар даври имтиҳонҳои иловагӣ рӯзҳои 18-19-уми июл танҳо дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Барои азнавбақайдгирӣ кадом ҳуҷҷатҳо лозиманд?

Дар давраи азнавбақайдгирӣ танҳо довталабоне иштирок карда метавонанд, ки онҳо дар бақайдгирии асосӣ аз қайд гузаштаанд. Барои азнавбақайдгирӣ довталаб бояд ба нуқтаи бақайдгирие, ки қаблан дар он ҷо аз қайд гузашта буд, бо ҳуҷҷатҳои зерин ҳозир шавад:

1) шиноснома ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият бо сурат, ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст;

2) варақаи бақайдгирии даври бақайдгирии асосӣ;

3) расид аз филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” оид ба пардохти:

- маблағи иловагӣ (барои даври якуми азнавбақайдгирӣ – аз 16-ум то 30-юми апрел);

- маблағи пурра (барои даври дуюми азнавбақайдгирӣ – аз 10-ум то 19-уми июн).

Бақайдгирии иловагӣ чист ва он барои кӣ муайян гардидааст?

Марказ барои онҳое, ки дар бақайдгирии даври асосӣ (аз 1-уми март то 15‑уми апрел) бо сабабҳои узрнок аз қайд гузашта натавонистаанд, аз ҷумла, шахсоне, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанд, дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат мекарданд, бақайдгирии иловагӣ ташкил менамояд. Бақайдгирии иловагӣ аз 20-ум то 30-юми июн танҳо дар шаҳри Душанбе ба роҳ монда мешавад.

Довталабоне, ки дар бақайдгирии даври асосӣ аз қайд мегузаранд, ҳуқуқи дар бақайдгирии иловагӣ аз қайд гузаштанро надоранд. Баъд аз анҷоми давраи бақайдгирии иловагӣ ҳуҷҷат қабул карда намешавад.

Кадом ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии иловагӣ заруранд?

Барои бақайдгирии иловагӣ бояд ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда шавад:

1) асл ва нусхаи шиноснома ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият бо сурат, ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст;

2) асл ва нусхаи шиносномаи хориҷӣ бо муҳри убури марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои онҳое, ки дар бақайдгирии даври асосӣ берун аз марзи ҷумҳурӣ қарор доштанд);

3) асл ва нусхаи билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи муваққатӣ (барои онҳое, ки дар моҳҳои май-июни соли имтиҳонсупорӣ муҳлати хизматашон дар Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расидааст);

4) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи сабаби узрнок дар бораи аз қайд гузашта натавонистан дар давраи бақайдгирии асосӣ (бо сабабҳои дигари узрнок);

5) асл ва нусхаи аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ ё асл ва нусхаи диплом дар бораи таҳсилоти ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ (барои онҳое, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбиро хатм кардаанд);

6) ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи имтиёз (агар бошад);

7) расиди пардохти маблағ аз филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” барои иштирок дар ИМД (ҳаҷми маблағро Марказ муайян менамояд).

Агар довталаб пас аз бақайдгирӣ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ё рақами телефони мобилиашро иваз кунад ё дар қайди ному насабаш ғалат роҳ ёфта бошад, дар ин хусус бояд сари вақт (то эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо) ба Марказ ариза пешниҳод намояд.

Кабинети инфиродӣ чист?

Кабинети инфиродӣ сарчашмаи маълумот оид ба натиҷаҳои иштироки довталаб дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ буда, дар давоми 2-3 рӯзи пас аз бақайдгирӣ фаъол мегардад. Баъди фаъол шудани кабинети инфиродӣ довталаб бо дохил кардани рақами назоратӣ ва рамзи муваққатие, ки дар “Варақаи бақайдгирӣ”-аш сабт шудааст, онро мекушояд.

Вобаста аз ҳар марҳалаи ИМД довталаб аз кабинети инфиродии худ метавонад маълумоти зеринро ба даст орад:

- маълумоти инфиродӣ;

- нусхаи даъватнома;

- гурӯҳи ихтисосҳо ва комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобнамуда аз рӯйи муассисаҳои таълимӣ, шакл, намуд ва забони таҳсил мувофиқи бартарии онҳо;

- ҷадвали баргузории имтиҳонҳо;

- нусхаи варақаҳои ҷавобҳои ҳар қисми имтиҳон;

- натиҷаҳои имтиҳонҳо:

- хол ва балҳои ҳар субтест;

- хол ва бали имтиҳони эҷодӣ ва (ё) маҳорати махсус (агар чунин имтиҳонро супорида бошад);

- балҳои имтиёз (агар дошта бошад);

- натиҷаи тақсимот ва ғайра. 

Ба кабинети инфиродӣ чӣ гуна ворид шудан мумкин аст?

Барои ворид шудан ба кабинети инфиродӣ довталаб метавонад аз сомонаи Марказ ё саҳифаи воридшавӣ ба кабинети инфиродӣ истифода барад. Довталаб бояд дар саҳифаи асосии сомона аз қисми тугма-пайвандҳо банди “4. Кабинети инфиродӣ”-ро интихоб намояд. Воридшавӣ ба кабинети инфиродӣ танҳо бо дохил кардани рақами назоратӣ ва рамзи дуруст имкон дорад. Бинобар ин дар вақти дохил кардани маълумот довталаб бояд ба дуруст дохил кардани ададҳо ва ҳарфҳои хурду калони англисӣ диққати ҷиддӣ диҳад.

Равзанаи воридшавӣ ба кабинети инфиродӣ аз майдон ва унсурҳои зерин иборат аст, ки онҳо чунин вазифаҳоро доранд:

- майдони “Номи корбар” барои дохил кардани рақами назоратӣ;

- майдони “Рамз” барои ворид кардани рамзи воридшавӣ ба кабинети инфиродӣ;

- майдони “Забон” барои интихоби забони корӣ (интерфейс)-и кабинети инфиродӣ;

- тугмаи “Воридшавӣ” барои дохил шудан ба кабинети инфиродӣ (пас аз ворид кардани номи корбар, рамз ва интихоб намудани забони корӣ пахш карда мешавад);

- пайванди “Рамзро фаромӯш кардед?” барои барқарор кардани рамзи фаромӯшшуда.

Барқарор кардани рамзи воридшавӣ ба кабинети инфиродӣ танҳо бо истифода аз нишонии почтаи электронии дар системаи иттилоотӣ сабтгардидаи довталаб имконият дорад (“Зарурати истифодаи сомонаи Марказ ва кабинети инфиродии довталаб дар чист?”). 

Иваз намудани рамзи муваққатӣ ва махфӣ нигоҳ доштани рамзи нав ҳатмист! Баъди анҷоми кор дар кабинети инфиродӣ пахш кардани тугма-пайванди “Баромад” ҳатмист, то ки кори кабинети инфиродӣ поён ёфта, воридшавӣ ба он барои дигарон имконнопазир гардад.

Даъватнома чист ва он чӣ тавр дастрас мегардад?

Барои иштирок дар ИМД ба довталабон даъватнома фиристода мешавад.

Даъватнома ҳуҷҷатест, ки баъди бақайдгирӣ барои даромадани довталаб ба маркази имтиҳон ҳамчун иҷозатнома хизмат мекунад.

Даъватнома шахсан ба довталаб ва ё наздикони ӯ бо пешниҳод намудани варақаи бақайдгирӣ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ба воситаи бахшҳои минтақавии Марказ, раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимӣ расонида мешавад. Нусхаи электронии даъватнома дар кабинети инфиродии довталаб низ ҷойгир карда мешавад.

Барои ворид гаштан ба маркази имтиҳон довталаб бояд даъватнома, шиноснома ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият бо сурат дошта бошад.

Довталаб бояд бо даъватнома, шиноснома ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияташ бо сурат ба маркази имтиҳон аз рӯйи ҷадвали имтиҳонҳо дар рӯзи муайяншуда 1 соату 30 дақиқа пеш аз оғози имтиҳон ҳозир шавад.

Ҳангоми гум шудани даъватнома чӣ бояд кард?

Дар ҳолати дастрас нагардидани даъватнома ва ё гум шудани он довталаб нусхаи электронии даъватномаашро (баъди нашри он дар кабинети инфиродӣ) метавонад сабт ва чоп кунад ё бевосита ба Марказ ё яке аз бахшҳои минтақавии он муроҷиат намояд.

Фанҳои имтиҳонии ИМД вобаста ба гурӯҳи ихтисосҳо кадомҳоянд?

Дар низоми ИМД барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ пас аз хатми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ имтиҳонҳо ба қисмҳои зерин ҷудо шудаанд:

- қисми Аимтиҳони умумӣ;

- қисми Б – имтиҳони ихтисос;

- қисми В – имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус.


Қисми А (имтиҳони умумӣ)

Қисми А (имтиҳони умумӣ) барои ҳамаи довталабон, сарфи назар аз ихтисосҳои интихобнамуда ҳатмист. Дар ин ин қисм, субтести забони тоҷикӣ ҳатман бо забони тоҷикӣ ва субтестҳои дигар вобаста ба интихоби довталаб оид ба забони имтиҳонсупорӣ дар давраи бақайдгирӣ ва тибқи талаботи муассисаҳои таълимӣ ва ихтисосҳои алоҳида бо забони тоҷикӣ ё русӣ баргузор мешавад. Имтиҳони умумӣ аз се субтест иборат аст:

(1) забони тоҷикӣ;

(2) математика;

(3) таърихи халқи тоҷик ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ.

Барои ҷавоб додан ба саволҳо ва ҳалли масъалаҳои ҳар се субтест 165 дақиқа ҷудо шудааст.


ҚИСМИ Б (имтиҳони ихтисос).

Дар Қисми Б(имтиҳони ихтисос) довталаб дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои интихобнамудааш аз се субтест имтиҳон месупорад:

Гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум: математика, физика ва химия.

Гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм: математика, география ва забони хориҷӣ. Довталаб дар интихоби яке аз забонҳои хориҷӣ (англисӣ, немисӣ, франсавӣ ва арабӣ) озод аст.

Гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм: забон ва адабиёт, таърих ва забони хориҷӣ*. Дар ин бахш субтести 1-уми имтиҳони қисми Б-ро довталабони ихтисосҳои самти:

- филологияи тоҷикро интихобнамуда аз забон ва адабиёти тоҷик;

- филологияи русро интихобнамуда аз забон ва адабиёти рус;

- филологияи ӯзбекро интихобнамуда аз забон ва адабиёти ӯзбек

месупоранд. Довталаб аз самти филологӣ танҳо яктояшро интихоб карда метавонад (филологияи тоҷик, филологияи рус ё филологияи ӯзбек).

Забони имтиҳонсупорӣ – тоҷикӣ ё русиро барои субтестҳои дигар довталаб дар давраи бақайдгирӣ интихоб менамояд.

Гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум: таърих, ҳуқуқи инсон ва забони хориҷӣ.

 Гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум: химия, биология ва физика.

Барои ҷавоб додан ба саволҳо ва ҳалли масъалаҳои се субтести қисми Б 165 дақиқа ҷудо шудааст.


Қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус)

Қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус)-ро довталабоне месупоранд, ки ҳангоми дохил шудан ба муассисаҳои таълимӣ аз рӯйи ихтисосҳои интихобнамудаашон (самтҳои санъат, варзиш, дизайн, меъморӣ, ҳайкалтарошӣ ва динӣ) мувофиқи муқаррароти Cтандарти давлатии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии эҷодӣ ва (ё) маҳорати махсус доштанашон ҳатмист.

Имтиҳони қисми В-ро комиссияҳои имтиҳонӣ (фаннӣ)-и муассисаҳои таълимӣ дар худи муассисаҳо баргузор менамоянд. 

Имтиҳонҳо ба кадом забон супорида мешаванд?

Дар низоми ИМД забони имтиҳонсупорӣ тоҷикӣ ва русӣ муқаррар шудааст. Довталаб дар вақти бақайдгирӣ дар интихоби забони имтиҳонсупорӣ озод аст.  Ҳамзамон, бояд қайд кард, ки дар қисми Б (имтиҳони ихтисос) довталаб аз рӯйи талаботи гурӯҳи ихтисосҳои интихобнамудааш аз се фан имтиҳон месупорад.

Дар ин қисм мувофиқи гурӯҳи ихтисосҳо китобчаи тест аз се субтест иборат аст:

Гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум: математика, физика ва химия.

Гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм: математика, география ва забони хориҷӣ*.

Гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм: забон ва адабиёт, таърих ва забони хориҷӣ*.

Дар ин бахш субтести 1-уми имтиҳони қисми Б-ро довталабони ихтисосҳои самти:

Ø филологияи тоҷикро интихобнамуда аз забон ва адабиёти тоҷик;

Ø филологияи русро интихобнамуда аз забон ва адабиёти рус;

Ø филологияи ӯзбекро интихобнамуда аз забон ва адабиёти ӯзбек

месупоранд. Довталаб аз самти филологӣ танҳо яктояшро интихоб карда метавонад (филологияи тоҷик, филологияи рус ё филологияи ӯзбек). Забони имтиҳонсупорӣ – тоҷикӣ ё русиро барои субтестҳои дигар довталаб дар давраи бақайдгирӣ интихоб менамояд. 

Гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум: таърих, ҳуқуқи инсон ва забони хориҷӣ.

Довталаб дар интихоби яке аз забонҳои хориҷӣ (англисӣ, немисӣ, франсавӣ ва арабӣ) дар гурӯҳи ихтисосҳои  2-юм, 3-юм ва 4-ум озод аст.

Гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум: химия, биология ва физика.

Имтиҳонҳо кай ва чӣ тавр баргузор мешаванд?

Имтиҳонҳои қисми А (имтиҳони умумӣ) ва қисми Б (имтиҳони ихтисос) вобаста аз гурӯҳи ихтисосҳо аз 1-ум то 15-уми июл дар марказҳои имтиҳон ва қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус) аз 25-уми июн то 5-уми июл дар муассисаҳои таълимии дахлдор баргузор мегарданд. Нишонии маркази имтиҳон дар даъватнома нишон дода мешавад.

Довталабон имтиҳонҳои зеринро месупоранд:

Ø қисми А (имтиҳони умумӣ) аз 3 субтести иборат аз 4 фанни таълимӣ (забони тоҷикӣ, математика, таърихи халқи тоҷик ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ);

Ø қисми Б (имтиҳони ихтисос) аз 3 субтести иборат аз 3 фанни таълимӣ (вобаста аз ҳар гурӯҳи ихтисосҳо);

Ø қисми В (имтиҳони эҷодӣ ва маҳорати махсус) – дар сурати интихоб кардани ихтисосҳое, ки супоридани чунин имтиҳонро талаб мекунанд.

Ҷадвалҳои фанҳои имтиҳони қисмҳои А, Б (вобаста аз ҳар гурӯҳи ихтисосҳо):

Фанҳои имтиҳон (субтестҳо) -и қисми А

1.

Забони тоҷикӣ

2.

Математика

3.

Таърихи халқи тоҷик ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ

 

Гурӯҳи ихтисосҳо

Фанҳои имтиҳон (субтестҳо) -и қисми Б

1.

Табиӣ ва техникӣ

Математика

Физика

Химия

2.

Иқтисод ва география

Математика

География

Забони хориҷӣ

3.

Филология, педагогика ва санъат

Забон ва адабиёт

Таърих

Забони хориҷӣ

4.

Ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ

Таърих

Ҳуқуқи инсон

Забони хориҷӣ

5.

Тиб, биология ва варзиш

Химия

Биология

Физика

Фан ё намуди санҷишҳои имтиҳони қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус) аз ҳар як ихтисоси дахлдор ва самти он вобаста аст (“Ба довталаб”, “Руйхати ихтисосҳои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорат вобаста ба гурӯҳи ихтисосҳо, муассисаҳои таълимӣ ва имтиҳонҳо”).

Имтиҳонҳои иловагӣ барои киҳо доир карда мешавад?

Имтиҳонҳои иловагӣ барои довталабоне пешбинӣ шудааст, ки:

1) дар имтиҳонҳои даври асосӣ бо сабабҳои узрнок иштирок карда наметавонанд;

2) дар даври дуюми азнавбақайдгирӣ (аз 10-ум то 19-уми июн) интихобҳои худро иваз менамоянд;

3) дар бақайдгирии иловагӣ (аз 20‑ум то 30-юми июн) аз қайд мегузаранд.

Довталабе, ки бо сабаби узрнок дар имтиҳонҳо иштирок карда натавонист ва хоҳиши иштирок дар имтиҳонҳои иловагиро дорад, ариза ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаро (аз 1-ум то 15-уми июл) ба Марказ бояд пешниҳод намояд (“Имтиҳонҳо кай ва чӣ тавр баргузор мешаванд?). Барои ба имтиҳонҳои иловагӣ иҷозат додани довталабоне, ки дар имтиҳонҳои даври асосӣ иштирок карда натавонистаанд, сабабҳои зерин ба назар гирифта мешаванд:

- бемории вазнини довталаб;

- фавти шахсе аз аъзои оила;

- садамаи нақлиёт;

- офатҳои табиӣ;

- дар хориҷи кишвар будан барои иштирок дар:

- олимпиадаҳои фаннии байналмилалӣ,

- мусобиқаҳои варзишии байналмилалӣ,

- озмунҳои байналмилалии соҳаи санъату фарҳанг.

Имтиҳонҳои иловагӣ аз рӯйи ҷадвали тасдиқгардида дар давоми ду рӯз – 18‑ум ва 19‑уми июл танҳо дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд.

Имтиҳонҳои иловагии эҷодӣ ва маҳорати махсус барои довталабоне, ки дар даври асосии чунин имтиҳонҳо бо сабабҳои узрнок иштирок карда натавонистаанд ё дар давраи бақайдгирии иловагӣ аз қайд гузаштаанд, рӯзҳои 6-ум ва 7-уми июл доир мегарданд.

Имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорат чист?

Қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус)-ро довталабоне месупоранд, ки ҳангоми дохил шудан ба муассисаҳои таълимӣ аз рӯйи ихтисосҳои интихобнамудаашон мувофиқи муқаррароти Cтандарти давлатии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии эҷодӣ ва (ё) маҳорати махсус доштан ҳатмист. Мақсади асосии имтиҳони қисми В санҷидани қобилияти эҷодӣ ва (ё) малакаи махсуси довталабон мувофиқи ихтисосҳоест, ки ба самтҳои санъат, варзиш, дизайн, меъморӣ, ҳайкалтарошӣ ва динӣ мансубанд.

Имтиҳони қисми В-ро комиссияҳои имтиҳонӣ (фаннӣ)-и муассисаҳои таълимӣ дар худи муассисаҳо баргузор менамоянд.

Тартиби баргузорӣ ва мазмуни имтиҳонҳои эҷодӣ ва (ё) маҳорати махсус – қоидаҳои қабули имтиҳон, миқдори санҷиш дар доираи як ихтисос, меъёри баҳогузорӣ, муҳлати имтиҳон, оғоз ва анҷоми он, қоидаҳои рафтори довталаб дар имтиҳон ва дигар масъалаҳоро муассисаҳои таълимии дахлдор муайян ва манзури довталабон мегардонанд.

Натиҷаи имтиҳони қисми В-и ҳар як ихтисос, новобаста аз миқдори санҷиш, то 100 хол баҳогузорӣ мешавад. Холҳои аз ин қисми имтиҳон бадастовардаи довталабон ба шкалаи 300-балӣ баргардонида мешавад.

Довталабоне, ки танҳо ихтисосҳои имтиҳонҳои эҷодӣ ва (ё) маҳорати махсусдоштаро интихоб менамоянд, аз супоридани қисми Б (имтиҳони ихтисос) озоданд.

Натиҷаи аз қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва (ё) маҳорати махсус) бадастовардаи довталаб дар озмуни тақсимот танҳо барои ихтисосҳое ба назар гирифта мешавад, ки чунин имтиҳонҳоро талаб мекунанд.

Имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорат кай баргузор мегарданд?

Имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус аз 25-уми июн то 5-уми июл баргузор мегарданд. Имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус барои довталабоне, ки дар даври асосии ин имтиҳонҳо бо сабабҳои узрнок иштирок карда натавонистаанд ё дар давраи бақайдгирии иловагӣ аз қайд гузаштаанд, рӯзҳои 6-ум ва 7-уми июл доир мегарданд.

Пеш аз оғози имтиҳони қисми В (имтиҳони эҷодӣ ва (ё) маҳорати махсус) довталаб бояд дар назди комиссияи қабули муассисаи таълимӣ ҳозир гардида, аз талаботи имтиҳонҳо ва рӯзи машварат огоҳ шавад. Барои супоридани имтиҳонҳои эҷодӣ ва (ё) маҳорати махсус дар муассисаҳои таълимии дахлдор “Варақаи бақайдгирӣ” ва “Даъватнома”-и довталаб ҳуҷҷати расмӣ ба ҳисоб меравад. Дар рӯзи имтиҳон, бар замми ҳуҷҷатҳои мазкур, бо худ овардани шиноснома ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият бо сурат ҳатмист.

Кадом ихтисосҳо супоридани имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳоратро талаб мекунанд?

Довталабон ихтисосҳоеро, ки супоридани имтиҳонҳои эҷодӣ ва (ё) маҳорати махсусро талаб менамоянд, танҳо аз як муассисаи таълимӣ интихоб карда метавонанд. Дар сурати дар як муассисаи таълимӣ мавҷуд будани якчанд ихтисосе, ки имтиҳонҳои эҷодӣ ва (ё) маҳорати махсуси якхела доранд, довталаб метавонад аз ҳамин муассисаи таълимӣ якчанд чунин ихтисосро интихоб намояд (“Ба довталаб”, “Руйхати ихтисосҳои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорат вобаста ба гурӯҳи ихтисосҳо, муассисаҳои таълимӣ ва имтиҳонҳо).

Масалан, ихтисосҳои (1) “Бофандагии бадеӣ (рассоми ороиши матоъ)“, (2) “Графикаи дастгоҳӣ”, (3) “Дизайн (костюм ва газвор)”, (4) “Дизайни графикӣ”, (5) “Дизайни дохили бино (интерер)”, (6) “Коркарди бадеии чӯб”, (7) “Манзаранависӣ (мусаввирии дастгоҳӣ)”, (8) “Наққош (рассом-наққош)”, (9) “Реклама (дизайни реклама)”, (10) “Санъати муҷассамавӣ-ороишӣ”, (11) “Санъати тасвирӣ. Ихтисоси иловагӣ (нақшакашӣ)”, (12) “Сафоли бадеӣ (рассом-кулолгар)”, (13) “Тармими асарҳои санъати ороишӣ-амалӣ”, (14) “Санъатшинос. Санъатшиносӣ (ҳамгирошуда)”-и Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, ки ба гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм дохил шудаанд, талаботи супоридани имтиҳони қисми В барои онҳо ягона аст:

а) расмкашӣ,

б) мусаввирӣ,

в) композитсия.

Довталабон ҳангоми интихоби ихтисосҳо метавонанд аз байни 14 ихтисоси номбаршуда то 12-тои онро интихоб намоянд ва 1 маротиба имтиҳони қисми В (имтиҳони эҷодӣ ва (ё) маҳорати махсус)-ро супоранд. Холҳои аз имтиҳони қисми В бадастовардаи онҳо барои ҳамаи ихтисосҳои зикршуда эътибори баробар дорад.

Аз натиҷаи имтиҳонҳо чӣ тавр бохабар мешаванд?

Натиҷаҳои имтиҳонҳо 25-уми июл эълон карда мешавад. Барои эълон ва нашри натиҷаи имтиҳонҳо Марказ аз воситаҳои муосири технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ истифода мекунад. Оид ба иштироки довталаб дар ИМД, аз ҷумла, оид ба натиҷаи имтиҳонҳо дар кабинети инфиродии ӯ маълумоти муфассал ҷой дода мешавад (“Зарурати истифодаи сомонаи Марказ ва кабинети инфиродии довталаб дар чист?”).

Марказ барои дастрас кардани маълумот оид ба натиҷаи имтиҳонҳо хизматрасонии паёмак (SMS)-ро низ ба роҳ мемонад. Дар бораи натиҷаи имтиҳонҳо ба рақами телефони мобилии довталаб, ки онро дар вақти бақайдгирӣ нишон медиҳад, паёмаки ройгон фиристода мешавад. Дар баробари ин барои фаҳмидани натиҷаи имтиҳонҳои худ довталаб метавонад аз хизматрасонии паёмаки пулакии “дархост – ҷавоб” истифода намояд. Бо фиристодани паёмаки дархостӣ ба рақами кӯтоҳи махсус маълумоти мухтасар дар бораи натиҷаи имтиҳонҳо ҳамчун паёмаки ҷавобӣ ба телефони мобилие, ки аз он паёмак фиристода шуда буд, ирсол мегардад. Қолаби паёмаки дархостӣ эълон ва дар сомонаи Марказ ҷой дода мешавад.

Аз натиҷаҳои имтиҳонҳо бо телефон ё муроҷиат ба Марказ, ё бахшҳои минтақавии он низ бохабар гардидан мумкин аст.

Натиҷаҳои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсусро муассисаҳои таълимии дахлдор дар давоми 1-2 рӯз пас аз имтиҳонҳои мазкур ва Марказ 25‑уми июл эълон менамояд. Агар Шумо чунин имтиҳонро супорида бошед, пас, бояд ба ҳамон муассисаи таълимӣ муроҷиат намуда, пешакӣ дар бораи он маълумот гиред ва дар сурати норозӣ буданатон аз натиҷаҳои имтиҳонҳои мазкур ҳамон замон ба комиссияи апеллятсионии муассисаи таълимӣ аризаи апеллятсионӣ пешниҳод намоед.

Дар кадом ҳолатҳо аризаи апеллятсионӣ навишта мешавад?

Довталаб дар ҳолатҳои зерин ҳуқуқ дорад, ки  аризаи апеллятсионӣ пешниҳод намояд:

- агар тартиби баргузории имтиҳонҳо дар маркази имтиҳон риоя нагардад;

- агар аз натиҷаи имтиҳонҳо норозӣ бошад.

Оид ба риоя нагардидани тартиби баргузории имтиҳонҳо аризаи апеллятсиониро довталаб  рӯзи имтиҳон, аз маркази имтиҳон берун набаромада, ба роҳбари маркази имтиҳон бояд пешниҳод намояд. Комиссияи апеллятсионӣ аризаҳои довталабонро оид ба риоя накардани тартиби баргузории ИМД дар марказҳои имтиҳон баррасӣ менамояд.

Аризаи апеллятсионии довталаб дар бораи норозӣ буданаш аз натиҷаи имтиҳонҳо дар давоми 3 рӯз пас аз эълони натиҷаи имтиҳонҳо ба Марказ ё бахшҳои минтақавии он дар шакли чопӣ ё бо почтаи электронии Марказ пешниҳод карда мешавад(“Дар кадом ҳолат аризаи апеллятсионӣ навиштан мумкин аст?).

Комиссияи апеллятсионӣ аризаҳои довталабонро оид ба норозӣ будан аз натиҷаи имтиҳонҳо баррасӣ карда, қарори дахлдор мебарорад ва онҳоро аз ин огоҳ менамояд.

Довталаби аз натиҷаи имтиҳони эҷодӣ ва (ё) маҳорати махсус норозиро зарур аст, аризаашро бо далелҳои мушаххас асоснок карда, ба комиссияи апеллятсионии муассисаи таълимие, ки дар он чунин имтиҳонро супоридааст, дар рӯзи эълони натиҷаҳои имтиҳони мазкур пешниҳод намояд. Ин аризаҳоро муассисаи таълимӣ тибқи тартиб дар давоми як рӯз баррасӣ карда, қарор мебарорад.

Тақсимоти довталабон ба муассисаҳои таълимӣ чӣ гуна сурат мегирад?

Озмуни тақсимоти (асосӣ ва такрорӣ)-и довталабон ба муассисаҳои таълимӣ баъд аз коркарди пурраи варақаҳои ҷавобҳои довталабон ва муайян кардани балҳои бадастовардаашон бо истифодаи воситаҳои муосири технологияҳои иттилотию коммуникатсионӣ, алгоритм ва барномаи компютерии махсус амалӣ мешавад.

Ба озмуни тақсимот (Озмуни тақсимоти асосӣ) танҳо довталабоне роҳ меёбанд, ки вобаста аз навъи ихтисосҳои интихобкардаашон (бо назардошти имтиҳонҳои эҷодӣ ва (ё) маҳорати махсус, агар ихтисосҳои интихобшуда супоридани чунин имтиҳонҳоро талаб кунанд) аз ҳамаи субтестҳои дахдор холҳои гузариши фанниро соҳиб шуда бошанд.

Дар раванди тақсимоти довталабон аз рӯйи ихтисосҳо ба муассисаҳои таълимӣ ҷиҳатҳои зерин ба назар гирифта мешаванд: комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкарда ва бартарии онҳо, нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимӣ, балҳои умумии бадастоварда бо назардошти балҳои имтиёз (агар дошта бошад) ва балҳои имтиҳони эҷодӣ ва (ё) маҳорати махсус (агар чунин имтиҳонро супорида бошад).

Раванди тақсимоти довталабон қадамҳои зеринро дар бар мегирад:

1. Тартиб додани рӯйхатҳои довталабон.

2. Таҳлили рӯйхати довталабон

3. Тартиб додани рӯйхатҳои охирини довталабон.

4. Қабули ҳуҷҷатҳои довталабон дар муассисаҳои таълимӣ.

Натиҷаҳои озмуни тақсимот 3‑юми август эълон мегардад (“Тақсимоти довталабон ба муассисаҳои таълимӣ чӣ гуна сурат мегирад?”). Дар бораи натиҷаи озмуни тақсимот дар кабинети инфиродии довталаб маълумоти муфассал ҷой дода мешавад ва ҳамчунин ба рақами телефони мобилияш, ки онро дар вақти бақайдгирӣ нишон медиҳад, SMS-паёмаки ройгон фиристода мешавад.

Раванди тақсимоти довталаб вобаста аз бартарии интихобҳои ӯ, ки дар давраи бақайдгирӣ муайян карда буд, иҷро мешавад. Бинобар ин довталаб баъди тақсимот ҳуқуқи иваз кардани бартарии интихобҳояшро надорад.

Довталаби аз озмуни тақсимот гузашта бояд дар муҳлати муқарраргардида (то 15‑уми август) ба муассисаи таълимии дахлдор барои бақайдгирӣ ва қабул ҳозир шавад, вагарна ҷойаш дар озмуни тақсимоти такрорӣ пешниҳод мешавад ва ӯ ҷойи худро дар муассисаи таълимӣ аз даст медиҳад.

Тақсимоти донишҷӯёнро ба гурӯҳҳои академӣ аз рӯйи забони таҳсил муассисаҳои таълимӣ бо назардошти нақшаи қабул, балҳои бадастовардаи донишҷӯён ва хоҳиши онҳо анҷом медиҳанд.

Чӣ гуна холҳо ба бал баргардонида (шкалабандӣ) мешаванд?

Дар низоми ИМД шкалабандии холҳо истифода мешавад, ки мақсади асосии он баргардонидани холҳои бадастовардаи  довталабон аз ҳар субтест ба шкалаи мувофиқ дар намуди балҳо мебошад. Шкалабандии холҳо дар доираи ҳар субтести алоҳида вобаста ба гурӯҳҳои ихтисосҳо сурат мегирад (“Меъёри холгузорӣ ба саволу масъалаҳои тест чӣ гуна аст?”).

