Озмоиши калон

Озмоиши калони низоми нави имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Даъвати хонандагони синфҳои 10 барои иштирок дар озмоиши калон  

Аз соли 2014 сар карда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми нави имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (МТОК)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Маркази миллии тестӣ (ММТ) бо мақсади иҷрои вазифаҳои оинномавии худ (ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.01.2010 17 тасдиқ гардидааст) дар ҳамкорӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ, Барномаи ҳамкории рушди таҳсилоти Федератсияи Россия ва Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти Ҷамъияти кушода” Бунёди мадад дар Тоҷикистон лоиҳаи модели низоми нави ИМД ба МТОК-и Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуд, ки аз ҷониби Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфт.

Мақсади асосии низоми нав беҳтар намудани раванди қабули донишҷӯён ба МТОК-и ҶТ тариқи интихоби одилона, шаффоф ва таъмини баробарҳуқуқии довталабони ҳамаи табақаҳои аҳолии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Муфассал...