Тарзи истифодаи китобчаи тест ва сиёҳнавис дар имтиҳон

Довталабони азиз!

Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ аз 2 компонент иборат аст:

Компоненти

А – тести умумӣ, саволномаи тестии дорои 3 субтест аз 4 фан. Барои ҳамаи довталабон ҳатмист.

Компоненти Б – тести ихтисос, вобаста ба гурӯҳи ихтисосҳо (кластер)-и интихобкардаи довталаб аз се фан иборат аст.

Дар китобчаи тесте, ки дар рӯзи имтиҳон барои ҳар яки Шумо пешниҳод карда мешавад, маводи ёрирасон ҷой дода шудааст.

Аз ҷумла, дар саҳифаҳои охири китобчаи тест вобаста аз фанҳои дақиқи имтиҳонӣ (математика, физика ва химия) ҷадвалу формулаҳо, системаи даврии элементҳои химиявии Д. И. Менделеев ва ҷадвали ҳалшавандагии кислотаҳо, асосҳо ва намакҳо дар об оварда шудааст.

Муфассал...

Муроҷиатномаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми довталабон

Довталабони азиз!

Инак, Шумо барои супоридани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии интихобкардаатон ба қайд гирифта шудед. Тамоми маълумотҳои инфиродӣ ва интихоби Шумо дар варақаи бақайдгирӣ, ки дар даст доред, дарҷ гардидааст. Ин интихоби озоду оқилонаи Шумо аст, ки ояндаатонро тавассути азхуд намудани касбҳои дӯстдошта ва гирифтани маълумоти олии касбӣ муайян менамоед. Мо боварӣ дорем, ки интихоби Шумо дуруст аст ва барои бомуваффақият супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ омодаед. Муфассал...

ЭЪЛОН!

Ба диққати довталабоне, ки тибқи тартиб ба онҳо вобаста ба гурӯҳи маъюбӣ (1 ва 2) имтиёз муқаррар шудааст, расонида мешавад, ки холҳои имтиёзӣ танҳо дар асоси рӯйхати тасдиқкардаи Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ (ХДТТИ), ки дар он ному насаб ва гурӯҳи маъюбии довталаб аниқ дарҷ гардидааст, дода мешавад.

Вобаста ба ин, довталабони мазкур бояд дар шаҳру ноҳияҳои худ ҳатман ба намояндагии ХДТТИ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи маъюбиашонро пешниҳод намуда, гурӯҳи маъюбиашонро муайян намоянд.

Ҳамин тавр, танҳо довталабони маъюбе соҳиби имтиёз мегарданд, ки гурӯҳи маъюбиашонро ХДТТИ тасдиқ карда  (соли 2014), ному насабашонро ба ММТНПҶТ пешниҳод менамояд.