Мувофиқи тартиб барои ҳар субтест бали ҳадди аксар муайян шудааст. Таносуби бали имконпазири ҳадди аксар барои субтестҳои имтиҳони Қисми Б вобаста ба фанни асосии имтиҳони ихтисос дар доираи гурӯҳи ихтисосҳо (кластер) гуногунанд ва онҳо дар мувофиқа бо муассисаҳои таълимӣ муайян карда мешавад. Яъне балҳои ҳама 12 (ё каму зиёди) ихтисосҳои интихобкардаи довталаб аз якдигар фарқ мекунанд ва ин ҳолат дар раванди озмуни тақсимоти довталабон ҳатман ба назар гирифта мешавад.

Довталаб бе истифода аз Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо”, ки ҳамасола баъд аз тартиб додан, дар сомонаи Марказ нашр карда мешавад “(Шкалабандӣ чист?”) холҳои аз субтестҳо бадастовардаашро ба балҳо баргардонида наметавонад.

Имтиёз ба киҳо дода мешавад?

Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМД барои гурӯҳҳои муайяни довталабон имтиёзҳо пешбинӣ шудааст. Тартиби додани имтиёзро Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  (ва  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) муқаррар менамояд.

Имтиёзҳо дар ду шакл пешниҳод шудаанд:

- дар давраи бақайдгирӣ бепул аз қайд гузаштани  довталабони то синни 21- солаи ятими кул ва ё бепарастор ва то  50 %  аз  маблағи  пардохт озод будани довталабони то синни 21- сола, ки ё падар ё модарашон вафот кардаанд;

- балҳои иловагӣ танҳо барои довталабони имтиёздоре, ки онҳо аз ҳамаи субтестҳои дахлдор холҳои гузариши фанниро ба даст овардаанд; аз ҷумла барои довталабони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва коллеҷҳои тиббӣ, ки дар соли имтиҳонсупорӣ хатмкардаи муассисаҳои таълимӣ ва ҳам истиқоматкунандаи ноҳияҳои ба онҳо коэффитсиент ҷудошуда мебошанд (балҳои коэффитсиентӣ).

Барои гирифтани имтиёзҳо шарту талабот муқаррар гардидааст (“Имтиёз ба киҳо дода мешавад?”). Aгар довталаб барои гирифтани чанд имтиёз ҳуқуқ дошта бошад, ба ӯ бали имтиёзии баландтарини муқарраршуда дода мешавад.

Коэффитсиент дар ихтисосҳои тиббӣ чиро мефаҳмонад?

Ба довталабони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва коллеҷҳои тиббӣ, ки дар соли имтиҳонсупорӣ хатмкардаи муассисаҳои таълимии ноҳияҳои ба онҳо коэффитсиент ҷудошуда мебошанд ва ҳам истиқоматкунандаи ҳамин ноҳияҳоянд, коэффитсиент пешбинӣ шудааст. Қимати коэффитсиентҳоро вобаста аз таъминоти шаҳру ноҳияҳо бо кормандони тиббӣ ҳар сол Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа менамояд.

Бали коэффитсиент ба балҳои аз қисми Б (имтиҳони ихтисос) бадастовардаи довталабони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва ихтисоси “Кори момодоягӣ”‑и коллеҷҳои тиббӣ, ки тибқи тартиб ҳуқуқи гирифтани коэффитсиентро доранд, дар сурати соҳиб гаштанашон ба холҳои гузариши фаннӣ аз ҳамаи субтестҳои дахлдор илова мешавад.

Довталабоне, ки ҳам ба коэффитсиент ва ҳам ба дигар имтиёзҳо ҳуқуқ доранд, дар сурати зиёд будани бали имтиёзияшон аз бали коэффитсиент бали имтиёзиро ва дар акси ҳол, бали коэффитсиентро соҳиб мегарданд.

Квота низ ба низоми ИМД дохил аст?

Тибқи тартиби муқарраргардида, қабули духтарон ва писарон дар доираи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар салоҳияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аст.

Нишонии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Марказ дар шаҳри Душанбе бо нишонии хиёбони Рӯдакӣ 192, (рӯбарӯи Боғи истироҳатии ба номи Садриддин Айнӣ) қарор дорад. Дар баробари ин, дар шаҳрҳои Хуҷанди вилояти Суғд, Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон ва Хоруғи вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон бахшҳои минтақавии Марказ фаъолият доранд (“Дар бораи мо”, “Тамос”)