Изҳори ҳамдарӣ ва тасаллият

Дирӯз тамоми ҷумҳуриро хабари фоҷиабор ва нобаҳангоми дар роҳи ноҳияи Айнӣ рухдода сахт андуҳгин кард. Сад дареғ, ки духтаракони ғунчаи умедашон нав ба шукуфтанҳои фасли Наврӯзрасида ва омӯзгори рӯзгори кӯтоҳи онон бо тӯфони сарнавишт аз шохсорони умеду орзуҳо канда шуда, роҳи ҷовидониро пеш гирифтаанд.

Аммо чӣ илоҷ, ки касе пеши роҳи ин сафарро дошта натавонист.

Мо ғаму ғуссаи падару модарони ин гулғунчаҳои ношукуфтаро ва пайвандонашонро дарк мекунем.

Забони одамӣ барои тасаллият лол аст.

Худованди бахшояндаи меҳрубон рӯҳашонро шод ва ҷояшонро дар биҳишти абад гардонад. Ба падару модарон ва пайванду ошноёни онон Худо сабру тоқат диҳад.

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Марҳалаи бақайдгирии довталабон дар саросари кишвар

Душанбе, 14-уми марти соли 2014. Шурӯъ аз 1-уми марити соли ҷорӣ дар 20 нуқтаи бақайдгирӣ марҳалаи сабтиномшавии довталабон оғоз шуд. Чунон ки иттилоъ дода будем, нуқтаҳои мазкур дар саросари ҷумҳурӣ ҷой дода шудаанд. Дар байни ин 14 рӯз аллакай зиёда аз 8 ҳазор нафар довталабон аз қайд гузаштаанд. Аз ин теъдод 40 дарсадро духтарон ва 60 дарсадро писарон ташкил мекунанд. Бояд гуфт, ки аз ҷониби довталабон кластерҳои V ва II бештар интихоб шудаанд. Маълумот дар бораи теъдоди онҳое, ки аз қайд гузаштаанд дар сомона ҳар рӯз ҷой дода мешавад.

Эълони имтиёзҳо

Душанбе, 28-уми феврали соли 2014. Ҳаяти мушовараи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ тартиби имтиёзҳоро барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ субҳи имрӯз муаяйн кард. Аз рӯйи қарори баррасишуда довталабоне, ки падару модарашон вафот кардаанд, аз пардохти маблағ озоданд ва довталабоне, ки ё падар ё модарашон вафот кардаанд. танҳо 50% аз маблағи муқарраршударо мепардозанд.

Қарори мазкур ҳангоми бақайдгирии довталабон дар сурати пешниҳоди нусхаи асли ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, ки мақомоти давлатии ваколатдор додааст, аз ҷониби Маркази милии тестии назди Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон дар нуқтаҳои бақайдгирӣ ба инобат гирифта мешавад. Феълан барои сабтиноми довталабони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дар 11 шаҳру ноҳияи кишвар 20 нуқтаи бақайдгирӣ, аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 7 нуқта, дар вилояти Суғд 6 нуқта, дар вилояти Хатлон 6 нуқта ва дар Бадахшон 1 нуқта таъсис дода шудааст. 

Ёдовар мешавем, аз 1-уми март оғоз шуда, то 15-уми апрел идома кунад.

Арзиши хизматрасонии имтиҳонҳои маркзонидаи дохилшавӣ муайян шуд

Душанбе, 27.02.2014. Ахиран дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасонии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) 150 сомонӣ муайян шуд. Бояд қайд кард, тибқи банди 7-и Тартиб ва тарзи қабули имтиҳонҳои қабул барои муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 ноябри соли 2013 №2935 тасдиқ ва дар Вазорати адлия ҳамчун санади меъёрии ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шудааст, хизматрасонӣ ба довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ пулакӣ мебошад ва арзиши он мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. Муфассал...