Тел: (+99237) 224-53-66, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ
      • Ҳуҷҷатҳои ММТ
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД-2021
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2021
    • Ҳисоботи даврӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2021
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2021-2022 (руйхати ихтисосҳо)
    • Ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷоди ва маҳорати махсус
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Китобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
  • Саволу ҷавоб

КОРҲОИ ТАБЛИҒОТИЮ ИТТИЛОЪРАСОНӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Нашр шуд: 01 Феврали 2021
Диданд: 340

Душанбе, 1‐уми феврали соли 2021

Тибқи нақшаи фаъолияти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марказ) ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13-уми январи соли 2021, № 69) аз 1-уми феврал то 5-уми марти соли 2021 дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вохӯриҳои кормандони Марказ бо хатмкунандагон, падару модарон, омӯзгорон ва алоқамандони дигари ба низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2021 ба нақша гирифта шудааст.

Бо фармоиши директори Марказ 30 нафар корманди Марказ барои ташкилу баргузории вохӯриҳо аз 1-ум то 6-уми феврали соли ҷорӣ ба 68 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ сафарбар карда мешаванд. Тибқи нақша, дар давоми 6 рӯз кормандони Марказ дар 178 муассисаи таълимӣ бо алоқамандонӣ ИМД вохурию мулоқотҳо хоҳанд кард.

Дар баробари ин, кормандони Марказ ҳангоми сафари хизматӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо мақсади ошноӣ пайдо кардани кормандони мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо онҳо суҳбат карда, маводи иттилоотию методӣ, аз ҷумла дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб” ва маҷмӯаи саволу масъалаҳои тестро дастрасашон менамояд.

Инчунин, барои шиносоӣ пайдо кардани аҳли ҷомеаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз тарафи Марказ чунин маводи иттилоотию методӣ ба китобхонаҳо тақдим карда мешаванд, ки дар умум, шумораи маҷъмӯаҳо зиёда аз 500-торо ташкил медиҳад.

Бояд қайд кард, ки дар давоми моҳҳои феврал-марти соли ҷорӣ дар 3683 муассисаи таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз тарафи таблиғгарони сатҳи ҷумҳурӣ оид ба низоми ИМД- вохӯриҳо доир карда мешавад, тибқи маълумотҳои пешакӣ дар онҳо зиёда аз 150000 нафар хатмкунанда иштирок меварзанд.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нуқтаҳои бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД-2021Нуқтаҳои бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД-2021
  • Роҳнамои довталаб - 2021Роҳнамои довталаб - 2021
  • Намунаи саволу масъалаҳои тестНамунаи саволу масъалаҳои тест
  • Нақшаи қабули с.т. 2021-2022(ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2021-2022(ҷадвали ихтисосҳо)
  • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)

Мақолаҳо

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2021 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон