Тел: (+99237) 224-53-66, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ
      • Ҳуҷҷатҳои ММТ
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД-2021
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2021
    • Ҳисоботи даврӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2021
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2021-2022 (руйхати ихтисосҳо)
    • Ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷоди ва маҳорати махсус
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Китобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
  • Саволу ҷавоб

ОЗМОИШИ САВОЛУ МАСЪАЛАҲОИ ТЕСТ БАРОИ ОМОДАГӢ БА “ТАҲҚИҚОТИ МИЛЛИИ АРЗЁБИИ ДАСТОВАРДҲОИ ТАЪЛИМИИ ХОНАНДАГОН”

Нашр шуд: 27 Январи 2021
Диданд: 763

Душанбе, 27‐уми январи соли 2021

 Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи ислоҳоти соҳа пайваста бо ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ҳамкории судмандро ба роҳ мемонад. Аз ҷумлаи ин ҳамкориҳо, ки Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар он шарик мебошад, Лоиҳаи Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат 1‐уми Иттиҳоди Аврупо “Таҳқиқоти миллии арзёбии дастовардҳои таълимии хонандагон” аст. Бояд гуфт, ки арзёбии дастовардҳои таълимӣ неруи ҳаракатдиҳандаи фаъолияти таълим ва воситаи баланд бардоштани сифати таҳсилот ба шумор меравад. Вобаста ба ин Марказ дар ҳамкорӣ бо мушовирони байналмилалӣ абзори роҳандозии ин Лоиҳа – саволу масъалаҳои тестро дар якчанд вариант аз фанҳои табиатшиносӣ (синфи 5‐ум), биология, физика ва химия (синфи 11‐ум) таҳия намуд.

Бо мақсади муайян намудани сифати (коршоямӣ)‐и саволу масъалаҳои тести таҳиягардида озмоиш ба нақша гирифта шуда буд, ки аз 27-уми январи соли 2021 оғоз гардид. Озмоиш дар синфҳои 5‐ум ва 11‐уми 26 муассисаи таълимии таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Варзоб, Ваҳдат, Рӯдакӣ, Турсунзода, Файзобод ва Ҳисор баргузор мегардад.

Барои иштирок дар озмоиш муассисаҳои таълимӣ ва синфҳо бо усули интихоби тасодуфӣ гирифта шудаанд. Дар ин озмоиш иштироки 1600 нафар хонанда, аз ҷумла 820 хонандаи синфи 5‐ум ва 780 нафар хонандаи синфи 11‐ум дар назар дошта шудааст.

Ба хонандагоне, ки дар озмоиш иштирок менамоянд, фаҳмонида мешавад, ки ҳамаи саволу масъалаҳоро бо масъулияти тамом иҷро намоянд, зеро ҷавобҳои ҳаққонии онҳо барои муайян намудани коршоямии саволу масъалаҳои тест, ки минбаъд барои истифода дар таҳқиқоти асосӣ интихоб мегардад, муҳиманд.

Ёдовар бояд шуд, ки вақти озмоиш мувофиқи шумораи саволу масъалаҳои тести ҳар фан аз 45 то 60 дақиқа муайян шудааст.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нуқтаҳои бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД-2021Нуқтаҳои бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД-2021
  • Роҳнамои довталаб - 2021Роҳнамои довталаб - 2021
  • Намунаи саволу масъалаҳои тестНамунаи саволу масъалаҳои тест
  • Нақшаи қабули с.т. 2021-2022(ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2021-2022(ҷадвали ихтисосҳо)
  • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)

Мақолаҳо

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2021 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон