Тел: (+99237) 224-53-66, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ
      • Ҳуҷҷатҳои ММТ
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД-2021
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2021
    • Ҳисоботи даврӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2021
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2021-2022 (руйхати ихтисосҳо)
    • Ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷоди ва маҳорати махсус
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Китобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
  • Саволу ҷавоб

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШИИ КОРМАНДОНИ МУВАҚҚАТИИ НУҚТАҲОИ БАҚАЙДГИРӢ

Нашр шуд: 08 Феврали 2021
Диданд: 434

Душанбе, 8‐уми феврали соли 2021

 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омӯзиш ва интихоби роҳбарон, ёварони роҳбарон ва бақайдгирандагони нуқтаҳои бақайдгирӣ ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани раванди бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 аз 8-уми феврали соли ҷорӣ семинарҳои омӯзиширо барои кормандони нуқтаҳои бақайдгирӣ оғоз менамояд.

Мувофиқи нақша дар низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар 34 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 40 нуқтаи бақайдгирии доимӣ бо теъдоди 142 истгоҳи корӣ ва дар 25 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ таъсис дода мешавад.

Тибқи эълон бо тариқи электронӣ 571 нафар хоҳишманд бо мақсади иштирок дар озмун барои интихоби кормандони муваққатии нуқтаҳои бақайдгирӣ ариза (бо ҳуҷҷатҳои дигар) пешниҳод намудаанд. Аз ин шумора, мувофиқи таҳлилу баррасии ҳуҷҷатҳои пешниҳодкарда, 440 нафарашон ба семинарҳои омӯзишӣ ҷалб карда мешаванд.

Барои ташкилу баргузории семинарҳои омӯзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ, Панҷакент, Рашт ва Данғара аз ҷумлаи кормандони Марказ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудааст. Тибқи барнома семинарҳои омӯзишӣ барои 15 гурӯҳ дар шаҳрҳои зикршуда то 20-уми феврали соли ҷорӣ давом меёбад.

Дар асоси озмун шахсони ба талабот ҷавобгӯй ва дорои донишу маҳорати арзанда барои кор дар нуқтаҳои бақайдгирӣ интихоб карда мешаванд, ки шумораашон 220 нафарро ташкил медиҳад.

Бояд тазаккур дод, ки бақайдгирии довталабон 1-уми марти соли 2021 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз меёбад.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нуқтаҳои бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД-2021Нуқтаҳои бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД-2021
  • Роҳнамои довталаб - 2021Роҳнамои довталаб - 2021
  • Намунаи саволу масъалаҳои тестНамунаи саволу масъалаҳои тест
  • Нақшаи қабули с.т. 2021-2022(ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2021-2022(ҷадвали ихтисосҳо)
  • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)

Мақолаҳо

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2021 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон