ЭЪЛОН !!!

Душанбе, 19 июни соли 2013 – Муассисаи давлатии “Маркази миллии тестӣ” ба диққати хонандагони синфҳои 10-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ мерасонад, ки иштирокчиёне, ки дар даври аввали имтиҳонҳои Озмоиши калони низоми нави имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намудаанд, метавонанд аз 1-и августи соли 2013 бо натиҷаи имтиҳонҳо тавассути сомонаи Маркази миллии тестӣ (http://ntc.tj/) шинос шаванд.

Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ бо муваффақият давом дорад

Душанбе, 19 июни соли 2013 – Тайи 5 рӯз аст, ки супоридани имтиҳонҳои Озмоиши калони низоми нави имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 7 маркази имтиҳонӣ бо муваффақият баргузор гашта истодааст. Аллакай, 3700 нафар хонандагон тибқи ҷадвали имтиҳонҳо ва вобаста ба кластерҳо дар имтиҳонҳои тести умумӣ ва кори хаттӣ (эссе) иштирок намуданд. Шурӯъ аз 20 июни соли ҷорӣ имтиҳонҳои тести тахассусӣ оғоз меёбад, ки ҳар як хонанда вобаста ба тахассусҳои интихобкардааш аз фанҳои асосӣ имтиҳон месупорад.

1844 нафар иштирокчӣ дар имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ иштирок намуданд

Душанбе, 17 июни соли 2013 – Дар давоми 3 рӯзи баргузории имтиҳонҳои Озмоиши калони низоми нави имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1844 нафар иштирокчӣ дар 7 маркази имтиҳонӣ, ки аз тарафи Муассисаи давлатии “Маркази миллии тестӣ” дар чор минтақаи ҷумҳурӣ (шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Хоруғ, Хуҷанд) таъсис дода шудааст, дар имтиҳонҳо иштирок намуданд.  Муфассал...

Супоридани имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ оғоз меёбад

Душанбе, 13 июни соли 2013 – Аз 15 то 22-юми июни соли ҷорӣ дар доираи Озмоиши калони низоми нави имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 7 марказҳои имтиҳонӣ, ки аз тарафи Муассисаи давлатии “Маркази миллии тестӣ” дар чор минтақаи ҷумҳурӣ (шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Хоруғ, Хуҷанд) таъсис дода шудааст, супоридани имтиҳонҳо баргузор мегардад. Барои супоридани имтиҳонҳо 7115 нафар иштирокчиёне иҷозат дода мешаванд, ки дар давраи бақайдгирӣ (аз 15 то 30 апрели соли 2013) барои иштирок дар озмоиши мазкур аз қайд гузаштаанд. Ҳар як иштирокчӣ тибқи нишондодҳои даъватномаи дастрасгардида бо назардошти рӯйхат, макон, замон ва вақти баргузории имтиҳонҳо метавонад ба марказҳои имтиҳонӣ ҳозир шавад. Ҳар як иштирокчӣ аз рӯи ду компонент (компоненти А: имтиҳонҳои тести умумӣ ва хаттӣ (эссе); компоненти Б: имтиҳони тести тахассусӣ) вобаста ба кластери интихобгардида имтиҳон месупорад. Муфассал...

Забонҳо

Намунаи тестҳо

КИТОБҲО

Ҷустуҷӯ дар сомона