ДИРЕКТОРИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

dir3ИКРОМӢ ХУРШЕД ИКРОМ

Директори Маркази миллии тестии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

11-уми феврали соли 1969 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, тоҷик, маълумоташ олӣ. Номзади илмҳои техникӣ. Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон.  Бо мукофоти давлатии медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардонида шудааст. Мактаби миёнаи № 1-и ноҳияи Темурмаликро соли 1985 хатм кардааст. Соли 1992 факултети технологии Донишгоҳи политехникии шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистонро бо дипломи аъло хатм карда, солҳои 1987-1989 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Артиши Шӯравӣ хизмати ҳарбиро адо намудааст. Фаъолияти меҳнатиро соли 1992 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳамчун лаборанти калони кафедраи “Химия ва технологияи саноати хӯрокворӣ” оғоз кардааст. Дар солҳои 1993-2003 дар вазифаҳои омӯзгор – таҷрибаомӯз, сарнозири шуъбаи таълиму тарбия, саромӯзгор, муовини декани факултети муҳандисӣ-иқтисодии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои 2003-2009 дар вазифаи директори Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб фаъолият намудааст. Солҳои 2009-2014 дар вазифаи ноиби ректор оид ба инноватсия ва технологияҳои таълимии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон кор карда, дар фаъолияти инноватсионии донишгоҳ фаъолона иштирок кардааст.

Ҳамзамон, дар солҳои 1994-2003 ҳамчун аспирант ва унвонҷӯи Институти химияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корҳои илмию тадқиқотӣ машғул шуда, соли 2004 бо ҳимояи рисолаи илмӣ дараҷаи илмии номзади илмҳои техникиро соҳиб гардидааст.

Оиладор ва соҳиби се фарзанд мебошад.

Нишонии почтаи электронӣ: khurshed.teshaev@ntc.tj

ЗАБОНҲО

Тоҷикӣ Русский

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ramzi soli_sayohi


Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳии Миср муаррифӣ гардиданд

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Мақолаҳо

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...


Барномаҳои муштараки таълим ҳамчун абзори байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ

Дар чаҳорчӯбаи барномаи аврупоии Erasmus+ ва фаъолияти дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон...


Cамараи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи барномаи таълимии аврупоии Еrasmus+

Бо мақсади муаррифӣ кардани имкониятҳои барномаи Erasmus+ ...

 

Истифодаи интернет бо мақсади амалиётҳои террористӣ ва экстремистӣ

Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ...


Чанд сухане атрофи филми “Решаҳои ноаён”

Ахиран дар шабакаҳои телевизионии кишвар филми мустанаде бо номи “Решаҳои ноаён” ба намоиш гузошта шуд...


Бубин, ки аз кӣ буридиву бо кӣ пайвастӣ...

Баъд аз тамошои намоиши “Решаҳои ноаён” ба хулосае омадам,ки ТЭТ ҲНИТ аз замони таъсисёбиаш мақсадҳои ниҳоние дошт...

Ҷустуҷӯ дар сомона